Осор ва баракатҳои таваллӯди Пайғамбар(с)

Нузӯли раҳмати Илоҳӣ бар башар

Таваллӯди раҳмат; ин вилодати бузӯрг, таваллуди бартарин намунаҳои раҳмати Илоҳӣ бар башарият буд, чун вуҷӯди он бузӯргвор ва ирсоли ин Пайғамбари бузӯрги раҳмати Ҳақ Таоло бар бандагон буд. Ин таваллӯд, таваллӯди раҳмат аст. Дунёи Ислом бояд ин нуктаро дарк кунад, ки ин раҳмат як раҳмат қатъ шуданӣ нест, балки ин раҳмати доимӣ ва то рӯзи Қиёмат идома дорад. Худои Мутаол дар ин бора мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ

Ва (Эй Пайғамбар)Мо туро ҷуз раҳмат барои ҷаҳониён нафиристодем.

 (Сураи Анбиё, ояти 107)

Шурӯъи як мақтаъи таъинкунанда

Худои Мутаол бузӯргтарин захираҳои Илоҳиро, ки вуҷӯди муқаддаси Пайғамбари гиромӣ(с) буд, ба арсаи вуҷӯд овард. Ин шурӯъи як мақтаъи таъинкунанда дар сарнавишти башар буд. Дар нишонаҳои вилодати Пайғамбар(с) гӯфтаанд: Вақте он бузӯргвор мутаваллид шуд сутунҳои кохи Касро вайрон гардид, оташкадаи Озаргуштасб, ки қарнҳо равшан буд, ба хомӯшӣ абадӣ гароид, дарёчаи Сова, ки дар назари иддае аз мардӯми он вақт, муқаддас шумӯрда мешуд, хӯшк шуд ва бутҳое, ки гирди Каъба овехта буданд, афтода ва шикаста шуданд.

Тазалзул дар нишонаҳои ширк ва бутпарастӣ

Қудратнамоии илоҳӣ; ин ки дар осор ва таворих ҳаст, ки кунграи кохи Касро шикаст ва нишонаҳои бутпарастӣ ва ширк дар гӯша ва канори дӯнё мутазалзил шуд – агар ин осор қотеият дошта бошад – шояд ҳамон қудратнамоии илоҳӣ барои эъломи рамзи ҳузӯри ин қудрате аст, ки қарор аст ҳамаи пояҳои зӯлму фасодро дар ҳам бишканад ва илмро аз хурофа ва тамаддунро аз фасоду зӯлм поку ороста кунад.

Барчида шудани решаи зӯлм ва зиллати башар

Ин нишонаҳо, ки комилан рамзӣ ва намодин аст, нишондиҳандаи ҷиҳати ирода ва суннати Илоҳӣ дар пушондани хилъати вуҷӯд ба ин мавҷӯди азим ва ин шахсияти воло ва беназир аст. Маънои ин ҳаводиси равшани таърихи ин аст, ки бо ин қудуми муборакашон, решаи зиллат ва хории башар чи ба василаи ҳокимияти ҷабборон ва ҳокимони золим ба вуҷӯд омада буд, бояд барчида шавад. Башар бояд ба дасти ин мавлӯди муборак аз қайди ҳамагӯна ситаме, ки ба василаи ҳокимони золим бар инсонҳои мазлӯм ва бепаноҳ дар тули таърих таҳмил ва бор шуда аст ва ҳам аз қайди хурофаҳо ва эътиқодоти нодурӯсти зиллат офарин озод шавад. Лизо Худои Мутаол дар боби фиристода шудани Набии Акрам(с) мефармояд:

 هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَىٰ وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا

Ӯ касе аст, ки расулашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод то онро бар ҳамаи динҳо пирӯз кунад. Ва кофӣ аст, ки Худо гӯвоҳи ин мавзӯъ бошад.(Сураи Фатҳ, ояти 28.)

لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ

(…то онро бар ҳамаи динҳо пирӯз кунад..)

Дар ин қисмат аз оят Худои Мутаол замон ва макони махсӯсеро дар назар нагирифтааст, балки нишон медиҳад, ки пирӯзи бар зӯлм ва динҳои хурофотӣ як суннати Илоҳии ҳамешаги аст, ки то ҳол идома дорад. Башарият баъд аз ин ҳодисаи рисолати Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ), бояд ба самти адолат ва озодии маънавӣ, иҷтимоӣ, ҳақиқӣ ва ақлонӣ ҳаракат кунад. Ин кор шурӯъ шуд ва идомааш ба дасти хӯди мо инсонҳост. Ин ҳам як суннати дигар дар олами офариниш аст.

Охирин матолиб

Осор ва баракатҳои таваллӯди Пайғамбар(с)

Нузӯли раҳмати Илоҳӣ бар башар Таваллӯди раҳмат; ин вилодати бузӯрг, таваллуди бартарин намунаҳои раҳмати Илоҳӣ бар башарият буд, чун вуҷӯди он бузӯргвор ва ирсоли ин...

Хутбаи оташини Имом Ҳусейн(рз) дар Карбало

Хутбаи оташини Имом Ҳусайн(рз) ба лашкари Язид Матни хутбаи аввал: أَيُّهَا النَّاسُ اسْمَعُوا قَوْلِي وَ لَا تَعْجَلُوا حَتَّى أَعِظَكُمْ بِمَا يَحِقُّ لَكُمْ عَلَيَّ وَ حَتَّى...

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *