Коркарди ақл дар дини Ислом

Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин коркард ва вазифаҳои асосӣ аст. Инсон фақат бо ақлаш метавонад ҳақиқатро бифаҳмад, дурӯстиро бишносад ва роҳи дурӯстро интихоб кунад ва ба саодат бирасад. Вақте ки аз ақл ҳарф мезанем, маъно ва коркардҳои гуногӯни он дар назар аст, ки барои таъмини зиндагии босаъодат ва расидан ба маърифати дурӯст зарӯрӣ мебошанд.

Ақл инсонро водор мекунад, ки мантиқӣ ба масъалаҳо назар кунад ва хеҷгоҳ сарсарӣ ва сатҳӣ аз канори масъалаҳо нагӯзарад. Нигоҳи таъасӯбӣ ва  кӯркӯрона ба ҳастӣ надошта бошад. Фарқи ақли солим бо ғайри солим дар ҳамин аст, ки инсон пӯрсишро амиқ ва мантиқӣ матраҳ мекунад, ва бо таҳлили ақлӣ ва мантиқӣ низ арзёбӣ намуда ва ба маълумоти дурӯст даст пайдо кунад.

  Коркард ва нақши ақл дар матнҳои исломӣ ва бахусӯс Қуръон, барои фаҳмидани маънӣ, кашфи дурӯстӣ ва таҳлилу табйини матлабҳо хеле муҳим аст. Ақл дар ислом на танҳо барои шинохтани ҳақиқат, балки барои арзёбӣ ва баррасии саволҳо ва масоили фардӣ ва иҷтимоӣ истифода мешавад.

Ба иборати дигар, ақл кӯмак мекунад, ки одамон ба манзил ва натиҷаи дурӯст ва ба сӯи рафтору тасмимгириҳои хӯб бирасанд. Ба ҳамин сабаб, Қуръони карим барои бакоргирии ақл дар ҳаёти рӯзмарра ва динӣ, таъкид дорад. Дар инҷо ба баъзе аз ояҳо дар ин бора ишора мекунем:

 فَبَشِّرْ عِبَادِي الَّذِينَ يَسْمَعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُو۟لَـٰٓئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمْ أُو۟لُوا الْأَلْبَابِ

Башорат бидеҳ аз ҷониби ман бандагонамро , ки ба сӯханон гӯш медиҳанд ва беҳтаринашро пайравӣ мекунанд. Инҳоянд касоне, ки Худо онҳоро ҳидоят кардааст ва онҳо соҳибони ақл мебошанд. (Сураи Зумар ояти, 17-18)

Дар ин оят, гӯш кардани сӯханҳои гуногӯн ва интихоби беҳтаринашон нишон медиҳад, ки инсон бояд ақлро барои арзёбии ва санҷиши дурӯстии маълумотҳо ва фикрҳо истифода кунад то ҳидоят ёбад. Ҳар гирифторӣ ва гӯмроҳие, ки инсон ба он дӯчор мешавад, аз сатҳинигарӣ ва дурӯст фикр накардан сарчашма мегирад.

Охирин матолиб

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *