Баракоти лаҳзаҳои сарнавиштсози охири моҳи шаъбон

Чунон ки медонем, баъзе аз дақиқаҳо, мисли охири моҳи шаъбон ва ҳулули моҳи Рамазон, баъзе аз рӯзҳо, мисли рӯзҳои Ҷумъа, баъзе аз шабҳо, мисли шаби Қадр ва баъзе аз моҳҳо, мисли моҳи Рамазон, дорои баракоту фазилатҳоеанд, ки дар оятҳои шарифа ва ривоятҳое дар бораи аъмолу рафтор ва адъияи он замонҳо таъкидоти зиёд шудааст. Моҳи Шаъбон ҳам аз ҷумлаи замонҳоест, ки дар ривоятҳо ва сираву суннати набавӣ дар он аъмолу адъия ва фазилатҳои зиёде ворид гаштааст. Мо дар лаҳзаҳои охири моҳи шаъбон қарор дорем ва аз ин лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва баракоти охири моҳи шаъбон ғофил нашавем дӯъо намоем.

Худоё, моро, падару модар ва устодҳоямонро, ки дар моҳи шаъбон ба хусус дар лаҳзаҳои охири он қарор дорем, бубахшу биёмӯрз, гӯзаштагонамонро ҳам бубахшу биёмӯрз, ва қалбҳоямонро бо Қуръон нуронӣ кун, фарзандонамонро тавфиқи дарс хонӣ марҳамат бифармо, Худоё ахлоқи моро бо Қуръонат зинат бидеҳ, мардӯми Фаластинро ёрӣ намо, Худоё, моро бо забони истиғфору тавфиқ, бо маърифату омодагӣ бештар ва барои баҳра бурдани беҳтар аз моҳи зиёфати хӯдат, бо ихлос вориди моҳи мӯбораки рамазон гардон, оқибати корҳои моро хатми ба хайр қарор бидеҳ, Худоё, ба сарвари мо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва хонадони поку асҳоби вафодораш дурӯд фирист!
Илоҳӣ омин!

Охирин матолиб

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *