Шеър дар васфи ҷовидон мондани дини Паёмбари Ислом(с)

Шеър дар васфи ҷовидон мондани дини Паёмбари Ислом(с)

Муҳаммад(с) рафту, динаш дар ҷаҳон монд,
Ҳадисҳояш ҳама вирди забон монд.

Агар чанде ки рафт аз байни мардум,
Нишонаш дар забони мардумон монд.

Нишони ӯст чу Қуръони Шарифаш,
Ҳазорон ҳофизу Қуръонхон монд.

Нахуст ӯ буд Имоми ҷумла Уммат,
Дар олам чун Имом ӯ човидон монд.

Ҷаҳон шуд шуълавар аз Нури рӯяш,
Қамар бо шамс гӯё ноаён монд.

Шудан пайрав ба ӯ халқони олам,
Ба мисли нахли дӯстӣ бехазон монд.

Ду се рӯз дар ин кӯҳнасаро буд,
Бирафту илму таълимаш ҳамон монд.

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *