Тарҷумаи СУРАИ МАРЯМ

СУРАИ МАРЯМ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 98 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Коф, ҳо, ё, айн, сод.
  2. [Ин] ёди раҳмати Парвардигори ту нисбат ба бандааш Закариё аст,
  3. Ҳангоме ки Парвардигори худро бо нидои пинҳонӣ нидо кард;
  4. Гуфт: «Парвардигоро! Ба ростӣ, ки ман устухонам суст шудааст ва аз пирӣ [мӯи] сар сафед гаштааст ва Парвардигоро! Ҳаргиз ба сабаби дуои ту, бебаҳра набудаам.
  5. Ва ба дурустӣ, ки ман пас аз худ аз наздиконам метарсам, дар ҳоле ки зани ман нозой аст; пас аз ҷониби худ валие ба ман ато кун;
  6. Ки аз ман ирс барад ва аз хонадони Яъқуб [низ] ирс барад ва Парвардигоро! Ӯро мавриди ризоят қарор деҳ».
  7. Эй Закариё! Ҳамоно Мо туро ба писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст, ки пеш аз ин барояш ҳамноме қарор надодаем.
  8. Гуфт: «Парвардигоро! Чигуна барои ман писаре бошад? Дар ҳоле ки зани ман нозой аст ва ба таҳқиқ [ман низ] аз пирӣ ба нотавонӣ расидаам».
  9. Гуфт: «чунин аст; Парвардигорат фармудааст: «он бар ман осон аст ва ба таҳқиқ пеш аз ин туро офаридам, дар ҳоле ки чизе набудӣ».
  10. Гуфт: «Парвардигоро! Барои ман нишонае қарор деҳ». Фармуд: «нишонаи ту он аст, ки дар ҳоли тандурустӣ се шабона [рӯз] бо мардум сухан нагӯӣ».
  11. Пас, аз меҳроб ба сӯи қавмаш берун омад; онгоҳ ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.
  12. Эй Яҳё! Китобро бо қувват бигир ва ба ӯ дар ҳоли кӯдакӣ ҳикмат додем.
  13. Ва аз ҷониби Худ меҳрубонӣ ва покӣ [ба ӯ додем] ва парҳезгор буд;
  14. Ва нисбат ба падару модараш некӯкор буд ва саркаши нофармон набуд.
  15. Ва салом бар ӯ бод, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад.
  16. Ва дар ин Китоб Марямро ёд кун; он ҳангом ки аз аҳли худ дар ноҳияи шарқӣ [-и Байт-ул- муқаддас] канора гирифт.
  17. Ва дар баробари онҳо пардае гирифт; пас Рӯҳи Худ (Ҷабраил)-ро ба сӯи ӯ фиристодем; онгоҳ барояш ба шакли башари дурустандом, намоён шуд.
  18. [Марям] гуфт: «ҳамоно ман аз ту ба [Худои] Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгор бошӣ».
  19. [Ҷабраил] гуфт: «ман фақат фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то писаре пок ба ту бибахшам».
  20. Гуфт: «чигуна барои ман писаре бошад, дар ҳоле ки башаре ба ман даст нарасондааст ва бадкора набудаам?»
  21. Гуфт: «Ин гуна аст; Парвардигорат фармудааст: «он бар ман осон аст ва то ӯ (Исо)-ро нишонае барои мардум ва раҳмате аз ҷониби Худ қарор диҳем ва [ин] кори ҳатмӣ аст».
  22. Пас ба ӯ бордор шуд; сипас бо ӯ ба ҷое дур канора гирифт.
  23. Онгоҳ, дарди зоимон ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмо кашонд; гуфт: «эй кош пеш аз ин мурда будам ва комилан фаромӯш шуда будам».
  24. Пас, аз ҷониби поинаш ӯро нидо дод, ин ки «андӯҳгин набош; ба таҳқиқ Парвардигорат зери [пои] ту чашмаи обе қарор додааст;
  25. Ва танаи дарахти хурморо ба сӯи худ биҷунбон, то хурмои тозае бар ту бирезад.
  26. Пас бихӯр ва бинӯш ва чашм равшан дор ва агар аз одамиён касеро бибинӣ, пас бигӯ: ба дурустӣ, ки ман барои [Худои] Раҳмон рӯзае назр кардаам, бинобар ин имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт».
  27. Пас дар ҳоле ки ӯро бардошта буд вайро ба назди қавмаш овард; гуфтанд: «эй Марям! Ба дурустӣ, ки чизе бисёр зишт овардаӣ;
  28. Эй хоҳари Ҳорун! Падарат марди баде набуд ва модарат бадкора набуд».
  29. Онгоҳ [Марям] ба сӯи ӯ (кӯдак) ишора кард; гуфтанд: «чигуна бо касе, ки кӯдаке дар гаҳвора аст сухан гӯем?»
  30. [Исо] гуфт: «дар ҳақиқат ман бандаи Худо ҳастам; ба ман китоб додааст ва маро паёмбар қарор додааст;
  31. Ва маро ҳар ҷо, ки бошам бобаракат гардонидааст ва маро то онгоҳ ки зинда бошам, ба намозу закот супориш кардааст;
  32. Ва нисбат ба модарам некӯкор [гардонидааст] ва маро саркаши бадбахт қарор надодааст;
  33. Ва салом бар ман бод, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам».
  34. Ин [саргузашти] Исо писари Марям аст; сухани ҳаққе, ки дар он тардид мекунанд.
  35. Ҳаргиз Худоро шоиста нест, ки фарзанде бигирад; Ӯ муназзаҳ аст; ҳангоме ки кореро ирода кунад, пас фақат ба он мегӯяд: «бош!» Пас [дарҳол] мешавад.
  36. Ва ба яқин Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед; ин роҳи рост аст.
  37. Онгоҳ гурӯҳҳое аз байни онҳо ихтилоф карданд; пас вой бар касоне, ки аз мушоҳидаи рӯзи бузург куфр варзиданд;
  38. Рӯзе, ки ба назди Мо биёянд, чӣ қадар шунаво ва чӣ қадар бино бошанд; лекин ситамгарон имрӯз дар гумроҳии ошкоранд.
  39. Ва онҳоро ба рӯзи ҳасрат, онгоҳ ки кор тамом шавад ҳушдор деҳ; дар ҳоле ки онҳо дар ғафлатанд ва онҳо имон намеоваранд.
  40. Дар ҳақиқат Мо Худ замин ва ҳар касеро, ки бар рӯи он аст, ба ирс мебарем ва ба сӯи Мо бозгардонида мешаванд.
  41. Ва дар ин Китоб Иброҳимро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ бисёр ростгӯ [ва] паёмбар буд;
  42. Ҳангоме ки ба падараш гуфт: «эй падар! Чаро чизеро мепарастӣ, ки намешунавад ва намебинад ва чизеро аз ту дафъ намекунад?
  43. Эй падар! Дар ҳақиқат ман аз дониш чизе бароям омадааст, ки ба ту наёмадааст пас, аз ман пайравӣ кун то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам;
  44. Эй падар! Шайтонро парастиш накун; ба яқин шайтон нисбат ба [Худои] Раҳмон нофармон аст;
  45. Эй Падар! Ҳамоно ман метарсам, ки аз ҷониби [Худои] Раҳмон азобе ба ту расад, пас ёвари шайтон шавӣ».
  46. Гуфт: «эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар бознаистӣ, ҳатман туро сангсор мекунам ва муддати дарозе аз ман дур бош».
  47. [Иброҳим] гуфт: «салом бар ту бод; ба зудӣ аз Парвардигорам барои ту омурзиш металабам; ҳамоно Ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст;
  48. Ва аз шумо ва он чи аз ғайри Худо мехонед, канора мегирам ва Парвардигорамро мехонам; умед аст, ки дар хондани Парвардигорам бебаҳра набошам».
  49. Пас замоне ки аз онҳо ва он чи ғайр аз Худо мепарастиданд канора гирифт, Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳар якро паёмбаре қарор додем.
  50. Ва аз раҳмати Худ ба онҳо бахшидем ва барояшон номи нек [ва мақоми] баланде қарор додем.
  51. Ва дар ин Китоб Мӯсоро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ холисшуда ва фиристода [ва] паёмбар буд.
  52. Ва аз ҷониби рости [кӯҳи] Тур ӯро нидо додем ва розгӯён ӯро наздик сохтем.
  53. Ва аз раҳмати Худ бародараш Ҳорунро, ки паёмбар буд ба ӯ бахшидем.
  54. Ва дар ин Китоб Исмоилро ёд кун; ҳамоно ӯ ростваъда ва фиристода [ва] паёмбар буд;
  55. Ва ҳамвора хонаводаашро ба намоз ва закот амр мекард ва дар назди Парвардигораш мавриди ризоят буд.
  56. Ва дар ин Китоб Идрисро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ бисёр ростгӯ [ва] паёмбар буд;
  57. Ва ӯро ба ҷойгоҳи баланде боло бурдем.
  58. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ба онҳо неъмат додааст; аз паёмбарони аз насли Одам ва аз касоне, ки бо Нӯҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз насли Иброҳим ва Исроил ва аз касоне, ки ҳидоят кардем ва баргузидем, ҳангоме ки оятҳои [Худои] Раҳмон бар онҳо хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён [ба замин] меафтоданд.
  59. Ва баъд аз онҳо нохалафоне ҷонишин шуданд, ки намозро табоҳ карданд ва хоҳишҳо [-и нафсони]-ро пайравӣ карданд ва дар оянда [сазои] гумроҳиро хоҳанд дид.
  60. Магар касе, ки тавба кард ва имон овард ва кори шоиста анҷом дод; пас онҳо вориди биҳишт мешаванд ва ҳеҷ ситаме намешаванд.
  61. Биҳиштҳои ҷовидоне, ки [Худои] Раҳмон бандагонашро аз ғайб ваъда додааст; ҳамоно ваъдаи Ӯ омаданист.
  62. Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд, ҷуз «салом» ва барои онҳо дар он ҷо рӯзиашон субҳу шом [омода] аст.
  63. Ин биҳиштест, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки парҳезгор бошад, ба ирс медиҳем.
  64. Ва [мо фариштагон] ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем; аз они Ӯст ояндаи мо ва гузаштаи мо ва он чи миёни ин [ду] аст ва Парвардигорат фаромӯшкор нест.
  65. [Ӯст] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи байни он ду аст; пас Ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ пойдорӣ кун; оё ҳамноме барои Ӯ мешиносӣ?
  66. Ва инсон мегӯяд: «оё ҳангоме ки бимирам ба ростӣ дар оянда зинда берун оварда мешавам?»
  67. Ва оё инсон ба ёд намеоварад, ки Мо ӯро пеш аз ин офаридем, дар ҳоле ки чизе набуд?
  68. Пас қасам ба Парвардигорат ҳатман онҳоро бо шайтонҳо маҳшур мекунем; сипас қатъан онҳоро ба зону афтода гирдогирди ҷаҳаннам ҳозир мекунем.
  69. Онгоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки бар [Худои] Раҳмон саркаштар буданд, ҳатман берун мекашем;
  70. Сипас қатъан Мо ба [ҳоли] онҳо, ки ба даромадани дар он сазовортаранд донотарем.
  71. Ва касе аз шумо нест, магар он ки бар он ворид мешавад; ин [ваъда] бар Парвардигорат ҳатмӣ [ва] қатъӣ аст.
  72. Сипас касонеро, ки парҳезгорӣ карданд, наҷот медиҳем ва ситамгаронро дар он ба зону афтода раҳо мекунем.
  73. Ва ҳангоме ки оятҳои равшани Мо бар онон хонда мешавад касоне, ки куфр варзиданд ба касоне, ки имон овардаанд, гӯянд: «кадом як аз ду гурӯҳ дорои ҷойгоҳи беҳтар ва маҳфили некӯтар аст?»
  74. Ва чи бисёр гурӯҳҳоеро пеш аз онон ҳалок кардем, ки онҳо аз назари васоил [-и зиндагӣ] ва симо зеботар буданд.
  75. Бигӯ: «ҳар кас дар гумроҳӣ бошад, пас бар [Худои] Раҳмон аст, ки то муддате ӯро мӯҳлат диҳад, то ҳангоме ки он чиро ба онҳо ваъда дода шудааст ё азоб ва ё қиёматро бибинанд; онгоҳ ба зудӣ хоҳанд донист, чӣ касе ҷойгоҳаш бадтар ва аз ҷиҳати лашкар нотавонтар аст».
  76. Ва Худо бар ҳидояти касоне, ки роҳ ёфтаанд, меафзояд [корҳои] мондагори шоиста назди Парвардигорат савоби беҳтар ва оқибати некӯтар дорад.
  77. Ва оё дидӣ, касеро, ки ба оятҳои Мо куфр варзид ва гуфт: «ҳамоно молу фарзанд [-и фаровон] дода шавам».
  78. Оё аз ғайб огоҳ шудааст ё аз ҷониби [Худои] Раҳмон паймоне гирифтааст?
  79. Ҳаргиз чунин нест! Ба зудӣ он чиро мегӯяд, менависем ва азоби ӯро пай дар пай меафзоем.
  80. Ва он чиро [аз молу фарзанд] мегӯяд, аз ӯ мегирем ва ба танҳоӣ назди Мо меояд.
  81. Ва ғайр аз Худо маъбудонеро интихоб карданд, то сабаби иззаташон бошанд.
  82. Ҳаргиз чунин нест! Ба зудӣ [он маъбудон] парастиши онҳоро инкор мекунанд ва бар зидди онон мешаванд.
  83. Оё нанигаристӣ, ки Мо шайтонҳоро бар кофирон фиристодем, дар ҳоле ки онҳоро ба шиддат таҳрикашон мекунанд?
  84. Пас дар бораи онҳо шитоб макун! Ҷуз ин нест, ки [аъмол ва умри] онҳоро комилан мешуморем.
  85. Рӯзе, ки парҳезгоронро ба сӯи [Худои] Раҳмон ба сурати гурӯҳи саворон маҳшур мекунем;
  86. Ва муҷримонро бо ҳоли ташнагӣ ба сӯи ҷаҳаннам меронем;
  87. Тавони шафоат кардан надоранд, магар касе, ки аз ҷониби [Худои] Раҳмон паймоне гирифта бошад.
  88. Ва гуфтанд: «[Худои] Раҳмон фарзанде гирифтааст».
  89. Дар ҳақиқат чизи зиште [бар забон] овардед!
  90. Наздик аст, ки осмонҳо аз он [сухан] пора-пора шаванд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо ба шиддат фурӯ резанд;
  91. Аз ин ки барои [Худои] Раҳмон фарзанде хонданд.
  92. Ва барои [Худои] Раҳмон сазовор нест, ки фарзанде бигирад.
  93. Ҳеҷ кас дар осмонҳо ва замин нест, магар ин ки ба сӯи [Худои] Раҳмон бандавор ояд.
  94. Ба дурустӣ, ки онҳоро ҳисоб кардааст ва онҳоро комилан шумориш намудааст;
  95. Ва ҳамаи онҳо дар рӯзи қиёмат ба танҳоӣ назди Ӯ оянд.
  96. Ҳамоно касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба зудӣ [Худои] Раҳмон барояшон муҳаббате [дар дилҳо] қарор медиҳад.
  97. Пас ҷуз ин нест, ки он [Қуръон]-ро бар забони ту осон сохтем, то парҳезгоронро ба василаи он башорат диҳӣ ва гурӯҳи ситезагаронро ба он ҳушдор диҳӣ.
  98. Ва чӣ бисёр гурӯҳҳоеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем; оё ҳеҷ кас аз онҳоро мебинӣ ё овози оҳистае аз онҳо мешунавӣ?

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,