СУРАИ НАҲЛ
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 128 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Фармони [азоби] Худо фаро расид; пас дар он шитоб накунед; Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз он чи ки ширк меварзанд.
- Фариштагонро бо Рӯҳ ба фармони Худ, ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад нозил мекунад; ин ки ҳушдор диҳед, ки ҳамоно ҳеҷ маъбуде ҷуз Ман нест; пас аз Ман битарсед.
- Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид; бартар аст аз он чи ки ширк меварзанд.
- Инсонро аз нутфае офарид; пас онгоҳ ӯ душмани ошкор шуд.
- Ва чорпоёнро барои шумо офаридашон, ки дар онҳо пӯшиш ва баҳраҳоест ва аз онҳо мехӯред.
- Ва дар онҳо бароятон зебоист, замоне ки [онҳоро] аз саҳро бармегардонед ва замоне ки ба саҳро мефиристед.
- Ва борҳои сангини шуморо ба шаҳре ҳамл мекунанд, ки ҷуз ба машаққати ҷонҳо ба он намерасидед; бешак, Парвардигори шумо меҳрварзи меҳрубон аст.
- Ва асбҳо ва қотирҳо ва харҳо [-ро офарид] то бар онҳо савор шавед ва [то барои шумо] зинате бошад ва он чиро намедонед меофаринад.
- [Баёни] роҳи рост ва миёна бар ӯҳдаи Худост ва бархе аз он [роҳҳо] каҷ аст ва агар [Худо] мехост, ҳатман ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.
- Ӯ Зотест, ки аз осмон обе фиристод, ки барои шумо аз он ошомиданӣ аст ва аз он гиёҳ ва дарахтоне мерӯяд, ки дар он [чорпоёнро] мечаронед.
- Бо он барои шумо зироат ва зайтун ва дарахтони хурмо ва ангурҳо ва аз ҳамаи меваҳо мерӯёнад; ба ростӣ, дар ин нишонаҳоест, барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд.
- Ва шаб ва рӯз ва хуршед ва моҳро бароятон мусаххар кард ва ситорагон ба фармони ӯ мусаххар [-и шумо] ҳастанд; қатъан дар ин нишонаҳоест барои гурӯҳе, ки меандешанд.
- Ва он чиро, ки дар замин барои шумо бо рангҳои гуногунаш офарид [мусаххари шумо кард] ҳамоно дар ин нишонаест барои гурӯҳе, ки панд мепазиранд.
- Ва Ӯ Зотест, ки дарёро мусаххар кард, то аз он гӯшти тоза бихӯред ва то аз он зеваре ки онро мепӯшед, берун оваред ва киштиҳоро дар он равон мебинӣ ва то аз фазли Ӯ баҳра биталабӣ ва шояд, ки шумо шукргузорӣ кунед.
- Ва дар замин кӯҳҳои устувор афканд, ки мабодо [замин] шуморо биларзонад ва ҷӯйҳо ва роҳҳоро [офарид] шояд, ки шумо ҳидоят шавед.
- Ва аломатҳое [қарор дод] ва онҳо бо ситорагон роҳ меёбанд.
- Ва оё Зоте, ки меофаринад монанди касест, ки намеофаринад? Пас оё панд намегиред?
- Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, наметавонед онро ба шумор оваред; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Ва он чиро пинҳон мекунед ва он чиро ошкор месозед, Худо медонад.
- Ва касонеро, ки ба ҷои Худо мехонанд, чизеро намеофаринанд ва худашон офарида шудаанд.
- Мурдагонанд, на зиндагон ва дарк намекунанд, ки чӣ замоне барангехта мешаванд.
- Маъбуди шумо маъбуди ягона аст; пас касоне, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон мункир [-и ҳақ] аст ва онҳо мустакбиранд.
- Бегумон он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор месозанд, Худо медонад; ҳамоно Ӯ мустакбиронро дӯст намедорад.
- Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «афсонаҳои пешиниён».
- То рӯзи қиёмат ба таври комил бори гуноҳони хеш ва [низ баъзе] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯи нодонӣ гумроҳашон месозанд, бар дӯш кашанд; огоҳ бошед! Чӣ бад аст он чиро, ки бар дӯш мекашанд.
- Ба таҳқиқ касоне, ки пеш аз онҳо буданд, макр варзиданд; пас [фармони] Худо бунёдашонро аз пояҳо барандохт; пас сақф аз болои сарашон бар онҳо фурӯ рехт ва азоб аз ҷое, ки дарк намекарданд, ба суроғашон омад.
- Сипас рӯзи қиёмат онҳоро расво месозад ва мефармояд: «куҷоянд он шарикони Ман, ки дар бораи онҳо ситез мекардед?» Касоне, ки ба онҳо илм дода шуд, гӯянд: «ба дурустӣ, ки хорӣ ва бадӣ, имрӯз бар кофирон аст».
- Касоне, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки ба худ ситамгар буданд; пас изҳори таслим кунанд [ва гӯянд:] мо ҳеҷ [кори] бадеро анҷом намедодем. Оре, ҳамоно Худо ба он чи анҷом медодед, доност.
- Пас, аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле ки дар он ҷо мондагоред; пас воқеан чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон.
- Ва бар касоне, ки тақво пеша намуданд, гуфта шавад: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «некӣ». Барои касоне, ки дар ин дунё некӣ карданд, некӣ аст ва ҳатман сарои охират беҳтар аст ва ҳамоно чи хуб аст сарои парҳезгорон;
- Биҳиштҳои ҷовидоне ки вориди он мешаванд; аз зери онҳо наҳрҳо ҷорист; барояшон дар он ҷо он чиро бихоҳанд фароҳам аст; ин гуна Худо парҳезгоронро подош медиҳад.
- Касоне, ки дар ҳоли покӣ [аз ширк] фариштагон ҷонашонро мегиранд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба хотири он чи анҷом медодед, вориди биҳишт шавед».
- Оё интизоре ғайр аз ин доранд, ки фариштагон ба суроғашон оянд ё фармони [азоби] Парвардигор фаро расад? Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чунин карданд. Ва Худо бар онҳо ситам накард, валекин бар худашон ситам мекарданд.
- Пас бадиҳои он чи ки анҷом медоданд, ба онҳо расид ва он чи ба он масхара мекарданд, онҳоро фаро гирифт.
- Ва касоне, ки ширк варзиданд гуфтанд: «агар Худо мехост мо ва на падаронамон, ба ҷои Ӯ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва чизеро бидуни [хости] Ӯ ҳаром намекардем». Инчунин карданд, касоне, ки пеш аз онҳо буданд; пас оё бар ӯҳдаи паёмбарон [вазифае] ҷуз расонидани ошкор ҳаст?
- Ва ба таҳқиқ дар ҳар уммате паёмбаре барангехтем, ки Худоро бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед; пас аз миёни онҳо касонеро Худо ҳидоят кард ва аз миёни онҳо касоне ҳастанд, ки гумроҳӣ бар он [ҳо] муҳаққақ шуд; пас дар замин сайр кунед ва бингаред, саранҷоми такзибкунандагон чигуна буд.
- Агар бар ҳидояти онҳо исрор варзӣ, пас ҳатман Худо касеро, ки гумроҳ кунад, ҳидоят нахоҳад кард ва барояшон ҳеҷ ёваре нест.
- Ва ба сахттарин савгандҳояшон ба Худо қасам хӯрданд, ки касеро, ки мемирад, Худо барнамеангезад. Оре, ваъдаи ҳаққест бар ӯҳдаи Ӯ валекин бештари мардум намедонанд.
- То он чиро ихтилоф мекунанд, барояшон баён кунад; то касоне, ки куфр варзиданд, бидонанд, ки онҳо дурӯғгӯ буданд.
- Ҳангоме ки чизеро бихоҳем, фақат сухани мо ба он ин аст, ки бадон мегӯем: «бош!» Пас [дарҳол] мешавад.
- Ва касоне, ки дар роҳи Худо, баъд аз ситам дидан, ҳиҷрат карданд, ҳатман онҳоро дар дунё ҷойи некӯ медиҳем ва албатта подоши охират бузургтар аст, агар медонистанд.
- [Ҳамон] касоне, ки сабр карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
- Ва пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба сӯи онҳо ваҳй мекардем, нафиристодем; пас агар намедонед, аз огоҳон бипурсед.
- [Он паёмбаронро] бо далелҳои равшан ва китобҳо [фиристодем] ва нозил кардем ба сӯи ту, Зикр (Қуръон)-ро, то баён кунӣ барои мардум он чиро, ки ба сӯи онҳо нозил шудааст ва бошад, ки онҳо тафаккур кунанд.
- Пас оё касоне, ки нақшаи бадиҳоро кашиданд, эмин гаштаанд аз ин ки Худо онҳоро дар замин фурӯ барад ё аз ҷое, ки дарк намекунанд, азоб ба суроғашон биёяд?
- Ё ин ки онҳоро дар рафту омадашон [бо азоб] бигирад; пас онҳо нотавонкунанда [-и Худо] нестанд.
- Ё ин ки онҳоро бар тарсу ҳарос бигирад; пас ҳатман Парвардигори шумо меҳрварзу меҳрубон аст.
- Ва оё ба сӯи он чи Худо офарид, назар накарданд? Аз чизе, ки сояи он аз рост ва чап мегардад, дар ҳоле ки онон хозиона, барои Худо саҷдакунандаанд.
- Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин, аз ҷунбанда [гон] аст ва фариштагон барои Худо саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд.
- [Онҳо] аз Парвардигорашон, ки бар болои онҳо [ҳоким] аст, метарсанд ва он чиро, ки дастур меёбанд, анҷом медиҳанд.
- Ва Худо фармуд: «ду маъбуд нагиред; ҷуз ин нест, ки Ӯ маъбуди ягонааст; пас фақат аз Ман битарсед».
- Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, барои Ӯст ва дини пойдор, танҳо барои Ӯст; пас оё аз ғайри Худо метарсед?
- Ва он чи шумо аз неъмат доред, пас аз ҷониби Худост; сипас замоне ки ба шумо зарар бирасад, онгоҳ танҳо ба сӯи Ӯ зорӣ мекунед.
- Сипас ҳангоме ки аз шумо зарарро бартараф кунад, ногаҳон гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд.
- То он чиро, ки ба онҳо додаем, носипосӣ кунанд ва баҳраманд шавед, пас ба зудӣ хоҳед донист.
- Ва он чи ба онҳо рӯзӣ додаем, саҳме барои он чи [аз бутҳо, ки нафъ ва зиёнашонро] намедонанд, қарор доданд. Савганд ба Худо аз он чи дурӯғ мебастед, ҳатман пурсида мешавед.
- Ва духтаронро барои Худо қарор медиҳанд; Ӯ муназзаҳ аст ва барои худ он чиро майл доранд, қарор медиҳанд.
- Ва ҳар гоҳ ба яке аз онҳо ба [таваллуди] духтар мужда дода шавад, чеҳрааш сиёҳ мегардад, дар ҳоле ки хашм [-и худ]-ро фурӯ мебарад.
- Аз бадии он чи ба ӯ мужда дода шуд, аз қавм пинҳон мешавад [меандешад, ки] оё бо хорӣ ӯро нигоҳ дорад ё ӯро дар хок пинҳон кунад. Огоҳ бошед! Чи бад аст он чи ҳукм мекунанд.
- Барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, масали бад аст ва масали волотар аз они Худост ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст.
- Ва агар Худо мардумро ба сабаби зулмашон гирифтор мекард, ҳеҷ ҷунбандае бар рӯи он [замин] боқӣ намегузошт валекин онҳоро то вақти муайяне ба таъхир меандозад. Пас ҳангоме ки аҷали онҳо фаро расад, лаҳзае таъхир намекунанд ва пешӣ намегиранд.
- Ва он чиро нописанд медоранд, барои Худо қарор медиҳанд ва [бо] забонҳояшон дурӯғпардозӣ мекунанд, ки некӣ барои онҳост; қатъан оташ барои онҳост ва онҳо [ба сӯи оташ] пеш фиристода мешаванд.
- Савганд ба Худо; ҳамоно ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд [паёмбароне] фиристодем; онгоҳ, шайтон корҳояшонро барои онҳо зинат дод ва имрӯз сарпарасти онҳост ва барои онҳо азобе дарднок аст.
- Ва [ин] Китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки он чиро дар он ихтилоф карданд, барояшон баён кунӣ ва ҳидоят ва раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд.
- Ва Худо аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он заминро баъд аз мурданаш зинда сохт; қатъан дар он нишонаест барои гурӯҳе, ки мешунаванд.
- Ва қатъан дар чорпоён барои шумо ибратест, аз он чи дар шикамҳояшон аст; аз миёни ғизоҳои ҳазм шуда ва хун, шире холис ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост.
- Ва аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангурҳо, [шароби] масткунанда ва рӯзии некӯ аз он мегиред; ҳамоно дар ин нишонаест барои гурӯҳе, ки меандешанд.
- Ва Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳо ва аз дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, хонаҳое бигир.
- Сипас аз ҳамаи меваҳо бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона бипаймо. Аз шиками онҳо ошомиданӣ (асал) берун меояд, ки рангҳояш гуногун аст; дар он барои мардум шифост; қатъан дар ин нишонаест, барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд.
- Ва Худо шуморо офарид, сипас [ҷони] шуморо мегирад ва аз шумо касе ҳаст, ки ба хортарин [даврони] умр баргардонида мешавад, то баъд аз донистан, чизеро намедонад; ҳамоно Худованд донои тавоност.
- Ва Худо баъзе аз шуморо дар рӯзӣ бар баъзе [дигар] бартарӣ дод; пас касоне, ки бартарӣ дода шудаанд ризқашонро ба он чи онҳо [аз бардагон] моликанд, боз намедиҳанд, то онҳо дар он [рӯзӣ] яксон бошанд; пас оё неъмати Худоро инкор мекунанд?
- Ва Худо аз худатон барои шумо ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарон ва наводагоне қарор дод ва аз покизаҳо ба шумо рӯзӣ дод. Пас оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва онҳо ба неъмати Худо носипосӣ мекунанд?
- Ва ғайр аз Худо чизеро мепарастанд, ки барои онҳо аз осмонҳо ва замин молики ҳеҷ гуна рӯзие нестанд ва тавон [-и ин корро низ] надоранд.
- Пас барои Худо масалҳо [-и нораво] назанед; ҳамоно Худо медонад ва шумо намедонед.
- Худо мисоле задааст, бандаи мамлукеро, ки бар ҳеҷ чизе тавон надорад ва касеро, ки аз ҷониби Худ ризқе ба ӯ рӯзӣ кардаем, пас ӯ пинҳон ва ошкор аз он инфоқ мекунад. Оё [ин ду] баробаранд? Ситоиш Худорост; балки бештари онҳо намедонанд.
- Ва Худо мисоле задааст, ду мардеро, ки яке аз он ду гунг аст, ки бар чизе тавон надорад ва ӯ бори гарон бар соҳиби хеш аст; ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ хайре намеоварад. Оё ӯ ва касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост аст, баробаранд?
- Ва ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Худост ва кори қиёмат ҷуз монанди чашм ба ҳам задан нест, балки он наздиктар аст; бешак, Худо бар ҳар чизе тавоност.
- Ва Худо шуморо аз шикамҳои модаронатон берун овард, дар ҳоле ки чизеро намедонистед ва барои шумо шунавоӣ ва чашмҳо ва дилҳо қарор дод; бошад, ки шумо шукргузорӣ кунед.
- Оё ба сӯи парандагоне, ки дар фазои осмон мусаххаранд, нанигаристаанд? Ҷуз Худо онҳоро нигоҳ намедорад; қатъан дар ин нишонаҳоест барои гурӯҳе, ки имон меоваранд.
- Ва Худо аз хонаҳоятон барои шумо [асбоби] оромиш қарор дод ва аз пӯстҳои чорпоён барои шумо хонаҳое қарор дод, ки онро рӯзи сафари худ ва рӯзи иқомати худ сабук меёбед ва аз пашмҳо ва кӯркҳо ва мӯйҳояшон асос ва [василаи] баҳрамандӣ, то вақте [муайян қарор дод].
- Ва Худо аз он чи офаридааст, барои шумо сояҳое қарор дод ва аз кӯҳҳо барои шумо паноҳгоҳҳое қарор дод ва барои шумо пироҳанҳое қарор дод, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад ва пироҳанҳое, ки шуморо аз [ҷангҳо ва] сахтӣ нигаҳ медорад; ин гуна неъмати Худро бар шумо тамом мекунад; бошад, ки шумо таслим шавед.
- Ва агар рӯй гардонанд, пас фақат бар ту [паём] расонидани ошкор аст.
- Неъмати Худоро мешиносанд; сипас онро инкор мекунанд ва бештарашон кофир ҳастанд.
- Ва рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳеро бармеангезем; сипас ба касоне, ки куфр варзиданд, иҷоза [-и сухан гуфтан] дода намешавад ва аз онҳо талаби узрхоҳӣ намешавад.
- Ва ҳангоме ки зулм карданд, азобро бибинанд, пас [азоб] аз онҳо сабук намешавад ва онҳо мӯҳлат дода намешаванд.
- Ва ҳангоме ки ширк варзиданд, шариконашонро бибинанд, гӯянд: «Парвардигори мо! Инҳо шарикони мо ҳастанд, ки ҳамвора ононро ба ҷои Ту мехондем» онгоҳ [он шарикон] ба сӯи онҳо посух медиҳанд, ки: «қатъан шумо дурӯғгӯ ҳастед».
- Ва дар он рӯз дар баробари Худо сари таслим афкананд ва он чи ба дурӯғ мебофтанд, аз онҳо гум шавад.
- Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Худо боз доштанд, ба сабаби он ки фасод мекарданд, азобе болои азоби онҳо меафзоем.
- Ва рӯзе, ки дар [миёни] ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онҳо бармеангезем ва туро бар онҳо гувоҳ биёварем ва бар ту китоб [-и Қуръон]-ро нозил кардем, ки баёнгари ҳар чиз ва ҳидоят ва раҳмат ва башорате барои мусулмонон аст.
- Ҳамоно Худо ба адолат ва некӯкорӣ ва адои [ҳаққи] хешовандон фармон медиҳад ва аз [кори] зишт ва нописанд ва ситам наҳй мекунад; шуморо андарз медиҳад, то шояд шумо панд пазиред.
- Ва ба паймони Худо, ҳангоме ки аҳд бастед, вафо кунед ва савгандҳоро баъд аз маҳкамсохтанашон нашиканед, дар ҳоле ки Худоро бар худ кафил қарор додаед; ҳамоно Худо он чиро анҷом медиҳед, медонад.
- Ва монанди он [зане] набошед, ки риштаи худро баъд аз маҳкам [бофтан] пора-пора боз кард; дар ҳоле ки савгандҳои худро василаи фиреб миёни худ қарор диҳед, ба хотири ин ки гурӯҳе аз гурӯҳе [дигар] афзунтар шаванд. Ҷуз ин нест, ки Худо шуморо ба он меозмояд ва рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, қатъан барои шумо баён мекунад.
- Ва агар Худо мехост, ҳатман шуморо як уммат қарор медод валекин ҳар касро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва қатъан аз он чи анҷом медодед, пурсида мешавед.
- Ва савгандҳоятонро василаи фиреб дар миёни худ қарор надиҳед, то қадаме баъд аз устувориаш билағзад ва ба сабаби он ки [мардумро] аз роҳи Худо боздоштед [уқубати] бадро бичашед ва барои шумо азоби бузургест.
- Ва паймони Худоро ба баҳои андак нафурӯшед; дар ҳақиқат он чи назди Худост, он барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.
- Он чи назди шумост, аз байн меравад ва он чи назди Худост, боқӣ аст ва қатъан ба касоне, ки сабр карданд, аҷрашонро ба сабаби некӯтарин чизе, ки анҷом медоданд, ба онҳо медиҳем.
- Ҳар кас аз мард ё зан кори шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле ки мӯъмин бошад, пас қатъан ӯро ба зиндагии покизае зинда медорем ва ҳатман аҷрашонро ба сабаби некӯтарин чизе, ки анҷом медоданд, ба онҳо медиҳем.
- Ва ҳангоме ки Қуръонро бихонӣ, пас аз шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бибар.
- Ба дурустӣ, ки ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, барояш тасаллуте нест.
- Тасаллути ӯ фақат бар касонест, ки ӯро сарпараст мегиранд ва касоне, ки онҳо ба Ӯ (Худо) ширк меварзанд.
- Ва ҳангоме ки оятеро ба ҷои ояте ҷойгузин кунем -ва Худо ба он чи нозил мекунад, донотар аст- мегӯянд: «ҷуз ин нест, ки ту дурӯғбоф ҳастӣ» балки бештарашон намедонанд.
- Бигӯ: «Рӯҳ-ул-қудус онро аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил кардааст, то касонеро, ки имон овардаанд, устувор гардонад ва ҳидоят ва башорате барои мусулмонон бошад».
- Ва ба таҳқиқ медонем, ки онҳо мегӯянд: «ҷуз ин нест, ки башаре ба ӯ меомӯзад». Забони касе, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, аҷамӣ аст ва ин [Қуръон] забони арабии равшан аст.
- Дар ҳақиқат касоне, ки ба оятҳои Худо имон намеоваранд, Худо онҳоро ҳидоят намекунад ва барои онҳо азоби дарднокест.
- Фақат касоне, ки ба оятҳои Худо имон намеоваранд [ба ӯ] дурӯғ мебанданд ва онҳо худ дурӯғгӯянд.
- Ҳар кас, ки пас аз имонаш ба Худо куфр варзад [муҷозот мешавад] -магар касе, ки водор [ба куфр] шавад, дар ҳоле ки дилаш ба имон ором гирифтааст- валекин касе, ки сина ба рӯи куфр кушояд, пас хашме аз ҷониби Худо бар онҳост ва барояшон азоби бузургест.
- Ин ба хотири он аст, ки ҳамоно онҳо зиндагии дунёро бар охират бартарӣ доданд ва қатъан Худо гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад.
- Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо бар дилҳояшон ва гӯшҳояшон ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо худ ғофиланд.
- Бешак, онҳо дар охират худ зиёнкоранд.
- Сипас дар ҳақиқат Парвардигорат барои касоне, ки баъд аз он ки шиканҷа диданд, ҳиҷрат карданд, сипас ҷиҳод карданд ва сабр намуданд, ҳамоно Парвардигорат баъд аз ин омурзандаи меҳрубон аст.
- [Ёд кун] рӯзеро, ки ҳар кас меояд, то аз худаш дифоъ кунад ва ҳар кас он чиро анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва онҳо ситам нахоҳанд шуд.
- Ва Худо масал задааст ободиеро, ки амну ором буд, рӯзияш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо ба [мардуми] он мерасид; пас неъматҳои Худоро носипосӣ карданд ва Худо ба хотири он чи анҷом медоданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба он [мардум] чашонид.
- Ва ба таҳқиқ паёмбаре аз худашон ба наздашон омад ва ӯро такзиб карданд; пас дар ҳоле ки онҳо ситамгар буданд, азоб онҳоро фаро гирифт.
- Пас, аз он чи Худо ба шумо рӯзӣ додааст, ҳалол ва покиза бихӯред ва шукри неъмати Худоро ба ҷо оваред, агар танҳо Ӯро мепарастед.
- [Худо] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми зибҳ] номи ғайри Худо бар он гуфта шавад, бар шумо ҳаром кардааст; пас касе, ки ночор шавад, дар ҳоле ки зиёдахоҳ ва таҷовузкор [дар хӯрдани онҳо] набошад, пас бешак, Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Ва ба хотири чизе, ки забонҳои шумо ба дурӯғ баён мекунад, нагӯед: «ин ҳалол асту ин ҳаром» то бар Худо дурӯғ бибандед; ҳамоно касоне, ки бар Худо дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд.
- Баҳраи андаке [дар дунё доранд] ва барояшон азоби дарднокест.
- Ва бар касоне, ки яҳудӣ шуданд, он чиро пеш аз ин бар ту ҳикоят карда будем, ҳаром кардем ва ба онҳо ситам накардем, валекин онҳо бар худ ситам мекарданд.
- Сипас ҳамоно Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ бадӣ анҷом додаанд, онгоҳ баъд аз он тавба карданд ва ислоҳ намуданд, ба дурустӣ, ки Парвардигори ту баъд аз он омурзандаи меҳрубон аст.
- Ҳамоно Иброҳим [ба танҳоӣ як] уммат буд, ниёишгари Худо [ва] ҳақгаро буд ва аз мушрикон набуд;
- Шукргузори неъматҳои Ӯ буд [Худо] ӯро баргузид ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят намуд;
- Ва дар дунё ба ӯ некӣ додем ва ҳатман ӯ дар охират аз шоистагон аст.
- Сипас ба ту ваҳй фиристодем, ки аз оини Иброҳим, ки ҳақгарост ва аз мушрикон набуд, пайравӣ кун.
- [Озмоиши рӯзи] шанбе фақат барои касоне муқаррар гардид, ки дар бораи он ихтилоф карданд ва қатъан Парвардигорат рӯзи қиёмат дар бораи он чи дар он ихтилоф мекарданд, миёни онҳо доварӣ мекунад.
- Бо ҳикмат ва панди некӯ, ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онҳо ба равише ки некӯтар аст, мунозара кун; ҳамоно Парвардигорат, Худ ба касе, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ шудааст, донотар аст ва Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст.
- Ва агар [хостед] муҷозот кунед, пас ҳамон гуна ки бадон муҷозот шудед, муҷозот кунед ва агар сабр кунед, албатта он барои сабркунандагон беҳтар аст.
- Ва сабр пеша кун ва сабри ту ҷуз ба [тавфиқи] Худо нест ва бар онон андӯҳ махӯр ва аз он чи макр мекунанд, дар тангдилӣ мабош!
- Дар ҳақиқат Худо бо касонест, ки тақво пеша мекунанд ва касоне, ки онҳо некӯкоранд.