Наҳзати имом Ҳусайн(а) ва инсиҷоми ҷомеаи исломӣ

Чакида

Бо нигоҳи дақиқ дар таърихи Ислом аз манзари таҳлилӣ, ба ин натиҷа мерасем, ки бар хилофи он чи баъзе аз уламо муддаӣ шудаанд, наҳзати имом Ҳусайн(а) барои тафриқа ва ҷудоии байни мусалмонон сурат нагирифт, балки бо таваҷҷӯҳ ба мабонии қуръонӣ ва улгӯи набавӣ (с), ин ҳаракат ва наҳзат, ваҳдат ва якпорчагии ҷомеаи исломиро дар пай дошт.

Ваҳдат ва якпорчагие, ки он замон дар натиҷаи нуфузи фарҳанги ҷоҳилӣ, бунёнҳои исломии худро аз даст дода буд, ба гунае, ки итлоқи ҷомеа ва уммати исломӣ бар он душворӣ менамуд. Ҳаракати имом Ҳусайн(а) барои эҳёи дубораи ин бунёнҳо ва бар асари эҳсоси масъулият дар бораи онҳо сурат пазируфт.

Муқаддима

Бо вуҷуди он ки дар тули таърихи Ислом, аксарияти қариб ба итифоқи уламои аҳли суннат, қиёми имом Ҳусайн(а) бар зидди Язидро дар масири эҳёи Ислом ва арзишҳои он донистаанд. Дар ин миён ду тан ба номҳои Абӯбакр ибни Арабӣ (468ـ543 ҳ.қ.)[2] ва Ибни Таймия (661-728 ҳ.қ.) ин наҳзатро туғён бар зидди ҳокимияти қонунии ҷомеаи исломӣ пиндоштаанд. Ба гумони онон ин ҳаракат сабаби гусаста ва ҷудоӣ дар уммати исломӣ гардид. Аз ин рӯ, онон рӯёрӯии Язид бо имом Ҳусайн(а) ва дар ниҳоят шаҳодати он Ҳазратро тавҷеҳ карда ба шаҳодат расондани он Ҳазрат ва ёронашро дар масири иҷрои дастури Расулуллоҳ(с) қаламдод ва ба ин ҳадис аз Паёмбари Аъзам(с) истинод кардаанд, ки фармуд: «Ҳар кас бихоҳад дар ҷамъи уммати ман тафриқа эҷод кунад, бо ӯ бо шамшер рӯ ба рӯ шавед, ҳар кӣ хоҳад бошад».[3]  Ибни Таймия мушаххасан дар мавриди наҳзати имом Ҳусайн(а) мегӯяд: «Дар хуруҷаш, на барои дин ва на барои дунё маслиҳате набуд… дар хуруҷ ва қатлаш фасоде ба бор омад, ки агар дар шаҳри худ менишаст ба бор намеомад.»[4]

Дар  ин пажӯҳиш кушиш хоҳад шуд бо таваҷҷуҳ ба мабонии қуръонӣ ва улгӯи набавӣ(с) инсиҷоми исломӣ ва бештар бо истифода аз манобеи аҳли суннат, баён шавад, ки оё ҳаракат ва наҳзати имом Ҳусайн(а) сабаби тафриқа дар ҷомеа гардид, ё ваҳдат ва якпорчагии ҷомеаи исломиро дар пай дошт. Барои  дастёбӣ ба ин матлаб, огоҳии иҷмолӣ дар бораи маъно ва мафҳуми инсиҷом (якпорчагӣ) ва ҷойгоҳи он дар шаклгирии ҷомеа зарурӣ аст.

Маънои инсиҷом

Инсиҷом дар луғати арабӣ ба маънои равон ва ҷорӣ шудан аст.[5] Ба ҳамоҳангӣ ва якпорчагӣ ва ҳамхонӣ дар аҷзои чизе низ инсиҷом гуфта мешавад. Ба назар мерасад дар хусуси истилоҳи таркиби инсиҷоми исломӣ, таърифи охир корбурди гӯётаре дошта бошад. Нахустин  бор инсиҷом ба унвони як омили умда дар шаклгирӣ ва пешбурди ҷомеа таҳти унвони як назарияи иҷтимоӣ, дар осори Эмил Дюркгейм, (ҷомеашиноси маъруфи фаронсавӣ) мавриди истифода қарор гирифт. Албата  Ибни Халдун пеш аз ӯ ба гунае нақши инсиҷомро таҳти унвони асабият дар шаклдиҳии иҷтимоъ ёдовар шуда буд.[6] Назариёти иҷтимоии дигар дар мавриди шаклгирии ҷомеа монанд қонун, шахсиятҳо, мазҳаб ва нажод низ дар ҷиҳати инсиҷоми ҷомеа қобили пайгирӣ аст ва ҳеҷ робитаи таноқузомезе барқарор намекунад.

Дар мавриди ҷомеаи исломӣ, мафҳуми инсиҷом аз ҷойгоҳи вижа ва барҷастае бархурдор аст. Чаро, ки бо зуҳури Ислом ва ҷомеаи исломӣ, породойми ҷадиде дар арсаи шаклгирии иҷтимоъ ба миён омад. Дар ин масир, Ислом аз бунёнҳои асил ва мондагоре монанди ваҳй ба унвони каломи ҷовиди Парвардигор, Паёмбар ба унвони раҳбари ҷомеаи исломӣ ва мусалмонон ба унвони заминаи шаклгирӣ ҷомеа, баҳра барад. Он чи ин аносири сегонаро ба ҳам пайванд мезад, имони муъминон ба ваҳй ва суннати Паёмбари гиромии Ислом(с) буд. Бад-ин тартиб мусалмонон, замоне қодиранд риштаи пайвандро мустаҳкам нигаҳ доранд, ки байни онҳо инсиҷом ва ҳамгароӣ бар мабнои исломӣ барқарор бошад. Бар ин асос, дар масири таҳлили наҳзат ва ҳаракати имом Ҳусайн(а), огоҳии иҷмолӣ ба мабонии қуръонӣ ва улгӯи набавӣ (с) барои инсиҷоми ҷомеаи исломӣ, зарурӣ аст.

 

Мабонии қуроънӣ ва улгӯинабавии(с) инсиҷом

Шаклгирии инсиҷом дар ҷавомеи мухталиф мумкин аст. Аз муаллифаҳои бисёре монанди иштирокоти нажодӣ ва забонӣ, манофеи муштарак, шароити ҷуғрофиёӣ ва монанди он сарчашма гирад. Он чи бар асоси мабонии исломӣ сабаби ҳаёт ва инсиҷоми як ҷомеа ва тамаддун мегардад, дар се мабнои усулии мазкур, яъне Худованд (ваҳй), Паёмбар(с) ва мусалмонон хулоса мешавад. Бинобар ин дар сурати набуди яке аз ин мабонӣ ва ё нобасомонӣ ва норасоӣ дар иртиботи байни онҳо, инсиҷом дар тамаддуни исломӣ ба унвон як куллият, ки бояд аз шохисаҳои зинда будан ва ҳаёт бархурдор бошад, бо мушкили ҷадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мабонии ёдшуда ба сурати зебо дар ин ояти қуръонӣ мавриди таъкид қарор гирифта аст:

لقد أرسلنا رسلنا بالبیّنات وأنزلنا معهم الکتاب والمیزان لیقوم النّاس بالقسط؛

 «Мо расулони худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китоби осмонӣ ва мизон (шиносоии ҳақ аз ботил ва қавонини одилона) нозил кардем то мардум ба адолат қиём кунанд[7]«.

Дар  ҷои дигар мефармояд:

یا أیّها الّذین آمنوا استجیبوا للّه و للرّسول إذا دعاکم لما یحییکم…؛

 «Эй касоне, ки имон овардаед, даъвати Худо ва Паёмбар(c)-ро истиҷобат кунед, ҳангоме ки шуморо ба сӯи чизе фаромехонанд, ки ба шумо ҳаёт мебахшад[8]«.

Дар ин ду оят мабонӣ ва аркони сегонаи инсиҷоми тамаддуни исломӣ ба равшанӣ дар канор ҳам қарор гирифтааст; аввал Худованд аст, ки маншаи тамоми умур аст ва ҳама чиз ба дасти тавонои Ӯ аст, дуввум Расулуллоҳ(с) аст ва дар охир инсонҳои муъминанд, ки ҳадафи Парвардигор ва Расулаш(с) дар ҳидояти онҳо хулоса мешавад. Он риштае, ки ҳар се рукн ва мабнои ёдшударо ба ҳам мепайвандад, имон аст. Имон ба мабонии сегона ва талошу муҷоҳидат дар роҳи таҳаққуқи ин усул асос ва мабноии инсиҷом дар тамаддуни исломиро шакл медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзаҳои иллоҳӣ ва суннат набавӣ(с) дар атрофи ин се рукн ва мабнои тамаддунсоз мечарханд.

Агар бо ин руйкард ва аз ин зовия ба таърихи садри Ислом ва сираи Расулуллоҳ(с) таваҷҷуҳ кунем, хоҳ‌ем ёфт, ки Паёмбари Аъзам(с) дар роҳи эҷоди ҳамбастагӣ ва инсиҷом, ки Қуръон мефармояд, ду марҳалаи асосиро пушти сар гузоштааст; марҳалаи аввал қабл аз ҳиҷрат ва марҳалаи дуввум пас аз ҳиҷрат. Аз ҳамин рӯ ба далели аҳамияти фавқулъода, ҳиҷрати Паёмбар(с) мабдаи таърихи исломӣ қарор гирифта аст. Ин  тақсимбандӣ дар мабҳаси мавриди назари мо низ аз меҳварият бархурдор мебошад.

Бидуни шак иқдоми бунёдин ва бисёр муҳимми Расулуллоҳ(с) дар давраи сездаҳсолаи беъсат то ҳиҷрат, дарҳам шикастани инсиҷом ва фарҳанги ҷоҳилӣ буд. Ин ҳаракат ба суҳулат ва осонӣ барои Расулуллоҳ(с) ва мусалмонон, имконпазир нашуд ва онон дар ин роҳ машаққат ва ранҷҳои фаровонеро таҳаммул карданд. Бо вуҷуди ин, Паёмбари Аъзам(с) тавонист бо муҷоҳидати бисёр дар ин замон афроди бисёреро аз тариқи даъвати махфиёна ва баъд даъвати ошкор ҷазби Ислом намояд. Ин иқдомоти Ҳазрат(с) низоми ҷоҳилиро бо чолиши бузурге рӯ ба рӯ кард. Аз ин рӯ муҳимтарин эътирози мушрикони Макка ба Паёмбари Аъзам(с) ин буд, ки он Ҳазрат ҷамоат ва инсиҷоми онҳоро аз байн бурдааст. Барои мисол, онҳо дар эътироз ба Расулалоҳ(с) ва хиттоб ба Абӯтолиб, ки ҳомии Ҳазрат ба шумор меомад, чунин мегуфтанд: ««شتّت امرنا و فرّق جماعتنا؛ «Фарзанди бародари ту кори моро сахт карда ва миёни ҷамоати мо ҷудоӣ андохтааст.»

Аҳамияти аз байн бурдани фарҳанги ҷоҳилӣ ва инсиҷоми мушрикони Макка ва таърифи ҷадиде аз инсиҷом бар асоси мабонии қуръонӣ дар миёни муъминони Макка ба ҳеҷ ваҷҳ камтар аз ташкили ҳукумати исломӣ дар Мадина набуд. Чи  басо ин зербинои ташкили ҳукумати исломӣ дар Мадина ва баъд дар шибҳи ҷазираи Арабистон ба шумор меомад. Агар Расули Худо(с) қодир намешуд пояҳои фарҳанги ҷоҳилиро дар Макка ва байни қабоил суст кунад, ҳаргиз муваффақ ба поягузории ҳукумат дар байни мардум бар асоси асли имон ба Худованд намегашт. Аз ин рӯ воқеияти тахриби инсиҷоми ҷоҳилӣ ба вуҷуд оваранда ва заминасози такмили инсиҷоми исломӣ ба шумор меояд. Ба ҳамин сабаб ҳиҷрати Паёмбар(с) аз Макка ба Мадина, фориғ аз намодин будани он, барои мусалмонон дар тули таърих, ҷойгоҳ хосе дар таҳлилҳои таърихӣ дорад.

 

Наҳзати имом Ҳусайн(а)

Наҳзати имом Ҳусайн(а) яке аз воқеаҳои муҳимми таърихи Ислом аст, ки таҳлилҳои бисёреро дар пай доштааст. Ин наҳзат бо пешинаи тамаддуни исломӣ ва авомили инсиҷомофарин ва ваҳдатбахши он тамаддун, қобили тафсир ва пайгирӣ аст. Имкони ин ки битавон наҳзати имом Ҳусайн(а)-ро дар давраи таърихи кутоҳ ва мушаххас мавриди таҳлил ва арзёбии саҳеҳ қарор дод, вуҷуд надорад. Ночор бояд онро бо рӯйкарди усулӣ ва исломӣ бар асоси омӯзаҳои бунёдини Ислом дар куллияти ҷомеа ва тамаддуни исломӣ, дар мақтаи таърихи бисёр густардатаре мавриди бозшиносӣ қарор дод. Аз ин рӯ, мабонии ёдшудаи қуръонӣ ва улгӯи набавии инсиҷоми исломӣ, дар чигунагӣ, чароӣ ва самароти наҳзати имом Ҳусайн(а) бо лиҳози стротегӣ ва амалкарди сиёсӣ ва гуфтории он Ҳазрат аз замони байъат накарданаш бо Язид то ҳангоми шаҳодаташ қобили пайгирӣ аст.

 

Инсиҷоми исломӣ дар амалкарди сиёсии имом Ҳусайн(а)

Стратегия ва амалкарди сиёсии имом Ҳусайн(а) ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳокимияти вақт, ду арсаро ба рӯи ҳар нозири берунӣ қарор медиҳад. Аз як сӯ, вазъияти нобаҳанҷор ва аз ҳам гусехтаи ҷомеаи исломӣ дар он замонро ба намоиш мегузорад ва аз сӯи дигар, нақш ва ҷойгоҳи Имомро дар эҳёи инсиҷоми исломӣ бар асоси мабонии қуръонӣ ва улгӯи набавӣ(с) ба тасвир мекашад.

Роҳкор ва сиёсати имом Ҳусайн(а) дар ҳаракат ба сӯи Куфа баҳс ва арзёбиҳои гуногунеро дар пай доштааст. Аз ин рӯ ҳар пажӯҳишгаре аз манзаре ба он пардохтааст. Аммо ба назар мерасад вижагиҳои хосси сиёсати он Ҳазрат ва пайрезии ҳикимонаи он аз чанд ҷиҳат барои нишон додани аз ҳам парокандагии инсиҷоми ҷомеаи исломӣ аҳамияти фаровоне дорад.

Ба ин сиёсатҳо ба сурати гузаро ишора мешавад:

1. Аввалин иқдоми амалии он Ҳазрат қонунӣ надонистан ва напазируфтани ҳокимияти вақт аст. Имом Ҳусайн(а) илова бар ин ки бо Язид байъат накард, ـ бо ин ки Язид худро имоми мусулмонон мепиндошт ـ намояндаеро ба Куфа фиристод то аз мардум байъат бигирад. Ин амали фарзанди Расулаллоҳ(с) дақиқан бар ин нукта таъкид меварзад, ки раҳбарии вақти ҷомеа ба унвони яке аз аносири аслӣ ва инсиҷомбахши ҷомеаи исломӣ, аз машруият бархурдор нест.

2. Наҳваи созмондиҳии наҳзати имом Ҳусайн(а) ва чароии ҳаракати Ҳазрат ба сӯи Куфа, бо вуҷуди ин ки медонист мардуми Куфа ба ӯ вафодор нахоҳанд буд, бозгукунандаи ин аст, ки байни мусулмонон, раҳбарии ҷомеа ва дини Ислом инсиҷоме вуҷуд надорад. Чаро ки онон гоҳе ба дунболи раҳбарии Ҳусайн(а) ҳастанд ва гоҳе дар пайи ёрии Язид. Ин иқдом ва сиёсати Ҳусайн(а) имони мусалмононро, ки риштаи аслии инсиҷоми тамаддуни исломӣ мебошад, мухотаб сохтааст. Аз сӯи дигар, иқдоми он Ҳазрат барои гирифтани байъат аз куфиён баёнгари ин аст, ки вуҷуд раҳбари огоҳ, мудаббир ва хирадманд бидуни ҳамроҳии мардум ва ба танҳоӣ корсоз нахоҳад буд ва ҳамроҳию масъулиятпазирии мардум ва имону поймардии онҳо дар ин масир барои ҳифзи арзишҳои исломӣ зарурӣ аст.

3. Дар абъоди тамаддунӣ, имом Ҳусайн(а) ҳушмандона бо сиёсати хоси худ нуфузи меъёрҳои ҷоҳилӣ ба ҷои меъёрҳои исломӣ, инсиҷомро гушзад мекунад, ба ин тартиб, ки бо вуҷуди дигар шаҳрҳо ва гузинаҳои дигаре барои шурӯи қиём ва наҳзат, Куфаро барои қиём интихоб меканд, чун бештарин фосила ва гусехтагӣ байни аркони инсиҷомбахшии тамаддуни исломӣ ـ дин, раҳбар ва мардум ـ дар Куфа вуҷуд дошт. Куфён набуди инсиҷом бар асоси мабонии қуръонӣ ва улгӯи набавӣ(с)-ро дар замони имом Алӣ(а) ва имом Ҳасан(а) ба сароҳат нишон дода буданд. Бо ин раҳёфти сиёсӣ, имом Ҳусайн(а) огоҳона ба ҳадафи худ, ки ҳамоно огоҳибахшӣ ба мусалмонон буд, ноил меомад. Зеро, ки мубтани бар ин истидлол, наҳзати ҳусайнӣ метавонист бештарин бозтоб ва инъикосро дар ин нуқта аз сарзаминҳои исломӣ дошта бошад.

Бар ин асос, аз манзари берунӣ, ин гуна қобили истинбот аст, ки иқдомот ва маниши сиёсии Ҳазрат бештарин осебҳоро бар меъёрҳои инсиҷоми ҷоҳилӣ ворид намуд. Аз як сӯ, низоми ҳокимро бо ин руйкарди сиёсӣ, низоми ғайриисломӣ муаррифӣ кард ва дар натиҷа ба шаҳодат, таърихи ғайриисломӣ  будани онро ба исбот расонид ва аз сӯи дигар, набуди инсиҷоми байни аркони тамаддуни исломиро, махсусан дар байни касоне, ки қоил ба мавҷудияти ҷомеаи исломӣ бар асоси меъёрҳои қуръонӣ ва суннати Расулаллоҳ(с) дар ин замон буданд, хотирнишон кард. Ин воқеиятро метавон аз даруни наҳзат ва дар гуфтори он ҳазрат низ ҷустуҷӯ кард.

 

Инсиҷоми исломӣ дар гуфтори имом Ҳусайн(а)

Суханони имом Ҳусайн(а), махсусан аз ибтидоии шурӯи наҳзат, ба рӯшанӣ ин ҳадафи фарзанди Расулаллоҳ(с), яъне пайгирии инсиҷоми исломӣ бар мабнои қуръонӣ ва улгӯи набавӣ(с)-ро мунъакис мекунад. Он бузургвор дар аввалин вокуниши худ ба дархости байъат бо Язид ба бародараш Муҳаммади Ҳанафия чунин мефармояд:

Бародарам, ба Худо савганд агар дар дунё ҳеҷ паноҳе надошта бошам, боз ҳам бо Язид писари Муовия байъат намекунам.[9]

Яке аз матнҳое, ки ба мо дар таҳлили ҳаракати имом Ҳусайн(а) ба сӯи раҳёфти  ёдшуда ёрӣ мерасонад, васиятномаи он ҳазрат ба бародараш Муҳаммади Ҳанафия аст. Ҳазрат далели  наҳзат ва қиёми худро чунин ёдовар мешавад:

Ман аз рӯи ҳавову ҳавас, табаҳкорӣ ва ситамгарӣ хуруҷ накардам, балки ба ангезаи ислоҳ дар уммати ҷаддам (Пайғамбар) ҳаракат кардам. Мехоҳам амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунам ва равиши ҷадди худ ва падарам Али(а)-ро дунбол кунам.[10]

Бо дар даст доштани ин васиятнома метавонем аҳдофи ҳаракати имом Ҳусайн(а)-ро дар ибтидои хезиши ӯ мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Ин васиятнома аз чанд ҷиҳат ҳадафи имом Ҳусайн(а)-ро дар ҷиҳат таҳаққуқи инсиҷоми исломӣ бар мабнои қуръонӣ ва улгӯи набавӣ(с) барҷаста месозад:

1. Имом Ҳусайн(а) ҳаракат ва хуруҷи худро, хуруҷ бар зидди ҳукумати исломӣ ва ё мухтал кардани назм ва инсиҷоми он, ки натиҷааш зулм ва фасод дар ҷомеа бошад, намедонад. Балки ҳукумати вақтро, ҳукумати ғайриисломӣ муаррифӣ мекунад.

2. Ҳазрат дар ин иборат, аз калимаи хуруҷ ба маънои қиём ва бапо хостан истифода мекунад. Аз сӯи дигар, ӯ далели қиём ва хуруҷи худро ислоҳи уммати ҷаддаш қаламдод мекунад. Дар воқеъ вай бо овардани иборати «талаби ислоҳ» ба каҷравӣ ва инҳироф аз мабонии исломӣ тавассути уммати ҷаддаш ишора дорад ва бо дарҷи калима «ҷаддӣ», ҷойгоҳ ва нақши хешро дар қиболи Ислом ва мусалмонон ва ҷомеаи исломӣ ёдовар мешавад.

 

Гуфтори имом Ҳусайн(а) ва мабонии қуръонии инсиҷом

Дар ин мабҳас, бо таваҷҷуҳ ба суханони имом Ҳусайн(а), тарсими вазъияти ҷомеа, мубтани бар мабонии қуръонии инсиҷом, мавриди назар аст.

 

Дин

Дар он замон, таълимот ва омӯзаҳои ростини дини мубини Ислом, ки нашъат гирифта аз ваҳйи иллоҳӣ ва ҳомили ҷавҳараи ваҳдат ва инсиҷоми ҷомеаи исломӣ буд, дур гашта Исломи ҷабримаслак ва ҷоҳилӣ дар ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳукуматӣ истиқрор ёфта буд. Нуфузи ин тарзи тафаккурро метавон дар гуфтори муддаиёни ин навъи исломгароҳо мушоҳида кард. Шимр ибни Зулҷавшан дар гуфторе, ки ҳикоят аз масалки ҷабрии ӯ мекард, дар рӯзи Ошӯро хиттоб ба яке аз ёрони Имом(а) чунин мегуяд: «Худованд ба зудӣ кушандаи ту ва мавлоят хоҳад буд.»[11]  Ва ё ин ки Умар ибни Ҳуҷҷоҷ аз фармондеҳони сипоҳи Куфа ба ёрони худ чунин мегуфт:

Эй  куфиён, аз Ибни Зиёд ва ҷамъи худ даст накашед ва дар куштани касе, ки аз дин берӯн рафта ва бо имоми худ мухолифат карда, тардид накунед.[12]

Ҳангоме, ки имом Ҳусайн(а) ва ёронаш дар рӯзи Ошӯро ба намоз истода буданд, Ҳасин ибни Тамим фарёд мезад: Намози шумо пазируфташуда нест.»[13] Ҳамчунин вақте Умар ибни Саъд мавриди эътироз қарор гирифт, ки чаро ба сабаби ҳукумати шаҳри Рай имом Ҳусайн(а)-ро куштӣ, дар посух гуфт: «Ин кор аз ҷониби Худо муқаддар шуда буд.»[14]  Ин суханон ба рӯшанӣ нишондиҳандаи ин аст, ки чи инҳирофи амиқе дар дин руй дода ва чӣ гуна сардамдорон ва уламои вобаста ба он, аз рӯи қасд Исломро ғалат ҷилва дода буданд. Аз ин рӯ, дин дар маҷмуъ қодир набуд ба унвони рукни бунёдин ва инсиҷомбахши ҷомеаи исломӣ, нақш ифо намояд.

 

Мардум

Мардум  (мусалмонон) ба унвони яке аз се рукни инсиҷомбахши ҷомеаи исломӣ фарсахҳо бо он чи Қуръон ва суннати Расулаллоҳ(с) тарсим мекард, фосила доштанд. Ба ҷуз теъдоди андаке, умуми мардум дар ҷаҳолат ба сар мебурданд ва ба ҷойгоҳу масъулияти хатири худ дар ҷомеаи исломӣ, огоҳ набуданд ва ба шиддат гирифтори исломи таҳрифшудае буданд, ки сардамдорони ҷоҳилӣ таблиғ мекарданд. Лизо куркурона аз арбобони ҷоҳил итоат мекарданд ва бо онҳо барои аз байн бурдани фарҳанги амиқи исломӣ кадам бар медоштанд. Имом  Ҳусайн(а) дар таъбири зебо ононро чунин муаррифӣ мекунад: Ҳама бо ҳам душмани дӯстони худ ва якдаст бар он шудед то душмани худро хурсанд кунед.»[15]  Ҳазрат дар тавсифи дигар дар хутбааш рӯзи Ошӯро чунин мефармояд:

Зиштӣ бар шумо бод, шумоед саркашони уммат ва нобобони тавоиф ва дурафканони Қуръон ва борваршудагони шайтон ва дӯстдорони гуноҳ ва таҳрифкунандгони Қуръон ва хомушкунандагони суннати Расулаллоҳ(с) ва кушандагони авлоди анбиё ва нобудкунандагони хонадони авсиё.[16]

Комилан пайдост, ки бо вуҷуди мусулмонони инчунинӣ, ки камтарин огоҳӣ ва масъулиятпазирӣ нисбат ба мабонии исломӣ надоранд ояндаи равшане барои мавҷудияти ҷомеа ва тамаддуни исломӣ тасаввур ҳам намешавад. Ҷомеае, ки дар он, дин ва мӯъминон дар канори ҳам қарор надоранд, аксари мардум динро барои дунё толибанд ва қудратмандон ва арбобони ҷоҳил аз инҳирофи ба вуҷуд омада дар он, барои султаи худ бар мардум суд меҷӯянд.

 

Муҳимтарин дастовард

Муҳимтарин дастоварди наҳзати инсиҷомбахши имом Ҳусайн(а), огоҳибахшӣ ба мардум ва эҷоди масъулиятпазирии онҳо дар баробари ҷомеаи исломӣ буд. Ҳаракати  имом Ҳусайн(а) сабаби огоҳибахшӣ ва масъулиятпазирӣ дар байни мардуми мусалмон шуд, ки дар инсиҷоми исломӣ аз аҳамияти бисёре бархурдор аст.

 

Огоҳибахшӣ ва масъулиятпазирии динӣ

Яке аз дастовардҳо ва самароти наҳзати имом Ҳусайн(а), ки муҳаррики бисёре аз дигаргуниҳо дар эътиқодоти мусалмонон гардид, ҳадаф қарор додани эътиқод ба ҷабр ва итоати маҳз аз ҳоким аст. Ҳазрат бо байъат накардан бо Язид ба мусалмонон гушзад кард, ки байъат накардан бо ҳокими золим ва фосид ба маънои сарпечӣ аз ҳукумати исломӣ ва аз байн бурдани ваҳдати онон нест. Ҷабгароён ба унвони тафаккури динии ғолиб дар он даврон ва аз ҳомиён ва пуштувонаҳои аслии низоми ҷоҳилӣ буданд ва эътиқод доштанд, ки низом умавӣ бо тамомии ҷиноёташ аз сӯи Худо муқаддар шудааст ва мусалмонон набояд бо он мухолифат кунанд.

Имом Ҳусайн(а) бо стротежии сиёсӣ ва амалкардаш, ки аз гуфтораш низ ба даст меояд, ба шиддат бо ин тарзи тафаккур мубориза кард ва онро бо чолиши азиме рӯ ба рӯ намуд ва масъулиятпазирии диниро ба мусалмонон хотирнишон сохт. Ӯ кушиш кард, ки паёми ин ояти тамаддунсозро ба мардум бирасонад, ки «انّ الله لا یُغیر ما بقوم حتی یِغیروا ما بانفسهم»

Худованд сарнавишти ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад магар он ки онон он чиро дар худашон аст, тағйир диҳанд.[17]

  Имом Ҳусайн(а) чунин кард ва пайравони ӯ низ дар душвортарин шароит аз афкор ӯ пайравӣ карданд ва ҷабрро қабул накарданд. Аз ин рӯ, вақте асирони Аҳли байт(а)-ро ба Шом, пеши Язид, бурданд Язид аз имом Саҷҷод(а) пурсид: Номат чист? Фармуд: Алӣ ибни Ҳусайн. Язид гуфт: Оё Алӣ ибни Ҳусайнро Худо дар Карбало накушт? Ҳазрат фармуд: «Ман бародари бузургтаре доштам, ки ном ӯ Алӣ буд, шумо ӯро куштед».

Наҳзати имом Ҳусайн(а) на танҳо сабаби итиҳҳод ва инсиҷоми мухолифони низоми ҷоҳилӣ гардид ва огоҳии динӣ ва масъулиятпазирии онҳо дар баробари ҷомеа ва раҳбариро дар пай дошт, балки дар миён мурҷиа, ки ҳомиёни фикри умавиён ба шумор меомаданд низ муассир шуд ва эътиқодоти онҳоро дар бораи раҳбарии ҷомеаи исломӣ дигаргун сохт.

Ёсин

 


[2] — Ибни Абубакр ибни Арабӣ  ғайр аз он Ибни Арабӣ орифи машҳур аст.

[3] — Муқадимаи Ибни Халдун  ҷ.1, с.418.

[4] — Минҳоҷус суннат, Ибни Таймия, ҷ.2, с.347.

[5] -Луғатномаи Деҳхудо, чопи дуввум, саҳ.3550.

[6] -Пажӯҳиш дар андешаҳои Ибни Халдун, шайх Муҳаммад Алӣ,  саҳ.148.

[7] — Сураи Ҳадид, ояи 25

[8] — Сураи Анфол, ояи 24

[9] -ал-Футуҳ, Ибни Аъсам, с.832.

[10] -Мақтали Хусайн, Хоразмӣ, ҷ.1. с.273.

[11] — Таърихи умам ва русул ва мулук,Табарӣ Муҳаммад Ҷарир, ҷ.3, с.317.

[12] -Ҳамон, ҷ.3, с.324.

[13] — Ҳамон, ҷ.3, с.326.

[14] -Табақотул кубро, Муҳамад ибни Саъд, ҷ.5, с.148.

[15] — Мақтали Хусайн, Хоразмӣ, ҷ.2, с.9.

[16] — Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, с.217; Мақтали Хусайн, Хоразмӣ, ҷ.2, с.9.

[17] — Сураи Раъд, ояи 11.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...