Дуои ҳазрати Фотимаи Заҳро (рз) дар ҳаққи ҳамсоягон

Садои нарми ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломи Худо бар ӯ бод) ба гӯш мерасид. Имом Ҳасан (Саломи Худо бар ӯ бод) порчаи нозукеро, ки рӯи сараш андохта буд канор зад. Дар торикии хона, қомати модарро дид. Он бону дар гӯшае аз хона намози шаб мехонд. Имом Ҳасан (Саломи Худо бар ӯ бод) хеле ором ба паҳлуи дигар баргашт.

Модар дар қунути намоз дуо мекард. Деворҳои хона замзамаи дилнишини ӯро мешунид. Хона ҳолу ҳавои дигар дошт. Он ҳазрат садои модарро шунид, ки барои ҳама дуо мекард. Яке- яке номи мӯъминонро мебурд ва барои онҳо ғайри худаш дуои хайр мекард.

Садои азони субҳ сукути шабро шикаст. Модар ба канори бистари фарзандонаш омад ва бо нармӣ гуфт: Ҳасанҷон, Ҳусейнҷон! Бархезед вақти намози субҳ аст. Имом Ҳасан сарашро аз зери порча берун карду бо лабханд салом карду гуфт: Модарҷон! Ман ба дуои шумо гӯш медодам. Чаро ҳатто як калима ҳам барои худатон дуо накардед?

Модар мӯйҳои фарзандашро навозиш карду фармуд: Писари хубам! Аввал ҳамсоя баъд хонаи худат.

Илалушшароеъ, ҷ.1, саҳ.181, бо каме тасарруф

الإمام الحسن عليه السلام:

رَأَیْتُ أُمِّی فَاطِمَةَ ع قَامَتْ فِی مِحْرَابِهَا لَیْلَةَ جُمُعَتِهَا فَلَمْ تَزَلْ رَاکِعَةً سَاجِدَةً حَتَّى اتَّضَحَ عَمُودُ الصُّبْحِ وَ سَمِعْتُهَا تَدْعُو لِلْمُؤْمِنِینَ وَ الْمُؤْمِنَاتِ وَ تُسَمِّیهِمْ وَ تُکْثِرُ الدُّعَاءَ لَهُمْ وَ لَا تَدْعُو لِنَفْسِهَا بِشَیْ‏ءٍ فَقُلْتُ لَهَا یَا أُمَّاهْ لِمَ لَا تَدْعِینَ لِنَفْسِکِ کَمَا تَدْعِینَ لِغَیْرِکِ فَقَالَتْ یَا بُنَیَّ الْجَارَ ثُمَّ الدَّارَ.» (علل‌الشرایع، ج1، ص182)

Охирин матолиб

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...