Шабоҳати Имом Ҳусайн(рз) ба Паёмбари Акрам(с)
Яке аз муҳимтарин осори қонуни виросат шабоҳати фарзанд ба ниёкони худ аст. Ин шабоҳат гоҳе дар ранг ва пуст аст ва гоҳе дар қаду қомат ва гоҳе ҳам дар ахлоқ, гоҳе дар тамомии ин хусусиёт ва ё дар баъзе аз онҳо.
Бинобар ахборе, ки ба мо расидааст, Имом Ҳусайн(рз) шабоҳати бештар ба ҷаддаш Расули Акрам(с) доштааст.
Муҳаммад ибни Заҳҳоки Хазомӣ мегуфт:
کانَ وَجهُ الحَسَنَ یَشبَهُ وَجهَ رَسُول اللهِ و کانَ جَسَدُ الحُسَینَ یَشبَهُ جَسَدَ رَسُول اللهِ
«Чеҳраи Имом Ҳасан(рз) мисли чеҳраи Расули Худо(с) буд ва пайкари Имом Ҳусайн(рз) шабеҳи пайкари Расули Худо(с) [1]».
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки:
أُتِىَ عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ زِيَادٍ بِرَأْسِ الْحُسَيْنِ فَجُعِلَ فِى طَشتٍ، فَجَعَلَ يَنْكُتُ، وَقَالَ فِى حُسْنِهِ شَيْئًا فَقَالَ أَنَسٌ كَانَ أَشْبَهَهُمْ بِرَسُولِ اللَّهِ
Вақте ки сари Имом Ҳусайн(рз)-ро назди Ибни Зиёд оварданд, сари мутаҳҳарашро дар табақе гузошт ва бо чубдасти худ бар чашм ва бинии Имом Ҳусайн(рз) мезад ва аз некӯӣ ва зебоии он сухан мегуфт: Чеҳрае ба ин зебоӣ надидам. Гуфтам: Ҳусайн монандтарин онҳо (яъне Аҳли байт) ба Пайғамбари Худо(с) буд[2] .
Бо баррасии ривоёти зиёд, ки аз Расули Гиромии Ислом(с) расидааст, метавон истифода кард; Имом Ҳусайн(рз) бо доштани сифот ва камолоти инсонии фавқулъода мавриди меҳр ва алоқаи ҷадди бузургвораш буда ва калимот дар тамҷид ва ситоиши он Ҳазрат дар мавриди зиёде баён фармуда ва Пайғамбари Акрам(с) ҳеҷгоҳ сухани беҳуда нагуфтааст ва Қуръон ҳам Ҳазрат(с)-ро аз пайравии ҳавои нафс ба дур донистааст.
«وَ مَا يَنطِقُ عَنِ الهْوَى إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْىٌ يُوحَى»
«Ӯ ҳаргиз аз ҳавои нафс сухан намегӯяд, он чи мегӯяд ба ҷуз ваҳй, ки ба Ӯ илқо мешавад нест[3].»
Ҷойгоҳи Имом Ҳусайн(рз) назди саҳоба
Умар ибни Хаттоб(рз) халифаи дуввум ба Имом Ҳусайн(рз)гуфт: Он чиро мебинӣ, Худо офарида ва пас аз он Шуморо барои мо ҳадя додааст, яъне ҳар чӣ дар дунё дорем аз Худо дорем. [4]
Абӯҳурайра(рз) мегӯяд: Рӯзе Имом Ҳусайн(рз), дар сараш аммома (сала) буд, пеши мо омад. Фикр кардам, ки Пайғамбар(с) зинда шудааст. Рӯзе Имом Ҳусайн(рз) дар ҷанозае ширкат карда буд, вақте ки аз ҷаноза баргашт дар байни роҳ нишаст ва Абӯҳурайра бо либосаш ғубори пойҳои Ҳазратро тамиз кард. Имом фармуд: Абӯҳурайра! Чаро ин корро мекунӣ? Абӯҳурайра дар ҷавоб гуфт: Маро чизе нагӯ! Ба Худо қасам! Агар ончиро ман дар бораи Шумо медонам, мардум медонистанд, шуморо бар души худ баланд мекарданд.[5]
Муовия пас аз шаҳодати Имом Ҳасан(рз) ба Ибни Аббос гуфт: Акнун ту бузурги бани Ҳошим ҳастӣ. Ибни Аббос гуфт: То вақте ки Имом Ҳусайн(рз) зинда бошад, ман ҳеҷкора ҳастам.
Замоне ки Ибни Зиёд дар маҷлиси худ бар лабу дандон ва сари буридаи Имом Ҳусайн(рз) бо чӯб мезад, Зайд ибни Арқам ба ӯ гуфт: Ибни Зиёд! Чӯбатро аз ин лабҳо бардор ба Худое, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест, бо чашми худ дидам Расули Худо(с) лабҳои муборакашро бар ин ду лаб мегузошт ва онҳоро мебӯсид. Инро гуфт ва гиря кард. Ибни Зиёд гуфт: Худо чашмонатро ҳамеша гирён бидорад, агар пир ва беақл набудӣ гарданатро мезадам. Зайд аз маҷлиси Ибни Зиёд берун рафт ва мегуфт: Эй мардуми араб! Аз имрӯз ба баъд, ба ғуломӣ ва бардагӣ даромадед! Зеро писари Фотима(с)-ро шаҳид кардед ва писари Марҷона (Ибни Зиёдро) ҳоким худ қарор додед![6]
Вақте ки Муовия ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: Ту бузурги Бани Ҳошим ҳастӣ? Абдуллоҳ ба ӯ ҷавоб дод: Сарвар ва бузурги Бани Ҳошим Ҳасану Ҳусайн ҳастанд.
Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар номае ба Имом Ҳусайн(рз) навишт ва гуфт: Агар шумо имрӯз аз дунё биравӣ нури Ислом ба хомушӣ мегарояд, зеро Шумо раҳбари ҳидоятёфтагон ва сарвари мӯъминон ҳастед[7] .
Тавозуъ ва фурӯтании Имом Ҳусайн(рз)
Такаббур ва худписандии инсонҳо аз нодонӣ ва ғафлат аст. Аммо ҳарчи маърифату худошиносӣ, тавҳид ва илму ҳикмати инсон бештар шавад тавозуи ӯ зиёдтар мешавад.
Имом Ҳусайн(рз) аз кучае мегузашт, ки дар онҷо чанд тан аз фақирон порчаеро паҳн карда рӯи он нон гузошта, мехӯранд. Ҳамин ки Имом Ҳусайн(рз)-ро диданд гуфтанд: Бифармо эй фарзанди Расули Худо(с(.
Имом(а) назди онҳо рафт ва дар канори онон зону зад ва рӯи замин нишаст ва бо онҳо нон хӯрд ва ин оятро тиловат кард:
إِنَّهُ لَا يحُبُّ الْمُسْتَكْبرِين
«Ба ростӣ, ки Худо мутакаббиронро дӯст намедорад .» [8]
Баъд Имом Ҳусайн(рз) аз онҳо даъват кард, ки ба манзили ӯ биёянд ва ба онҳо таом дод. [9]
[1] . Ал-Бидояту ван ниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.262; Таърихи мадинаи Димишқ, Ибни Асокир, ҷ.14, с.127.
[2] . Фатҳул борӣ дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейн(р), ҷ.7, с.467; ал–Бидоя ванниҳоя, Ибни Касир, ҷ.5, с.262; Сунани Тирмизӣ, боби маноқибул Ҳасани вал Ҳусейниб ибни Алӣ ибни Абитолиб; Усдулғоба фи маърифатис саҳоба ҷ.1, с.566.
[3] . Сураи Наҷм, ояти 3–4
[4] . Ал-Исоба, ҷ.1, с.333.
[5] . Таърихи Ибни Асокир, ҷ.4, с.322.
[6] . Усдулғоба фи маърифатис саҳоба,ҷ.1, с.570.
[7] . Ал-Футуҳ, Ибни Аъсам, ҷ.5, с.116; ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, с.168.
[8] . Сураи Наҳл, ояи 33.
[9] . Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ.6, с.66.