Тарҷумаи СУРАИ ОЛИ ИМРОН

СУРАИ ОЛИ ИМРОН

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 200 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, мим.
  2. Худо, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, зиндаи поянда аст.
  3. [Ин] Китобро бар ту ба ҳақ нозил кард, дар ҳоле ки тасдиқкунандаи [китобҳои] пеш аз худ аст. Ва Таврот ва Инҷилро фурӯ фиристод,
  4. Пеш аз ин, барои ҳидояти мардум. Ва Фурқонро фурӯ фиристод. Бешак, касоне, ки ба оятҳои Худо куфр варзиданд, барояшон азоби сахтест ва Худованд пирӯзманди соҳибинтиқом аст.
  5. Ба яқин Худост, ки чизе дар замин ва дар осмон бар Ӯ пӯшида намемонад.
  6. Ӯ Зоте аст, ки шуморо дар раҳмҳо он гуна, ки мехоҳад, сурат мебахшад, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, пирӯзманди ҳаким аст.
  7. Ӯ Зоте аст, ки бар ту ин китобро нозил кард, ки қисмате аз он оятҳои муҳкаманд, ки онҳо асоси китоб ҳастанд ва [қисмати] дигар муташобиҳанд. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон каҷие аст, пас барои фитнаҷӯӣ ва қасди таъвили он, аз муташобиҳоти он, пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки таъвили [воқеии] онро намедонад ҷуз Худо ва росихони дар илм мегӯянд: «ба он имон овардаем, ҳама аз ҷониби Парвардигори мост» ва ҷуз соҳибхирадон панд намегиранд.
    1. Парвардигори мо! Пас аз он ки моро ҳидоят намудӣ, дилҳои моро каҷ накун ва аз назди Худ раҳмате барои мо ато кун, ҳамоно Ту Худ бисёр бахшандаӣ.
    2. Парвардигори мо! Ҳақиқатан Ту гирдоварандаи мардум дар рӯзе ҳастӣ, ки ҳеҷ шакке дар он нест. Ҳамоно Худо ваъдаро хилоф намекунад.
    3. Дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд амволашон ва фарзандонашон, ҳаргиз чизе аз [азоби] Худоро аз онҳо дур намекунад ва онҳо худ оташафрӯзи дӯзаханд.
    4. Ҳамчун шеваи оли Фиръавн ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд; оятҳои Моро такзиб карданд, пас Худо ба сабаби гуноҳонашон [гиребони] ононро гирифт ва Худованд сахткайфар аст.
    5. Ба касоне, ки куфр варзидаанд бигӯ: «ба зудӣ шикаст мехӯред ва ба сӯи ҷаҳаннам гирдоварӣ мешавед ва чи бад ҷойгоҳест».
    6. Қатъан дар ду гурӯҳе, ки [дар ҷанги Бадр] бо ҳам бархӯрд карданд [ибрату] нишонае барои шумо буд; гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва [гурӯҳи] дигар кофир буданд, ки онҳоро бо чашм ду баробари худ медиданд. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, бо ёрии Худ таъйид мекунад. Яқинан дар ин [воқеа] барои соҳибони басират ибратест.
    7. Барои мардум, муҳаббати хостаҳо [-и нафс] аз занону писарон ва сарватҳои фаровон, аз тилло ва нуқра ва аспҳои нишондор ва чорпоён ва зироат, зинат дода шудааст. Инҳо баҳраи зиндагонии дунёст ва Худост, ки бозгашти нек назди Ӯст.
    8. Бигӯ: «оё шуморо ба беҳтар аз инҳо хабар диҳам?» Барои касоне, ки тақво пеша кардаанд, дар назди Парвардигорашон боғҳое аз биҳишт аст, ки зери он наҳрҳо ҷорӣ аст, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидонанд ва [низ] ҳамсарони покиза ва хушнудӣ аз ҷониби Худо [барои онон аст] ва Худо ба [ҳоли] бандагон биност.
    9. Касоне, ки мегӯянд: «Парвардигори мо! Ҳамоно мо имон овардем, пас барои мо гуноҳонамонро биёмурз ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор».
    10. [Онон] собирон ва ростгӯён ва фармонбардорон ва инфоқкунандагон ва омурзишхоҳон дар саҳаргоҳон ҳастанд.
    11. Худо, ки барподорандаи [ҳастӣ] ба адл аст ва фариштагону соҳибони илм, гувоҳӣ медиҳанд, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, пирӯзманди ҳаким аст.
    12. Дар ҳақиқат дин назди Худо ислом аст. Ва касоне, ки китоб [-и осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ихтилоф накарданд, магар пас аз он ки илм ба онҳо расид ба хотири худхоҳӣ [ва ҳасаде] ки дар миёнашон буд ва ҳар кас ба оятҳои Худо куфр варзад, пас [бидонад, ки] Худованд зудҳисобрас аст.
    13. Ва агар бо ту баҳсу мунозара карданд, пас бигӯ: «ман ва касе, ки маро пайравӣ кард, худро барои Худо таслим кардаем». Ва ба касоне, ки китоб [-и осмонӣ] дода шуд ва бесаводон [-и мушрик] бигӯ: «оё таслим шудаед?» Ва агар таслим шудаанд, пас қатъан ҳидоят ёфтанд ва агар рӯй гардониданд, пас фақат расонидани паём бар ӯҳдаи туст ва Худо ба [ҳоли] бандагон биност.
    14. Ҳамоно касоне, ки ба оятҳои Худо куфр меварзанд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва онҳоеро аз мардум, ки ба адолат ҳукм мекунанд, ба қатл мерасонанд, пас онҳоро ба азобе дарднок башорат деҳ.
    15. Онон касоне ҳастанд, ки аъмолашон дар дунё ва охират нобуд мегардад ва барои онҳо ҳеҷ ёваре нахоҳад буд.
    16. Оё ба касоне, ки баҳрае аз китоб [-и осмонӣ] дода шудаанд нанигаристӣ, ки ба сӯи китоби Худо даъват мешаванд, то дар миёнашон ҳукм кунад, онгоҳ гурӯҳе аз онон дар ҳоли сарпечӣ, рӯй мегардонанд.
    17. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо гуфтанд: «ҳаргиз оташ [-и дӯзах] ба ҷуз рӯзҳои андак ба мо намерасад». Ва туҳматҳое, ки мебофтанд, онҳоро дар динашон мағрур сохт.
    18. Пас чигуна бошад [ҳолашон] ҳангоме ки онҳоро барои рӯзе, ки шакке дар он нест, гирд оварем ва ба ҳар кас он чи кардааст ба таври комил дода шавад ва онон зулм намешаванд.
    19. Бигӯ: «Худоё! [Эй] соҳиби фармонравоӣ! Ба ҳар кас, ки бихоҳӣ фармонравоӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас бихоҳӣ фармонравоиро меситонӣ ва ҳар киро, ки бихоҳӣ иззат мебахшӣ ва ҳар киро бихоҳӣ хор месозӣ; тамоми некӣ ба дасти Туст. Қатъан Ту бар ҳар чизе тавоноӣ.
    20. Шабро дар рӯз дохил мекунӣ ва рӯзро дар шаб дохил мекунӣ ва зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда берун меоварӣ ва ҳар киро бихоҳӣ беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ».
    21. Мӯъминон набояд кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯст гиранд ва ҳар кас чунин кунад, пас дар ҳеҷ чиз аз Худо [баҳраманд] нест. Магар ин ки аз онҳо комилан парҳез кунед. Ва Худо шуморо аз [нофармонии] Худ барҳазар медорад ва бозгашт ба сӯи Худо аст.
    22. Бигӯ: «агар он чи дар дилҳои шумост пинҳон кунед ва ё ошкораш созед, Худо медонад. Ва он чиро дар осмонҳо ва он чиро дар замин аст, медонад ва Худо бар ҳар чизе тавоност».
    23. Рӯзе, ки ҳар касе он чи аз кори нек анҷом додааст ва он чи аз кори бад анҷом додааст ҳозир меёбад, орзу мекунад, ки байни ӯ ва байни он [кори бад] фосилаи дур буд. Ва Худо шуморо аз [нофармонии] Худ барҳазар медорад ва Худо нисбат ба бандагон меҳрварз аст.
    24. Бигӯ: «агар Худоро дӯст медоред, пас манро пайравӣ кунед, то Худо шуморо дӯст дорад ва гуноҳонатонро бароятон биёмурзад ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст!»
    25. Бигӯ: «Худо ва Паёмбарро итоат кунед. Ва агар рӯй гардонанд, пас қатъан Худованд кофиронро дӯст намедорад!»
    26. Ба яқин Худованд Одам ва Нӯҳ ва хонадони Иброҳим ва хонадони Имронро бар ҷаҳониён баргузид.
    27. Насле, ки баъзе аз онҳо аз баъзе [дигар]-анд ва Худованд шунавои доност.
    28. Ҳангоме ки зани Имрон гуфт: «Парвардигоро! Дар ҳақиқат ман он чиро дар шиками худ дорам барои Ту назр кардам, дар ҳоле ки озод [барои хидмати хонаи Ту] бошад. Пас, аз ман бипазир, ҳамоно танҳо Туӣ шунавои доно».
    29. Ҳангоме ки ӯро ба дунё овард гуфт: «Парвардигоро! Дар ҳақиқат ман ӯро духтар зодаам -ва Худо ба он чи [ӯ] зодааст донотар аст- ва писар монанди духтар нест ва ман ӯро Марям номидаам ва ба дурустӣ, ки ман ӯ ва наслашро аз шайтони рондашуда дар паноҳи Ту месупорам».
    30. Пас Парвардигораш ӯ (Марям)-ро ба тарзи некӯе пазируфт ва ба равиши некӯе ӯро парвариш дод ва Закариёро сарпарасти ӯ гардонид. Ҳар боре Закариё дар меҳроб, бар ӯ ворид мешуд, назди ӯ ризқе меёфт, гуфт: «эй Марям! Ин [рӯзӣ] аз куҷо барои ту [омада] аст?» [Марям] гуфт: «Он аз назди Худост, ба дурустӣ Худованд ҳар касро бихоҳад беҳисоб рӯзӣ медиҳад».
    31. Он ҳангом буд, ки Закариё Парвардигорашро хонд [ва] гуфт: «Парвардигоро! Аз назди Худат насли поке ба ман ато кун; ба ростӣ, ки Ту шунавандаи дуоӣ».
    32. Пас дар ҳоле ки ӯ дар меҳроб истода намоз мехонд, фариштагон ӯро нидо доданд: «Ҳамоно Худо туро ба Яҳё башорат медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимае аз ҷониби Худо ва сарвару хештандор ва паёмбаре аз солиҳон аст».
    33. [Закариё] гуфт: «Парвардигоро! Чигуна барои ман писаре хоҳад буд, дар ҳоле ки маро пирӣ расидааст ва ҳамсарам нозост?» [Худо] фармуд: «ин гуна Худо ҳар чиро бихоҳад, анҷом медиҳад».
    34. Гуфт: «Парвардигоро! Барои ман нишонае қарор деҳ!» Фармуд: «нишонаи ту он аст, ки се рӯз ҷуз ба ишорат бо мардум сухан нагӯӣ ва Парвардигоратро бисёр ёд кун ва ба шомгоҳ ва субҳгоҳ тасбеҳ гӯй».
    35. Ва ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: «эй Марям! Дар ҳақиқат Худо туро баргузид ва туро пок гардонид ва туро бар занони ҷаҳониён баргузид.
    36. Эй Марям! Барои Парвардигорат фармонбардор бош ва саҷда кун ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ намо».
    37. Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем ва ту назди онҳо набудӣ, онгоҳ ки қаламҳои худро [барои қуръа] меандохтанд [то маълум шавад] кадом як аз онҳо сарпарасти Марям шавад ва ту наздашон набудӣ онгоҳ ки бо ҳам кашмакаш мекарданд.
    38. Ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: «эй Марям! Ҳамоно Худованд туро ба калимае аз ҷониби Худ мужда медиҳад, ки номаш Масеҳ, Исо писари Марям аст. Дар ҳоле ки дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқаррабон [-и илоҳӣ] аст.
    39. Ва бо мардум дар гаҳвора ва миёнсолӣ сухан мегӯяд ва аз солиҳон мебошад.
    40. Гуфт: «Парвардигоро! Чигуна барои ман фарзанде хоҳад буд, дар ҳоле ки ҳеҷ башаре ба ман даст нарасонидааст?» Гуфт: «ин гуна Худо ҳар чиро бихоҳад, меофаринад. Ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, пас фақат ба он мегӯяд: «бош! Пас [дар ҳол] мешавад».
    41. Ва ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад.
    42. Ва [ӯро] паёмбаре ба сӯи Банӣ Исроил [қарор дод] ки [мегӯяд:] дар ҳақиқат ман бо нишонае аз ҷониби Парвардигоратон ба сӯи шумо омадаам; ҳамоно ман барои шумо аз гил ҳамонанди шакли паранда месозам ва дар он медамам, пас ба хости Худо парандае мегардад ва кӯри модарзод ва песро беҳбуд мебахшам ва мурдагонро ба хости Худо зинда мекунам. Ва ба он чи мехӯред ва он чи дар хонаҳои худ захира мекунед, шуморо хабар медиҳам. Қатъан дар ин [кор] нишонае барои шумост, агар мӯъмин бошед.
    43. Ва тасдиқкунанда ҳастам он чиро, ки пеш аз ман аз Таврот аст ва [омадаам] то баъзе аз он чиро, ки бар шумо ҳаром шуда буд, бароятон ҳалол гардонам ва бо нишонае аз ҷониби Парвардигоратон сӯи шумо омадаам; пас тақвои Худоро пеша кунед ва [маро] итоат намоед.
    44. Бешак, Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумост; пас Ӯро парастиш кунед. Ин аст роҳи рост.
    45. Ва ҳангоме ки Исо аз онон куфрро эҳсос намуд, гуфт: «чӣ касоне ёварони ман ба сӯи Худо ҳастанд?» Ҳавориён гуфтанд: «мо ёварони Худо ҳастем. Ба Худо имон овардаем ва гувоҳ бош, ки ҳамоно мо таслим ҳастем.
    46. Парвардигоро! Ба он чи фурӯ фиристодаӣ имон овардем ва аз ин Паёмбар пайравӣ намудем. Пас моро дар зумраи шоҳидон бинавис».
    47. Ва [душманон] макр карданд ва Худо тадбир намуд ва Худо беҳтарини тадбиркунандагон аст.
    48. Ҳангоме ки Худо фармуд: «эй Исо! Бегумон, Ман туро ба таври комил мегирам ва туро ба сӯи Худ боло мебарам ва туро аз [туҳмати] касоне, ки куфр варзидаанд, пок месозам. Ва то рӯзи қиёмат касонеро, ки пайравии туро кардаанд, бар касоне, ки куфр варзидаанд, бартарӣ медиҳам. Онгоҳ бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас байни шумо дар он чи дар он ихтилоф мекардед, ҳукм мекунам.
    49. Ва аммо касоне, ки куфр варзиданд, пас ононро ба азоби сахте дар дунё ва охират азоб мекунам ва барояшон ҳеҷ ёваре нахоҳад буд.
    50. Ва аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, пас подошҳояшонро ба таври комил ба онҳо медиҳад ва Худо ситамгаронро дӯст намедорад.
    51. Инро, ки бар ту мехонем аз оятҳо ва зикри ҳикматомез (Қуръон) аст.
    52. Ҳамоно мисоли Исо назди Худо ҳамчун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок офарид, сипас ба ӯ фармуд: «бош! Пас [дар ҳол] мешавад».
    53. Ин [сухани] ҳақ аз ҷониби Парвардигори ту аст. Пас, аз шаккунандагон мабош!
    54. Ва баъд аз донише, ки бар ту расидааст, касе дар бораи он бо ту баҳс ва мунозара кунад, пас бигӯ: «биёед писаронамон ва писаронатон ва занонамон ва занонатон ва худамон ва худатонро даъват кунем, сипас мубоҳала кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён қарор диҳем».
    55. Ҳамоно саргузашти ҳақиқи [-и Исо] ҳамин аст ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Худо нест ва қатъан Худованд Худ пирӯзманди ҳаким аст.
    56. Ва агар рӯй гардонанд, пас бешак, Худо ба [ҳоли] фасодгарон доност.
    57. Бигӯ: «эй Аҳли Китоб! Ба сӯи калимае биёед, ки байни ман ва байни шумо баробар аст, ки ҷуз Худоро напарастем ва ҳеҷ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳем ва баъзе аз мо баъзе [дигар]-ро ба ҷои Худо ба парвардигорӣ нагирад». Ва агар рӯй гардонанд, пас бигӯед: «гувоҳ бошед, ки мо мусулмонем!»
    58. Эй Аҳли Китоб! Чаро дар бораи Иброҳим баҳсу мунозара мекунед? Дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил нозил нашудааст, магар баъд аз ӯ; пас оё андеша намекунед?
    59. Огоҳ бошед! Шумо онҳоед, ки дар бораи он чи ба он илм доштед, баҳсу мунозара кардед, пас чаро дар бораи он чи шуморо ба он илм нест, баҳсу мунозара мекунед? Ва Худо медонад ва шумо намедонед.
    60. Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, валекин ҳақгарои фармонбардор буд ва аз мушрикон набуд.
    61. Дар ҳақиқат наздиктарин мардум ба Иброҳим касоне ҳастанд, ки ӯро пайравӣ карданд ва [низ] ин Паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд ва Худо сарпарасти мӯъминон аст.
    62. Гурӯҳе аз Аҳли Китоб гумроҳ кардани шуморо орзу карданд, дар ҳоле ки ҷуз худашонро гумроҳ намекунанд, вале дарк намекунанд.
    63. Эй Аҳли Китоб! Чаро ба оятҳои Худо куфр меварзед, дар ҳоле ки шумо [ба ҳаққонияти он] гувоҳӣ медиҳед?
    64. Эй Аҳли Китоб! Чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақро пинҳон медоред, дар ҳоле ки худ медонед?
    65. Ва гурӯҳе аз Аҳли Китоб гуфтанд: «ба он чи бар касоне, ки имон овардаанд нозил шудааст, дар оғози рӯз имон биёваред ва дар охири он [рӯз] куфр варзед, шояд онҳо [аз динашон] баргарданд.
    66. Ва ҷуз ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ мекунад, бовар накунед!» Бигӯ: «бешак, ҳидоят танҳо ҳидояти илоҳӣ аст». [Ва гуфтанд] ки [мабодо] ба касе мисли он чи ба шумо дода шудааст, дода шавад ё назди Парвардигоратон бо шумо баҳсу мунозара кунанд. Бигӯ: «ҳамоно фазл ба дасти Худост; онро ба ҳар кас бихоҳад, медиҳад ва Худованд кушоишгари доност.
    67. Ҳар касро бихоҳад ба раҳмати Худ махсус мекунад ва Худованд соҳиби фазли бузург аст».
    68. Ва аз Аҳли Китоб касест, ки агар сарвати зиёдеро ба ӯ ба амонат бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад. Ва аз онон касе ҳаст, ки агар динореро ба ӯ ба амонат бисупорӣ, онро ба ту боз намегардонад, магар, то вақте ки пайваста болои [сари] ӯ биистӣ. Ин ба хотири он аст, ки онон мегуфтанд: «дарснахондагон (ғайри Аҳли Китоб)-ро ҳеҷ роҳе бар мо нест». Ва бар Худо дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ медонанд.
    69. Оре, касе, ки ба аҳди худ вафо кунад ва тақво пеша намояд, пас ҳатман Худованд парҳезгоронро дӯст медорад.
    70. Дар ҳақиқат касоне, ки паймони Худо ва савгандҳои худро ба баҳои андаке мефурӯшанд, онон ҳеҷ баҳрае дар охират барояшон нахоҳад буд ва Худо бо онон сухан намегӯяд ва дар рӯзи қиёмат ба сӯи онҳо назар намекунад ва онҳоро пок намегардонад ва барояшон азоби дарднок аст.
    71. Ва бешак, аз онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки дар [хондани] китоб забони худро мечархонанд [ва таҳриф мекунанд] то онро аз китоб [-и осмонӣ] бипиндоред; дар ҳоле ки он аз китоб [-и осмонӣ] нест. Ва мегӯянд: «он аз назди Худо аст» дар ҳоле ки он аз назди Худо намебошад ва бар Худо дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ медонанд.
    72. Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Худо ба ӯ китобу ҳукм ва паёмбарӣ бидиҳад; онгоҳ ба мардум бигӯяд: «ба ҷои Худо бандагони ман бошед». Валекин [мегӯянд:] ба хотири он ки китоби [Худо]-ро таълим медодед ва ба хотири он ки онро мехондед [олимони] раббонӣ бошед».
    73. Ва ба шумо фармон намедиҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро ба парвардигорӣ бигиред, оё шуморо пас аз он ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?
    74. Ва ҳангоме ки Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки ҳар гоҳ ба шумо аз китоб ва ҳикмат додам, сипас паёмбаре ба сӯи шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чизест, ки ҳамроҳи шумост, ҳатман ба ӯ имон оваред ва ҳатман ӯро ёрӣ намоед. Гуфт: «оё иқрор кардед ва паймони муаккади Маро бар он пазируфтед?» Гуфтанд: «иқрор кардем». Гуфт: «гувоҳ бошед ва ман бо шумо аз гувоҳонам».
    75. Ва ҳар кас баъд аз ин рӯй гардонад, пас онҳо худ фосиқонанд.
    76. Ва оё ғайри дини Худоро талаб мекунанд? Дар ҳоле ки ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ таслими Ӯст ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешаванд.
    77. Бигӯ: «ба Худо ва он чи бар мо нозил шудааст ва он чи бар Иброҳиму Исмоилу Исҳоқ ва Яъқуб ва [паёмбарон аз] наводагон [-и ӯ] нозил шудааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва ба паёмбарон, аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст, имон овардаем. Миёни ҳеҷ як аз онҳо [дар ҳақ будан] фарқ намегузорем. Ва мо танҳо таслими Ӯ ҳастем».
    78. Ва ҳар кас динеро ғайр аз Ислом биҷӯяд [ва баргузинад] пас ҳаргиз аз ӯ пазируфта намешавад ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст.
    79. Чигуна Худованд гурӯҳеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имонашон куфр варзидаанд ва гувоҳӣ додаанд, ки Паёмбар ҳақ аст ва барояшон далелҳои равшан омад ва Худованд гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
    80. Онон ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагону мардум, ҳамагӣ бар онон бод.
    81. Дар он мондагоранд; на аз азобашон сабук карда мешавад ва на онон мӯҳлат дода шаванд.
    82. Магар касоне, ки баъд аз он тавба карданд ва [худро] ислоҳ намуданд, пас қатъан Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
    83. Ба ростӣ, касоне, ки пас аз имонашон куфр варзиданд, сипас дар куфри худ афзуданд, ҳаргиз тавбаи онҳо пазируфта намешавад ва онҳо ҳамон гумроҳонанд.
    84. Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд ва онҳо дар ҳоли куфр мурданд, агар ба [миқдори] пурии замин фидя диҳанд, пас ҳаргиз аз касе аз эшон пазируфта намешавад. Онон [-анд, ки] барояшон азоби дарднокест ва барои онон ҳеҷ ёваре нахоҳад буд.
    85. Ҳаргиз ба некӣ даст наёбед, магар ин ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ кунед ва ҳар чизе, ки инфоқ кунед, пас қатъан Худо бар он доност.
    86. Ҳама хӯрданиҳо барои Банӣ Исроил ҳалол буд, ба ҷуз он чи Яъқуб пеш аз нозил шудани Таврот бар худаш ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар ростгӯ ҳастед, пас Тавротро биёваред ва онро бихонед!»
    87. Ва ҳар кӣ баъд аз ин бар Худо дурӯғ бибандад, пас онон ҳамон ситамгаронанд.
    88. Бигӯ: «Худо рост гуфт». Пас, аз оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва аз мушрикон набуд, пайравӣ кунед.
    89. Дар ҳақиқат нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум [бино] ниҳода шуд, ҳамон аст, ки дар Макка аст, ки пурбаракат ва ҳидояте барои ҷаҳониён аст.
    90. Дар он нишонаҳои равшан [мисли] мақоми Иброҳим аст ва ҳар кас дохили он шавад, дар амон аст ва бар ӯҳдаи мардум аст, ки барои Худо қасд [-и он] хона кунанд [албатта] касе, ки тавоноии роҳро ба сӯи он дошта бошад. Ва ҳар кас куфр варзад, пас қатъан Худо аз ҷаҳониён бениёз аст.
    91. Бигӯ: «эй Аҳли Китоб! Чаро ба оятҳои Худо кофир мешавед? Дар ҳоле ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, гувоҳ аст».
    92. Бигӯ: «эй Аҳли Китоб! Чаро касеро, ки имон овардааст аз роҳи Худо боз медоред [ва] каҷии онро металабед? Дар ҳоле ки шумо гувоҳед ва Худо аз он чи анҷом медиҳед ғофил нест».
    93. Эй касоне, ки имон овардаед! Агар гурӯҳе аз касонеро, ки китоб дода шудаанд, итоат намоед, шуморо баъд аз имонатон ба куфр бармегардонанд.
    94. Ва чигуна куфр меварзед ва шумоед, ки бароятон оятҳои Худо хонда мешавад ва фиристодаи Ӯ дар миёни шумост? Ва ҳар кас ба Худо паноҳ бибарад, пас дар ҳақиқат ба роҳи рост ҳидоят шудааст.
    95. Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Худоро, он гуна ки шоистаи тақвои Ӯст, пеша кунед ва намиред, магар ин ки шумо мусулмон бошед.
    96. Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро бар худатон, ба ёд оваред, онгоҳ ки душманон [-и ҳамдигар] будед ва [Ӯ] миёни дилҳои шумо улфат андохт ва ба [баракати] неъмати Ӯ бародарон [-и ҳамдигар] шудед. Дар ҳоле ки шумо дар лабаи чоҳе аз оташ будед ва [Ӯ] шуморо аз он наҷот дод. Инчунин Худо нишонаҳояшро барои шумо баён мекунад, бошад, ки шумо ҳидоят ёбед.
    97. Ва бояд аз миёни шумо гурӯҳе бошад, ки [мардумро] ба сӯи некӣ даъват кунанд ва ба [кори] писандида даъват кунанд ва аз кори нописанд манъ кунанд ва онон ҳамон растагоронанд.
    98. Ва ҳамонанди касоне набошед, ки пароканда шуданд ва ихтилоф варзиданд, пас аз он ки далелҳои равшан барояшон омад ва онҳо барояшон азоби бузурге аст.
    99. Рӯзе, ки чеҳраҳое сафед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад ва аммо касоне, ки чеҳраҳояшон сиёҳ гардид [ба онон гӯянд:] оё баъд аз имонатон кофир шудед? Пас ба сабаби ин ки куфр меварзидед, азобро бичашед.
    100. Ва аммо касоне, ки чеҳраҳояшон сафед гардид, пас дар раҳмати Худоянд, онҳо дар он [раҳмат] ҷовидонанд.
    101. Ин оятҳои Худост, ки онро ба ҳақ бар ту мехонем ва Худо ҳеҷ зулмеро барои ҷаҳониён намехоҳад.
    102. Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худост. Ва [ҳамаи] корҳо ба сӯи Худо бозгардонида мешавад.
    103. Шумо беҳтарин уммате будед, ки барои мардум падидор шудааст; амри ба маъруф мекунед ва аз мункар боз медоред ва ба Худо имон меоваред. Ва агар Аҳли Китоб имон оварда буданд, ҳамоно барояшон беҳтар буд; баъзе аз онҳо мӯъминанд ва бештарашон фосиқанд.
    104. Ҷуз озор [-и андак]-е, ҳаргиз ба шумо зараре намерасонанд ва агар бо шумо ҷанг кунанд, бо ақибнишинӣ аз шумо рӯй мегардонанд; сипас ёрӣ намешаванд.
    105. Ҳар куҷо ёфта шуданд [мӯҳри] хорӣ ба онҳо зада шуд, магар ба ресмоне аз ҷониби Худо ва ресмоне аз ҷониби мардум [чанг заданд] ва ба хашме аз ҷониби Худо гирифтор шуданд ва бар онҳо бенавоӣ муқаддар шуд; ин ба сабаби он аст, ки онон нишонаҳои Худоро инкор мекарданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; ин [рафторашон] ба сабаби он буд, ки нофармонӣ карданд ва ҳамвора аз ҳад мегузаштанд.
    106. [Ҳамаи] онҳо яксон нестанд; гурӯҳе аз Аҳли Китоб [бар тоати Худо] истода оятҳои Худоро шабонгоҳон мехонанд, дар ҳоле ки сар ба саҷда доранд.
    107. Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон меоваранд ва амри ба маъруф мекунанд ва аз мункар боз медоранд ва дар некиҳо пешӣ мегиранд ва онон аз шоистагонанд.
    108. Ва ҳар некие, ки анҷом медиҳанд, пас ҳаргиз [дар бораи] он носипосӣ намешаванд ва Худо ба [ҳоли] парҳезгорон доност.
    109. Дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд, амволашон ва фарзандонашон ҳаргиз чизе аз [азоби] Худоро аз онҳо дур намекунад ва онон аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд.
    110. Мисоли он чи дар ин зиндагии дунё инфоқ мекунанд, ҳамонанди мисоли бодест, ки дар он сармои сӯзон аст, ки ба киштзори гурӯҳе, ки ба хештан зулм кардаанд, бирасад, пас онро нобуд созад ва Худо ба онон зулм накардааст, валекин бар худашон зулм мекунанд.
    111. Эй касоне, ки имон овардаед! Аз ғайри худатон ҳамроз нагиред, онон аз ҳеҷ фасоде нисбат ба шумо кутоҳӣ намекунанд; дӯст доранд шумо дар ранҷ бошед, ҳамоно душманӣ аз даҳонҳояшон ошкор шуд ва он чи дилҳояшон пинҳон медорад бузургтар аст; ба ростӣ, Мо нишонаҳоро барои шумо баён кардем, агар шумо андеша кунед.
    112. Огоҳ бошед! Шумо онҳоед, ки ононро дӯст медоред ва онон шуморо дӯст намедоранд ва ба ҳамаи китоб [ҳои осмонӣ] имон меоваред. Ва ҳангоме ки бо якдигар хилват кунанд, аз шиддати хашм бар шумо, сари ангуштон [-и худ]-ро ба дандон мегазанд, бигӯ: «ба хотири хашматон бимиред» ба яқин Худо ба рози дилҳо доност.
    113. Агар некие ба шумо расад ононро нороҳат мекунад ва агар бадие ба шумо расад аз он хушҳол мешаванд ва агар сабр кунед ва тақво пеша намоед, найранги онон ҳеҷ зараре ба шумо намерасонад; ба ростӣ, Худо ба он чи анҷом медиҳанд, иҳота [ва тасаллут] дорад.
    114. Ва [ёд кун] ҳангомеро, ки бомдодон аз миёни хонаводаат берун омадӣ, ки мӯъминонро дар ҷойҳое барои ҷанг омода кунӣ ва Худованд шунавои доност.
    115. Ҳангоме ки ду гурӯҳ аз шумо қасд карданд, ки сустӣ кунанд, дар ҳоле ки Худованд сарпарасти онон буд ва пас бояд мӯъминон, бар Худо таваккал кунанд.
    116. Ва ба яқин Худо шуморо дар ҷанг [-и Бадр] ёрӣ кард, дар ҳоле ки шумо нотавон будед; пас тақвои Худоро пеша кунед, бошад, ки шумо шукр кунед.
    117. Онгоҳ ки ба мӯъминон мегуфтӣ: «оё шуморо кифоят намекунад, ки Парвардигоратон бо се ҳазор аз фариштагони фуруд оварда шуда, шуморо ёрӣ кунад?»
    118. Оре, агар сабр кунед ва тақво пеша намоед ва онон чунин шитобон ба сӯи шумо оянд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишондор, ёрӣ хоҳад кард.
    119. Ва Худо онро ҷуз башорате барои шумо ва барои оромиши дилҳоятон ба он, қарор надодааст. Ва пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Худованди пирӯзманди ҳаким нест.
    120. То решаи касонеро, ки куфр варзиданд, қатъ кунад ё ононро саркуб намояд, пас ноумедона баргарданд.
    121. Чизе аз кор [-и онон] ба дасти ту нест ё [Худо] тавбаи ононро мепазирад ё азобашон мекунад; пас онҳо ҳамон ситамгаронанд.
    122. Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худост; ҳар киро бихоҳад мебахшад ва ҳар киро бихоҳад азоб мекунад ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
    123. Эй касоне, ки имон овардаед! Риборо чандин баробар нахӯред ва аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед.
    124. Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, битарсед.
    125. Ва Худо ва Паёмбарро итоат кунед, бошад, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред.
    126. Ва бишитобед ба сӯи омурзише аз ҷониби Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст, ки барои парҳезгорон омода шудааст.
    127. Онон, ки дар тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашм [-и худ]-ро фурӯ мебаранд ва аз [хатои] мардум мегузаранд ва Худо некӯкоронро дӯст медорад.
    128. Ва касоне, ки чун [кори] зиште кунанд ё бар худашон ситам кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳонашон омурзиш металабанд -ва ҷуз Худо чӣ касест, ки гуноҳонро мебахшад?- ва онҳо дониста бар он чи кардаанд, исрор намекунанд.
    129. Онон подошашон омурзише аз ҷониби Парвардигорашон ва боғҳоест, ки зери он наҳрҳо ҷорист, дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст подоши амалкунандагон.
    130. Ба яқин пеш аз шумо моҷароҳое гузаштааст, пас дар замин сайр кунед ва бингаред, ки оқибати такзибкунандагон чигуна буд?
    131. Ин баёнест барои мардум ва ҳидояту пандест барои парҳезгорон.
    132. Ва суст нагардед ва ғамгин нашавед ва шумо бартаред, агар имон дошта бошед.
    133. Агар [дар ҷанги Уҳуд] ба шумо осебе расид, пас ба яқин ба он гурӯҳ низ [дар ҷанги Бадр] осебе ҳамонанди он расидааст ва Мо ин рӯзҳоро дар миёни мардум мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд маълум гардонад ва аз миёни шумо шоҳидоне бигирад ва Худо ситамгаронро дӯст намедорад.
    134. Ва то Худованд касонеро, ки имон овардаанд пок гардонад ва кофиронро [ба тадриҷ] нобуд созад.
    135. Оё пиндоштаед, ки дохили биҳишт мешавед, дар ҳоле ки Худо ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод кардаанд ва собиронро маълум накардааст?
    136. Ва ба ростӣ, шумо марг [ва шаҳодат]-ро, пеш аз он ки бо он рӯ ба рӯ шавед, ҳамвора орзу мекардед ва ба яқин онро дидед, дар ҳоле ки шумо нигоҳ мекардед.
    137. Ва Муҳаммад ба ҷуз фиристодае нест, ба ростӣ, ки пеш аз ӯ паёмбароне гузаштаанд; пас оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба [оини] гузаштаатон бармегардед? Ва ҳар кас ба гузаштаи худ баргардад, пас ҳаргиз ҳеҷ зараре ба Худо намерасонад ва Худо ба зудӣ подоши шокиронро хоҳад дод.
    138. Ва ҳеҷ нафсеро нашояд, ки бимирад, ҷуз ба хости Худо; сарнавиштест муайян. Ва ҳар ки подоши дунёро бихоҳад, аз он ба ӯ медиҳем ва ҳар ки подоши охиратро бихоҳад, аз он ба ӯ медиҳем ва ба зудӣ подоши шокиронро хоҳем дод.
    139. Ва чи бисёр паёмбаре, ки мардони илоҳии зиёде ҳамроҳи ӯ ҷангиданд ва дар баробари он чи дар роҳи Худо ба онон расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва таслим нагардиданд ва Худо собиронро дӯст медорад.
    140. Ва гуфторашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Парвардигори мо! Гуноҳон ва зиёдаравии мо дар корамонро бароямон бибахш ва гомҳоямонро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон».
    141. Пас Худо савоби дунё ва савоби неки охиратро ба онҳо ато кард ва Худо некӯкоронро дӯст медорад.
    142. Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз касоне, ки куфр варзидаанд пайравӣ кунед, шуморо ба гузаштаатон боз мегардонанд, онгоҳ зиёнкор хоҳед гашт.
    143. Балки мавлои шумо Худост ва Ӯ беҳтарини ёридиҳандагон аст.
    144. Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд ваҳшат меафканем, ба хотири ин ки чизеро бо Худо шарик қарор додаанд, ки далеле бар он нафиристодааст ва ҷояшон оташ аст ва чӣ бад аст ҷойгоҳи ситамгарон.
    145. Ва дар ҳақиқат Худо ваъдаашро бо шумо рост гардонид, онгоҳ, ки ба хости Ӯ онҳоро [дар ҷанги Уҳуд] мекуштед, -то вақте ки сустӣ кардед ва дар [иҷрои] амр низоъ намудед ва баъд аз он ки чизеро [аз пирӯзӣ ва ғанимат] дӯст медоштед ба шумо нишон дод, нофармонӣ кардед- баъзе аз шумо касест, ки дунёро мехоҳад ва баъзе аз шумо касест, ки охиратро мехоҳад. Сипас шуморо аз [ғалаба бар] онҳо боздошт, то шуморо биозмояд. Ва албатта аз шумо дар гузашт ва Худо нисбат ба мӯъминон дорои фазл [ва бахшиш] аст.
    146. Ҳангоме ки [гурезон] дур мешудед ва ба касе таваҷҷӯҳ намекардед ва ҳол он ки Паёмбар шуморо аз пушти саратон фаро мехонд, пас шуморо бо ғаме болои ғам, ҷазо дод, то ба хотири он чи аз даст додаед ва он чи ба шумо расидааст, андӯҳгин нашавед ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
    147. Сипас баъд аз он ғам оромише ба сурати хоби сабук бар шумо фурӯ фиристод, ки гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт ва гурӯҳе, ки онҳо дар фикри ҷони хеш буданд, дар бораи Худо гумонҳои нодурусте, ҳамчун гумонҳои ҷоҳилият доштанд, мегуфтанд: «оё моро аз кори [ҷанг] чизе ҳаст?» Бигӯ: «дар воқеъ амр ҳамааш ба дасти Худост [онҳо] дар дилҳои худ чизеро пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд. Мегӯянд: «агар моро аз кор [-и ҷанг] чизе буд, дар инҷо кушта намешудем». Бигӯ: «агар дар хонаҳои худ [ҳам] будед, касоне, ки кушта шудан барои онҳо муқаррар шуда буд, ҳатман ба сӯи оромгоҳҳои худ берун меомаданд ва [ин] барои он аст, ки Худо он чиро дар синаҳои шумост, биёзмояд ва он чиро дар дилҳои шумост, пок гардонад ва Худо ба рози дилҳо доност.
    148. Ҳамоно касоне аз шумо, ки рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [дар ҷанги Уҳуд] рӯй гардониданд, ҷуз ин набуд, ки ба сабаби баъзе аз он чи [аз гуноҳон] анҷом дода буданд, шайтон онҳоро билағзонид ва албатта, Худо аз онон даргузашт; бегумон Худованд омурзандаи бурдбор аст.
    149. Эй касоне, ки имон овардаед! Монанди касоне набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон, ҳангоме ки дар замин сафар карданд [ва мурданд] ва ё разманда буданд [ва шаҳид гаштанд] гуфтанд: «агар онҳо назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд!» [Бигузоред] то Худованд онро ҳасрате дар дилҳояшон қарор диҳад. Ва Худо зинда мекунад ва мемиронад ва Худо бар он чи анҷом медиҳед биност.
    150. Ва агар дар роҳи Худо кушта шавед ё бимиред, ҳатман омурзиш ва раҳмате аз ҷониби Худо, аз он чи онҳо ҷамъ мекунанд, беҳтар аст.
    151. Ва агар бимиред ё кушта шавед қатъан ба сӯи Худо маҳшур хоҳед шуд.
    152. Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармхӯ шудӣ ва агар бадхулқ ва сангдил будӣ, ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд, пас аз онҳо даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат намо ва ҳангоме ки тасмим гирифтӣ, пас бар Худо таваккал кун; бетардид Худо таваккалкунандагонро дӯст медорад.
    153. Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, пас ҳеҷ кас бар шумо пирӯз намешавад ва агар шуморо раҳо кунад, пас кист он ки шуморо баъд аз Ӯ ёрӣ диҳад? Ва пас мӯъминон бояд бар Худо таваккал намоянд.
    154. Ва барои ҳеҷ паёмбаре шоиста нест, ки хиёнат кунад ва ҳар кас хиёнат кунад рӯзи қиёмат ончиро хиёнат кардааст, меоварад; сипас ба ҳар шахс он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва онон зулм намешаванд.
    155. Ва оё касе, ки ба дунболи хушнудии Худост, монанди касест, ки ба хашме аз Худо гирифтор гаштааст ва ҷойгоҳаш ҷаҳаннам аст? Ва чӣ бад саранҷомест.
    156. Онҳо дар пешгоҳи Худо [дорои] мартабаҳое ҳастанд ва Худо ба он чи анҷом медиҳанд, биност.
    157. Ба ростӣ, ки Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод, ҳангоме ки дар миёни онҳо паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои Ӯро бар онон бихонад ва покашон кунад ва ба онон китобу ҳикмат биёмӯзад; дар ҳоле ки қатъан пеш аз [он] дар гумроҳии ошкор буданд.
    158. Ва оё замоне ки мусибате ба шумо расид, ки қатъан ду баробари онро [дар ҷанги Бадр] бар душман расонда будед, гуфтед: «ин аз куҷост?» Бигӯ: «он аз ҷониби худи шумост» бегумон Худо бар ҳар чизе тавоност.
    159. Ва он чи рӯзи бархурди ду гурӯҳ [дар ҷанги Уҳуд] ба шумо расид, пас ба хости Худо ва ба хотири он буд, ки мӯъминонро маълум созад.
    160. Ва [низ] барои ин буд, ки касонеро, ки нифоқ варзиданд маълум созад ва ба онҳо гуфта шуд: «биёед дар роҳи Худо биҷангед ё дифоъ намоед!» Гуфтанд: «агар медонистем ҷанге ҳаст ҳатман аз шумо пайравӣ мекардем». Нисбати онон дар он рӯз ба куфр наздиктар буд аз нисбати онон ба имон; бо забонҳои хеш чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест. Ва Худо ба он чи пинҳон медоранд, донотар аст.
    161. [Ҳамон] касоне, ки нишастанд ва дар бораи бародаронашон гуфтанд: «Агар моро итоат мекарданд, кушта намешуданд». Бигӯ: «агар ростгӯед, пас маргро аз худатон дур кунед».
    162. Ва ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда ҳастанд, балки зиндаанд, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
    163. Дар ҳоле ки ба он чи Худо аз фазли Худ ба онҳо додааст, шодмонанд ва нисбат ба касоне, ки аз пайи онон [ҳанӯз] ба онҳо напайвастаанд, башорат медиҳанд, ки на тарсе ба онҳост ва на онҳо андӯҳгин шаванд.
    164. Ба хотири неъмате аз ҷониби Худо ва фазли Ӯ ва ин ки Худо подоши мӯъминонро табоҳ намекунад, шодмонӣ мекунанд.
    165. Касоне, ки [даъвати] Худо ва Паёмбарро, баъд аз он ки ҷароҳат [ва осеб] ба онҳо расида буд, пазируфтанд; барои касоне аз онҳо, ки некӣ карданд ва тақво пеша намуданд, подоши бузургест.
    166. [Ҳамон] касоне, ки мардум ба онҳо гуфтанд: «ҳамоно мардум [-и мушрик] барои [ҷанг бо] шумо гирд омадаанд, пас аз онон битарсед!» Ва [лекин ин сухан] бар имонашон афзуд ва гуфтанд: «Худо моро бас аст ва чи некӯ корсоз аст».
    167. Пас бо неъмат ва фазле аз ҷониби Худо бозгаштанд, дар ҳоле ки ҳеҷ газанде ба онҳо нарасида буд ва хушнудии Худоро пайравӣ карданд ва Худо соҳиби фазли бузургест.
    168. Ин фақат шайтон аст, ки дӯстонашро метарсонад; пас агар мӯъминед аз онон натарсед, аз Ман битарсед.
    169. Ва касоне, ки дар кофир шудан мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд; ба дурустӣ онон ҳеҷ зараре ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад, ки барои онон дар охират ҳеҷ баҳрае қарор надиҳад ва барои онҳо азоби бузург аст.
    170. Ба яқин касоне, ки куфрро бо имон иваз карданд, ҳаргиз ба Худо ҳеҷ зараре намерасонанд ва барои онҳо азоби дарднокест.
    171. Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳаргиз гумон накунанд, ин ки ба онҳо мӯҳлат медиҳем, барои худашон беҳтар аст [балки] Мо ба онон мӯҳлат медиҳем фақат барои ин ки бар гуноҳ [ашон] биафзоянд ва барои онҳо азоби хоркунанда аст.
    172. Ҳаргиз чунин нест, ки Худо мӯъминонро бар ин ҳоле ки шумо ҳастед, раҳо созад, то он ки палидро аз пок ҷудо кунад ва ҳаргиз чунин нест, ки Худо шуморо аз ғайб огоҳ созад, вале Худо аз паёмбарони худ, ҳар киро хоҳад бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон оваред! Ва агар имон биёваред ва тақво пеша намоед, пас подоши бузурге барои шумост.
    173. Ва касоне, ки нисбат ба он чи Худо ба онҳо аз фазлаш додааст бухл меварзанд, ҳаргиз гумон мабаранд, ки он барояшон хайр аст, балки он барояшон шар аст. Ба зудӣ он чи ба он бухл варзидаанд, дар рӯзи қиёмат тавқи гарданашон хоҳад шуд ва мероси осмонҳову замин фақат аз они Худост ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
    174. Дар ҳақиқат Худо сухани касонеро, ки гуфтанд: «ҳамоно Худо фақир аст ва мо бениёз» шунид. Ба зудӣ он чиро, ки гуфтанд ва ба ноҳақ куштанашон паёмбаронро, хоҳем навишт ва мегӯем: «азоби сӯзонро бичашед».
    175. Ин ба сабаби он чизест, ки аз пеш фиристода будед ва ҳамоно Худо ҳаргиз нисбат ба бандагон ситамгар нест.
    176. Касоне, ки гуфтанд: «ҳамоно Худо бо мо аҳд кардааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, то бароямон қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад», бигӯ: «ба яқин, пеш аз ман паёмбароне бо далелҳои равшан ва ба он чи гуфтед, ба назди шумо омаданд; пас агар ростгӯ ҳастед, чаро онҳоро куштед?»
    177. Ва агар туро такзиб кунанд, пас ба яқин пеш аз ту [низ] паёмбароне такзиб шудаанд, ки далелҳои равшан ва навиштаҳои ҳикматомез ва китоби равшангар оварда буданд.
    178. Ҳар нафсе чашандаи марг аст ва ҷуз ин нест, ки рӯзи қиёмат подошҳоятон ба таври комил, ба шумо дода хоҳад шуд. Ва ҳар кас аз оташ дур карда шавад ва ба биҳишт дароварда шавад, пас ба яқин растагор шудааст ва зиндагии дунё ҷуз баҳраи фиребанда нест.
    179. Ҳатман дар бораи амволатон ва ҷонҳоятон озмоиш мешавед. Ва қатъан аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб дода шудааст ва [низ] аз касоне, ки ширк варзидаанд, озори бисёре хоҳед шунид ва агар сабр кунед ва тақво пеша кунед, пас дар ҳақиқат ин аз корҳои устувор аст.
    180. Ва ҳангоме ки Худо аз касоне, ки ба онон китоб дода шудааст паймон гирифт, ки ҳатман онро барои мардум баён кунед ва онро пинҳон накунед, пас онро пушти сарашон андохтанд ва онро ба баҳои ночизе фурӯхтанд ва чӣ бад аст он чиро, ки мехаранд.
    181. Ҳаргиз гумон мабар касоне, ки ба он чи ба ҷой овардаанд шодӣ мекунанд ва дӯст доранд ба он чи накардаанд ситоиш шаванд, пас ҳаргиз гумон мабар, ки барои онон наҷоте аз азоб аст ва ҳол он ки барои онҳо азоби дарднок аст.
    182. Ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худо бар ҳама чиз тавоност.
    183. Ба ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз нишонаҳое барои хирадмандон аст.
    184. Касоне, ки истода ва нишаста ва бар паҳлуи хеш [такя дода] Худоро ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин тафаккур мекунанд [ва мегӯянд:] Парвардигори мо! Инро беҳуда наофаридаӣ, муназзаҳӣ Ту, пас моро аз азоби оташ ҳифз кун!
    185. Парвардигори мо! Қатъан ҳар киро Ту ба оташ андозӣ, пас дар ҳақиқат ӯро расво кардаӣ ва барои ситамгарон ҳеҷ ёваре нахоҳад буд.
    186. Парвардигори мо! Ба ростӣ, мо нидокунандаеро шунидем, ки ба имон даъват мекард, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Пас имон овардем. Парвардигори мо! Пас гуноҳони моро барои мо биомурз ва бадиҳоямонро аз мо бипӯшон ва моро бо некон бимирон.
    187. Парвардигори мо! Ва он чиро ба василаи паёмбаронат ба мо ваъда кардаӣ, ба мо ато кун ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун; ба яқин Ту ваъдаро хилоф намекунӣ.
    188. Пас Парвардигорашон [дуои] ононро мустаҷоб кард; ҳамоно Ман амали ҳеҷ амалкунандае аз шуморо аз мард ё зан табоҳ намекунам; баъзе аз шумо аз баъзе [дигар] аст, пас касоне, ки ҳиҷрат кардаанд ва аз хонаҳои худ берун ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷанг кардаанд ва кушта шудаанд, қатъан бадиҳояшонро аз онон мепӯшонам ва ҳатман онҳоро ба боғҳое ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст, дохил мекунам [ин] подоше аз тарафи Худост ва Худо, подоши некӯ назди Ӯст.
    189. Ҳаргиз рафту омади касоне, ки куфр варзиданд дар шаҳрҳо, туро нафиребад.
    190. [Ин] баҳраи ночизест, сипас ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад қароргоҳест.
    191. Лекин, касоне, ки тақвои Парвардигорашонро пеша карданд, барои онон боғҳоест, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, дар ҳоле ки дар он ҷовидонанд; ин [нахустин] меҳмонӣ аз ҷониби Худост. Ва он чи назди Худост барои некон беҳтар аст.
    192. Ва албатта, аз Аҳли Китоб касоне ҳастанд, ки ба Худо ва он чи ба сӯи шумо нозил шудааст ва он чи ба сӯи онҳо нозил шудааст имон меоваранд, дар ҳоле ки барои Худо фурӯтананд; оятҳои Худоро ба баҳои ночиз намефурӯшанд. Ононанд, ки, барои онҳо подошашон назди Парвардигорашон аст; ба яқин Худо зудҳисобрас аст.
    193. Эй касоне, ки имон овардаед! Сабр пеша кунед ва пойдорӣ намоед ва аз марзҳо нигаҳбонӣ кунед ва аз Худо битарсед, бошад, ки шумо растагор шавед.

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз: