Хондани кадом сура инсонро дар корҳояш муваффақ мекунад?
Инсон фақат бо хондани Қуръон, бе онки ба ба дастурҳои Худованд амал кунд,наметавонад дар корҳояш муваффақ шавад. Мо бояд Қуръонро бихонем ва ба дастурҳои Худованд ҳам амал кунем, то дар дунёву охират муваффақ бошем. Муваффақият маънои васеъ дорад ва шомили муваффақиятҳои моддӣ ва маънавӣ мешавад. Масалан роҳ ёфтан ба биҳишт яке аз бузургтарин мувафақиятҳои одамӣ аст, ки дар сояи Қуръон метавон ба он даст ёфт. Пас хондани ҳамаи сураҳои Қуръон муваффақиятовар аст. Дар айни ҳол, барои муваффақияти бештар дар дунё ва охират, ба хондани бархе аз сураҳо бештар таъкид шудааст, ки ба намунаҳое аз он ишора мекунем.
1. Сураи Ёсин.Паёмбар (с) фармуд: Касе, ки бо ин сура ҳамдам ва ҳамроҳ бошад(ҳамеша ин сураро бихонад) ба хайри дунёву охират мерасад.
2. Сураи Зориёт.Имом Содиқ(а) фармуд: Ҳар касе сураи Зориётро рӯз ё шаб бихонад, Худованд вазъи зиндагии ӯро ислоҳ мекунад ва ба ӯ рӯзии фаровон медиҳад.
3. Сураи Соффот.Имом Содиқ(а) фармуд: Ҳар кас сураи Соффотро рӯзҳои Ҷумъа бихонад аз тамоми офатҳо дар дунё ҳифз мешавад ва дар дунё ба ӯ рӯзии бисёр дода мешавад.
4. Сураи Воқеа. Ҳар касе сураи Воқеаро ҳар шаби Ҷумъа тиловат кунад, Худованд ӯро дӯст дорад ва дӯстии ӯро дар дили ҳамаи мардум меандозад. Ва дар муддати умраш дар ин дунё бадбахтӣ ва фақр ба ӯ рӯ намекунад. Ҳамчунин пешвоён ба мо дастур додаанд, ки сураҳои Мулк, Наср ва Тавҳид—ро барои муваффақияти бештар бихонем.