Донишманд ва чӯпон

Донишманд ва чӯпон

Донишманде дар биёбон чӯпонеро дид ва ба ӯ гуфт:

Чаро ба ҷои илмомӯзӣ чӯпонӣ мекунӣ?

Чӯпон дар ҷавобаш гуфт:

Ончи хулосаи ҳамаи донишҳост ёд гирифтам.

Донишманд гуфт:

Хулосаи донишҳо чист?

Чӯпон гуфт: панҷ чиз аст:

  1. То рост тамом нашуда, дуруғ нагӯям.
  2. То моли ҳалол тамом нашуда, ҳаром нахӯрам.
  3. То аз айбу гуноҳи худ пок нагардам, айби мардум нагӯям.
  4. То рӯзии Худо тамом нашуда, ба дари хонаи дигарӣ наравам.
  5. То қадам ба биҳишт нагзоштаам, аз ҳавои нафс ва шайтон ғофил набошам.

Донишманд гуфт: Ҳаққо ки тамоми улумро дарёфтаӣ, ҳар кас ин панҷ хислатро дошта бошад аз оби ҳақиқати илму ҳикмат сероб шудааст.

Охирин матолиб

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *