Ҳарфҳои муқаттаа, тарҷума ва тафсири Қуръон

13478897461

13478897461Чаро дар аввали сураҳои Қуръон монанди “Бақара” ва “Оли Имрон” калимаҳое монанди (алиф.лом.мим) омада аст? Ин калимаҳо чӣ маъно доранд?

Ба ин ҳарфҳо, ҳарфҳои муқаттаъа гуфта мешавад ва масалан (الم) чунин хонда мешавад (алиф), (лом), (мим). Аз ҳарфҳои муқаттаъа чанд тафсир шудааст, ки ман ду тафсири онро баён мекунам.

1. Ин ҳарфҳо рамзҳое байни Худованд ва Паёмбар (с) ҳастанд, ки мардуми оддӣ онро намефаҳманд.

2. Худованд ин ҳарфҳоро дар аввали бархе аз сураҳо овардааст, то ба мардум ёдоварӣ кунад, ки Қуръоне, ки мӯъҷизаи Паёмбар (с) аз ҳамин ҳарфҳои алифбо сохта шудааст, ки дар ихтиёри ҳамаи мардум аст, вале бо ин ҳол наметавонанд монанди Қуръон биёваранд.[1]

 

Байни Қуръон ва тарҷумаи он, чӣ фарқе аст?

Байни Қуръон ва тарҷумааш чанд фарқ ҳаст:

А) Қуръон каломи Худо ва бо забони арабӣ аст, вале тарҷумаи он мумкин аст ба забонҳои гуногун бошад.

Б) Қуръон гуфтори Худост, вале тарҷумаи он сохтаи инсонҳост. Қуръон шеваи махсус ба худашро дорад ва касе наметавонад ҳатто як сура монанди Қуръон биёварад, вале тарҷумаи Қуръон ҳеҷ як аз хусусиёти болоро надорад.

В) Нигоҳ кардан ба Қуръон ва хондан аз рӯи Қуръон савоб дорад.

Г) атни арабии Қуръон аҳкоми хоссе дорад, монанди бетаҳорат наметавон ба хатти Қуръон даст зад ва дар намоз бояд худи матни арабии Қуръон хонда шавад.

Д) Дар ривоятҳо бар ёдгирии асли Қуръон, ки ба забони арабӣ аст таъкиди хоссе шудааст, чунонки Паёмбар (с) фармуд: Қуръонро бо арабиаш ёд бигиред.[2]

Аввалин бор чӣ касе Қуръонро тарҷума кард?

Нахустин касе, ки бо иҷозаи Пайғамбари Акрам(с) сураи Ҳамдро ба форсӣ тарҷума кард, Салмони Форсӣ(рз) буд.[3] Дар солҳои баъд низ донишмандони мусулмон шурӯъ ба тарҷумаи Қуръон карданд.

Чӣ касоне метавонанд Қуръонро тафсир кунанд?

Тафсири Қуръони Карим аз улуми тахассусӣ аст ва касоне метавонанд муфассири Қуръон шаванд, ки илмҳои мавриди ниёз барои тафсирро ёд гирифта бошанд. Ба назари шумо оё ҳар касе метавонад мағозаеро шифохона дар назар бигирад ва эълом кунад, ки «эй мардум ман пизишк ҳастам, биёед то шуморо дармон кунам” ё ҳавопайморо ҳидоят кунад? Тафсири Қуръони Карим низ чунин аст, муфассири Қуръон бояд ҳадди ақал дар понздаҳ риштаи илмӣ аз ҷумла адабиёти араб, фиқҳ, улуми Қуръон, ҳадис ва ғайра мутахассис бошад.

Аз тарафе доштани рӯҳи пок (шароити рӯҳӣ) лозим аст, касе метавонад Қуръонро ба дурустӣ тафсир кунад, ки ботақво бошад ва рӯҳи худашро бо оби зулоли тавба шустушӯ дода бошад, худаш ба ончи Қуръон ба он дастур додааст, амал кунад ва дар як ҷумла, шахсият ва ахлоқу кирдори қуръонӣ дошта бошад.

Ҳарчанд тафсири Қуръон, махсуси касоне аст, ки шароити тафсирро дошта бошанд, аммо мо ҳам метавонем Қуръонро бихонем, дар оятҳояш тадаббур кунем, ба тарҷумаи он таваҷҷӯҳ кунем, ба тафсирҳои муътабар муроҷеа кунем ва аз натиҷаи фикрӣ ва андешаи муфассирони бузург баҳра бибарем.

 


[1]Тафсири Намуна, ҷ.1 с.35

[2]. Ниг. Муҳаммадҳодии Маърифт, Таърихи Қуръон, саҳ. 185-187.

[3]. Ҳамон, саҳ. 196.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,