Ҳақиқати ибодат чист?

Ибодат ба манои хузуъ ва фурутани (ҳолати худшикаста) аст. Ва ҳамчунин гуфта шудааст, ибодат ниҳояти хузуъ ва фуратани аст.

Худованд мегӯяд: нисбат ба падару модарат хузуъ ва фурутан бош. Сураи Исроъ ояи 24.

)وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ( …

“Болҳои тавозуъ худро (тамоми эҳтиромро) аз муҳаббат ва лутф дар баробари онон (падару модар) фруд ор”.

Пас хузуъ ва ё ҳамон эҳтироми зиёд ибодат нест.

Оё саҷда кардан, ки ниҳояти фурутани аст ибодат аст?

Худованд ба фариштаҳо фармон медиҳад, ки барои Ҳазрати Одам (а) саҷда кунед. Сураи бақара ояи 34.

)وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَأَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ(

“Ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: барои Одам саҷда ва хузуъ кунед ҳамаги саҷда карданд танҳо Иблис саҷда накард.”

Пас саҷда ҳам ибодат нест, агарчи инро ҳам пайғамбар (с) ғайр аз Худованд барои дигарон ҷоиз накардааст.

Ҳақиқати ибодат ин аст, ки хузуъ ва фурутани дар лафз ё амал бо эътиқод ба инки Худованд холиқ ва раб ва молики ман аст.

Эҳтиром ва кумак гирифтан аз дигарон бо эътиқоде бошад, ки он худост ширк аст. Аммо эътиқод надошта бошад, ки он худост ширк нест.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...