…1.Модар созандаи шахсияти кӯдак:
Домани модар аввалин мактаби кӯдак ва тақлиди бача аз модар аз ҳамаи тақлидҳо болотар аст. Аз ин рӯ таъсири модар дар рӯҳияи атфол бештар аз падар аст. Ва шуруи парвариш аз домани модар мебошад ва аз ин рӯ домани модар аввалин марказ ва маҳалли тарбияти кӯдак аст. Дар парвариши шахсияти кӯдакон хонаводаро вазоифи сангин ва душворе аст, ки бояд муттаҳиди он гарданд, ки ин тааҳҳуд шомили ахлоқ ва рафтор ва гуфтори волидайн аст, ки бояд бар асоси завобит ва равиши хос бошад. Модар дар парвариши шахсияти кӯдакон аввал бояд худро бисозад ва худро аз таодули равонӣ бархурдор намояд, чун дар хонаводае, ки волидайн мутаодил буда ва шахсияташон ба андозаи кофӣ рушд карда бошад, кӯдак ҳам шахсияти мутаодил хоҳад ёфт. Дар сохтани шахсияти кӯдак, модар нақши аввалро дорад аз он бобат аст, ки баъд аз таваллуд, модар бо кӯдак равобити гуногуне аз хашм ва меҳр ва ташвиқ ва танбеҳ ва ғайра вақоҳат дорад, ба кӯдак наздик аст. Нахустин замзамаи сурудҳо ибрози эҳсосот аз сӯи ӯ бар кӯдак илқо мешавад ва ӯро сахт вобаста ва шефтаи худ месозад. Ва бадин сон вазифаи модар дар ин замина муҳим аст. Ӯ бояд шахсияти ояндаи тифлро поягузорӣ кунад. Оғози созандагии шахсияти кӯдак аз ҳамон рӯзҳои аввали таваллуд ва шояд ҳам каме пештар аз омили раҳим шурӯъ шавад. Пас аз таваллуд аз ҳамон рӯзҳои аввали зиндагӣ ва аз даврони ширхорагӣ пайрезии шахсият махсусан дар ҷанбаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва отифӣ ва ғайра оғоз мегардад. Ва ин замоне иттифоқ меафтад, ки модар аз кӯдаки худ шинохти комил дорад. Ва яке аз масоили зариф дар тарбияти ахлоқии кӯдакон эҷоди одатҳои хуб ва решакан намудани одатҳои бад аст.[1]
Натиҷагирӣ:
Нақши модарӣ як нақши муқаддас ва дар айни муқаддас будан, сангин ва душвор аст. Модарон касоне ҳастанд, ки амри парвариши фарзандонро дар даврони ҳамл ва пас аз он бар ӯҳда доранд. Ва низ нақши муҳитӣ ва варосатии модар дар тифл асар мегузорад. Ба хотири ҳамин модар бояд гуфтор ва рафтори худро дуруст кунад ва ва бо усули тарбиятӣ ошно бошанд, чунки ҳузури модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон ҳам таъсири ба сазое дорад. Ва дар воқеъ онҳо созандагони воқеии ҷомеа ҳастанд. Модарон бояд дар тарбияти кӯдакони худ барнома ва ҳадаф дошта бошанд, зеро бидуни ин наметавонанд кӯдаки худро дуруст ва саҳеҳ тарбият кунанд ва дар рафтори худ бо кӯдак ҳадди эътидолро риоят кунанд, на зиёдаравӣ ва на кутоҳӣ ва дар тарбияти кӯдаки худ бидуни ҳеҷ чашмдошти моддӣ ва маънавӣ кушо бошанд.
[1]. Фотимаи Сафарӣ, Улгуи иҷтимоӣ поёгоҳ ва нақши зани мусалмон дар ҷомеаи исломӣ, саҳ 89.