Нигоҳе ба зиндагии Паёмбари Аъзам(с) 3

… Абӯҷаҳл дар каминиРасули Худо(с)

Пешрафти дини Ислом, Қурайшро хеле нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари мусулмон шудани фарде аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши онон нарасад. Ба ҳамин хотир оташи ғазаби онон бештар мешуд. Рӯзе Абӯҷаҳл дар маҷлиси Қурайш гуфт: “Шумо эй гурӯҳи Қурайш, мебинед, ки Муҳаммад чигуна дини моро бад мешуморад ва ба оини падарони мо ва худоёни онҳо бад мегӯяд ва моро беақл мешуморад. Ба Худо қасам, фардо дар камини ӯ менишинам ва сангеро дар канори худ мегузорам, ҳангоме ки Муҳаммад сар ба саҷда мегузорад, сари ӯро бо он захмӣ мекунам”.Фардои он рӯз Паёмбар(с) ба Масҷидулҳаром даромад ва ба намоз истод.Гурӯҳе аз Қурайш, ки аз мақсади Абӯҷаҳл огоҳ буданд, ба фикр афтоданд, ки оё ӯ дар ин мубориза пирӯз мешавад ё не. Пайғамбари Гиромӣ(с) сар ба саҷда гузошт. Душмани деринаи ӯ аз камингоҳ бархост ва наздики ҳазрат омад. Чизе нагузашт, ки ваҳшати аҷибе дар дили ӯ ба вуҷуд омад ва ларзону тарсон бо ранги парида ба сӯи Қурайш баргашт. Ҳама пеши ӯ омаданду гуфтанд: Чӣ шуд? Вай бо садои бисёр оҳиста, ки нишонаи тарсу ваҳшат буд, гуфт: “Манзарае дидам, ки дар тамоми умрам надида будам. Ба ҳамин хотир натавонистам коре анҷом бидиҳам”.

Бешак чунин ба назар мерасад, ки як нерӯи ғайбӣ ба фармони Худо ба кӯмаки Паёмбар(с) бархоста ва чунин манзараеро ба вуҷуд овард ва вуҷуди ҳазратро тибқи ваъдаи ҳатмии Илоҳӣ аз газанди душманон ҳифз кард. Қуръон дар ин бора мефармояд:

(إنا کَفَیناکَ المُستَهزِءین)

“Мо туро аз бадии масхаракунандагон нигоҳ медорем”.[1]

Озору азияте, киРасулиХудо(с) аз амаки худ Абӯлаҳаб ва ҳамсари ӯ Умми Ҷамил медид, аз каси дигаре надида буд.[2]

Ҳиҷрати мусулмонон

Пас аз ҳиҷрат ба Ҳабаша дувумин бор баъд аз “Байъатулҳарб” мусулмонони Макка аз Расули Худо(с) иҷозати муҳоҷират хостанд. Он ҳазрат низ ба онон иҷозати муҳоҷират ба Ясрибро дод. Мусулмонон махфиёна аз Макка хориҷ шуданд. Расули Худо(с), ҳазрати Алӣ(к), ҳазрати Абӯбакр(рз), Фотима бинти Асад(рз) ва Фотимаи Заҳро(с) дар Макка боқӣ монданд. Мусулмононе, ки бемор ва дар дасти Қурайш зиндонӣ буданд, монданд.[3] Мусулмонон дар он шароити сахту душвор ва ҳавои гарм пиёда аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд. Баъзе аз муҳоҷирон зану фарзанди худро натавонистанд бо худ бибаранд. Дар ин вақт сураи Анкабут бар Паёмбар(с) нозил шуд ва таклифи мӯъминонро равшан кард.[4] Дар аввалин ояти ин сура ба имтиҳони мӯъминон ва умматҳои гузашта ишора карда дар ояи бисту шашион аз наҷот ва ҳиҷрати ҳазрати Иброҳим(а) хабар додааст. Дар ояти дигар мефармояд: “Эй бандагони боимони ман,замини ман паҳновар аст, пас ҳар куҷо ҳастед маро бипарастед.”[5]

идома дорад.

[1]Сураи Ҳиҷр, ояти 95

[2]Барои маълумоти бештар ба тафсири сураи Таббат муроҷиат шавад.

[3] Табақоти Ибни Саъд, ҷ.1, саҳ. 226

[4] Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 34

[5]Сураи Анкабут, ояти 56

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...