Тарҷумаи сураи Бақара

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 286 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

 

1               Алиф, Лом, Мим. (Бузург аст Худованде, ки ин китоби азимро аз ҳарфҳои соддаи алифбо ба вуҷуд овардааст).

2               Он китобибо азамате аст, ки шак дар он роҳ надорад ва сабаби ҳидояти парҳезгорон аст.

3               (Парҳезгорон) касоне ҳастанд, ки ба ғайб (он чӣ аз ҳис пўшидаву пинҳон аст), имон меоваранд ва намозро барпо медоранд ва аз тамоми неъматҳо ва мавоҳибе, ки ба онҳо рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд.

4               Ва онон, ки ба он чӣ бар ту нозил шуда ва он чӣ пеш аз ту (бар паёмбарони гузашта) нозил гардидааст, имон меоваранд ва ба растохез яқин доранд.

5               Ононбар тариқи ҳидоятипарвардигорашонанд ва онон растагоронанд.

6               Касоне, ки кофир шуданд, барои онон фарқе намекунад, ки онҳоро (аз азоби илоҳӣ) битарсонӣ ё натарсонӣ, имон нахоҳанд овард.

7               Худо бар дилҳо ва гўшҳои онон мўҳр ниҳода ва бар чашмонашон пардае афканда шуда ва азоби бузурге дар интизори онҳост.

8               Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи растохез имон овардаем». Дар ҳоле, ки имон надоранд.

9               Мехоҳанд Худо ва мӯъминонро фиреб диҳанд, дар ҳоле, ки ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд, (аммо) намефаҳманд.

10           Дар дилҳои онҳо як навъ беморие аст, Худованд бар бемории онҳо афзуда ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, азоби дардноке дар интизори онҳост.

11           Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Дар замин фасод накунед», мегӯянд: «Мо фақат ислоҳкунандаем».

12           Огоҳ бошед! Инҳо ҳамон фасодкоронанд, вале намефаҳманд.

13           Ва ҳангоме, ки ба онон гуфта шавад: «Монанди (дигар) мардум имон биёваред», мегӯянд: «Оё ҳамчун аблаҳон имон биёварем?!». Бидонед, инҳо ҳамон аблаҳонанд, вале намедонанд.

14           Ва ҳангоме, ки ашхоси боимонро мулоқот мекунанд, мегӯянд: «Мо имон овардаем», (вале) вақте, ки бо шайтонҳои худ хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумоем. Мо фақат (онҳоро) масхара мекунем».

15           Худованд онҳоро истеҳзо мекунад ва онҳоро дар саркашиашон нигоҳ медорад, то саргардон шаванд.

16           Онон касоне ҳастанд, ки «ҳидоят»-ро ба «гумроҳӣ» фурӯхтаанд ва (ин) тиҷорати онҳо суде надода ва ҳидоят наёфтаанд.

17           Онон (мунофиқон) монанди касе ҳастанд, ки оташе афрўхта, (то дар биёбони торик, роҳи худро пайдо кунад), вале вақте, ки оташ атрофи ӯро равшан сохт, Худованд (тўфоне мефиристад ва) онро хомўш мекунад ва дар торикиҳои ваҳшатноке, ки чашм кор намекунад, онҳоро раҳо месозад.

18           Онҳо карон, гунгҳо ва кўронанд, бинобар ин (аз роҳи хато) боз намегарданд.

19           Ё ҳамчун бороне аз осмон, ки дар шаби торик ҳамроҳ бо раъду барқу соиқа (бар сари раҳгузарон) биборад. Онҳо аз тарси марг ангуштонашонро дар гўшҳои худ мегузоранд, то садои соиқаро нашунаванд. Ва Худованд ба кофирон иҳота дорад (ва дар қабзаи қудрати Ў ҳастанд).

20           (Равшаноии хиракунандаи) барқ наздик аст, чашмонашонро бирубояд. Ҳар замон, ки барқ ҷастан мекунад ва сафҳаи биёбонро) барои онҳо равшан месозад, (чанд қадаме) дар партави он роҳ мераванд ва чун хомӯш мешавад, меистанд. Ва агар Худо бихоҳад, гӯшу чашми онҳоро аз байн мебарад, зеро ки Худованд бар ҳар чиз Тавоност.

21           Эй мардум! Парвардигори худро парастиш кунед. Он касе, ки шумо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд, офарид, то парҳезгор шавед.

22           Он касе, ки заминро бистари шумо ва осмон (атмосфера)-ро ҳамчун сақфе болои сари шумо қарор дод ва аз осмон обе фиристод ва ба василаи он меваҳоро парвариш дод, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин, барои Худо ҳамтоёне қароро надиҳед, дар ҳоле, ки медонед, (ҳеҷ яке аз онҳо на шуморо офаридаанд ва на шуморо рӯзӣ медиҳанд).

23           Ва агар дар бораи он чӣ бар бандаи худ (Паёмбар) нозил кардаем, шакку тардид доред, (ҳадди ақал) як сура монанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Худо – барои ин кор даъват кунед, агар рост мегӯед.

24           Пас агар чунин накунед, – ки ҳаргиз нахоҳед кард – аз оташе битарсед, ки ҳезуми он баданҳои мардум (-и гунаҳкор) ва сангҳо (бутҳо) аст ва барои кофирон муҳайё шудааст.

25           Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, башороат деҳ, ки боғҳое аз биҳишт барои онҳост, ки наҳрҳо аз зери дархтонаш ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба онҳо дода шавад, мегӯянд: «Ин ҳамон аст, ки пеш аз он ба мо рӯзӣ дода шуда буд. (Вале инҳо чӣ қадар аз онҳо беҳтар ва олитар аст)». Ва меваҳое, ки барои онҳо оварда мешавад, ҳама (аз назари хубӣ ва зебоӣ) яксонанд. Ва барои онон ҳамсарони поку покиза аст ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

26           Худованд аз ин ки (ба мавҷудоти зоҳиран кўчаке монанди) паша ва ҳатто камтар аз он мисол бизанд, шарм намекунад. (Дар ин миён) ононе, ки имон овардаанд, медонанд, ки он ҳақиқате аст аз тарафи Парвардигорашон. Ва оммо онҳое, ки роҳи куфрро паймудаанд, (ин мавзӯъро баҳона карда), мегӯянд: «Манзури Худованд аз ин масал чӣ будааст?!». (Оре), Худо ҷамъи зиёдеро бо он гумроҳ ва гурӯҳи бисёреро ҳидоят мекунад, вале танҳо фосиқонро бо он гумроҳ месозад.

27           Фосиқон касоне ҳастанд, ки паймони Худоро пас аз маҳкам сохтани он мешикананд ва пайвандҳоеро, ки Худо дастур дода, барқарор созанд, қатъ намуда ва дар рӯи замин фасод мекунанд, инҳо зиёнкоронанд.

28           Чӣ гуна ба Худованд кофир мешавед?! Дар ҳоле, ки шумо мурдагон (ва ҷисмҳои берӯҳе) будед ва Ў шуморо зинда кард, сипас шуморо мемиронад ва бори дигар шуморо зинда мекунад, сипас ба сӯи Ў бозгардонида мешавед. (Бинобарин, на ҳаёту зиндагии шумо аз шумост ва на маргатон.Он чӣ доред аз Худост).

29           Ӯ Худое аст, ки ҳамаи он чиро (аз неъматҳо) дар замин вуҷуд дорад, барои шумо офарид, сипас ба осмон пардохт ва онҳоро ба сурати ҳафт осмон мураттаб намуд. Ва Ў ба ҳар чиз Огоҳ аст.

30           (Ба хотир биёвар) замонеро, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар рӯи замин ҷонишине (намояндае) қарор хоҳам дод». (Фариштагон) гуфтанд: «(Парвардигоро!) Оё касеро дар он қарор медиҳӣ, ки фасоду хунрезӣ кунад?! (Зеро мавҷудоти заминии дигар, ки пеш аз ин Одам вуҷуд доштанд, низ ба фасоду хунрезӣ олуда шуданд. Агар мақсад аз офариниши ин инсон ибодат аст), мо тасбеҳу ҳамди Туро ба ҷо меоварем ва Туро тақдис мекунем». Парвардигор фармуд: «Ман ҳақиқатҳоеро медонам, ки шумо намедонед».

31           Сипас илми исмҳо (илми асрори офариниш ва номгурзории мавҷудот)-ро, ҳамагӣ ба Одам омӯхт. Баъд онҳоро ба фариштагон арза дошт ва фармуд: «Агар рост мегӯед, исмҳои инҳоро ба Ман хабар диҳед».

32           (Фариштагон) гуфтанд: «Муназзаҳӣ Ту! Мо чизе ғайр аз он чӣ бар мо таълим додаӣ, намедонем, Ту Доно ва Ҳакимӣ».

33           Гуфт: «Эй Одам! Онҳоро аз исмҳои (ва асрори) ин мавҷудот огоҳ кун». Вақте, ки онҳоро огоҳ кард, (Худованд) гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки Ман ғайби осмонҳо ва заминро медонам?! Ва низ медонам он чиро шумо ошкор мекунед ва он чиро пинҳон медоштед».

34           Ва (ёд кун) ҳангомеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда ва хузўъ кунед». Ҳамагӣ саҷда карданд, ғайр аз Иблис, ки ибо кард ва такбур варзид ва (ба хотири нофармонӣ ва такабураш) аз кофирон шуд.

35           Ва гуфтем: «Эй Одам! Ту бо ҳамсарат дар биҳишт сукунат кун ва аз (неъматҳои) он аз ҳар ҷо мехоҳед, гуворо бихўред, (аммо) наздики ин дарахт нашавед, ки аз ситамгарон хоҳед шуд.

36           Пас шайтон сабаби лағзиши онҳо аз биҳишт шуд ва онҳоро аз он чӣ дар он буданд, берун кард. Ва (дар ин ҳангом) ба онҳо гуфтем: «Ҳамагӣ (ба замин) фуруд оед, дар ҳоле, ки баъзе душмани дигарӣ хоҳед буд. Ва барои шумо дар замин, то муддати муайяне қароргоҳ ва василаи баҳрабардорӣ хоҳад буд».

37           Сипас Одам аз Парвардигораш калимаҳое дарёфт дошт (ва бо онҳо тавба кард). Ва Худованд тавбаи ӯро қабул кард, зеро Худованд Тавбапазир ва Меҳрубон аст.

38           Гуфтем: «Ҳамагӣ аз он фуруд оед! Ҳар гоҳ ҳидояте аз тарафи Ман барои шумо омад, касоне, ки аз он пайравӣ кунад, на тарсе бар онҳост ва на ғамгин шаванд».

39           Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро дурӯғ пиндоштанд, аҳли дўзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд.

40           Эй фарзандони Исроил! Неъмати Маро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред! Ва ба паймоне, ки бо Ман бастаед, вафо кунед, то Ман низ ба паймони шумо вафо кунам. (Ва дар роҳи анҷоми вазифа ва амал ба паймонҳо), танҳо аз Ман битарсед!

41           Ва ба он чӣ нозил кардаам (Қуръон), имон оваред, ки нишонаҳои он бо он чӣ дар китобҳои шумост, мутобиқат дорад ва аввлин кофир ба он набошед. Ва оятҳои маро ба баҳои ночизе нафурўшед. (Ва ба хотири даромади каме, нишонаҳои Қуръон ва Паёмбари Исломро, ки дар китобҳои шумо мавҷуд аст, пинҳон накунед). Ва танҳо аз Ман (ва аз мухолифати дастурҳоям) битарсед, (на аз мардум).

42           Ва ҳақро бо ботил наёмезед ва ҳақиқатро бо ин ки медонед, напўшонед.

43           Ва намозро ба по доред ва закотро бипардозед ва ҳамроҳи рукўъкунандагон рукўъ кунед.(Ва намозро бо ҷамоат бигузоред).

44           Оё мардумро ба некӣ (ва имон ба Паёмбаре, ки сифатҳои ӯ ошкоро дар Таврот омадааст), даъват мекунед, аммо худатонро фармӯш менамоед, бо ин ки шумо китоб (-и осмонӣ)-ро мехонед?! Оё намеандешед?!

45           Аз сабру намоз ёрӣ ҷўед (ва бо истиқомату маҳор кардани ҳавасҳои дарунӣ ва таваҷҷӯҳ ба Паравардигор, нерӯ бигиред) ва ин кор, ҷуз барои хошион сангин аст.

46           Онҳо касоне ҳастанд, ки медонанд дидоркунандаи Парвардигори худ ҳастанд ва ба сӯи Ў бозмегарданд.

47           Эй Банӣ Исроил! Неъмати Маро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба хотир оваред ва (низ ба ёд оваред, ки) Ман шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бахшидам.

48           Ва аз он рӯз битарсед, ки касе муҷозоти дигареро қабул намекунад ва на аз ӯ шафоат қабул карда мешавад ва на ғаромат аз ӯ қабул хоҳад шуд ва на ёрӣ мешаванд.

49           Ва (низ ба ёд оваред) он замон, ки шуморо аз чанголи фиръавниён раҳоӣ бахшидем, ки ҳамвора шуморо ба бадтарин сурат озор медоданд: писарони шуморо сар мебуриданд ва зонони шуморо (барои канизӣ) зинда нигоҳ медоштанд. Ва дар инҳо, имтиҳони бузурге аз тарафи Парвардигоратон барои шумо буд.

50           Ва (ба хотир оваред), замонеро, ки дарёро бари шумо шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро ғарқ сохтем, дар ҳоле, ки шумо тамошо мекардед.

51           Ва (ба ёд овред) замонеро, ки бо Мўсо чиҳл шаб ваъда гузоридем (ва ӯ барои гирифтани фармонҳои Илоҳӣ ба миодгоҳ омад), сипас шумо гӯсоларо баъд аз ӯ (маъбуди худ) интихоб намудед, дар ҳоле, ки ситамгар будед.

52           Сипас шуморо баъд аз он бахшидем, шояд шукри (ин неъматро) баҷо оваред.

53           Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки ба Мўсо китоб ва василаи ташхиси (ҳақ аз бо тил)-ро додем, то ҳидоят шавед.

54           Ва замонеро, ки Мўсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман! Шумо бо интихоби гӯсола (барои парастиш) ба худ ситам кардед. Пас тавба кунед ва ба сӯи холиқи худ бозгардед ва худро (якдигарро) ба қатл бирасонед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст». Сипас Худованд тавбаи шуморо пазируфт, зеро, Ў Тавбапазир ва Раҳим аст.

55           Ва (низ ба ёд оваред), замонеро ки гуфтед: «Эй Мусо! Мо ҳаргиз ба ту имон нахоҳем овоард, магар ин ки Худоро ошкоро (бо чашми худ) бибинем». Пас соиқа шуморо гирифт, дар ҳоле, ки тамошо мекардед.

56           Сипас шуморо пас аз маргатон ҳаёт бахшидем, шояд шукри (неъмати Ўро) ба ҷо оваред.

57           Ва абрро бар шумо соябон қарор додем ва «ман» (шираи махсус ва лазизи дарахтон) ва «салво» (мурғони махсуси монанди кабутар)-ро бар шумо фиристодем (ва гуфтем:) «Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем бихўред». (Вале шумо куфрон кардед). Онҳо ба мо ситам накарданд, балки ба худ ситам менамуданд.

58           Ва (ба хотир оваред) змонеро, ки гуфтем: «Дар ин шаҳр (Байт-ул-муқаддас) дохил шавед ва аз неъматҳои фаровони он, аз ҳар ҷо мехоҳед бихўред. Ва аз дар (-и маъбади Байт-ул-муқаддас) бо хузўъу хушўъ дохил гардед ва бигӯед: «Худовандо! Гуноҳони моро бирез», то хатоҳои шумро бибахшем ва ба некӯкорон подоши бештаре хоҳем дод».

59           Аммо ашхоси ситамгар, ин суханро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, тағйир доданд (ва ба ҷои он ҷумлаи масхараомезе гуфанд), бинобар ин, бар ситамгарон дар баробари ин нофармонӣ, азобе аз осмон фиристодем.

60           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки Мўсо барои қавми худ об талабид, ба ӯ достур додем: «Асои худро бар он санги махсус бизан!». Ногоҳ дувоздаҳ чашмаи об аз он ҷўшид, он гуна ки ҳар як (аз гурӯҳҳои дувоздаҳгонаи Банӣ Исроил), чашмаи махсуси худро мешинохтанд. (Ва гуфтем:) «Аз рӯзиҳои Илоҳӣ бихўред ва биёшомед ва дар замин фасод накунед».

61           Ва (низ ба хотир оваред) замонеро, ки гуфтед: «Эй Мўсо! Ҳаргиз ҳозир нестем ба як навъ таъом басанда кунем. Аз Худои худ бихоҳ, ки аз он чӣ замин мерўёнад, аз сабзиҷоту бодарингу сиру наску пиёзаш, барои мо фароҳам созад». (Мўсо) гуфт: «Оё таъоми пастарро ба ҷои таъоми беҳтар интихоб мекунед?! (Акнун, ки чунин аст, талош кунед аз ин биёбон) дар шаҳре фуруд оед, зеро ҳар чӣ хостед, дар он ҷо барои шумо ҳаст». Ва (мўҳри) зиллату ниёз бар пешонии онҳо зада шуд ва боз гирифтори хашми худоӣ шуданд, зеро, онҳо нисбат ба оёти Илоҳӣ куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он буд, ки гунаҳкору мутаҷовиз буданд.

62           Касоне, ки (ба Паёмбари Ислом) имон овардаанд ва касоне, ки ба оини Яҳуд гаравиданд ва насоро ва собион (пайравони Яҳё), ҳар гоҳ ба Худо ва рӯзи растохез имон оваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд, подошашон назди Парвардигорашон ҳатмӣ аст ва ҳеҷ гуна тарсу андўҳе барои онҳо нест. (Ҳар кадом аз пайравони адёни илоҳӣ, ки дар асру замони худ бар тибқи вазифаҳо ва фармони дин амал кардаанд, маъҷур ва растагоранд).

63           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки аз шумо паймон гирифтем ва кўҳи Турро болои сари шумо қарор додем (ва ба шумо гуфтем:) «Он чиро (аз оёт ва дастурҳои Худованд) ба шумо додаем, бо қудрат бигиред ва он чиро дар он аст, ба ёд дошта бошед (ва ба он амал кунед), шояд парҳезгор шавед».

64           Сипас шумо пас аз ин, руйгардон шудед ва агар фазлу раҳмати Худованд бар шумо набуд, аз зиёнкорон будед.

65           Ба таври қатъ аз ҳоли касоне аз шумо, ки дар рӯзи шанбе нофармонӣ ва гуноҳ карданд, огоҳ шудаед. Мо ба онҳо гуфтем: «Ба сурати бўзинаҳои тардшудае дароед!».

66           Мо ин кайфарро дарси ибрате барои мардуми он замон ва наслҳои баъд аз онон ва панду андрзе барои парҳезгорон қарор додем.

67           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки Мўсо ба қавми худ гуфт: «Худованд ба шумо дастур медиҳад, модаговеро зибҳ кунед (ва порае аз бадани онро ба кушташудае, ки кушандаи он шинохта нашудааст, бизанед, то зинда шавад ва қотили худро муаррифӣ кунад ва ғавғо хомӯш гардад)». Гуфтанд: «Оё моро масхара мекунӣ?». (Мўсо) гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам аз он ки аз ҷоҳилон бошам».

68           Гуфтанд: «(Пас) аз Худои худ бихоҳ, ки барои мо равшан кунад, ин (модагов) чӣ гуна (модагове) бошад?». Гуфт:(Худованд) мефармояд: «Модагове аст, ки на пиру аз кор афтода бошад ва на бикру ҷавон, балки миёни ин ду бошад. Он чӣ ба шумо дастур дода шудааст, (ҳар чӣ зудтар) анҷом диҳед».

69           Гуфтанд: «Аз Парвардигор худ бихоҳ, ки барои мо равшан созад, ранги он чӣ гуна бошад?». Гуфт: (Худованд) мегӯяд: «Гове бошад зарди якранг, ки ранги он бинандагонро шоду масрур созад».

70           Гуфтанд: «Аз Худоят бихоҳ, барои мо равшан кунад, ки чӣ гуна (гове) бояд бошад? Зеро ин гов барои мо мубҳам шудааст. Ва агар Худо бихоҳад, мо ҳидоят хоҳем шуд».

71           Гуфт: (Худованд) мефармояд: «Гове бошад, ки на барои шудгор кардан ром шудааст ва на барои зироат обкашӣ кунад». Аз ҳар айбе барканор бошад ва ҳатто ҳеҷ гуна ранги дигаре дар он набошад». Гуфтанд: «Алъон ҳаққ (-и матлаб)-ро овардӣ». Сипас (чунон говеро пайдо карданд ва) онро сар буриданд, вале моил набуданд, ин корро анҷом диҳанд.

72           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки шахсеро ба қатл расонидед, сипас дар бораи (қотили) ӯ ба низоъ пардохтед ва Худованд он чиро махфӣ медоштед, ошкор месозад.

73           Сипас гуфтем: «Қисмате аз говро ба мақтул бизанед, (то зинда шавад ва қотилро муъарифӣ кунад). Худованд ин гуна мурдагонро зинда мекунед ва оёти худро ба шумо нишон медиҳад, шояд андеша кунед».

74           Сипас дилҳои шумо баъд аз ин воқеъа сахт шуд, ҳамчун санг ё сахттар. Зеро порае аз сангҳо мешикофад ва аз он наҳрҳо ҷорӣ мешавад ва порае аз онҳо шикоф бармедорад ва об аз он таровуш мекунад ва порае аз тарси Худо (аз фарози кӯҳ) ба зер меафтад. (Аммо дилҳои шумо на аз хавфи Худо метапад ва на сарчашмаи илму дониш ва отифаҳои инсонӣ аст). Ва Худованд аз амалҳои шумо ғофил нест.

75           Оё интизор доред, ба (оини) шумо имон биёваранд, бо ин ки гурӯҳе аз онон суханони Худоро мешуниданд ва пас аз фҳмидан, онро таҳриф мекарданд, дар ҳоле, ки илм ва итилоъ доштанд?!

76           Ва ҳангоме, ки мӯъминонро мулоқот кунанд, мегӯянд: «Имон овардем». Вале ҳангоме, ки бо якдигар хилват мекунанд, (баъзе ба баъзеи дигар эътироз карда), мегӯяд: «Чаро матлаберо, ки Худованд (дар бораи сифатҳои Паёмбари Ислом) барои шумо баён кард, ба мусулмонон бозгӯ мекунед, то (рӯзи растохез) дар пешгоҳи Худо, бар зидди шумо ба он истидлол кунанд?! Оё намефаҳмед?!».

77           Оё инҳо намедонанд, Худованд он чиро пинҳон медоранд ё ошкор мекунанд, медонад?!

78           Ва гурӯҳе аз онҳо авомоне ҳастанд, ки китоби Худоро ҷуз як мушт хиёлоту орзуҳо намедонанд. Ва танҳо ба пиндорҳояшон дил бастаанд.

79           Пас вой бар онҳо, ки навиштае бо дасти худ менависанд, сипас мегӯянд: «Ин аз тарафи Худост», то онро ба баҳои каме бифурўшанд. Пас вой бар онҳо, аз он чӣ бо дасти худ навиштанд ва вой бар онҳо, аз он чӣ аз ин роҳ ба даст меоваранд.

80           Ва гуфтанд: «Ҳаргиз оташи дўзах ҷуз чанд рӯзе ба мо нахоҳад расид». Бигў: «Оё паймоне аз Худо гирифтаед?! – ва Худованд ҳаргиз аз паймонаш тахаллуф намеварзад — ё чизеро, ки намедонед, ба Худо нисбат медиҳед?!».

81           Оре, касоне, ки муртакиби гуноҳ шаванд ва асарҳои гуноҳ саросари вҷудашро бипўшонад, онҳо аҳли оташанд. Ва ҷовидона дар он хоҳанд буд.

82           Ва онҳо, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, онҳо аҳли биҳиштанд ва ҳамеша дар он хоҳанд монд.

83           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки аз Банӣ Исроил паймон гирифтем, ки чуз Худованди Ягонаро парастиш накунед. Ва ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва бенавоён некӣ кунед. Ва ба мардум нек бигӯед ва намозро барпо доред ва закот бидиҳед. Сипас (бо ин ки паймон баста будед), ҳамаи шумо – ҷуз гурўҳи каме – сарпечӣ кардед ва (аз вафои ба паймони худ), руйгардон шудед.

84           Ва ҳангомеро, ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва якдигарро аз сарзамини худ берун накунед. Сипас шумо иқрор кардед (ва бар ин паймон) гувоҳ будед.

85           Аммо ин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва ҷамъе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва дар ин гуноҳу таҷовуз ба якдигар кўмак менамоед. (Ва инҳо ҳама нақси паймоне аст, ки бо Худо бастаед), дар ҳоле, ки агар баъзе аз онҳо ба сурати асирон назди шумо оянд, фидя медиҳед ва ононро озод месозед. Бо ин ки берун сохтани онон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз дастурҳои китоби осмонӣ имон меоваред ва ба баъзе кофир мешавед?! Барои касе аз шумо, ки ин амал (табъиз дар миёни аҳком ва қавонини Илоҳӣ)-ро анҷом диҳад, ҷуз расвоӣ дар ин ҷаҳон, чизе нахоҳад буд ва рӯзи растохез ба шадидтарин азобҳо гирифтор мешаванд. Ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, ғофил нест.

86           Инҳо ҳамон касонанд, ки охиратро ба зиндагии дунё фурӯхтаанд. Аз ин рў азоби онҳо сабук намешавад. Ва касе онҳоро ёрӣ нахоҳад кард.

87           Мо ба Мўсо китоб (Таврот) додем ва баъд аз ӯ паёмбароне пай дар пай фиристодем ва ба Исо ибни Марям далелҳои равшан додем ва ӯро ба василаи Рўҳ-ул-қудус таъйид кардем. Оё чунин нест, ки ҳар замон паёмбаре чизе бар хилофи ҳавои нафси шумо овард, дар баробари ӯ такаббур кардед (ва аз имон овардан ба ӯ худдорӣ намудед). Пас гурӯҳеро инкор карда ва ҷамъеро ба қатл расонидед?!

88           Ва (онҳо аз рӯи истеҳзо) гуфтанд: Дилҳои мо дар ғилоф аст. (Ва мо аз гуфтаи ту намефаҳмем. Оре, ҳамин тавр аст). Худованд онҳоро ба хотири куфрашон аз раҳмати худ дур сохтааст, (ба ҳамин далел чизе дарк намекунанд) ва камтар имон меоваранд.

89           Ва ҳангме, ки аз тарафи Худованд китобе барои онҳо омад, ки мувофиқи нишонаҳое буд, ки бо худ доштанд ва пеш аз ин ба худ навиди пирӯзӣ бар кофирон медоданд, (ки бо кўмаки он бар душманон пирӯз гарданд). Бо ин ҳама, ҳангоме, ки ин (китоб ва паёмбаре)-ро, ки (аз қабл) шинохта буданд, назди онҳо омад, ба ӯ кофир шуданд. Лаънати Худо бар кофирон бод!

90           Вале онҳо дар муқобили баҳои баде худро фурӯтанд, ки ба нораво ба оятҳое, ки Худо фиристода буд, кофир шуданд. Ва эътироз доштанд, чаро Худованд ба фазли худ бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, оёти худро нозил мекунад?! Аз ин рӯ ба хашме баъд аз хашме (аз сӯи Худо) гирифтор шуданд. Ва барои кофирон муҷозоти хоркунандае аст.

91           Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Ба он чӣ Худованд нозил фармудааст, имон биёваред». Мегӯянд: «Мо ба чизе имон меоварем, ки бар худи мо нозил шудааст». Ва ба ғайри он кофир мешаванд, дар ҳоле, ки ҳақ аст ва оётеро, ки бар онҳо нозил шудааст, тасдиқ мекунад. Бигў: «Агар (рост мегӯед ва ба оёте, ки бар худатон нозил шудааст) имон доред, пас чаро паёмбарони Худоро пеш аз ин ба қатл мерасонидед?!».

92           Ва (низ) Мўсо он ҳама мўъҷизотро барои шумо овард ва шумо пас аз (ғайбати) ӯ гӯсоларо интихоб кардед, дар ҳоле, ки ситамгар будед.

93           Ва (ба ёд оваред) замонеро, ки аз шумо паймон гирифтем ва кўҳи Турро болои сари шумо барафроштем (ва гуфтем:) «Ин дастуротеро, ки ба шумо додаем маҳкам бигиред ва дуруст бишунавед». Онҳо гуфтанд: Шунидем, вале мухолифат кардем». Ва дилҳои онҳо бар асари куфрашон, бо муҳаббати гӯсола омехта шуд. Бигў:«Имони шумо чӣ фармони баде ба шумо медиҳад, агар имон доред».

94           Бигў: «Агар (он чунон, ки муддаӣ ҳастед), сарои охират дар назди худо махсуси шумост, на дигар мардум, пас орзуи марг кунед, агар рост мегӯед».

95           Вале онҳо ба хотри аъмоли баде, ки пеш аз худ фиристодаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Ва Худованд аз стамгарон огоҳ аст.

96           Ва онҳоро ҳаристарини мардум – ҳатто ҳаристар аз мушрикаон — бар зиндагӣ (-и ин дунё ва андўхтани сарват) хоҳӣ ёфт, (то он ҷо), ки ҳар як аз онҳо орзу дорад ҳазор сол умр ба ӯ дода шавад, дар ҳоле, ки ин умри дароз ӯро аз кайфари (илоҳӣ) боз нахоҳад дошт. Ва Худованд ба аъмоли онҳо Биност.

97           (Онҳо мегӯянд: «Чун фариштае, ки ваҳйро бар ту нозил мекунад, Ҷабраил аст ва мо бо Ҷабраил душман ҳастем, ба ту имон намеоварем»). Бигў: «Касе, ки душмани Ҷабраил бошад, (дар ҳақиқат душмани Худост, чаро, ки) ӯ ба фармони Худо Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст, дар ҳоле, ки кутуби осмонии пешинро тасдиқ мекунад ва ҳидояту башорат аст барои мӯъминон».

98           Касе, ки душмани Худо ва фариштагон ва расулони Ў ва Ҷабарил ва Микоил бошад,офир аст ва) Худованд душмани кофирон аст.

99           Мо нишонаҳои равшане барои ту фиристодем ва ҷуз фосиқон ба онҳо куфр намеварзад.

100       Ва оё чунин нест, ки ҳар бор онҳо (яҳуд) паймоне (бо Худо ва паёмбар) бастанд, ҷамъе аз эшон онро дур афканданд (ва мухолифат карданд?!). Оре, бештари онон имон намеоварнд.

101       Ва ҳангоме, ки фиристодае аз сўи Худо ба суроғашон омад ва бо нишонаҳое, ки назди онҳо буд, мутобиқат дошт, ҷамъе аз онон, ки ба онҳо китоби (осмонӣ) дода шуда буд, китоби Худоро пушти сар афканданд, гўё аз он ҳеҷ хабаре надоранд.

102       Ва (яҳуд) аз он чӣ шайтонҳо дар асри Сулаймон бар мардум мехонданд, пайравӣ карданд. Сулаймон ҳаргиз (даст ба сеҳр олуда накард ва) кофир нашуд, вале шайтонҳо куфр варзиданд ва ба мардум сеҳр омӯхтанд. Ва (низ яҳуд) аз он чӣ бар ду фариштаи Бобил «Ҳорут» ва «Морут» нозил шуд, пайравӣ карданд. (Он ду роҳи сеҳр карданро барои ошноӣ бо тарзи ботил кардани он ба мардум ёд медоданд). Ва ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки аз пеш ба ӯ мегуфтанд: «Мо василаи озмоишем, кофир нашав (ва аз ин таълимот сӯистифода накун»). Вале онҳо аз он ду фаришта матолиберо меомӯхтанд, ки битавонанд ба василаи он миёни мард ва ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, вале ҳеҷ гоҳ наметавонанд беиҷозати Худованд ба инсоне зиён бирасонанд. Онҳо қисматҳоеро фаро мегирифтанд, ки ба онон зарар мерсонид ва нафъе намедод. Ва ҳатман медонистанд, ҳар касе харидори ин гуна матоъ бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Ва чӣ зишту нописанд буд, он чӣ худро ба он фурўхтанд, агар медонистанд.

103       Ва агар онҳо имон меоварданд ва парҳезгорӣ пеша мекарданд, подоше, ки назди Худост, барои онҳо беҳтар буд, агар огоҳӣ доштанд.

104       Эй ашхоси боимон! (Замоне, ки аз Паёмбар талаби мўҳлат барои дарки оёти Қуръон мекунед), нагўед: «роино», балки бигўед: «унзурно». (Зеро калимаи аввал ҳам ба маънои «моро мўҳлат бидеҳ» ва ҳам ба маънои «моро таҳмиқ кун» мебошад ва достовезе барои душманон аст). Ва (он чӣ ба шумо дастур дода мешавад), бишунавед. Ва барои кофирон (ва истеҳзодиҳандагон) азоби дардноке аст.

105       Кофирони аҳли китоб ва (ҳамчунин) мушрикон, дӯст надоранд, ки аз сӯи Худованд хайру баракате бар шумо нозил гардад, дар ҳоле, ки Худованд раҳмати худро ба ҳар кас бихоҳад, ихтисос медиҳад ва Худованд соҳиби фазли бузург аст.

106       Ҳар ҳукмеро насх кунем ва насхи онро ба таъхир оандзем, беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонистӣ, ки Худованд бар ҳар чизе Тавоност?!

107       Оё намедонистӣ, ки ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Худост?! (Ва ҳақ дорад, ҳар гуна тағйир ва табдиле дар аҳкоми худ, тибқи масолеҳ анҷом бидиҳад?!). Ва ҷуз Худо, валӣ ва ёваре барои шумо нест.а ӯст, ки маслиҳати шуморо медонад ва таъйин мекунад).

108       Оё мехоҳед аз Пайғамбари худ ҳамон тақозо (-и номаъқулеро) бикунед, ки пеш аз ин аз Мўсо карданд?! (Ва бо ин баҳонаҷӯиҳо, аз имон овардан худдорӣ карданд). Касе, ки куфрро ба ҷои имон бипазирад, аз роҳи рост (ақлу фитрат) гумроҳ шудааст.

109       Бисёре аз аҳли китоб, аз рӯи ҳасад – ки дар вуҷуи онҳо реша довонида — орзу мекарданд, шуморо баъд аз Ислом ва имон, ба ҳоли куфр бозгардонанд, бо ин ки ҳақ барои онҳо комилан равшан шудааст. Шумо онҳоро афв кунед ва гузашт намоед, то Худованд фармои худаш (фармони ҷиҳод)-ро бифиристад. Худованд бар ҳар чизе Бавоност.

110       Ва намозро барпо доред ва закотро адо кунед. Ва ҳар кори хайреро барои худ аз пеш мефиристед, онро назди Худо (дар дунёи дигар) хоҳед ёфт. Худованд ба аъмоли шумо Биност.

111       Онҳо гуфтанд: «Ҳеҷ кас ҷуз яҳуд ё насоро, ҳаргиз дохили биҳишт нахоҳад шуд». Ин орзуи онҳост. Бигў: «Агар рост мегӯед, далели худро (барои ин мавзўъ) биёваред!».

112       Оре, касе, ки рӯи худро таслими Худо кунад ва некӯкор бошад, подоши ӯ назди Парвардигораш собит аст. На тарсе бар онҳост ва на ғамгин мешаванд. (Бинобар ин биҳшти Худо дар инҳисори ҳеҷ гурӯҳе нест).

113       Яҳудиён гуфтанд: «Масеҳиён ҳеҷ мавқеъияте (назди Худо) надоранд». Ва масеҳиён низ гуфтанд: «Яҳудиён ҳеҷ мавқеъияте надоранд (ва бар ботиланд)», дар ҳоле, ки ҳар ду гурӯҳ китоби осмониро мехонанд (ва бояд аз ин гуна таассубҳо барканор бошанд). Ашхоси нодон (-и дигар ҳамчун мушрикон) низ, сухане монанди сухани онҳо доштанд. Худованд рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф доштанд, доварӣ мекунад.

114       Кист ситамкортар аз он кас, ки аз бурдани номи Худо дар масҷидҳои Ў пешгирӣ кард ва саъй дар вайронии онҳо намуд?! Шоиста нест онҳо чуз бо тарсу ваҳшат дохили ин (маконҳои ибодат) шаванд. Баҳраи онҳо дар дунё (фақат) расвоӣ аст ва дар охират, азоби азим (-и илоҳӣ).

115       Машриқу мағриб аз они Худост. Ва ба ҳар сӯ рў кунед, Худо он ҷост. Худованд Бениёз ва Доност.

116       Ва (яҳуд, насоро ва мушрикон) гуфтанд: «Худованд фарзанде барои худ интихоб кардааст». – Муназзаҳ аст Ў — балки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст. Ва ҳама дар баробари Ў хозеанд.

117       Ҳастибахши осмонҳо ва замин аст. Ва ҳангоме, ки фармони вуҷуди чизеро содир кунад, танҳо мегӯяд: «Мавҷуд бош!» ва он фавран мавҷуд мешавад.

118       Ашхоси ноогоҳ гуфтанд: »Чаро Худо бо мо сухан намегӯяд?! Ва ё чаро оят ва нишонае барои худи мо намеояд?!». Гузаштагони онҳо низ ҳамин гуна сухан мегуфтанд, дилҳо ва афкорашон мушобеҳи якдигар аст, вале мо (ба андозаи кофӣ) оёт ва нишонаҳоро барои аҳли яқин (ва ҳақиқтҷуён) равшан сохтаем.

119       Мо туро ба ҳақ, барои башорат ва бим додан (-и мардуми ҷаҳон) фиристодем ва ту масъули (гумроҳии) дузахиён, (пас аз расонидани рисолат) нестӣ.

120       Ҳаргиз яҳуд ва насоро аз ту розӣ нахоҳанд шуд, (то ба таври комил, таслими хостаҳои онҳо шавӣ ва) аз оини (таҳрифёфтаи) онон, пайравӣ кунӣ. Бигў: «Ҳидояти илоҳӣ, танҳо ҳидият аст». Ва агар аз ҳаво ва ҳавасҳои онҳо пайравӣ кунӣ, баъд аз он ки огоҳ шудаӣ, ҳеҷ сарпарасту ёваре аз сӯи Худо барои ту нахоҳад буд.

121       Касоне, ки китоби осмонӣ ба онҳо додаем (яҳуд ва насоро), онро чунон ки шоистаи он аст, мехонанд, онҳо ба Паёмбари Ислом имон меоваранд ва касоне, ки ба ӯ кофир шавнд зиёнкоранд.

122       Эй Банӣ Исроил! Неъмати маро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред! Ва (ва низ ба хотир оваред), ки ман шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бахшидам.

123       Аз рўзе битарсед, ки ҳеҷ кас аз дигарӣ дифоъ намекунад ва ҳеҷ гуна авазе аз ӯ қабул намешавад ва шафоат ӯро суд намедиҳад ва (ва аз ҳеҷ сўе) ёрӣ намешаванд.

124       (Ба хотир оваред) замонеро, ки Худованд Иброҳимро бо васоили гуногуне озмуд ва ӯ ба хубӣ аз ӯҳдаи ин озмоиш баромад. Худованд ба ӯ фармуд: «Ман туро имом ва пешвои мардум қарор додам». Иброҳим гуфт:«Аз насли ман (низ имомоне қарор бидеҳ)». Худованд фармуд: «Паймони ман ба ситамкорон намерасад (ва танҳо он гурӯҳе аз фарзандони ту, ки поку маъсум бошанд, шоистаи ин мақоманд)».

125       Ва (ба хотир биёваред) замонеро, ки хонаи Каъбаро маҳалли бозгашт ва маркази амну амон барои мардум қарор додем. Ва (барои таҷдиди хотира), аз мақоми Иброҳим ибодатгоҳе барои худ интихоб кунед. Ва мо ба Иброҳим ва Исмоил амр кардем, ки: «Хонаи маро барои тавофкунандагон ва мўътакифон ва рукўъкунандагон ва саҷдакунандагон поку покиза кунед».

126       Ва (ба ёд оваред) змонеро, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ин сарзаминро шаҳри амне қарор деҳ ва аҳли онро – онҳо, ки ба Худо ва рўзи қиёмат имон овардаанд- аз самароти (гуногун) рӯзӣ деҳ». Гуфт: «(Дуои туро иҷобат кардам ва мӯъминонро аз анвои баракот баҳраманд сохтам), аммо ба онҳо, ки кофир шуданд, баҳраи каме хоҳам дод, сипас онҳоро ба азоби оташ мекашонам ва чӣ оқибати баде аст!».

127       Ва (низ ба ёд оваред) замонеро, ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хона (-и Каъба)-ро боло мебурданд (ва мегӯфтанд:) «Парвардигоро! Аз мо бипазир, ки Ту Шунаво ва Доноӣ

128       Парвардигоро! Моротаслимифармонихуд қарордеҳ ва аз наслимоуммате, китаслимифармонатбошанд, (бавуҷудовар) ва тарзи ибодатамонро ба мо нишон деҳ ва тавбаи моро бипазир, ки Ту Тавбапазиру Меҳрубонӣ.

129       Парвардигоро! Дар миёни онҳо паёмбаре аз худашон барангез, то оятҳои Туро бар онҳо бихонад ва онҳоро китобу ҳикмат биёмӯзад ва покиза кунад, зеро Ту Тавоно ва Ҳакимӣ (ва бар ин кор қодирӣ)».

130       Ҷуз ашхоси сафиҳу нодон, чӣ касе аз оини Иброҳим, (бо он покӣ ва дурахшандагӣ) рўйгардон хоҳад шуд?! Мо ӯро дар ин ҷаҳон баргузидем ва ӯ дар ҷоҳони дигар аз солеҳон аст.

131       Дарон ҳангом, киПарвардигорашба ӯ гуфт: Иломбиёвар (ва дар баробари ҳақ таслим бош. Ў фармони Првардигорро аз ҷону дил пазируфт ва) гуфт: «Дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».

132       Ва Иброҳиб ва Яъқуб (дар охирин лаҳзаҳои умр), фарзандони худро ба ин оин васият карданд. (Ва ҳар кадом ба фарзандони худ гуфтанд:) «Фарзандони ман! Худованд ин оини покро барои шумо баргузидааст ва шумо ҷуз ба оини Ислом (таслим будан дар баробари фармони Худо), аз дунё наравед».

133       Оё замоне, ки марги Яъқуб фаро расид, шумо ҳозир будед?! Дар он ҳангом, ки ба фарзандони худ гуфт: «Пас аз ман чӣ чизеро мепарастед?». Гуфтанд: «Худои ту ва Худои падаронат, Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ, Худованди Якторо.Ва мо дар баробари Ў таслим ҳастем».

134       Онҳо уммате буданд, ки даргузаштанд. Амалҳои онҳо марбут ба худашон буд ва амалҳои шумо низ марбут ба худи шумост.Ва шумо ҳеҷ гоҳ масъули амалҳои онҳо нахоҳед буд.

135       (Аҳли китоб) гуфтанд: «Яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед». Бигў: «(Ин оинҳои таҳрифшуда, ҳаргиз наметавонад сабаби ҳидоят гардад), балки аз оини холиси Иброҳим пайравӣ кунед. Ва ӯ ҳаргиз аз мушрикон набуд».

136       Бигўед: «Мо ба Худо имон овардаем ва ба он чӣ бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳим ва Исомил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва паёмбарон аз фарзандони ӯ, нозил гардид ва (ҳамчунин) он чӣ ба Мўсо ва Исо ва паёмбарони (дигар) аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст. Ва дар миёни ҳеҷ як аз онҳо ҷудоӣ қоил намешвем ва дар баробари фармони Худо таслим ҳастем (ва таасуботи нажодӣ ва ғаразҳои шахсӣ, сабаб намешавад, ки баъзеро бипазирем ва баъзеро раҳо кунем)».

137       Агар онҳо низ ба монанди он чӣ шумо имон овардаед, имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Ва агар сарпечӣ кунанд, аз ҳақ ҷудо шудаанд. Ва Худаванд шарри онҳоро аз ту дафъ мекунад. Ва Ў Шунаванда ва Доност.

138       Ранги худоӣ (бипазиред: ранги имон ва тавҳид ва Ислом). Ва чӣ ранге аз ранги худоӣ беҳтар аст?! Ва мотанҳо Ўро ибодат мекунем.

139       Бигў: «Оё дар бораи Худованд, бо мо муҳоҷҷа мекунед?! Дар ҳоле, ки Ў Парвардигори мо ва шумост ва амалҳои мо аз они мост ва амалҳои шумо аз они шумост. Ва мо Ўро бо ихлос парастиш мекунем (ва муваҳҳиди холисем)».

140       Ё мегӯед: «Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот, яҳудӣ ё насоронӣ буданд?!». Бигў: «Шумо беҳтар медонед ё Худо?! (Ва бо ин ки медонед, онҳо яҳудӣ ё насронӣ набуданд, чаро ҳақиқатро мепӯшонед?)». Ва чӣ касе ситамкортар аст, аз он кас, ки гувоҳӣ ва шаҳодати илоҳиро, ки назди ӯст, пинҳон мекунад?! Ва Худо аз амалҳои шумо ғофил нест.

141       (Ба ҳар ҳол), онҳо уммате буданд, ки даргузаштанд. Он чӣ карданд, барои худашон аст ва он чӣ ҳам шумо кардаед, барои худатон аст ва шумо масъули аъмоли онҳо нестед.

142       Ба зудӣ сабукмағзони аз мардум мегӯянд: «Чӣ чиз онҳо (мусулмонон)-ро аз қиблае, ки бар он буданд, бозгардонид?!». Бигў: «Машриқу мағриб аз они Худост, Худо ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад».

143       Ҳамон гуна, (ки қиблаи шумо як қиблаи миёна аст), шуморо низ, уммати миёнае қарор додем, (дар ҳадди эътидол миёни ифроту тафрит), то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар ҳам бар шумо гувоҳ бошад. Ва мо он қиблаеро, ки қаблан бар он будӣ, танҳо барои ин қарор додем, ки ашхосе, ки аз Паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онҳо, ки ба ақиб бозмегарданд, мушаххас шаванд. Ва ҳатман ин ҳукм, ҷуз бар касоне, ки Худованд, онҳоро ҳидоят кардааст, душвор буд. (Инро низ бидонед, ки намозҳои шумо дар баробари қиблаи собиқ дуруст будааст) ва Худо ҳаргиз имони (намози) шуморо зойеъ намегардонад, зеро Худованд нисбат ба мардум Раҳим ва Меҳрубон аст.

144       Нигоҳҳои интизоромези туро ба сӯи осмон, (бари таъйини қиблаи ниҳоӣ), мебинем. Акнун туро ба сӯи қиблае, ки аз он хушнуд бошӣ, бозмегардонем. Пас рӯи худро ба сӯи Масҷид-ул-ҳаром кун. Ва ҳар ҷо бошед, рӯи худро ба сӯи он бигардонед. Ва касоне, ки китоби осмонӣ ба онҳо дода шудааст, ба хубӣ медонанд, ин фармони ҳаққе аст, ки аз ноҳияи Парвардигорашон сордир шудааст (ва дар китобҳои худ хондаанд, ки Пайғамбари Ислом, ба сӯи ду қибла намоз мехонад). Ва Худованд аз амалҳои онҳо (дар пинҳон доштани ин оёт), ғофил нест.

145       Савганд, ки агра барои (ин гурӯҳ аз) аҳли китоб, ҳар гуна оят (ва нишона ва далеле) биёварӣ, аз қиблаи ту пайрвӣ нахоҳанд кард ва ту низ ҳеҷ гоҳ аз қиблаи онон пайрвӣ нахоҳӣ намуд. (Онҳо набояд тасавур кунанд, ки бори дигар тағйири қибла имконпазир аст). Ва ҳтто ҳеҷ як аз онҳо пайравӣ аз қибалаи дигарӣ нахоҳад кард. Ва агар ту пас аз ин огоҳӣ, пайравии ҳавсҳои онҳо кунӣ, ҳатман аз ситамгарон хоҳӣ буд.

146       Касоне, ки китоби осмонӣ ба онон додаем, ӯ (Паёмбар)-ро ҳамчун фарзандони худ мешиносанд, (вале) ҷамеъе аз онон, ҳақро огоҳона пинҳон мекунанд.

147       Ин (фармони тағйири қибла), ҳукми ҳаққе аз тарафи Парвардигори туст. Бинобар ин ҳаргиз аз шаккуанандагон дар он набош.

148       Ҳар тоифае қиблае дорад, ки Худованд онро таъйин кардааст. (Бинобар ин зиёд дар бораи қибла гуфтугӯ накунед ва ба ҷои он) дар некиҳо ва амалҳои хайр, бар якдигар пешӣ бигиред. Ҳар ҷо бошед Худованд ҳамаи шуморо (барои подош ва кайфар дар баробари амалҳои неку бад, дар рӯзи қиёмат) ҳозир мекунад, зеро Ў бар ҳар коре Тавоност.

149       Аз ҳар ҷо (ва аз ҳар шаҳру нуқтае), хориҷ шудӣ, (дар ҳангоми намоз) рӯи худро ба сўи «Масҷид-ул-ҳаром» кун. Ин дастури ҳаққе аз тарафи Парвардигори туст. Ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, ғофил нест.

150       Ва аз ҳар ҷо хориҷ шудӣ, рӯи худро ба сўи Масҷид-ул-ҳаром кун. Ва ҳар ҷо будед, рӯи худро ба сӯи он кунед,то мардум ҷуз золимон, (ки даст аз саркашӣ барнамедоранд), далеле бар зидди шумо надошта бошанд. (Зеро аз нишонаҳои Паёмбар, ки дар китобҳои осмонии пешин омадааст, ин аст, ки ӯ ба сӯи ду қибла намоз мехонад). Аз онҳо натарсед ва (танҳо) аз Ман битарсед! (Ин тағйири қибла ба хотири он буд, ки) неъмати худро бар шумо тамом кунам, шояд ҳидоят шавед.

151       Ҳамон гуна, (ки бо тағйири қибла неъмати худро барои шумо комил кардем), расуле аз худатон дар миёни шумо фиристодем, то оятҳои моро бар шумо бихонад ва шуморо пок кунад ва ба шумо китобу ҳикмат биёмӯзад ва он чиро намедонистед, ба шумо ёд диҳад.

152       Пас ба ёди ман бошед, то ба ёди шумо бошам. Ва шукри маро бигўед ва (дар баробари неъматҳоям) куфрон накунед.

153       Эй ашхосе, ки имон овардаед! Аз сабр (ва истиқомат) ва намоз кўмак бигиред. (Зеро) Худованд бо собирон аст.

154       Ва ба онҳо, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда нагӯед, балки онон зиндаанд, вале шумо намефаҳмед.

155       Қатъан ҳамаи шуморо бо чизе аз тарс, гуруснагӣ ва коҳиш дар молҳо ва ҷонҳо ва меваҳо озмоиш мекунем. Ва башорат деҳ ба истиқоматкунандагон.

156       Онҳо, ки ҳар гоҳ мусибате ба эшон мерасад, мегӯянд: «Мо аз они Худоем ва ба сўи Ў бозмегардем».

157       Инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки алтофу раҳмати Худо шомили ҳаолашон шуда ва онҳо ҳастанд, ҳидоятёфтагон.

158       «Сафо» ва «Марва» аз шаоир (ва нишонаҳои) Худост. Бинобар ин, касоне, ки ҳаҷҷи Хонаи Худо ва ё умра анҷом медиҳанд, монее нест, ки бар он ду, тавоф кунанд (ва саъйи Сафа ва Марва аноҷом диҳанд. Ва ҳаргиз амалҳои беравияи мушрикон, ки бутҳое бар ин ду кўҳ насб карда буданд, аз мавқеияти ин ду макони муқаддас намекоҳад). Ва касе, ки фармони Худоро дар анҷоми корҳои нек итоат кунад, Худованд (дар баробари амали ӯ) шукргузор ва (аз корҳои вай) огоҳ аст.

159       Касоне, ки далоили равшан ва василаи ҳидоятеро, ки нозил кардаем, баъд аз он ки дар китоб, барои мардум баён намудем, пинҳон кунанд, Худо онҳоро лаънат мекунад ва ҳама лаънкунандагон низ, онҳоро лаън мекунанд.

160       Магар онҳо, ки тавабаву бозгашт карданд ва (амалҳои бади худро бо амалҳои нек) ислоҳ намуданд (ва он чиро пинҳон кирда буданд, ошкор сохтанд). Ман тавбаи онҳоро мепазирам, ки ман Тавбапазир ва Меҳрубонам.

161       Касоне, ки кофир шуданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, лаъанати Худованд ва фариштагон ва ҳама мардум бар онҳо хоҳад буд.

162       Ҳамеша дар он (лаън ва дурӣ аз раҳмати Парвардигор), боқӣ мемонанд. На дар азоби онон сабукӣ дода мешавад ва на мўҳлате хоҳанд дошт.

163       Ва Худои шумо Худованди Ягона аст, ки ғайр аз Ў маъбуде нест. Ўст Бахшанда ва Меҳрубон (ва дорои раҳмати омму хос).

164       Дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шаб ва рӯз ва киштиҳое, ки дар дарё ба суди мардум дар ҳаракатанд ва обе, ки Худованд аз осмон нозил карда ва бо он заминро пас аз марг, зинда намуда ва анвои ҷунбандагонро дар он густарда ва (ҳамчунин) дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки миёни замину осмон мусахаранд, нишонаҳое аст, (аз зоти поки Худо ва Ягонагии Ў), барои мардуме, ки ақл доранд ва меандешанд.

165       Баъзе аз мардум маъбудҳое ғайр аз Худованд барои Худ интихоб мекунанд ва онҳоро ҳамчун Худо дӯст медоранд. Аммо онҳо ки имон доранд, ишқашон ба Худо (аз мушрикон нисбат ба маъбудҳояшон) шадидтар аст. Ва онҳо, ки ситам карданд (ва маъбуде ғайри Худо баргузиданд), ҳангоме, ки азоб (-и илоҳӣ)-ро мушоҳида кунанд, хоҳанд донист, ки тамоми қудрат аз они Худост ва Худо дорои муҷозоти шадид аст, (на маъбудҳои хиёлӣ, ки аз онҳо меҳаросанд).

166       Дар он ҳангом, раҳбарон (-и гумроҳ ва гумроҳкунанда) аз пайравони худ безорӣ меҷўянд ва кайфари Худоро мушоҳида мекунанд ва дасташон аз ҳама ҷо кўтоҳ мешавад.

167       Ва (дар ин ҳангом), пайравон мегӯянд: «Кош бори дигар ба дунё бар мегаштем, то аз онҳо (пешвоёни гумроҳ) безорӣ ҷўем, он чунон, ки онҳо (имрӯз) аз мо безорӣ ҷустанд. (Оре), Худованд ин чунин амалҳои онҳоро ба сурати ҳасратзое ба онон нишон медиҳад ва ҳаргиз аз оташи (дўзах) хориҷ нахоҳанд шуд.

168       Эй мардум! Аз он чӣ дар замин аст, ҳалолу покиза бихўред. Ва аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Зеро, ки ӯ душмани ошкори шумост.

169       Ӯ шуморо фақат ба бадиҳо ва кори зишт фармон медиҳад (ва низ дастур медиҳад), он чиро, ки намедонед, ба Худо нисбат диҳед.

170       Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Аз он чӣ Худо низил кардааст, пайравӣ кунед», мегӯянд: «На, мо аз он чӣ падарони худро бар он ёфтем, пайравӣ менамоем». Оё агар падарони онҳо чизе намефаҳманд ва ҳидоят наёфтанд, (боз аз онҳо пайравӣ хоҳанд кард?!).

171       Масали (ту дар даъвати) кофирон, монанди касе аст, ки (гўсфандон ва ҳайвонотро барои наҷот аз чанголи хатар), садо мезанад, вале онҳо чизе ҷуз сару садо намешунаванд (ва ҳақиқат ва мафҳуми гуфтори ӯро дарк намекунанд. Ин кофирон дар воқеъ) кару лолу нобино ҳастанд, аз ин рӯ чизе намефаҳманд.

172       Эй касоне, ки имон овардаед! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихўред ва шукри Худоро ба ҷо оваред, агар Ўро парастиш мекунед.

173       Худованд танҳо (гӯшти) мурдор, хун, гўшти хук ва он чиро номи ғайри Худо дар ҳангоми зибҳ, бар он гуфта шавад, ҳаром кардааст. (Вале) он кас, ки маҷбур шавад, дар сурате, ки ситамгар ва мутаҷовиз набошад, гуноҳе бар ӯ нест (ва метавонад барои ҳифзи ҷони худ, дар ҳангоми зарурат аз он бихўрад). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

174       Касоне, ки пинҳон мекунанд, он чиро Худо аз китоб нозил кардааст ва онро ба баҳои каме мефурўшанд, онҳо ҷуз оташ чизе намехўранд. (Ва ҳадоё ва амволе, ки аз ин раҳгузар ба даст меоваранд, дар ҳақиқат оташи сўзоне аст). Ва Худованд рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро покиза намекунад ва барои онон азоби дардноке аст.

175       Инон, ҳамонҳое ҳастанд, ки гумроҳиро бо ҳидоят ва азобро бо омурзиш, мубодила кардаанд. Ростӣ, чӣ қадар дар баробари азоби Худованд шакебо ҳастанд.

176       Инҳо ба хотири он аст, ки Худованд китоб (-и осмонӣ)-ро ба ҳақ (ва ҳамроҳ бо нишонаҳо ва далоили равашан) нозил карда ва онҳо, ки дар он ихтилоф мекунанд (ва бо китмону таҳриф ихтилоф ба вуҷуд меоваранд), дар шикоф ва (парокандагии) амиқе қарор доранд.

177       Некӣ, (танҳо) ин нест, ки (дар ҳангоми намоз) рӯи худро ба сӯи машриқ ва (ё) мағриб кунед (ва тамоми гуфтугӣи шумо дар бораи қибла ва тағйири он бошад ва ҳамаи вақт худро масруфи он созед), балки некӣ (ва некўкор) касе аст, ки ба Худо ва рӯзи растохез ва фариштагон ва китоб (-и осмонӣ) ва пайғамбарон имон оварда ва моли (худ)-ро бо ҳамаи алоқале, ки ба он дорад, ба хешовандону ятимону мискинону дармондагон дар роҳи Худо ва соилону бардагон, инфоқ мекунад, намозро барпо медорад ва закотро мепардозад ва (ҳамчунин) касоне, ки ба аҳди худ – ҳангоме ки аҳд бастанд — вафо мекунанд ва дар баробари маҳрумиятҳо ва бемориҳо ва дар майдони ҷанг, истиқомат ба харҷ медиҳанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки рост мгӯянд ва (гуфторашон бо эътиқодашон ҳамоҳанг аст). Ва инҳо ҳастанд парҳезгорон.

178       Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳукми қисос дар мавриди куштагон бар шумо навишта шудааст: озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас агар касе аз сӯи бародари (динии) худ, чизе ба ӯ бахшида шавад (ва ҳукми қисоси ӯ табдили ба хунбаҳо гардад), бояд аз роҳи писандида пайравӣ кунад. (Ва соҳиби хун ҳоли пардохткунандаи дияро дарназар бигирад). Ва ӯ (қотил) низ, ба некӣ дияро (ба валии мақтул) бипардозад (ва дар он сустӣ накунад). Ин, сабукӣ ва раҳмате аст аз ноҳияи Парвардигори шумо. Ва касе, ки баъд аз он таҷовуз кунад, азоби дардноке хоҳад дошт.

179       Ва барои шумо дар қисос, ҳаёту зиндагӣ аст, эй соҳибони хирад! Шояд шумо тақво пеша кунед.

180       Бар шумо навишта шуда: «Ҳангоме, ки яке аз шуморо марг фаро расад, агар чизи хубе (моле) аз худ ба ҷой гузоридааст, барои падару модар ва наздикон ба таври шоиста васият кунад. Ин ҳаққе аст бар парҳезгорон».

181       Пас касоне, ки баъд аз шуниданаш, онро тағйир диҳанд, гуноҳи он, танҳо бар касоне аст, ки он (васият)-ро тағйир медиҳанд. Худованд Шунаво ва Доност.

182       Ва касе, ки аз инҳирофи васияткунанда (ва майли якҷонибаи ӯ, ба баъзе ворисон), ё аз гуноҳи ӯ, (ки мободо васият ба кори хилофе кунад), битарсад ва миёни онҳоро ислоҳ диҳад, гуноҳе бар ӯ нест (ва шомили ҳукми табдили васият намебошад). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

183       Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шудааст, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, навишат шуд, то парҳезгор шавед.

184       Чанд рӯзи башумореро (бояд рӯза бидоред). Ва ҳар кас аз шумо бемор ё мусофир бошад, теъдоде аз рӯзҳои дигарро (рӯза бидорад). Ва бар касоне, ки рӯза барои онҳо тоқатфарсо аст, (ҳамчун беморони барҷомонда ва пирамардону пиразанон), лозим аст каффора бидиҳанд: мискинеро таом диҳанд. Ва касе, ки кори хайре анҷом диҳад, барои ӯ беҳтар аст. Ва рӯза доштан барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.

185       (Рӯза, дар чанд рӯзи маъдуди (муайяни) моҳи рамазон аст, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамоии мардум ва нишонаҳои ҳидоят ва фарқ миёни ҳаққу ботил, дар он нозил шудааст. Пас,он кас аз шумо, ки дар моҳи рамазон дар ҳазар бошад (яъне дар сафар набошад), рӯза бидорад. Ва он кас, ки бемор ё дар сафар аст, рӯзҳои дигареро ба ҷои он рӯза бигирад. Худованд, роҳатии шуморо мехоҳад, на заҳмати шуморо. Мақсад ин аст, ки ин рӯзҳоро такмил кунед. Вва Худоро бар ин ки шуморо ҳидоят кардааст, бузург бишуморед. Бошад, ки шукргузорӣ кунед.

186       Ва ҳангоме, ки бандагони ман аз ту дар бораи ман савол кунанд, (бигў:) Ман наздикам. Дуои дуокунандаро замоне, ки маро мехонад, посух мегӯям. Пас, бояд даъвати маро бипазиранд ва ба ман имон биёваранд, то роҳ ёбанд (ва ба мақсад бирасанд).

187       Омезиши ҷинсӣ бо ҳамсаронатон, дар шаби рӯзҳое, ки рӯза мегиред, ҳалол аст. Онҳо либоси шумо ҳастанд ва шуо либоси онҳо, (ҳар ду зинати ҳам ва сабаби ҳифзи якдигаред). Худованд медонист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед (ва ин кори манъшударо анҷом медодед). Пас, тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо бахшид. Акнун бо онҳо омезиш кунед ва он чиро Худо барои шумо муқарар доштааст, талаб намоед. Ва бихўреду биёшомед, то риштаи сафеди субҳ, аз риштаи сиёҳ (-и шаб) барои шумо ошкор гардад. Сипас рӯзаро, то шаб такмил кунед. Ва дар ҳоле, ки дар масоҷид ба эътикоф нишастаед, бо занон омезиш накунед. Ин, марзҳои илоҳӣ аст, пас ба он наздик нашавед. Худованд, ин чунин оёти худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезгор гарданд.

188       Ва амволи якдигарро ба ботил (ва ноҳақ) дар миёни худ нахўред. Ва барои хўрдани бахше аз амволи мардум, ба гуноҳ, (қисмате аз) онро (ба унвони ришва) ба қуззот надиҳед, дар ҳоле, ки медонед, (ин кор гуноҳ аст).

189       Дар бораи «Ҳилолҳои моҳ» аз ту савол мекунанд, бигў: «Онҳо, баёни вақтҳо (ва тақвими табиӣ) барои низоми зиндагии) мардум ва (таъйини вақти) ҳаҷ аст». Ва (он чунон, ки дар ҷоҳилият расм буд, ки ҳангоми ҳаҷ, ки ҷомаи эҳром мепӯшиданд, аз дари хона ворид намешуданд ва за роҳи пушти хона дохил мешуданд, накунед). Кори нек он нест, ки аз пушти хонаҳо дохил шавед, балки некӣ ин аст, ки парҳезгор бошед. Ва аз дари хонаҳо дохил шавед ва тақво пеша кунед, то растагор гардед.

190       Ва дар роҳи Худо бо касоне, ки бо шумо меҷанганд, набард кунедва аз ҳад таҷовуз накунед, ки Худо таҷовузгаронро дӯст намедорад.

191       Ва онҳоро (бутпарастоне, ки аз ҳеҷ гуна ҷиноёте ибо надоранд), ҳар куҷо ёфтед, ба қатл бирасонед. Ва аз он ҷо ки шуморо берун сохтанд (Макка), онҳоро берун кунед. Ва фитна (ва бутпарастӣ) аз куштор ҳам бадтар аст. Ва бо онҳо дар назди Масҷид-ул-ҳаром (дар минтақаи ҳарам) ҷанг накунед, магар ин ки дар он ҷо бо шумо биҷанганд. Пас, агар (дар он ҷо) бо шумо пайкор карданд, онҳоро ба қатл бирасонед. Чунин аст ҷазои кофирон.

192       Ва агар худдорӣ карданд, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

193       Ва бо онҳо биҷангед, то фитна (ва бутпарастӣ ва гирифтани озодӣ аз мардум), боқӣ намонад ва дин махсуси Худо гардад. Пас,агар (аз равиши нодрусти худ) даст бардоштанд, (музоҳими онҳо нашавед, зеро) таҷовуз ҷуз бар ситамгарон раво нест.

194       Моҳи ҳаром дар баробари маҳи ҳаром. (Агар душманон эҳтирми онро шикастанд ва дар он бо шумо ҷангиданд, шумо низ ҳақ доред муқобила ба мисл кунед). Ва тамоми ҳаромҳо (қобили) қисос аст. Ва (ба таври куллӣ), ҳар кас ба шумо таҷовуз кард, монанди он бар ӯ таҷовуз кунед. Ва аз Худо бипарҳезед (ва зиёдаравӣ нанамоед). Ва бидонед, худо бо парҳезгорон аст.

195       Ва дар роҳи Худо инфоқ кунед. Ва (бо тарки инфақ) худро ба дасти худ, ба ҳалокат наяфканед. Ва некӣ кунед, ки Худованд некӯкоронро дӯст медорад.

196       Ва ҳаҷ ва умраро барои Худо ба итмом бирасонед. Ва агар маҳсур шудед (ва монее монанди тарс аз душман ё беморӣ иҷозат надод, ки пас аз эҳром бастанд, дохили Макка шавед), он чӣ аз қурбонӣ фароҳам шавад, (зибҳ кунед ва аз эҳром хориҷ шавед). Ва сарҳои худро наторшед, то қурбонӣ ба маҳаллаш бирасад (ва дар қурбонгоҳ зибҳ шавад). Ва агар касе аз шумо бемор буд ва ё норҳатӣ дар сар дошт (ва ночор буд, сари худро битарошад), бояд фидя ва каффорае аз қабили рӯза ё садақа ё гўсфанде бидиҳад. Ва ҳангоме, ки (аз беморӣ ва душман) дар амон будед, ҳар кас бо хатми умра, ҳаҷро оғоз кунад, он чӣ аз қурбонӣ барои ӯ муяссар аст, (зибҳ кунад). Ва ҳар кас наёфт, се рӯз дар айёми ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме, ки бозмегардед, рӯза бидорад. Ин, даҳ рўзи комил аст. (Албатта) ин барои касе аст, ки хонаводаи ӯ назди Масҷид-ул-ҳаром набошад, (аҳли Макка ва атрофи он набошад). Ва аз Худо бипарҳезед ва бидонед, ки Ў сахткайфар аст.

197       Ҳаҷ дар моҳҳои муайяне аст. Ва касоне, ки (бо бастани эҳром ва шурўъ ба моносики ҳаҷ), ҳаҷро бар худ фарз кардаанд, (бояд бидонанд, ки) дар ҳаҷ, омезишӣ ҷинсӣ бо занон ва гуноҳу ҷидол нест. Ва он чӣ аз корҳои нек анҷом диҳед, Худо онро медонад. Ва зоду тўша таҳия кунед, ки беҳтарин зоду тўша, парҳезгорӣ аст. Ва аз Ман бипарҳезед, эй хирадмандон!

198       Гуноҳе бар шумо нест, ки аз фазли Парвардигоратон (ва аз манофеи иқтисодӣ дар айёми ҳаҷ) талаб кунед, (ки яке аз манофеи ҳаҷ, пайрезии як иқтисоди саҳеҳ аст). Ва ҳангоме, ки аз «Арафот» кўч кардед, Худоро назди «Машъар-ул-ҳаром» ёд кунед. ўро ёд кунед, ҳамон тавре, ки шуморо ҳидоят намуд ва қатъан шумо пеш аз ин, аз гумроҳон будед.

199       Сипас аз ҳамон ҷо ки мардум кўч мекунанд, (ба сӯи сазамини Мино) кўч кунед. Ва аз худованд омурзиш биталабед, ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст.

200       Ва ҳангоме, ки маносики (ҳаҷҷи) худро анҷом додед, Худоро ёд кунед, монанди ёдоварӣ аз падаронатон, (он гуна, ки расми он замон буд), балки аз он ҳам бештар. (Дар ин маросим мардум ду гурӯҳанд:) баъзе аз мардум мегӯянд: «Худовандо! Ба мо дар дунё «некӣ» ато кун». Вале дар охират баҳрае надоранд.

201       Ва баъзе мегӯянд: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё «некӣ» ато кун. Ва ва дар охират низ «некӣ» марҳамат фармо. Ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор».

202       Онҳо аз кор (ва дуои) худ насиб ва баҳрае доранд ва Худованд саре-ул-ҳисоб аст.

203       Ва Худоро дар рӯзҳои муайяне ёд кунед: (рӯзҳои 11 — 12 — 13 моҳи зилҳиҷҷа). Ва ҳар кас шитоб кунад (ва зикри Худоро) дар ду рӯз анҷом диҳад, гуноҳе бар ӯ нест ва ҳар ки дер кунад (ва се рӯз анҷом диҳад низ), гуноҳе бар ӯ нест, барои касе, ки тақво пеша кунад. Ва за худо бипарҳезед. Ва бидонед, ки шумо ба сӯи Ў маҳшур хоҳед шуд.

204       Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки гуфтори онҳо дар зиндагии дунё сабаби тааҷҷуби ту мешавад, (дар зоҳир изҳори муҳаббати шадид мекунанд) ва Худоро бар он чӣ дар дил доранд, гувоҳ мегиранд. (Ин дар ҳоле аст, ки онҳо сарсахтарин душманонанд.

205       (Нишонаи он, ин аст, ки) ҳангоме, ки рӯй бармегардонанд (ва аз назди ту хориҷ мешаванд), дар роҳ фасод дар замин кушиш мекунанд ва зироатҳо ва чаҳорпоёнро наобуд месозанд, (бо ин ки медонад), Худо фасодро дӯст намедорад.

206       Ва ҳагноме, ки бо онҳо гуфта шавад: «Аз Худо битарсед!» (Саркашии онон бештар мешавад) ва саркашиву таасуб ноҳоро ба гуноҳ мекашонад. Оташи дўзах брои онҳо кофӣ аст ва чӣ бад чойгоҳе аст!

207       Баъзе аз мардум (-и бо имон ва фидокор ҳамчун Алӣ (а), дар «Лайлат-ул-мабит», дар ҳангоми хуфтан дар ҷойгоҳи Пайғамбар (с) ҷони худро ба хотири хушнудии Худо мефрўшанд. Ва Худованд нисбат ба бандагон Меҳрубон аст.

208       Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамагӣ дар сулҳу оштӣ дароед ва аз қадамҳои шайтон пайравӣ накунед, ки ӯ душмани ошкори шумост.

209       Ва агар баъд аз ин ҳама нишонаҳои равшан, ки барои шумо омадааст, лағзиш кардед (ва гумроҳ шудед), бидонед, (аз чанголи адолати Худо гурез натавонед кард), ки Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

210       Оё (пайравони фармони шайтон, пас аз ин ҳама нишонаҳо ва барномаҳои равшан), интизор доранд, ки Худованд ва фариштагон, дар сояҳое аз абрҳо ба сӯи онон биёянд (ва далелҳои наве дар ихтиёрашон бигузоранд?! Бо ин ки чунин чизе маҳол аст). Ва ҳамаи чиз анҷом шуда ва ҳамаи корҳо ба сӯи Худо бозгардонида мешавад.

211       Аз Банӣ Исроил бипурс: «Чӣ андоза нишонаҳои равшан ба онҳо додем?», (вале онҳо неъматҳо ва имконоти моддӣ ва маънавӣро, ки Худованд дар ихтиёрашон гузошта буд, дар роҳи ғалат ба кор гирифтанд). Ва касе, ки неъмати Худоро пас аз он ки ба суроғаш омад, табдил кунад (ва дар роҳи хилоф ба кор гирад, гирифтори азоби шадиди илоҳӣ хоҳад шуд), ки Худованд сахткайфар аст.

212       Зиндагии дунё барои кофирон зинат дода шудааст. Аз ин рў ашхоси боимонро, (ки гоҳе дасташон холӣ аст), масхара мекунанд, дар ҳоле, ки парҳезгорон дар қиёмат болотар аз онҳо ҳастанд, (зеро ки арзишҳои ҳақиқӣ дар он ҷо ошкор мегардад ва сурати айнӣ ба худ мегирад). Ва Худован ҳар каср бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад.

213       Мардум дар оғоз як даста буданд (ва зиддияте дар миёни онҳо вуҷуд надошт. Оҳиста – оҳиста ҷомеаҳо ва табақот падид омад ва ихтилофоту зиддиятҳое дар миёни онҳо пайдо шуд, дар ин ҳол) Худованд паёмбаронро барангехт, то мардумро башорат ва бим диҳанд ва китоби осмонӣ, ки ба сӯи ҳақ даъват мекард, бо онҳо нозил намуд, то дар миёни мардум, дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ кунад. (Ашхоси боимон дар он ихтилоф накарданд), танҳо (гурӯҳе аз) касоне, ки китобро дарёфт карда буданд ва нишонаҳои равшан ба онҳо расида буд, ба хотири инҳироф аз ҳақ ва ситамгарӣ, дар он ихтилоф карданд. Худованд онҳоеро, ки имон оварда буданд, ба ҳақиқати он чи мавриди ихтилоф буд, ба фармони худаш раҳбарӣ намуд. (Аммо ашхоси беимон, ҳамчунон дар гумроҳӣ ва ихтилоф боқӣ монданд). Ва Худо ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

214       Оё гумон кардед дохили биҳишт мешавед, бе он ки ҳодисаҳое монанди ҳодисаҳои гузаштагон ба шумо бирасд?! Ҳамонон, ки гирифториҳо ва нороҳатиҳо ба онҳо расид ва он чунон норҳат шуданд, ки Паёмбар ва ашхосе, ки бо ў имон оварда буданд, гуфтанд: «Пас ёрии Худо кай хоҳад омад?!». (Дар ин ҳангом талаби ёрӣ аз Ў карданд ва ба онҳо гуфта шуд:) Огоҳ бошед, ёрии Худо наздик аст.

215       Аз ту савол мекунанд, чӣ чиз инфоқ кунанд? Бигў: «Ҳар хайру некӣ (ва сармояи моддӣ ва маънавӣ), ки инфоқ мекунед, бояд барои падару модар ва наздикону ятимону мустамандон ва дармондагони дар роҳ бошад». Ва ҳар кори хайре, ки онҷом диҳед, Худованд аз он огоҳ аст. (Лозим нест худнамоӣ кунед, Ў медонад).

216       Ҷиҳод дар роҳи Худо бар шумо муқарар шуд, дар ҳоле, ки бароятон нохушоянд аст. Чӣ басо чизеро хуш надошта бошед, ҳол он ки хайри шумо дар он аст. Ва ё чизеро дўст дошта бошед, ҳол он ки шарри шумо дар он аст. ВаХудо медонад ва шумо намедонед.

217       Аз ту дар бораи ҷанг кардан дар моҳи ҳаром савол мекунанд, бигў: «Ҷанг дар он (гуноҳи) бузурге аст, вале пешгирӣ аз роҳи Худо (ва гароиши мардум ба оини ҳақ) ва куфр варзиданд нисбат ба Ў ва ҳатки эҳтироми Масҷид-ул-ҳаром ва хориҷ кардани сокинони он, назди Худованд муҳимтар аз он аст ва эҷоди фитна (ва муҳити номуносиб, ки мардумро ба куфр ташвиқ мекунад ва аз имон боз медорад), ҳатто аз қатл болотар аст. Ва мушрикон ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд шуморо аз оинатон баргардонанд, вале касе, ки аз оинаш баргардад ва дар ҳоли куфр бимирад, тамоми амалҳои неки (гузаштаи) ӯ, дар дунёву охират барбод меравад ва онон аҳли дўзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд.

218       Касоне, ки имон оварда ва касоне, ки ҳиҷрат карда ва дар роҳи Худо ҷиҳод намудаанд, онҳо умед ба раҳмати Парвардигор доранд ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

219       Дар бораи шароб ва қимор аз ту савол мекунанд, бигў: «Дар онҳо гуноҳ ва зиёни бузурге аст ва манфиъатҳое аз (назари моддӣ) барои мардум дарбар дорад, (вале) гуноҳи онҳо аз нафъашон бештар аст. Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз инфоқ кунанд?». Бигў: «Аз мозоди ниёзмандии худ». Ин чунин Худованд оётро барои шумо равшан месозад, шояд андеша кунед.

220       (То андеша кунед) дар бораи дунёву охират. Ва аз ту дар бораи ятмон савол мекунанд, бигў: «Ислоҳи кори онҳо беҳтар аст. Ва агар зиндагии худро бо зиндагии онҳо биёмезед, (монее надорад), онҳо бародар (-и динии) шумо ҳастанд». (Ва ҳамчун як бародар бо онҳо рафтор кунед). Худованд муфсидонро аз муслиҳон мешиносад. Ва агар Худо бихоҳад, шуморо ба заҳмат меандозад (ва дастур медиҳад дар айни сапарастии ятимон, зиндагӣ ва амволи онҳоро ба куллӣ аз амволи худ ҷудо созед, вале Худованд чунин намекунад), зеро Ў Тавоно ва Ҳаким аст.

221       Ва бо занони мушрику бутпараст, то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед, (агар чи ҷуз бо канизон ба издивоҷ дастрасӣ надошта бошед, зеро) канизи боимон аз зани озоди бутпараст беҳтар аст, ҳар чанд (зебоӣ ё сарват ё мақоми ӯ) шуморо ба ҳайрат оварад. Ва занони худро ба издивоҷи мардони бутпараст, то имон наёвардаанд, дар наёваред. (Агар чӣ ночор шавед, онҳоро ба ҳамсарии ғуломони боимон дароваред, зеро) як ғуломи боимон аз як марди озоди бутпараст беҳтар аст, ҳар чанд (молу мақом ва зебоии ӯ) шуморо ба тааҷуб оварад. Онҳо даъват ба сӯи оташ мекунанд ва Худо даъват ба биҳишт ва омурзиш ба фармони худ менамояд ва нишонаҳои худро барои мардум равшан месозад, шояд мутазакир шаванд.

222       Ва аз ту дар бораи ҳайз савол мекунанд, бигў: «Чизи зиёнбор ва олудае аст, аз ин рў дар ҳолати қаидагӣ, аз занон канорагирӣ кунед ва бо онҳо наздикӣ нанамоед, то пок шванд. Ва ҳангоме, ки пок шуданд, аз тариқе, ки Худо ба шумо фармон додааст, бо онҳо омезиш кунед. Худованд тавбакунандагонро дӯст дорад ва поконро (низ) дӯст дорад.

223       Занони шумо маҳалли базрафшонии шумо ҳастанд, пас ҳар замоне, ки бихоҳед, метавонед бо онҳо омезиш кунед. Ва (саъй намоед аз ин фурсат баҳра гирифта, бо парвариши фарзандони солеҳ), асари неке барои худ аз пеш бифиристед. Ва аз Худо бипарҳезед ва бидонед Ўро мулоқот хоҳед кард. Ва ба мӯъминон башорат деҳ.

224       Худоро дар маърази савагандҳои худ қарор надиҳед. Ва барои ин ки некӣ кунед ва тақво пеша созед ва дар миёни мардум ислоҳ кунед, (савганд ёд нанамоед). Ва Худованд Шунаво ва Доност.

225       Худованд шуморо ба хотири савгандҳое, ки бедиққат ёд мекунед, муохаза нахоҳад кард, аммо ба он чӣ дилҳои шумо касб кардааст (ва савгандҳое аз рӯи иродаву ихтиёр ёд мекунед), муохаза мекунад. Ва Худовад Омурзанда ва Бурдбор аст.

226       Касоне, ки занони худро «илоъ» менамоянд, (савганд ёд мекунанд, ки бо онҳо омезиши ҷинсӣ нанмоянд), ҳақ доранд чаҳор моҳ интизор бикашанд. (Ва дар зимни ин чаҳор моҳ, вазъи худро бо ҳамсари худ, аз назари идомаи зиндагӣ ё талоқ равшан созанд). Агар (дар ин фурсат) бозгашт кунанд, (чизе бар онҳо нест, зеро) Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

227       Ва агар қасд ба ҷудоӣ гирифтанд, (он ҳам бо шароиташ монее надорад), Худованд Шунаво ва Доност.

228       Занони талоқшуда, бояд ба мудати се мартаба одати моҳона дидан (ва пок шудан), интизор бикашанд, (идда нигоҳ доранд). Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, барои онҳо ҳалол нест, ки он чиро Худо дар раҳимҳояшон офарида, пинҳон кунанд. Ва ҳамсаронашон, барои бозгардондани онҳо (ва аз саргирифтани зиндагии заношуӣ) дар ин мудат, (аз дигрон) сазовортаранд, дар сурате, ки (ба ростӣ) хоҳони ислоҳ бошанд. Ва барои занон, монанди вазоифе, ки бар дўши онҳост, ҳуқуқи шоистае қарор дода шуда ва мардон бар онҳо бартарӣ доранд. Ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

229       Талоқ, (талоқе, ки руҷўъ ва бозгашт дорад), ду мартаба аст. (Ва дар ҳар мартаба), бояд ба таври шоиста ҳамсари худро нигаҳдорӣ кунад (ва оштӣ намояд) ё бо некӣ ӯро раҳо созад (ва аз ӯ ҷудо шавад). Ва барои шумо ҳалол нест, ки чизе аз он чӣ ба онҳо додаед, пас бигиред, магар ин ки ду ҳамсар битарсанд, ки ҳудуди илоҳиро барпо надоранд. Агар битарсед, ки ҳудуди илоҳиро риоят накунанд, монее барои онҳо нест, ки зан фидя ва ивазе бипардозад (ва талоқ бигирад). Инҳо ҳудуд ва марзҳои илоҳӣ аст, аз он таҷовуз накунед. Ва ҳар кас аз он таҷовуз кунад, ситамгар аст.

230       Агар (баъд аз ду талоқ ва руҷўъ, бори дигар) ӯро талоқ дод, аз он ба баъд зан бар ӯ ҳалол нахоҳад буд, магар ин ки ҳамсари дигаре интихоб кунад (ва бо ӯ омезиши ҷинсӣ намояд. Дар ин сурат) агар (ҳамсари дуввум) ўро талоқ гуфт, гуноҳе надорад, ки бозгашт кунанд (ва бо ҳамсари аввл дубора издивоҷ намояд), дар сурате, ки умед дошта бошанд, ки ҳудуди илоҳиро мўҳтарам мешуморанд. Инҳо ҳудуди илоҳӣ аст, ки (Худо) онро барои гурӯҳе, ки огоҳанд, баён менамояд.

231       Ва ҳагоме, ки занонро талоқ додед ва ба охирин рӯзҳои «идда» расиданд, ё ба тарзи саҳеҳе онҳоро нигаҳ доред (ва оштӣ кунед) ва ё ба тарзи писандидае онҳоро раҳо созед. Ва ҳеҷ гоҳ ба хотири зиён расонидан ва таҷовуз кардан онҳоро нигоҳ надоред. Ва касе, ки чунин кунад, ба худ ситам кардааст. Ва (бо ин амалҳо ва сўистифода аз қонунҳои илоҳӣ), оёти Худоро ба истеҳзо нагиред. Ва ба ёд оваред неъмати Худоро бар худ ва китоби осмонӣ ва илму донише, ки бар шумо низил карда ва шуморо бо он панд медиҳад. Ва аз худо бипарҳезед. Ва бидонед, Худованд аз ҳар чизе огоҳ аст (ва аз ниятҳои касоне, ки аз қонунҳои Ў сўистифода мекунанд, бохабар аст).

232       Ва ҳангоме, ки занонро талоқ додед ва иддаи худро ба поён расонданд, монеи онҳо нашавед, ки бо ҳамсарони (собиқи) худ издивоҷ кунанд, агар дар миёни онон ба тарзи писандидае ризоят барқарор гардад. Ин дастуре аст, ки танҳо ашхосе аз шумо, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат доранд, аз он панд мегиранд (ва ба он амал мекунанд). Ин (дастур) барои рушди (хонаводаҳои) шумо муассиртар ва барои шустани олудагиҳо муфидтар аст ва Худо медонад ва шумо намедонед.

233       Модарон,фарзандони худро ду соли тамом шир медиҳанд. (Ин) барои касе аст, ки бихоҳад даврони ширхорагиро комил кунад. Ва бар он касе, ки фарзанд барои ӯ таваллуд шуда (падар), лозим аст, хўрок ва пўшоки модарро ба таври шоиста (дар муддати шир додан бипардозад, ҳатто агар талоқ гирифта бошад). Ҳеҷ кас вазифадор ба беш аз миқдори тавоноии худ нест. На модар (ба хотири ихоилоф бо падар) ҳаққи зарар задан ба кӯдакро дорад ва на падар. Ва бар вориси ӯ низ лозим аст, ин корро анҷом диҳад, (ҳазинаи модарро дар даврони ширхорагӣ таъмин намояд). Ва агар он ду бо ризояти якдигар ва машварат, бихоҳанд кӯдакро (зудтар) аз шир бозгиранд, гуноҳе бар онҳо нест. Ва агар (бо тавон надоштан ё тавофуқ накардани модар), хостед дояе барои фарзандони худ бигиред, гуноҳе бар шумо нест, ба шарти ин ки ҳаққи гузаштаи модарро ба таври шоиста бидиҳед. Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед. Ва бидонед Худо ба он чӣ анҷом медиҳед бинаст.

234       Ва касоне, ки аз шумо мемиранд ва ҳамсароне боқӣ мегузоранд, бояд чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор бикашанд (ва ида нигоҳ доранд). Ва ҳангоме, ки ба охири мудаташон расданд, гуноҳе бар шумо нест, ки ҳар чӣ мехоҳанд, дар бораи худашон ба таври шоиста анҷом диҳанд (ва бо марди дилхоҳи худ издивоҷ кунанд). Ва Худо ба он чӣ амал мекунед, огоҳ аст.

235       Ва гуноҳе бар шумо нест, ки ба таври киноя (аз заноне, ки ҳамсаронашон мурдаанд), хостгорӣ кунед ва ё дар дил тасмим бар ин кор бигеред, (бе он ки онро изҳор кунед). Худованд медонист шумо ба ёди онҳо хоҳед афтод (ва бо хостаи табиии шумо ба шакли маъқул мухолиф нест), вале пинҳонӣ бо онҳо қарори заношуӣ нагузоред, магар ин ки ба тарзи писандидае (ба таври киноя) изҳор кунед. (Вале дар ҳар ҳол), иқдом ба издивоҷ нанмоед, то иддаи онҳо фаро расад. Ва бидонед Худованд он чиро дар дил доред, медонад. Аз мухолифати Ў бипарҳезед. Ва бидонед Худованд Омурзанда ва Бурдбор аст (ва дар муҷозоти бандагон шитоб намекунад).

236       Агар занонро пеш аз омезиши ҷинсӣ ё таъйини маҳр, (ба иллотҳое) талоқ диҳед, гуноҳе бар шумо нест. (Ва дар ин ҳангом) онҳоро (бо ҳадяи муносибе) баҳраманд созед. Он кас, ки тавоноӣ дорад, ба андозаи тавоноияш ва он кас, ки тангдаст аст, ба андозаи худаш, ҳадяи шоистае, (ки муносиби ҳоли диҳанда ва гиранда бошад), бидиҳад. Ва ин ба некўкорон лозим аст.

237       Ва агар занонро пеш аз он ки бо онҳо тамос бигиред ва (омезиши ҷинсӣ кунед), талоқ диҳед, дар ҳоле, ки маҳре барои онҳо таъйин кардаед, (лозим аст) нисфи он чиро таъйин кардаед, (ба онҳо бидиҳед), магар ин ки онҳо (ҳаққи худро) бибахшанд ё (дар сурате, ки ноболиғ ва беақл бошанд, вале онҳо, яъне) он кас, ки гиреҳи издивоҷ ба дасти ӯст, онро бибахшад. Ва гузашт кардани шумо (ва бахшидани тамоми маҳр ба онҳо) ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва гузашту некўкориро дар миёни худ фаромўш накунед, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, биност.

238       Дар анҷоми ҳама намозҳо ва (ба хусус) намозҳои вусто (намози пешин), кўшо бошед. Ва за рўи хузўъ ва итоат, барои Худо ба по хезед.

239       Ва агар (ба хотири ҷанг ё хатари дигаре) битарсед, (намозро) дар ҳоли пиёда ё савора анҷом диҳед. Аммо ҳангоме, ки амнияти худро боз ёфтед, Худоро ёд кунед. (Намозро ба сурати оддӣ бихонед), ҳамон гуна, ки Худованд чизҳоеро, ки намедонистед, ба шумо таълим дод.

240       Ва касоне, ки аз шумо дар остонаи марг қарор мегиранд ва ҳамсароне аз худ ба ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсарони худ васият кунанд, ки то як сол, онҳоро (бо пардохтани ҳазинаи зиндагӣ), баҳраманд созанд, ба шарти ин ки онҳо (аз хонаи шавҳар) берун нараванд (ва иқдом ба издивоҷи дубора накунанд). Ва агар берун раванд, (ҳаққе дар ҳазна надоранд, вале) гуноҳе бар шумо нест, нисбат ба он чӣ дар бораи худ ба таври шоиста анҷом медиҳанд. Ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

241       Ва барои занони талоқ шуда, ҳадяи муносибе лозим аст, (ки аз тарафи шавҳар пардохт гардад). Ин ҳаққе аст бар мардон парҳезгор.

242       Ин чунин Худованд оёти худро барои шумо шарҳ медиҳад, шояд андеша кунед.

243       Оё надидӣ ҷамъиятеро, ки аз тарси марг аз хонаҳои худ гурехтанд ва онҳо ҳазорҳо нафар буданд?! (Ки ба баҳонаи бемории тоун, аз ширкат дар майдони ҷиҳод худдорӣ намуданд). Худованд ба онҳо гуфт: «Бимиред!» (ва ба ҳамон бемрӣ, ки онро баҳона қарор дода буданд, мурданд). Сипас Худо онҳоро зинада кард (ва моҷарои зиндагии онҳоро дарси ибрате барои ояндагон, қарор дод). Худованд нисбат ба бандагони худ (эҳсон мекунад, вале бештари мардум шукри (Ўро) ба ҷо намеоваранд.

244       Ва дар роҳи Худо пайкор кунед ва бидонед Худованд Шунаво ва Доност.

245       Кист ки ба Худо «қарз-ул-ҳасанае» диҳад, (ва аз молҳое ки Худо ба ӯ бахшидааст, инфоқ кунад), то онро барои ӯ чандин баробар кунад? Ва Худованд аст, (ки рӯзии бандагонро) маҳдуд ё густарда месозад. (Ва инфоқ ҳаргиз сабаби камбуди рӯзии онҳо намешавад). Ва ба сӯи ӯ бозгардонида мешавед (ва подоши худро хоҳед гирифт).

246       Оё мушоҳида накардӣ гурӯҳе аз Бани Исроилро баъд аз Мусо, ки ба паёмбари худ гуфтанд: «Зимомдор (ва фармондеҳе) барои мо интихоб кун, то (зери фармони ӯ) дар роҳи Худо биҷангем». (Паёмбари онҳо) гуфт: «Шояд агар дастури ҷанг барои шумо дода шавад, (сарпечӣ кунед ва) дар роҳи Худо ҷиҳод ва ҷанг накунед!». Гуфтанд: «Чӣ гуна мумкин аст дар роҳи Худо пайкор накунем, дар ҳоле, ки аз хонаҳо ва фарзандонамон ронда шудаем (ва шаҳрҳои мо ба василаи душман ишғол ва фарзандони мо асир шудаанд?!)». Аммо ҳагоме, ки достури пайкор ба онҳо дода шуд, ҷуз шумори каме аз онон, ҳама сарпечӣ карданд. Ва Худованд аз ситамкорон огоҳ аст.

247       Ва Паёмбарашон ба онҳо гуфт: «Худованд «Толут»-ро барои зимомдории шумо мабъус (ва интихоб) кардааст». Гуфтанд: «Чӣ гуна ӯ бар мо ҳукумат кунад, бо ин ки мо аз ӯ шоистатарем ва ӯ сарвати зиёде надорад?!». Гуфт: «Худо ӯро бар шумо баргузида ва ӯро дар илм ва (қудрати) ҷисм вусъат бахшидааст. Худованд мулкашро ба ҳар кас бихоҳад, мебахшад. Ва эҳсони Худованд васеъ аст ва (аз лаёқати ашхос барои мансабҳо) огоҳ аст».

248       Ва Паёмбарашон ба онҳо гуфт: «Нишонаи ҳукумати ӯ ин аст, ки «сандуқи аҳд» ба сӯи шумо хоҳад омад. (Ҳамон сандуқе, ки) дар он оромише аз Парвардигои шумо ва ёдгорҳои хонадони Мўсо ва Ҳорун қарор дорад, дар ҳоле, ки фариштагон онро ҳамл мекунанд. Дар ин мавзӯъ нишонае (равшан) барои шумост, агар имон дошта бошед».

249       Ва ҳангоме ки Толут (ба фармондеҳии лашкари Бани Исроил мансуб шуд ва) сипоҳиёнро бо худ берун бурд, ба онҳо гуфт: «Худованд шуморо ба василаи як наҳри об озмоиш мекунад, онҳо (ки ба ҳангоми ташнагӣ) аз он бинўшанд аз ман нестанд ва онҳо, ки ҷуз як паймона бо дасти худ бештар аз он нахўранд аз ман ҳастанд». Пас ҷуз шумори каме, ҳамагӣ аз он об нўшиданд. Сипас ҳангоме, ки ӯ ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд (ва аз бўтаи озмоиш солим бадар омаданд), аз он наҳр гузаштанд, (аз камии нафароти худ нороҳат шуданд ва шуморе) гуфтанд: «Имрӯз мо тавоноии муқобила бо «Ҷолут» ва сипоҳиёни ӯро надорем». Аммо онҳо, ки медонистанд Худоро мулоқот хоҳанд кард (ва ба рӯзи қиёмат имон доштанд), гуфтанд: «Чӣ бисёр гурӯҳҳои кўчаке, ки ба фармони Худо бар гурӯҳои азиме пирӯз шуданд». Ва Худованд бо собирон (ва истиқоматкунандагон) аст.

250       Ва ҳангоме ки дар баробари «Ҷолут» ва аскарони ӯ қарор гирифтанд, гуфтанд: «Парвардигоро! Паймонаи сабру истиқоматро бар мо бирез ва қадамҳои моро собит бидор ва моро бар ҷамъияти кофирон, пирӯз бигардон».

251       Сипас ба фармони Худо онҳо аскари душманро ба ҳазимат водоштанд. Ва «Довуд» (навҷавони неруманд ва шуҷое, ки дар лашкари «Толут» буд), «Ҷолут»-ро кушт ва Худованд ҳукумату донишро ба ӯ бахшид ва аз он чӣ мехост, ба ӯ таълим дод. Ва агар Худованд баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, заминро фасод фаро мегирифт, вале Худованд нисбат ба ҷаҳониён лутфу эҳсон дорад.

252       Инҳо оёти Худост, ки ба ҳақ ба ту мехонем ва ту аз расулони (мо) ҳастӣ.

253       Баъзе аз он расулонро бар баъзе дигар бартарӣ додем, баъзе аз онҳо, Худо бо ӯ сухан мегуфт ва баъзеро дараҷоти бартаре дод ва ба Исо ибни Марям нишонаҳои равшан додем ва ӯро бо «Рўҳ-ул-қудус» таъйид намудем, (вале фазилату мақоми он паёмбарон, менеи ихтилофи умматҳо нашуд). Ва агар Худо мехост, касоне, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он ҳама нишонаҳои равшан, ки барои онҳо омад, ҷангу ситез намекарданд, (аммо Худо мардумро маҷбур насохтааст ва онҳоро дар паймудани роҳи саъодат озод гузоридааст), вале ин умматҳо буданд, ки бо ҳам ихтилоф карданд, баъзе имон оварданд ва баъзе кофир шуданд (ва ҷангу хунрезӣ буруз кард. Ва боз) агар Худо мехост бо ҳам ҷанг намекарданд, вале Худованд он чиро мехоҳад (аз рӯи ҳикмат) анҷом медиҳад (ва ҳеҷ касро ба қабули чизе маҷбур намекунад).

254       Эй касоне, ки имон овардаед! Аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед. Пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он, на хариду фурўш аст, (то битавонед саодату наҷот аз кайфарро барои худ, харидорӣ кунед) ва на дӯстӣ (ва рафоқатҳои моддӣ суде дорад) ва на шафоат, (зеро шумо шоистаи шафоат нахоҳед буд). Ва кофирон худ ситамгаранд (ҳам ба худашон ситам мекунанд, ҳам ба дигарон).

255       Ҳеҷ маъбуде нест ҷуз Худованди Ягонаи Зинда, ки қоим ба зоти хеш аст ва мавҷудоти дигар қоим ба Ў ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ хоби сабук ва сангине Ўро фаро намегирад (ва лаҳзае аз тадбири ҷоҳони ҳастӣ ғофил намемонад), он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст. Кист, ки дар назди Ў ҷуз фармони ӯ шафоъат кунад?! (Банобар ин шафоати шаофаткунандагон барои онҳо, ки шоистаи шафоатанд, аз моликияти мутлақаи Ў намекоҳад). Он чиро дар пеши рӯи онҳо (бандагон) ва пушти сарашон аст, медонад (ва гузашта ва оянда дар пешгоҳи илми Ў яксон аст). Ва касе аз илми Ў огоҳ намегардад, ҷуз миқдоре, ки Ў бихоҳад. (Ўст, ки ба ҳамаи чиз огоҳ аст ва илму дониши маҳдуди дигарон, партаве аз илми бепоён ва номаҳдуди Ўст). Тахти (ҳукумати) Ў осмонҳо ва заминро дарбаргирифта ва нигаҳдории он ду (осмону замин), Ўро хаста намекунад. Баландии мақому азамат, махсуси Ўст.

256       Дар қабули дин иҷборе нест. (Зеро) роҳи дуруст аз роҳи каҷ равшан шудааст. Бинабар ин, касе, ки ба тоғут (бут ва шайтон ва ҳар мавҷуди саркаш), кофир шавад ва ба Худо имон оварад ба дастгираи мустаҳкаме ҷанг задааст, ки гусастан барои он нест. Ва Худованд Шунаво ва Доност.

257       Худовандвалӣ ва сарпарасти касоне аст, ки имон овардаанд, онҳоро аз зулматҳо ба сӯи нур берун мебарад. (Оммо) касоне, ки кофир шуданд, сарпарасти онҳо тоғутҳо ҳастанд, ки онҳоро аз нур ба сӯи торикиҳо берун мебаранд, онҳо аҳли оташанд ва ҳамеша дар он хоҳанд монд.

258       Оё надидӣ (ва огоҳӣ надорӣ аз) касеро (Намруд), ки бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш муҳоҷҷа ва гуфтугӯ кард? Зеро Худованд ба ӯ ҳукумат дода буд (ва бар асари камии зарфият, аз бодаи ғурур сармаст шуда буд), ҳангоме, ки Иброҳим гуфт: «Худои ман он касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад». Ӯ гуфт: «Ман низ зинда мекунам ва мемиронам». (Ва барои исботи ин кор ва муштабаҳ сохтан бар мардум дастур дод, ду зиндониро ҳозир карданд, фармони озодии яке ва қатли дигариро дод). Иброҳим гуфт: «Худованд хуршедро аз аз уфуқи машриқ меоварад, (агар рост мегӯӣ, ки ҳоким бар ҷоҳони ҳастӣ туӣ), хуршедро аз мағриб биёвар!». (Дар инҷо) он марди кофир мабҳут ва дармонда шуд. Ва Худованд қавми ситагарро ҳидоят намекунад.

259       Ё монанди касе, ки аз канори як ободӣ гузашт, дар ҳоле, ки деворҳои он ба рӯи сақфҳояш фурӯ рехта буд (ва ҷасадҳо ва устухонҳои аҳли он, дар ҳа сӯ пароканда буд, ӯ бо худ) гуфт: «Чӣ гуна Худо инҳоро пас аз марг, зинда мекунад?!». (Дар ин вақт) Худо ӯро сад сол миронд, сипас зинда кард ва ба ӯ гуфт: «Чӣ қадар даранг кардӣ?». Гуфт:«Як рӯз ё бахеше аз як рӯз». Фармуд: «На, балки сад сол дараг кардӣ! Нигоҳ кун ба ғазо ва нўшидании худ, (ки ҳамроҳ доштӣ, бо гузашти солҳо) ҳеҷ гуна тағйире наёфтааст. (Худое, ки чунин маводди фосидшуданиро дар тўли ин муддат ҳифз кардааст, бар ҳама чиз Қодир аст), вале ба дарозгўши худ нигоҳ кун, (ки чӣ гуна аз ҳам пошида шудааст. Ин зинда шудани ту пас аз марг, ҳам барои итминони хотири туст ва ҳам) барои ин ки туро нишонае барои мардум, (дар мавриди маод) қарор диҳем. (Акнун) ба устухонҳо (-и маркаби худ) нигоҳ кун, ки чӣ гуна онҳоро бардошта, ба ҳам пайванд медиҳем ва гўшт бар он мепўшонем.». Ҳангоме, ки (ин ҳақиқатҳо) бар ӯ равшан шуд, гуфт: «Медонам Худо бар ҳар коре тавоност».

260       Ва (ба хотир биёвар) замонеро, ки Иброҳим гуфт: «Худоё! Ба ман нишон бидеҳ чӣ гуна мурдагонро зинда мекун?», фармуд: «Магар имон наёвардаӣ?!», гуфт: «Чаро, вале мехоҳам қалбам оромиш ёбад». Фармуд: «Дар ин срат чаҳор навъ аз мурғонро интихоб кун ва онҳоро (пас аз куштан) пора – пора кун (ва бо ҳам биёмез), сипас бар ҳар кӯҳе порае аз онро қарор бидеҳ, баъд онҳоро бихон, бо шитоб ба сӯи ту меоянд. Ва бидон, Худованд Қодир ва Ҳаким аст, (ҳам аз зарраҳои бадани мурдагон огоҳ аст ва ҳам тавоноӣ бар ҷамъ кардани онҳоро дорад)».

261       Касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, монанди базре ҳастанд, ки ҳафт хўша бирӯёнад, ки дар ҳар хўша сад дона бошад ва Худованд онро барои ҳар кас бихоҳад (ва шоистагӣ дошта бошад), ду ё чанд баробар мекунад. Ва Худо (аз назари қудрату раҳмат) васеъ ва (ба ҳама чиз) доност.

262       Касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, сипас ба дунболи инфоқе, ки кардаанд, миннат намегузоранд ва озоре намерасонанд, подоши онҳо назди Парваодигорашон (маҳфуз) аст ва на тарсе доранд ва на ғамгин мешаванд.

263       Гуфтори писандида (дар баробари ниёзмандон) ва афв (ва гузашт аз хушунатҳои онҳо), аз бахшише, ки озоре дар пайи он бошад, беҳтар аст. Ва Худованд Бениёз ва Бурдбор аст.

264       Эй касоне, ки имон овардаед! Бахшишҳои худро бо миннату озор ботил насозед, монанди касе, ки моли худро барои нишон додан ба мардум, мебахшанд ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон нмеоварад, (кори ӯ монанди пораи санге аст, ки бар он, (пардаи нозуке) аз хок бошад (ва донаҳое бар он пошида шавад) ва рагбори борон ба он бирасад (ва ҳама хокҳову донаҳоро бишўяд) ва онро соф (ва холӣ аз хоку дона), раҳо кунад. Онҳо аз коре, ки анҷом додаанд, чизе ба даст намеоваранд ва Худованд гурўҳи кофиронро ҳидоят намекунад.

265       Ва (кори) касоне, ки амволи худро барои хушнудии Худо ва мустаҳкам кардани (малкоти инсонӣ дар) рӯҳи худ, мебахшанд, ҳамчун боғе аст, ки дар нуқтаи баланде бошад ва боронҳои дурушт ба он бирасад (ва аз ҳавои озоду нури офтоб ба ҳадди кофӣ баҳра гирад) ва меваи худро дучандон диҳанд, (ки ҳамеша шодобу ботароват аст). Ва агар борони дурушт ба он нарасад, борони нарме ба он мерасад. Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, биност.

266       Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмову ангур дошта бошад, ки аз зери дархтони он наҳрҳо бигузарад ва барои ӯ дар он (боғ), аз ҳар гуна мевае вуҷуд дошта бошад, дар ҳоҳле, ки ба синни пирӣ расида ва фарзандони (хурд ва) заифе дорад, (дар ин ҳангом) гирдбоди (кубандае), ки дар он оташи (сӯзоне) аст, ба он бархўрд кунад ва шўълавар гардад ва бисўзад?! (Ҳамин тавр, аст ҳоли касоне, ки бахшишҳои худро бо риёву миннату озор аз байн мебаранд). Ин чунин Худованд оёти худро барои шумо ошкор месозад, шояд бияндешед (ва бо андеша роҳи ҳақро биёбед).

267       Эй касоне, ки имон овардаед! Аз қисматҳои погизаи амволе, ки (аз роҳи тиҷорат) ба даст овардаед ва аз он чӣ аз замин барои шумо хориҷ сохтаем, (аз манобеу маъданҳо ва дарахтону гиёҳон) инфоқ кунед. Ва барои инфоқ, ба суроғи қисматҳои нопок наравед, дар ҳоле, ки худи шумо (дар ҳангоми пазириш амвол), ҳозир нестед онҳоро қабул кунед, магар аз рўи ночориву кароҳат. Ва бидонед, Худованд бениёз ва шоиста ситоиш аст.

268       Шайтон, шуморо (дар ҳангоми инфоқ) ваъдаи фақру тангдастӣ медиҳад ва ба фаҳшо (ва зиштиҳо) амр мекунад, вале Худованд ваъдаи омурзиш ва фузунӣ ба шумо медиҳад ва Худованд қудраташ васеъ ва (ба ҳар чиз) доност. (Ва ба ҳамин далел, ба ваъдаҳои худ вафо мекунад).

269       (Худо) донишу ҳикматро ба ҳар касе бихоҳад (ва шоиста бидонад), медиҳад ва ба ҳар кас дониш дода шавад, хайри фаровоне дода шудааст. Ва ҷуз хирадмандон, (ин ҳақиқатҳоро дарк намекунанд ва) мутазаккир намегарданд.

270       Ва ҳар чизеро, ки инфоқ мекунед ё (молҳоеро, ки) назр кардаед (дар роҳи Худо инфоқ кунед), Худованд онҳоро медонад. Ва ситамгарон ёваре надоранд.

271       Агар инфоқҳоро ошкор кунед, хуб аст. Ва агар онҳоро пинҳон карда ба ниёзмандон бидиҳед, барои шумо беҳтар аст ва қисмате аз гуноҳони шуморо мепўшонад (ва дар партави бахшиш дар роҳи Худо, бахшида хоҳед шуд). Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

272       Ҳидояти онҳо (ба таври маҷбурӣ) бар ту нест, (бинабар ин инфоқ накардан ба ғайри мусулмонон, барои маҷбур кардан ба Ислом саҳеҳ нест), вале Худованд ҳар киро бихоҳад (ва шоиста бидонад), ҳидоят мекунад. Ва он чиро аз хубиҳо ва молҳо инфоқ мекунед, барои худатон аст, (вале) ҷуз барои ризои Худо инфоқ накунед. Ва он чӣ аз хубиҳо инфоқ мекунед, (подоши он) ба таври комил ба шумо дода мешавад ва ба шумо ситам нахоҳад шуд.

273       (Инфоқи шумо, махсусан бояд) барои ниёмандоне бошад, ки дар роҳи Худо дар тангно қарор гирифтаанд (ва тавҷҷӯҳ ба оини Худо, онҳоро аз ватанҳои худ овора сохтааст ва ширкат дар майдони ҷиҳод, ба онҳо иҷозат намедиҳад, то барои таъмини ҳазинаи зиндагӣ, даст ба касбу тиҷорате бизананд), наметавонанд мусофирате кунанд (ва сармояе ба даст оваранд) ва аз шидати хештандорӣ, ашхоси ноогоҳ онҳоро бениёз мериндоранд, аммо онҳоро аз чеҳраҳояшон мешиносӣ ва ҳаргиз бо исрор чизе аз мардум намехоҳанд. (Ин мушахасоти онҳо аст), ва ҳар чизи хубе дар роҳи Худо инфоқ кунед, Худованд аз он огоҳ аст.

274       Онҳо, ки молҳои худро шабу рӯз, пинҳону ошкор, инфоқ мекунанд, муздашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на ғамгин мешаванд.

275       Касоне, ки рибо мехўранд, (дар қиёмат) барнамехезанд, магар монанди касе, ки бар асари тамоси шайтон, девона шуда (ва наметавонад таодули худро ҳифз кунад, гоҳе ба замин меафтад, гоҳе ба по мехезад). Ин ба хотири он аст, ки гуфтанд: «Доду ситад ҳам монанди рибо аст (ва фарқе миёни ин ду нест)». Дар ҳоле, ки Худо хариду фурўшро ҳалол карда ва риборо ҳаром. (Зеро фарқи миёи ин ду бисёр аст). Ва агар касе, ки ба ў андарзи илоҳӣ расад ва (аз рибохўрӣ) худдорӣ кунад, судҳое, ки дар гузашта (пеш аз нузули ҳукми таҳрим) ба даст овардааст, моли ӯст (ва ин ҳукм, гузаштаро дарбар намегирад) ва кори ӯ ба Худо вогузор мешавад (ва гузаштаи ӯро хоҳад бахшид). Аммо касоне, ки бозгарданд (ва бори дигар муртакиби ин гуноҳ шаванд), аҳли оташанд ва ҳамеша дар он мемонанд.

276       Худованд риборо нобуд мекунад ва садқотро афзоиш медиҳад. Ва Худванд ҳеҷ инсони носипоси гунаҳкорро дӯст намедорад.

277       Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд ва намозро барпо дошатанд ва закотро пардохтанд, аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на ғамгин мешаванд.

278       Эй касоне, ки имон овардаед! Аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва он чӣ аз (мутолиботи) рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед, агар имон доред.

279       Агар (чунин) намекунед, бидонед, Худо ва расулаш бо шумо ҷанг хаоҳонд кард. Ва агар тавба кунед, сармояҳои шумо аз они шумост, (асли сармоя бесуд), на ситам мекунед ва на бар шумо ситам ворид мешавад.

280       Ва агар (қарздор) қудрати пардохт надошта бошад, ӯро то ҳангоми тавонӣ мўҳлат диҳед. Ва (дар сурате, ки баростӣ қудрати пардохтро надорад), барои Худо ба ӯ бибахшед, беҳтар аст, агар (фоидаи ин корро) бидонед.

281       Ва аз рӯзе бипарҳезед (ва битарсед), ки дар он рӯз шуморо ба сӯи Худо бозмегардонанд, сипас ба ҳар кас он чӣ анҷом додааст, ба таври комил баргардонида мешавад ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд. (Чун ҳар чӣ мебинанд, натиҷаҳои амалҳои худашон аст).

282       Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки қарзи мудатдоре (ба хотири вом ё доду ситад), ба якдигар пайдо кунед, онро бинависед. Ва бояд нависандае аз рӯи адолат, (санадро) дар миёни шумо бинависад. Ва касе, ки қудрат бар нависандагӣ дорад, набояд аз навиштан – ҳамон тавре, ки Худо ба ӯ таълим додааст — худдорӣ кунад. Пас, бояд бинависад. Ва он кас, ки ҳақ бар ӯҳдаи ӯст, бояд имло кунад ва аз Худо, ки Парвардигори ӯст, бипарҳезад ва чизеро фурўгузор нанамояд. Ва агар касе, ки ҳақ бар гардани ӯст, сафеҳ ё (аз назари ақл) заиф (ва девона) аст ё (ба хотири лол будан) тавоноӣ бар имло кардан надорад, бояд сарпарасти ӯ (ба ҷои ӯ) бо риояти адолат имло кунанд. Ва ду нафар аз мардони (одил) худро (бар ин ҳақ) шоҳид бигиред. Ва агар ду мард набуданд, як марду ду зан аз касоне, ки мавриди ризояту итминони шумо ҳастанд, интихоб кунед. (Ва ин ду зан, бояд ҳар ду бо ҳам шоҳид қарор гиранд), то агар яке мунаҳариф шуд, дигарӣ ба ӯ ёдоварӣ кунад. Ва шоҳидон набояд дар ҳангоме, ки онҳоро (барои шаҳодат) даъват мекунанд, худдорӣ намоянд. Ва аз навиштани (қарзи худ) чӣ кам бошад ё зиёд, малул нашавед, (ҳар чӣ бошад бинависед). Ин дар назди Худо ба адолат наздиктар ва барои шаҳодат мустақимтар ва барои пешгирӣ аз шакку тардид (ва низоу гуфтугӯ), беҳтар мебошад, магар ин ки доду ситади нақдӣ бошад, ки байни худ даст ба даст мекунед. Дар ин сурат гуноҳе бар шумо нест, ки онро нанависед. Вале ҳангоме ки хариду фурўш (-и нақдӣ) мекунед, шоҳид бигиред. Ва набояд ба нависандаву шоҳид, (ба хотири ҳақгуӣ) зиёне бирасад (ва таҳти фишор қарор гиранд). Ва агар чунин кунед, аз фармони Парвардигор берун шудаед. Аз Худо бипарҳезед. Ва Худованд ба шумо таълим медиҳад, Худованд ба ҳама чиз Доност.

283       Ва агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед, гаравгон бигиред. (Гаравгоне, ки дар ихтиёри талабкор қарор гирад). Ва агар ба якдигар боварии (комил) дошта бошед, (гаравгон лозим нест ва) бояд касе, ки амонатдор шуморида шудааст (ва бегаравгон чизе аз дигарӣ гирифтааст), амонат (ва қарз худро дар сари вақт) бидиҳад ва аз Худое, ки Парвардигор ӯст бипарҳезад. Ва шаҳодатро пинҳон накунед. Ва ҳар кас онро пинҳон кунад, қалбаш гунаҳкор аст. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед,Доност.

284       Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост. Ва (аз ин рӯ) агар он чиро дар дил доред, ошкор созед ё пинҳон, Худованд шуморо бар тибқи он ҳисобу китоб мекунад. Сипас ҳар касро бихоҳад (ва шоистагӣ дошта бошад), мебахшад ва ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳиқ бошад), ҷазо медиҳад. Ва Худованд ба ҳама чиз қудрат дорад.

285       Паёмбар,ба он чӣ за сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил шудааст, имон овардааст. (Ва ӯ, ба тамоми суханони худ комилан мӯъмин мебошад). Ва ҳамаи мӯъминон (низ) ба Худо ва фариштагони Ў ва китобҳо ва расулонаш, имон овардаанд (ва мегӯянд:) «Мо дар миёни ҳеҷ як аз Паёмбарони Ў фарқ намегузорем (ва ба ҳама имон дорем)». Ва (мӯъминон) гуфтанд: «Мо шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро! (Интизори омурзиши Туро (дорем) ва бозгашти (мо) ба сўи Туст».

Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад. (Инсон) ҳар кор (-и неке)-ро наҷом диҳад, барои худ анҷом додааст ва ҳар кор (-и баде) кунад, ба зиёни худ кардааст. (Мӯъминон мегӯянд:) «Парвардигоро! Агар мо фармўш ё хато кардем, моро муохаза макун. Парвардигоро! Тақлифи сангине бар мо қарор мадеҳ, он чунон, ки (ба хотири гуноҳу саркашӣ), бар касоне, ки пеш аз мо буданд, қарор додӣ. Парвардигоро!он чӣ тоқати таҳаммули онро надорем, бар мо муқарар мадор. Ва осори гуноҳро аз мо бушўй. Ва моро бибахш ва дар раҳмати худ қарор деҳ. Ту мавло ва сарпарасти мо ҳастӣ, пас моро бар ҷамъияти кофирон пирӯз гардон».

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...