Қуръони карим, дарёи паҳновари илоҳист ва ҳар кас ба тавони зарфи худ метавонад аз ин дарёи бекарон баҳрае бигирад. Ин саҳифаи илоҳӣ, муъҷизаи ҷовидонаи Расули акрам – ҳазрати Муҳаммади мустафо (с), аст. Аз назари Қуръон табиат дар муқобили одамӣ аксуламал нишон медиҳад.
“Ва агар аҳли шаҳрҳо ва ободиҳо, имон меовараданд ва тақво пеша мекарданд, баракоти осмону заминро бар онҳо мегушодем вале (онҳо ҳақро) такзиб карданд мо ҳам ононро ба сазои аъмолашон муҷозот кардем.”[1]
Табиат, оинаи қиёмат
Сабзиши дубораи дарахтон ва рӯйиши дигарбораи чарогоҳҳо дар Қуръон далели бозгашти инсонҳо дар рӯзи қиёмат зикр шудааст. Қуръони маҷид аз нав зинда шудани табиатро сабаби панду ибрати одамиён медонад. Худованд дар сураи муборакаи Юсуф ҳаёти дунёро монанди обе мисол мезанад, ки аз осмон фурӯ мефиристад ва бо он мардум, чорпоёну гиёҳонро зинда мегардонад.
Дар сураи муборакаи Қоф оёти 7-ум то 11-ум табиатро далели зикри бандагон ва ибод қарор медиҳад.
“Ва заминро густардем ва дар он кӯҳҳои устувор афкандем ва дар он аз ҳар навъ гиёҳони хуррам рӯёнидем. То сабаби басират ва ёдоварӣ барои ҳар бандаи тавбакунанда бошад. Ва аз осмон оби пурбаракат нозил кардем ва ба василаи он, боғҳо ва ғаллаҷоти даравакарданӣ рорӯёнидем. Ва нахлҳои баланд бо хӯшаҳои барҳамтанида [рӯёндем]. То рӯзии бандагон бошанд, ва бо он [об] сарзамини мурдаро зинда кардем. Хуруҷ [аз қабрҳо] низчунинаст.”
Қаръон ва марзи байни дарёҳо
Бино ба ёфтаҳои илмии муосир, дар маҳҳале ки ду дарё бо ҳам бархӯрд мекунанд, байни онҳо марзи ҷудокунандае ба вуҷуд меояд, ки дар ду тарафи ин марз оби дарё, ҳолати хосе дорад. Барои мисол дар минтақаи Ҷабалутториқ, ки маҳалли бархурди баҳри Миёназамин ва уқёнуси Атлас аст, минтақаи ҷудокунанда ба тӯли садҳо километр ва ба умқи садҳо метр вуҷуд дорад, ки бо вуҷуди мавҷҳои тӯфонӣ ва ҷараёнҳои тезу шӯхи об, ин марз намегузорад ҳеч вақт обҳои дарё ва уқёнус ба ҳам омехта гарданд.
“Ӯст, ки ду дарёро дар ҳам омехта ва миёни он ду дарё фосила эҷод кард, ки аз марзҳои якдигар гузар намекунанд.”[2] “Ӯст касе, ки ду дарёро дар канори ҳам қарор дод, яке ширину гуворо ва дигарӣ шӯру талх ва дар миёни онҳо барзахе қарор дод то бо ҳам махлут нашаванд.”[3]
Ҳамбастагии осмону замин
Дар сураи Анбиё ояти 30 омадааст: “Оё кофирон надиданд, ки осмонҳо ва замн ба ҳам пайваста буданд, ва мо онҳоро аз якдигар боз кардем; ва ҳар чизи зиндаеро аз об офаридем?! Оё имон намеоваранд?!”
Бо таваҷҷӯҳ ба зикри наме аз ями Қуръон, хулоса мегирем, ки табиат баҳри ҳамаи ҷунбандагони рӯи замин офарида шудааст, ба хусус одамиён. Зеро ҳадаф ва ғояте дар он аст вагарна офариниши он беҳӯда будаву ҳамон гапи бединҳо мешавад, ки гӯё ин олами боназму дақиқ бар ҳасби тасодуф ба вуҷуд омадаасту офариниши бошууре надорад. Аммо дар Қуръони маҷид ва оёти зикр шуда дидем, ки ҳама тибқи қоида ва қонуне офарида шуда ва офариниши ин табиат ва ҳастӣ холӣ аз ҳадаф ва ҳикмат намебошад. Магар бо ақли солим метавон пазируфт, ки ин дору дастгоҳи боазамати хилқат ва ин табиати паҳновар, ки тамоми ҳаракот ва саканоташ тибқи қоидаву қонуни дақиқ сурат мегирад, иттифоқӣ буда ва ҳеч ҳадафи олитар ва офаринандаи бартаре надошта бошад?!
Абдулвоҳид Мирзоев