Муқаддима
Чашмонаш варам карда аст. Сураташ хаста аст. Вақте, ки ҳама хобанд ӯ бедор аст ва вақте ҳама хобанд ӯ хамёза мекашад. Дар корҳояш ҳавосаш ҷамъ нест. Ҳавсала надорад, ки бо атрофиён бинишинад. Дилаш мехоҳад зудтар аз канори дигарон бигузарад ва ба ҳуҷрааш бирасад то ба назди дукмаҳое, ки ӯро ба худ мехонанд ва ба даричае, ки чеҳрае аз дунёро ба ӯ нишон медиҳад бирасад. Ӯ бесаброна мунтазири ин дунёи маҷозӣ аст. Ӯ ҳамаи аломатҳои як муътодро дорад. Ӯ як муътоди интернетӣ аст.
Бе шак интернет дар зиндагии афроди ҷомеа, тағйири асосӣ ба вуҷуд овардааст. Ин тағйирро метавон бо ихтирои телефон дар оғози қарни бистум ва телевизион дар ҳама ҷаҳон муқоиса кард. Интернет, нишондиҳандаи кам кардани фосилаҳо ва густариши равобити миёни одамиён шудааст, аммо чизи аҷиб ин аст, ки худи ин технология гоҳ сабаби кам шудани дигар равобити иҷтимоӣ шуда ва танҳоии фардро бештар кардааст.
Интернет гурезгоҳе аст барои касоне, ки аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебаранд ва дучори ташвиш, афсурдагӣ ва беэътимодӣ ба нафс ҳастанд. Иртиботи маҷозӣ аз тариқи интернет, маҳаллеро барои гурез аз воқеият ва василае барои таъмини ниёзҳои ҳаяҷонӣ ва равонӣ ба вуҷуд меоварад.
Касе, ки дар равобити фардӣ чандон муваффақият надошт, акнун аз ин тариқ қодир мешавад бе он ки чеҳраи худро маълум кунад ва номи худро бигӯяд, робитаи густардае барқарор намояд ва эҳсосости хешро зоҳир кунад. Ин робита ба эҷоди самимияти хаёлӣ поён меёбад ва вақте воқеияти хориҷ, маҳдудиятҳои худро нишон медиҳад, вокунишҳое ноумедиро дар фард эҷод мекунад.
Осори иҷтимоӣ ва равонӣ
Эътиёд ба интернет монанди эътиёд ба маводди мухаддир, алкул, сигор бо алоиме ҳамчун афзоиши навасоноти ахлоқӣ, сухан нагуфтан бо дигарон, қатъи равобити иҷтимоӣ, камхобӣ ва нигаронӣ ва изтироб ва заъфи биноиро ҳамроҳ дорад.
Кудакон ва навҷавононе, ки ба интернет дилбастагии фаровоне пайдо мекунанд ва дар ҳақиқат ба он муътод мешаванд ва барои ирзои худ соатҳои зиёд ва истироҳат рӯи хат боқӣ мемонанд ва замоне, ки ба интернет дастрасӣ надошта бошанд, дучори ташвиш, ларзиши даст ва асабонӣ мешаванд, истироҳату оромишро фаромӯш мекунанд ва ба интернету васвасаҳои он фикр кардаву хаёлпардозӣ мекунанд.
Эҳсоси бегонагӣ дар хонавода.
Вақте, ки як нафар дар муҳити хонавода ба интернет одат дошта бошад, фурсати барқарории таомул бо дигар аъзои хонаводаро аз даст медиҳад. Ҳамин амр, сабаби ташкили як чархиши маъюб мешавад, ки фард ҳар рӯз аз назари отифӣ ва равонӣ аз дигар афроди хонавода бештар дур мешавад ва ба танҳоии худ ва истифода аз интернет паноҳ бибарад. Кам шудани равобит, ба навбаи худ сабаб мешавад, ки фард муҳимтарин манбаъи ҳимоятии иҷтимоии худро заъиф кунад ё аҳёнан аз даст диҳад.
Аз сӯи дигар, бо гусастан ё заиф шудани робитаи зану шавҳар ё волидайну фарзандон, онҳоро ба ҷои иртибот бо ҳам, шунидани ҳарфҳои ҳамдигар ва дарди дили узви дигари хонавода, маҳви фазои маҷозии интернет шуда ва саъй мекунад то халаи отифӣ ба вуҷуд омадаро бо ҳузури шахси дигаре пур кунад.
Заъфи таҳсилӣ.
Бар асоси назарсанҷиҳои анҷом шуда дар мадориси Амрико,%86 муаллимон бар ин боваранд, ки истифода аз интернет боис шуда то донишомӯзон дар анҷоми вазоифи дарсии худ кутоҳӣ кунанд.
Назарсанҷии дигаре низ нишон медиҳад, ки %58 аз донишомӯзоне, ки аз интернет хеле зиёд истифода мекунанд, заъфи таҳсилӣ доранд.
Истифодаи беморгуна аз интернет, навҷавононро аз фаъолиятҳои муфид ва созандае ҳамчун анҷоми фаолиятҳои дарсӣ, варзиш кардан ва робита бо дӯстон ва ҳамсолон боздошта ва дар фароянди иҷтимоӣ шудани онҳо дахолат мекунад. Идома дорад.