Фалсафа ва ҳикмати баъзе аз аҳком (1)

Касоне, ки аз баҳсу гуфтугӯ дар мавриди усули дини мубини Ислом оҷиз ҳастанд, баҳсро ба ҷидол кашонда ва ҷузиёту шубаҳотеро дар мавриди аҳком матраҳ мекунанд

то аз баҳс фирор кунанд. Мисли теъдоди ракаоти намоз, ки чаро бояд намози Пешин ин қадар ва намози Бомдод ин қадар бошад ва аз ин гуна суханони ҷузӣ, ки мардуми соддаро ба шакку тардид гирифтор кунанд. Албатта шакку тардид бад нест ва замоне метавонад хуб бошад, ки инсонро ба огоҳӣ бирасонад. Чаро ки дар ривоят омада аст:

“ Шакку тардид гузаргоҳу купруки хубе аст, вале таваққуфгоҳ ва сарманзили баде аст.”

Қуръони Карим вақте ки мегӯяд:

أَفِي اللّهِ شَكٌّ

“Оё дар бораи Худо шакке ҳаст..?”,

билофосила бандагонашро аз шакку шубҳа берун оварда ва ба дунболаш мефармояд:

فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

“(Худое, ки) падидоварандаи осмонҳо ва замин аст.” [1]

Яъне, вақте инсон ба тамошои осмонҳо ва замин мепардозад, нохудогоҳ ин оёту нишонаҳои мавҷуд ӯро ба суроғи падидоварандаи онҳо мебарад.

Шак чист?

Ба унвони муқаддимаи ин баҳс, лозим аст мафҳуми шакро андаке тавзеҳ бидиҳем, то ба рӯшанӣ навиштори ҳозирро дунбол кунем.

Фарз кунед, дар утоқе нишастаед ва касе вориди утоқ шуд ва бароятон хабар дод, ки ҳангоме ки меомадам, инсонеро дидам, ки шох дошт. Фарзро бар ин мегирем, ки хабардиҳанда инсони дурӯғгӯ ҳам набудааст ва ангезае барои дурӯғ гуфтан ҳам надоштааст. Оё шумо ба маҳзи шунидани чунин гузорише аз ӯ, тасдиқаш хоҳед кард? Яъне бароятон бовар ҳосил хоҳад шуд, ки воқеан инсоне дар ин гетӣ шохдор будааст?

Ҳолате, ки дар ин ҷо бароятон даст хоҳад дод, на боварии сад дар сад аст, зеро медонед инсонҳои маъмулӣ шох надоранд, ва на инкори сад дар сад, зеро медонед ин шахс дурӯғгӯ нест ва ангезае барои дурӯғ гуфтан надорад. Он чи пеши шумо ҳосил хоҳад шуд, на боварӣ аст ва на адами боварӣ. Ин ҳолатро мегӯянд шак. Яъне, шак ҷое аст, ки шумо на боварӣ доред ва на адами боварӣ.

Инсон вақте ба шакку тардид гирифтор мешавад бояд барои хориҷ шудан аз он, тамоми саъю кӯшишашро ба кор гирад. Шакку тардид омили хубе барои расидан ба нуру ҳақиқат аст вале агар инсон натавонад аз он бо муваффақият хориҷ шавад, ҳато ба куфру илҳод низ хатм хоҳад шуд.

Касоне, ки ин гуна мардумро ба шакку шубҳа дучор месозанд ё хоин ба Ислому муслимин ҳастанд ва ё ғофиланд аз инки аҳком ва дастуроти Ислом як низоми комилан ҳамоҳанг дорад ва барои ин ки битавон дар мавриди онҳо қазоват намуд, бояд ҳамаи аҳкому қавонинро бо ҳам мулоҳиза кард. Муҳимтарин далелу посух барои ин гуна суолот таъаббуд аст, лизо дар мавриди таъаббуд тавзеҳотеро бояд дар ин мақола зикр намоем.

Таъаббуд доштан дар аҳком, масалае аст, ки бино бар адиллаи ақлӣ мавриди пазириш аст. Ҳангоме ки инсон бемор мешавад ва ба пизишк муроҷиа менамояд, пизишк баъд аз ташхиси дард барои ӯ нусхаеро медиҳад, ки чанд гуна дору ва навишта дар он нусха ҳаст, ки аз ҳеҷ яки онон иттилое надорад. Пизишк дастур медиҳад, ки ҳар рӯз чанд адад аз он доруҳоро дар вақту замони хоссе масраф намуда ва аз хӯрдани фалон ва фалон хӯрок парҳез намояд. Инсон бидуни инки аз хусусиёту вижагии доруҳо суоле намояд, дастури пизишкро бе ягон каму костӣ иҷро мекунад. Чаро?

Чаро аз пизишк суол накарда ва аз фалсафаи он доруҳо ҷӯё намешавад?

Чун ба илму дониш ва тахассуси ӯ дар илми тибб имон дошта ва ба он эхтиқод дорад, ки пизишк фақат ба фикри муолиҷа ва беҳбуди бемораш аст ва ба ғай аз шифо ва дармони бемораш ҳеҷ фикру андешаи дигаре надорад.

Ҳамчунин дар бисёре аз умуре, ки дар зиндагиамон иттифоқ меафтад таваҷҷӯҳ кунем, аз ин намунаҳо кам нестанд, ки инсонро ба як натиҷаи равшан ва ҳидояткунанда мерасонад. Бинобарин агар инсон ба илму дониши касе имон дошта бошад ва ӯро дар илми худ мутахассис бидонад ва ба ин натиҷа бирасад, ки назари баде надорад ҳатман аз дастуроту фармудаҳои ӯ дар он соҳа бидуни инки тавзеҳоти зиёде аз ӯ бипурсад, итоат намуда ва дастуроти ӯро амалӣ мегардонад. Махсусан вақте ки ӯро моҳиртарин пизишк бидонад ва ҳеҷ иштибоҳеро аз ӯ мушоҳида нанамуда ва ба ӯ яқин дошта бошад.

Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ дар заминаи фалсафа ва ҳикмату далели баъзе аз аҳком мефармоянд:

وَ قَالَ عليه السلام : فَرَضَ اللَّهُ الْإِيمَانَ تَطْهِيراً مِنَ الشِّرْكِ وَ الصَّلَاةَ تَنْزِيهاً عَنِ الْكِبْرِ وَ الزَّكَاةَ تَسْبِيباً لِلرِّزْقِ وَ الصِّيَامَ ابْتِلَاءً لِإِخْلَاصِ الْخَلْقِ وَ الْحَجَّ تَقْرِبَةً لِلدِّينِ وَ الْجِهَادَ عِزّاً لِلْإِسْلَامِ وَ الْأَمْرَ بِالْمَعْرُوفِ مَصْلَحَةً لِلْعَوَامِّ وَ النَّهْيَ عَنِ الْمُنْكَرِ رَدْعاً لِلسُّفَهَاءِ وَ صِلَةَ الرَّحِمِ مَنْمَاةً لِلْعَدَدِ وَ الْقِصَاصَ حَقْناً لِلدِّمَاءِ وَ إِقَامَةَ الْحُدُودِ إِعْظَاماً لِلْمَحَارِمِ وَ تَرْكَ شُرْبِ الْخَمْرِ تَحْصِيناً لِلْعَقْلِ وَ مُجَانَبَةَ السَّرِقَةِ إِيجَاباً لِلْعِفَّةِ وَ تَرْكَ الزِّنَى تَحْصِيناً لِلنَّسَبِ وَ تَرْكَ اللِّوَاطِ تَكْثِيراً لِلنَّسْلِ وَ الشَّهَادَاتِ اسْتِظْهَاراً عَلَى الْمُجَاحَدَاتِ وَ تَرْكَ الْكَذِبِ تَشْرِيفاً لِلصِّدْقِ وَ السَّلَامَ أَمَاناً مِنَ الْمَخَاوِفِ وَ الْأَمَانَةَ نِظَاماً لِلْأُمَّةِ وَ الطَّاعَةَ تَعْظِيماً لِلْإِمَامَةِ.

Худованд имонро ба хотири поку татҳир намудани қалб аз ширку бутпарастӣ воҷиб намуд ва намозро барои пок шудан аз кибру ғурур фарз гардонид, закотро сабаби рӯзӣ, рӯзаро озмоише барои ихлоси бандагон, ҳаҷро василаи наздикии мусулмонон, ҷиҳодро барои сарбаландии Ислом, амри маъруфро ба хотири ислоҳи тӯдаи мардум, наҳйи мункарро барои боздоштани бехирадон, силаи раҳмро барои касрати нафарот, қисосро барои ҳифзи хунҳо, ҳудудро барои бузургдошти муҳаррамоти илоҳӣ, тарки хамрро барои саломатии ақл, дурӣ аз дуздиро барои ҳифзи иффати дастҳо ва тарки зиноро барои ҳифзи насабҳо, тарки ливотро барои афзоиши насл, шаҳодату гувоҳиро барои изҳори ҳақ дар муқобили инкорҳо, тарки дурӯғро ба хотири эҳтироми ростӣ, саломро ба иллати таъмин аз хавфу хатар, амонатро барои низоми уммат ва тоату фармонбардориро барои таъзими мақоми имом воҷиб намуд.[2]

Натиҷа

Аҳком ва муқаррароти динӣ ҳам нусхаҳое ҳастанд, ки паёмбарони илоҳӣ ва пешвоёни дин аз тарафи Худо барои башар овардаанд то саодату хушбахтии ононро аз тамоми ҷиҳот таъмин кунад. Вақте инсон ба ин нукта таваҷҷӯҳ ва эътиқод дошта бошад, ки ин аҳкоме, ки барои башар вазъ шуда, ҳама аз илми бепоёни зоти поки Худованд сарчашма гирифта аст ва ҳамчунин ба ҳикмату лутфу меҳрубонии Ӯ имон дошта бошад ва инро бипазирад, ки паёмбарону расулони Худованд дар таблиғ ва расондани аҳком ба ҳеҷ ваҷҳ гирифтори хато ва лағзиш намешаванд, дар ин сурат бо тамоми ҷиддият ва бидуни ҳеҷ нигаронӣ ва изтироб барои амал кардан ба дастуроти илоҳӣ талошу кӯшиш мекунад ва ҳар дастуреро дар ҳамон вақти муқарраршудааш анҷом медиҳад. Дигар ниёзеро эҳсос намекунад, ки аз хусусиёту фалсафаи аҳкому муқаррароте, ки барои зиндагии рӯзмарраи ӯ қарор дода шуда аст, суол намояд. Зеро медонад ва имон дорад, ки ҳар чӣ муқаррар шуда аст, ба хайру салоҳи ӯ буда аст ва анбиёи илоҳӣ дар баёни аҳком иштибоҳеро муртакиб нашудаанд ва ҳар ҳукме, ки барои башар гуфтаанд, ҳама аз ҷониби пизишку холиқи якто аст.

Бале, агар касе дар ин ки Худованд вуҷуд дорад ё не ва ё дар илму донишу ҳикмати Ӯ шакку тардид дошта бошад, лозим аст, ки пеш аз суол аз фалсафаи аҳком, дар асли эътиқод ба Худо ва сифоти Ӯ ва ҳаққонияти паёмбарони илоҳӣ ва сифоти онон таҳқиқ намояд.

Албатта ғаразу мақсуди мо ин нест, ки касе набояд аз фалсафаи аҳком суол кунад ва ё набояд ба дунболи таҳқиқ ва ҷустуҷӯ бошад. Дар ин шакке нест, ки агар касе аз фалсафаву ҳикмати аҳком ва дастуроти илоҳӣ иттило ва огоҳӣ дошта бошад, рағбат ва ангезаи баштар ва қавитаре барои анҷоми онҳо хоҳад дошт ва ҳамчунин ҳар шахси оқилу фаҳмидае ин ҳақро барои худаш қоил аст, ки аз асрору аҳком ва қавонини динӣ ва башарӣ, ки аз ноҳияи ҳукумат барои онҳо қарор дода мешавад ба андозаи кӯчаке ҳам бошад иттилоъ ва огоҳӣ дошта бошад. Огоҳӣ доштан аз аҳкому воқеиятҳое, ки дар гирду атрофамон ба вуқуъ мепайвандад аз тавсиаҳо ва васиятҳои бузургони дини мубини Ислом аст ва ҳар ақли салиме инро аз ҳуқуқи ошкори башарият медонад. Вале бо ин маълумоти маҳдуде, ки имрӯза донишмандон ба он расидаанд, набояд интизор дошта бошем, ки ба тамоми ҷузиёт ва асрору фалсафаи аҳком бирасем ва агар барои фаҳмидани фалсафаву ҳикмати аҳком талошу кӯшиш кардем ва ба он нарасидем ва натиҷае нагирифтем, ҳаргиз наметавонем он аҳкомро нодида бигирем ва ё бигӯем: ин ҳукм ҳеҷ фоида ва маслиҳате надорад.

Муаллиме ба талабаҳои синфи худ нигоҳ кард ва аз так-таки онҳо суол намуд: оё ту Худоро дидаӣ?

Ҳамаи талабаҳо дар ҷавоби муаллими хеш дармондаву нотавон посух доданд: не, мо Худоро надидаем.

Муаллим, ки аз қабл ин нақшаро кашида буд ва медонист, ки посухи талабаҳояш ҳамин аст, ба натиҷагирӣ пардохт ва гуфт: пас агар шумо Худоро надида бошед, натиҷа мегирем, ки Худое вуҷуд надорад.

Муаллим хатми дарсро эълом кард ва ба ҷамъ намудани китобҳояш машғул шуд. Талабае ба пеши муаллимашон омад ва ба дигарон гуфт: чанд лаҳза аз шумо ҳамсинфонам иҷоза мехоҳам то матлаберо ба шумо арз кунам. Талабаҳо ҳама мунтазири ӯ истоданд то бубинанд, ки ҳамсинфашон сӣ мегӯяд. Талаба рӯ ба муаллим намуд ва аз талабаҳо пурсид: оё шумо ақли муаллимро дидаед?

Ҳама посух доданд: не, надидаем.

Талаба ба муаллим нигоҳ карду суханашро идома дод: пас агар то ҳоло касе ақли муаллимро надида аст, натиҷа мегирем, ки ӯ ақл надорад. Талаба дубора ба муаллим гуфт: агар мо Худоро намебинем ин ба он маъно нест, ки Худое вуҷуд надорад чаро ки нишонаҳои Ӯро ҳатман мебинем ҳамон гуна, ки мо ақли шуморо намебинем вале аз тафртору кирдори шумо ба ақли шумо пай мебарем.

قال الرّضاعليه السلام : انا وجدنا كل ما احل الله تبارك و تعالي ففيه صلاح العباد و بقائهم و لهم اليه الحاجه التي لا يستغنون عنها و وجدنا المحرم من الاشياء لا حاجة للعباد إليه و وجدنا مفسدا داعيا الي الفناء والهلاك.

Мо мебинем, ки Худованд чизҳоеро барои мардум ҳалол гардонида аст, ки онон дар зиндагии худ ба онҳо ниёз доранд ва барои онон маслиҳат ва фоидае доранд ва чизҳоеро ҳаром гардонида аст, ки илова бар инки мавриди ноёзи башар нест, боиси фасоду фано ва нобудии онон мебошад.

Дар ин ҷо бояд матлаберо мутазаккир шавем, ки сӯҳбати мо дар бораи “таъаббуд”, таъуббад дар аҳкоми мусаллам ва қатъӣ ва ҳатмии Ислом аст ва агар шахсе бидуни таҳқиқи дуруст, амалеро муртакиб шавад, ки хилофи дину оин бошад, асли баҳси таъаббуд дар аҳком ва далели ақлии онро бе ҳеҷ ваҷҳе зери суол намебарад зеро таъаббуди онон ба масалаи хилофи дастури Ислом буда аст ва ё ин ки аз рӯи ғараз ва ҳадафи сиёсӣ он корро анҷом медиҳад на таъаббудӣ.

Намунаҳое аз аҳком ва дастуроти исломие мо мусалмонон дар китобҳои муқаддасамон дорем, ки башар пас аз солиёни дароз тавониста аст ҳикмату фалсафаи ононро кашф намояд. Дар ин ҷо мо метавонем бигӯем, ки пеш аз ин ки ҳикмати он аҳком кашф шавад ва башар ба он даст ёбад, онҳо ҳикмату фалсафае надошта ва бидуни ҳикмат будаанд?

Мусаллам аст, ки ҳикмате доштаанд аммо илму дониши башар ба он ҳадди лозим барои кашф ва дарки онон нарасида буд. Бинобарин надонистани ҳикмату фалсафаи як ҳукми шаръӣ, далел намешавад, ки ҳикмати он ҳукмро нафй кунем.

Идома дорад … .

Сайидолими Сироҷ

Ёсин

 ____________________________________

[1] Иброҳим,10

[2] Наҳҷ-ул-балоға, ҳикмати 251

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,