Усули тарбияти исломӣ 3

t akhlaqi

t akhlaqiТарбияти ахлоқӣ

   Одоби писандида ва ахлоқи исломӣ дар воқеъ бистар ва арсаи диндорӣ ҳастанд. Дар ривояте омада аст, ки: “Ахлоқ зарфи дин аст”. Ҳамчунин ахлоқи хуб ва саҳеҳ, пояти сириштҳо ва табиатҳо ва ибодат ва заминаи рушду такомули шахсияти инсон ва нишонаи ҳидоят ва парҳезгорӣ ва илтизоми саҳеҳ ба масъулиятҳои шаръӣ баргирифта аз Қуръон аст. Бархе аз боарзиштарин ва муҳимтарин масъулиятҳои ахлоқӣ иборатанд аз: Садоқат ва сароҳат дар гуфтор, амонатдорӣ, оромиш ва бурдборӣ, иффати забон, покии дарун аз иқду кина ва парҳез аз рафторҳо ва ахлоқи бад. Расули Худо(с) фармудааст: “Ба кӯдакони худ эҳтиром бигзоред ва ба хубӣ онҳоро тарбият кунед.” Ҳамчунин мефармоянд: “Ҳеҷ ҳадияе аз тарафи волидайн барои кӯдакони худ беҳтар аз тарбияти хуб нест.”

Хайр ва баракати хушахлоқӣ дар таййи зиндагӣ, инсонро танҳо нахоҳад гузошт ва ӯро барои дастёбӣ ба ҳама фазоил тарғиб хоҳад кард ва барои расидан ба қуллаҳои диндорӣ ёрӣ хоҳад намуд. Дар ривояте, ки ҳар чандсанади он заиф аст, омада: “Хуш ахлоқӣ боиси ба даст овардани хайри дунё ва охират хоҳад шуд.”

Меъёри фарқ миёни ҳусни ахлоқ ва бадии ахлоқ ба равише, ки Расули Худо(с) дар пеш мегирифт, ба кӯдакон омӯзиш дода шавад. Эшон мефармояд: “ Хайр ва некӣ дар ҳусни ахлоқ аст ва гуноҳ он аст, ки дил нописандаш шуморад ва нахоҳад,ки мардум аз он оғоз шаванд”. Хубӣ ва хайри воқеӣ дар ибодати Худованд ва хидмат ба мардум қарор дорад. Онҳое, ки аҳли ахлоқи писандидаанд, ба ин башорати Расули Худо(с) бояд хушҳол бошанд, ки чунин фармудаанд: “Маҳбубтарини шумо онҳое ҳастанд, ки аз ахлоқи беҳтаре бархӯрдоранд ва сабру тавозӯи бештаре доранд ва бо дигарон улфат варзанд ва дигарон онҳоро низ дӯсташон медоранд ва мабғузтарини шумо назди ман одамҳои суханчинанд, ки миёни дӯстон душманӣ эҷод мекунанд ва аз пайи айбтарошӣ барои ашхоси бегуноҳанд.”

Ҳамчунин усули ҳусни ахлоқ иборатанд аз: Рафтору гуфтори дуруст бо падару модар, риояти адаб ва эҳтироми хонавода ба бародар он ва дӯстону ҳамсоягон ва бо ҳама мардум дар маҳалли кор ва кӯчау хиёбон ва амокини умумӣ ва ғайрааст.

Тарбияти маънавӣ

   Волидайн бояд ба ин бахш аз тарбият эҳтимоми бештаре биварзанд, зеро ин навъ аз тарбият заминасози рушди эҳсосоту авотиф, таҳзибу тазкия ва шаффофияти онҳост ва боиси рушди шахсияти кӯдакон мегардад ва аз тарафи дигар, тарбияти маънавӣ ва рӯҳонӣ боиси бузургии нафс, сафои рӯҳ ва саломати ҷони ӯ аз анвои бемориҳо ва разоили ахлоқӣ мегардад ва оромиш ва осудагиро барои ӯ ба армағон меоварад. Илова бар ин, чунин тарбияте тарси аз Худованд ва тафаккур дар азамат ва идроки асрори офариниш ва илтизом ба авомири ӯро дар онон тақвият хоҳад намуд. Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд: “Мӯъминони воқеӣ, танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар вақт номи Худо бурда шавад дилҳояшон ҳаросон мегардад (ва дар анҷоми некиҳо ва хубиҳо бештар мекӯшанд) ва ҳангоме ки оёти Ӯ барояшон хонда шавад бар имонашон афзуда мешавад ва ба парвардигори худ таваккул менамоянд.” (Анфол,ояти 2)

Тарбияти иҷтимоӣ

   Тарбияти иҷтимоӣ ба маънии равобити саҳеҳ ва санҷида бо ҳама синфҳои ҷомеа; аз бузург ва кӯчак ва хешовандону бегонагон ва ҳамсояҳо аст. Кӯдак бояд аз ҷуръати ҳамроҳӣ бо адаб ва эҳтироми лозим барои исботи шахсияти худ бархӯрдор гардад, то дудилӣ ва хиҷолат боиси мунзавӣ гардидани ӯ нашавад. Дар ҷиҳати таҳқиқи ин манзур, лозим аст, ки кӯдакон ҳамроҳ бо падару модар ё мураббӣ дар маҷолис ва маҳофил ҳузур пайдо кунанд. Барои мисол; Замоне ки Ибни Аббос, ки кӯдаке беш набуд, Умар ибни Хаттоб ӯро ба маҷлиси бузургони асҳоб мебурд. Лозим аст корҳоеро, ки дар ҳадди тавони кӯдак аст монанди: амонатдодан, амонат гирифтан ва хариду фурӯши андак, ба онон супурда шавад ва ба онҳо омӯзиш дода шавад, ки оғозгари салом ва аҳволпурсӣ бошанд ва дуруст посухи саломи дигаронро бидиҳанд.

     Ҳаргоҳ кӯдаке бемор шуд, падару модар аз ӯ муроқибат кунанд ва хешовандону дӯстон ва ҳамсоягон аз вай аёдат намоянд ва ӯро дар мавриди интихоби дӯсту рафиқ роҳнамоӣ кунанд. Дӯстӣ ва ёрӣ, даст додан ва кӯмак ба онҳоро барои анҷом додани корҳои дарсӣ ва дуруст фаромӯш накунанд. Онҳоро бо бадиҳо ошно намуда ва зиштӣ ва авоқиби зиёноварашонро ба онҳо ёдоварӣ кунанд ва ҳамчунин, ононро бо умури хайр ва некӣ ошно созанд ва фавоид ва дастовардҳояшро ба онҳо биомӯзанд ва аз гуноҳу маъсият онҳоро дур бидоранд. Дар воқеъ ин навъ аз тарбият заминасози муҳаббат, дӯстӣ ва ишқ ба хайру некӣ ва меҳрубонӣ бо мардум ва ҳамкорӣ бо онҳо ва парҳезкорӣ мешавад. Ин ривоят баёнгари намунае аз равиши зебои Расули Худо(с) аст. Анас(рз) ривоят намуда, ки Расули Худо(с) беҳтарини мардум дар ҳусни ахлоқ буд. Ман бородари хурдсоле доштам, ки ба шухӣ ӯро Абуумайр нидо мекардем. Ҳаргоҳ Расули Худо(с) ба манзили мо меомад, хитоб ба он бародар мефармуд: “Абуумайр бо гӯнҷишкаки кӯчакат чӣ кор мекунӣ?”

Идома дорад.

А. Раҳмат.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...