УМАРИ ХАЙЁМ КИСТ?

Пеш  аз  ману  ту  лайлу наҳоре будаст.

Гарданда  фалак  низ  ба  коре   будаст.

Зинҳор   қадам   ба  хок   оҳиста   ниҳӣ,

К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

   Хайёме, ки имрӯз машҳури гетӣ гардида, қалби ҳазорон хонандаро ба худ ҷалб карда ва қариб ба ҳар хонае роҳ ёфтааст, Хаёме аст рубоисаро ва шоир. Ба ҳадде, ки рубоиёти ӯ василаи шинохти фалсафааш  гардидааст. Хайёме, ки бештар дар борааш таҳқиқу баррасӣ мешавад ва муаррифӣ  мегардад Хайёмест, ки тарвиҷкунандаи хушбошӣ, майгусорӣ, ишратталабӣ, беғамӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба поёни кор, мубҳам будани  умури дунё, нақд будани лаззатҳои дунявӣ ва ғайра аст. Агарчи ин кор аз як тараф боиси шӯҳрати Хайём гардидааст, вале аз тарафи дигар шахсият ва арзиши фалсафию илмии ӯро, ки бар пояи эътиқодоти мазҳабӣ устувор аст, мубҳам ва ношинохта кардааст. Зеро агар рубоиёти Хайём арзише доранд ба хотири дигар абъоди арзишманди Хайём аст. Мутаассифона бисёре аз таҳқиқот бар рӯи ҷанбаи адабӣ, махсусан баррасии чанд рубоӣ, сурат гирифта ва афродро водор ба додани назарияҳои бемазҳаб,  даҳрӣ ва табиӣ будани  Хайём намудааст.

   Ба хотири аҳамияти ин баҳс нукоти мухтасареро дар бораи шахсияти Хайём ёдоварӣ мекунем ва қазовати онро ба ӯҳдаи хонандагони азиз мегузорем.

Умар ибни Иброҳим куняааш  Абулфатҳ ё Абулҳафс ва лақабаш  Саиди ҳукамои  машриқу мағриб  ва машҳур ба Умари Хайёми Нишопурӣ, ҳаким, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири бузурги форсу тоҷик аст. 

Шуҳраташ ба Хайём эҳтимолан ба хотири унвон ва ё ҳунари хаймадӯзии падараш бошад.

  Соли таваллудаш мушаххас нест,  вале вафоташро ба соли 517ҳ.қ. тахмин задаанд, ки дар Нишопур дафн шуда ва боргоҳаш зиёратгоҳи аҳли илму адаб аст.

Дар бораи зиндагии Хайём иттилооти зиёде дар даст нест.

  Хайём  ба шаҳрҳои Самарқанд,  Балх,  Ҳирот, Исфаҳон ва Ҳиҷоз сафар карда ҳамчунин бо Замахшарӣ ва Ғаззолӣ дидору мубоҳиса доштааст.

Хайём аз худ осори арзишманде дар бораи фалсафа, риёзиёт, нуҷум, адаб ва ғайра бар ҷой гузоштааст.

  Шахсияти Хайёмро бо ин осори арзанда, азамати фалсафӣ, илмӣ ва адабӣ, аз чанд ҷиҳат метавон баррасӣ намуд. Дар ин навиштор ба таҳлили ҷузъӣ ва мухтасари шахсияти Хайём мепардозем.

(1)-Аз назари фалсафӣ

   Бар хилофи бархе назарияҳо дар бораи Хайём ва фалсафааш, ки онро даҳрӣ ва табиӣ медонанд, мабоҳисе, ки дар осораш матраҳ шудааст нишон медиҳад, ки Хайём дорои тафаккуроти фалсафӣ бар пояи ақлгароии қотеъ, эътиқод ба илоҳиёт ва абадият ва нубувват ва қонунманд будани мабодии ҳастӣ, дорои ҳақиқат будани воқеиёти олами ҳастӣ аст. Бар ҳамин асос аз тарафи уламо ва фузало шоистаи унвонҳое  монанди Имом, Ҳуҷҷатулҳақ алалхалқ, Саиди ҳукамои машриқу мағриб, Нусратуддин, Ғиёсуддин ва ғайра дониста шудааст, ки баёнгари азамати шахсияти мазҳабии Хайём аст.

  Барои ошноии мухтасар бо тафаккуроти фалсафии Хаём чанд намунаеро зикр мекунем.

    Хайём дар тафсири мабонии усули сегонаи фалсафӣ, пас аз тавзеҳи се матлаб (лим, ҳал, мо) чунин мегӯяд: Қисми аввал ҳақиқатест, ки холӣ аз лиммият (иллат, сабаб) аст, чизҳое ҳастанд, ки воҷибанд ва мумкин нест мавҷуд набошанд ва фарзи адами ин ашё мусталзими маҳол аст ва он шайъест, ки ҳақиқатан дорои ин сифат бошад барои он сабаби лиммияте вуҷуд надорад. Дар натиҷа чунин чизе воҷибулвуҷуд бизотиҳ аст ва ин воҷибулвуҷуд он воҳиди ҳайи қайюм аст, ки вуҷуд барои ҳар мавҷуде аз ӯст ва ҳоказо. Ва аммо матлаби «ҳал» монанди ин ки гӯяндае бигӯяд, мавҷудот бо сифоти мазкура вуҷуд ва воқеият доранд ё на?  Посухи ин савол  мусбат аст  ва дар идома ба возеҳ будани ин матлаб ишора мекунад.

Дар ҷои дигар мегӯяд: Худовандо, мардумро забони гуё додӣ, ки агар покиза гардонанд ба илми ҳақ ва амали хайр, монанди малоика гарданд ва савоб ёбанд… Офаридгоро, мо туро ҷӯем ва туро парастем ва аз ту хоҳем. Таваккул бар ту кунем, ки оғози ҳамаи чизҳо аз туст ва бозгашти ҳама чизҳо ба сӯи туст.

(2) Аз назари  илмӣ

    Хайём дар улуми нуҷум, риёзӣ ва ғайра маҳорат, шӯҳрат ва азамати хоссе доштааст дар ҳадде, ки дар масоили нуҷум назари ӯро мусаллам мешумориданд ва дар корҳои бузурги илмӣ, монанди тартиби расад ва ислоҳи тақвим ва монанди он, ба ӯ муроҷеа мекардаанд. Аз ҷумла рӯйдоди муҳим барои Хайём дар ин замина, ширкати ӯ дар тартиб додани тақвими машҳури Ҷалолӣ аст, ки дар давраи салтанати Ҷалолуддин  Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазирии хоҷа Низомулмулк (дар соли 467ҳ.қ.) анҷом шуд. Хайём дар ин кор на танҳо дар тартиби ин тақвим ширкат кард, балки бино бар гуфтаҳое, назари  ӯ бар ҳама муқаддам будааст.

    Осори риёзии Хайём ҳам нишондиҳандаи тасаллути кофӣ дар ин замина ва соҳибназар будани ӯ мебошад. Гуфта шудааст баъзе аз соҳибназарон ӯро поягузори илми ҳандасаи таҳлилӣ медонанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба шароиту замони худ, Хайём дар ин замина аз ҳадди олӣ бархурдор будааст.

(3)-Аз назари мазҳабӣ

    Бо дар назар гирифтани осор ва тафаккури фалсафӣ ва миқдори каме аз рубоиёти мансуб ба ӯ метавон гуфт Хайём муътақид ба илоҳиёт, нубувват, қиёмат, ҳақиқат доштани воқеиёти олами ҳастӣ аст ва хулоса фарди мазҳабист. Зеро наметавон қабул кард, касе, ки дар мабоҳис ва тафаккуроти фалсафӣ ба афкори амиқ даст ёфтааст дар айни ҳол ба он муътақид набошад ва худро бо бозӣ кардан бо алфоз ва калимот машғул созад ва хештанро аз эътиқод ба он маҳрум намояд.

(4)-Аз назари адабӣ

   Бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди ашъори арабии Хайём, маҳорати ӯ дар фанни шеъру адаби арабӣ ва ошноии қобили таваҷҷӯҳи ӯ ошкор мешавад. Ҳамин тавр вуҷуди рубоиёти мансуб ба ӯ аз доштани маҳорати хосси ӯ дар фанни шеър ва ошноии қобили мулоҳизаи адаби форсии ӯро баён мекунад.

    Бо вуҷуди ин ки Хайём абъоди гуногуни шахсиятӣ доштааст ва абъоди фалсафию илмӣ ва мазҳабии ӯ шӯҳрат ва азамат барояш офариданд, буъди адабии ӯ  дигар ҷиҳатҳои ӯро таҳти пӯшиш қарор   додааст.

Хайём ба унвони шоир

   Ончи аз манобеи ба дасти мо расида ҳикоят мекунад ин аст, ки  Хайём  на  дар  даврони  зиндагии  худ, балки ҳатто то ҳудуди   панҷоҳ   сол  баъд  аз   вафоташ  ба  унвони шоир   матраҳ  нашудааст.

Ба  унвони мисол  Замахшарӣ  дар  китоби «Аззоҷир» дар бораи дидораш бо Хайём чунин мегӯяд: Хотираи  дидори  ман  бо  ҳаким  ва  файласуфи  дунё, шайх,  Имом  Хайём  дар  маҷлиси  Фаридӣ  буд…

Муаллифи «Чаҳор мақола» ҳам Хайёмро дар радифи мунаҷҷимин   зикр  карда ва муаллифи «Татиммату савонил ҳикмат» Абулҳасани Байҳақӣ,  Хайёмро файласуф,        риёзидон,  мунаҷҷим    матраҳ  карда ва даст доштани ӯ дар улуме чун тиб, фиқҳ, таърих  ва луғатро баён кардааст, бе онки ишорае ба шеъри ӯ дошта бошад.

   Аввалин китобе, ки Хайёмро шоире аз ҷумлаи шуарои Хуросон муаррифӣ карда китоби «Харидат-ул-қаср» таълифи Имодуддин Котиби Исфаҳонӣ (572) ба забони арабӣ аст ва китоби дигар «Мирсод-ул-ибод» таълифи  Наҷмуддини Розӣ (621-620) аст, ки бо баррасии рубоиёт ва шоҳид овардани рубоии мансуб ба Хайём, ӯро даҳрӣ ва табиӣ хондааст. Дар мавриди ин ки чаро Хайём дар даврони зиндагиаш ба унвони шоир матраҳ нашудааст, баҳсҳои зиёде шуда, ки муҳимтарини онро метавон алоқа надоштани худи Хайём ба шӯҳрати шоирӣ донист.

   Қадимитарин маҷмӯае, ки рубоиёти Хайёмро гирдоварӣ кардааст, нусхаи «Будлини Оксфорд» мебошад, ки дар соли 865ҳ.қ. дар Шероз китобат шудааст ва шомили 158 рубоӣ аст, ҳарчанд холӣ аз ишкол ва ибҳом нест. Аммо баъдҳо дар миқдори рубоиёти мансуб ба Хайём ихтилоф шуд. Аксари рубоиёти мансуб ба Хайём  тарвиҷгари афкори пучгароӣ, мубҳам будани сарнавишти олами ҳастӣ ва ғайра мебошад. Агар ин рубоиёт аз Хайём дониста шавад, шахсияти илмӣ ва фалсафии Хайём, ки такя бар эътиқодоти мазҳабӣ дорад, номаълум ва мубҳам мемонад.

    Ба хотири  аҳамият ва вижагии рубоиёти мансуб ба Хайём ба суроғи баррасии мухтасари рубоиёт меравем.

а) Афкори фалсафӣ ва илмӣ дар осори Хайём нишонгари он аст, ки  соҳиби ин афкор ва осор як марди мазҳабӣ  ва боэътиқоде будааст.

б) Эҳтимолҳои муҳаққиқон ва назари онон дар бораи ин ки дар  таърих се нафар бо номҳои Хайём будааст:

1- Хайём- Умар ибни Иброҳими Нишопурӣ- шахси файласуф, муътақид ба илоҳиёт, риёзидон ва мунаҷҷими тавоно, ки рубоӣ ҳам  сурудааст.

2- Хайём- Алӣ ибни Аҳмад ибни Халафи Хуросонӣ бо лақаби Алоуддин- соҳиби девони форсӣ, ки дорои ашъори зиёд аст,  ки дар Хуросон ва Озарбойҷон  машҳур аст.

3- Хайём- Абдуллоҳи Муҳаммади Хайём, ки дар Мозандарон ҳудуди солҳои 410 вафот ёфтааст. Албатта дар бораи ин ки оё Хайёмҳои дигар рубоиёт сурудаанд ва ё ба ин сабк будааст ва ё осори онҳо бо Хайёми Нишопурӣ омехта шудааст ё не, ниёз ба таҳқиқи дақиқ дорад.

 в)  Изҳори назар ва эътирофи муҳаққиқон ва донишмандон дар нодуруст будани нисбат додани миқдоре аз рубоиёт ба Хайём. Ба  унвони мисол назари чанд тан аз муҳаққиқонро меоварем:

   Деҳхудо дар луғатномаи худ чунин изҳори назар мекунад, ки «… ғолибан медонанд, ки бисёре аз рубоиёти Хайём мансуб ба ӯст ва дар воқеъ аз ӯ нест ва аз дигар шоирон … мебошанд».

Жуковский муҳаққиқи рус қариб 82 рубоӣ аз рубоиёти мансуб ба Хайёмро бо номи шоирони онҳо аз китобҳои гуногун ҷамъ кардааст ва агар касе таҳқиқи бештар бикунад, албатта бештар кашф хоҳад намуд .

Таҳия ва танзим: Саломуддин Муҳаммадамин

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,