Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда оёти 13-16

Ояти 13

>وَلَوْ شِئْنَا لَآتَيْنَا كُلَّ نَفْسٍ هُدَاهَا وَلَكِنْ حَقَّ الْقَوْلُ مِنِّيلَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ<

«Ва агар мехостем ҳар касро (ба иҷбор) ҳидоят мекардем, вале (мехоҳем, ки худ роҳро интихоб кунад.) Вале (кофирон бидонанд, ки) иродаи қатъии ман чунин аст, ки дузахро (аз беимону гунаҳкор) аз ҷинну инс пур хоҳам кард.»

Паёмҳо

  1. Пазируфтани ҳидоят, бояд ихтиёрӣ бошад на иҷборӣ.
  2. Мардум фарқ доранд ва ҳар шахсе ҳидояти махсуси худро дорад.
  3. Раҳмати густардаи илоҳӣ, монеи қаҳри Ӯ нест.
  4. Ҷин монанди инсон вазифа ва савобу иқоб дорад.

 Ояти 14

>فَذُوقُوا بِمَا نَسِيتُمْ لِقَاءَ يَوْمِكُمْ هَذَا إِنَّا نَسِينَاكُمْ وَذُوقُواعَذَابَ الْخُلْدِ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ<

«Пас ба хотири он ки мулоқоти чунин рӯзеро фаромуш кардед (азобро) бичашед, мо (низ) шуморо ба дасти фаромушӣ супурдем ва азоби доимиро бичашед, ба хотири он чи анҷом медодед.»

Нуктаҳо

v   Дар ду ояи қабл, муҷримон тақозои баргашт ба дунёро доштанд, шояд ин оя посухи радде ба дархости онон бошад.

v   Худо фаромуш намекунад. Пас мурод аз «нисён» он аст, ки мо бо фаромушкунандагони қиёмат, мисли фаромушшудаҳо муомила мекунем.

Паёмҳо

  1. Далели кайфарро ба муҷрим бифаҳмонед.
  2. Кайфарҳои илоҳӣ, одилона ва муносиби гуноҳ аст.
  3. Ёди маод, калиди наҷот аст ва ғафлат аз он, мояи гирифторист.
  4. Сарчашмаи аъмоли фосид, ғафлат аз маод аст.
  5. Гуноҳи доимӣ сабаби доимӣ будан дар азоби дӯзах аст.
  6. Ҳар як аз мавзеъгирӣ ва амалкардҳо, кайфари муносиб бо худ дорад. (Такрори бичашед нишони он аст, ки фаромуш кардани қиёмат, азобе дорад ва амалкарди инсон, азоби дигар.)

 Ояти 15

>إِنَّمَا يُؤْمِنُ بِآيَاتِنَا الَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا بِهَا خَرُّوا سُجَّدًاوَسَبَّحُوا بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ<

«Танҳо касоне ба оёти мо имон доранд, ки ҳар гоҳ ин оёт ба онон ёдоварӣ шавад ба шакли саҷда рӯх бар хок ниҳанд ва ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ гӯянд ва онон такаббур намеварзанд.»

Паёмҳо

  1. Саҷдаи ошиқона ва тасбеҳу ситоиши Худо, нишони имон аст.
  2. Қуръон дар шеваи таблиғ ва иршоди худ, бо тарсими чеҳраи муҷримон, нишонаҳои мӯъминонро низ баён мекунад.
  3. Тааллуқ нагирифтани ҳидояти Худо ба гурӯҳе аз мардум, ба хотири такаббури худи онҳост.
  4. Оёти илоҳӣ, бо фитрату хиради башар ҳамоҳанг аст ва танҳо ба тазаккур ниёз дорад.
  5. Саҷдаҳои мӯъминон, махсуси ҳангоми намоз нест.    
  6. Дар ибодат замон, замина ва амал муҳим аст.
  7. Саҷда бояд ошиқона бошад, гӯё бо тамоми вуҷуд ба хок меафтанд.
  8. Беҳтарин зикр дар ҳоли саҷда, тасбеҳи ҳамроҳ бо ситоиш аст.
  9. Саҷдае арзиш дорад, ки бо ғурур ва такаббур набошад.

 Ояти 16

>تَتَجَافَى جُنُوبُهُمْ عَنِ الْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًاوَ مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ<

«(Мӯъминон, шабона) паҳлуҳояшон аз бастарҳо дур мемонад (ва) Парвардигори худро аз рӯи биму умед мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем инфоқ мекунанд.»

Паёмҳо

  1. Саҳархезӣ ва дил кандан аз хоб аз нишонаҳои мӯъминон аст.
  2. Ибодати бо риёзат ва пинҳонӣ арзиши бештаре дорад.
  3. Мӯъмин, на маъюс аст, на мағрур, чун биму умед дорад.
  4.  Тавозуъ, саҳархезӣ ва инфоқ, хислати доимии мӯъминон аст. (Ҳама бо сиғаи музореъ омадааст.)
  5. Робитаи шабона бо Худо, бояд бо хидмат ба маҳрумон бошад.
  6. Инфоқ танҳо мол нест, балки илму обрӯ ва дигар сармояҳои инсон низ ҳаст.                        

 


Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...