Дар миёни қавмҳо ва миллатҳои гуногун одат ин аст, ки корҳои муҳим ва боарзишро ба номи бузурге аз бузургони худ, ки мавриди эҳтиром ва алоқаи онҳост шурӯъ мекунанд, то ки он кор муборак гардад ва ба анҷом расад. Албатта онҳо бар асоси эътиқоди дуруст ё нодурусти хеш амал мекунанд. Гоҳе ба номи бутҳо ва тоғутҳо (ҳокимони золим) ва гоҳе ба номи Худо ва ба дасти авлиёи Худо корро шурӯъ мекунанд. Чунончӣ дар ҷанги Хандақ аввалин кулангро Расули Худо(с) бар замин зад.[2]
بسم الله الرّحمن الرّحيم Бисмилоҳир-Раҳмонир-Раҳим сароғози китоби илоҳӣ аст. بسم الله натанҳо дар аввали Қуръон, балки дар аввали тамоми китобҳои осмонӣ будааст ва дар сарлавҳаи кор ва амали ҳамаи анбиё(а) қарор дошт. Вақте ки киштии ҳазрати Нӯҳ(а) дар миёни мавҷҳои тӯфон ҳаракат кард, Нӯҳ(а) ба ёрони худ гуфт: Савор шавед, ки[3] (بسم الله مجريها و مرسيها) ҳаракат ва истодани ин киштӣ ба номи Худо аст. Ҳазрати Сулаймон(а) низ вақте маликаи Саборо ба имон овардан даъват кард, номаи худро ба ҷумлаи [4]بسم الله الرّحمن الرّحيم оғоз кард.
Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: (بسم الله) Бисмиллоҳ сабаби баракати корҳо ва тарки он сабаби нофарҷомӣ аст. Ҳамчунин он ҳазрат ба шахсе, ки ҷумлаи (بسم الله) –ро менавишт фармуд: Онро некӯ бинавис.[5]
Бар забон овардани (بسم الله) дар шурӯи ҳар коре супориш шудааст; дар хӯрдан, хобидан, нӯшидан, савор шудан бар маркаби мусофират ва бисёр корҳои дигар. Ҳатто агар ҳайвоне бе зикри номи Худо кушта шавад истифодаи гӯшти он ҳаром аст. Ва ин рамзи он аст, ки хӯрок хӯрдани инсонҳои ҳадафдор ва ягонапараст низ ба хотири Худо бошад.
Дар ҳадисе мехонем: (بسم الله)-ро фаромӯш накун ҳатто дар навиштани як байт шеър. Ҳамчунин ривоёте дар аҷри касе, ки аввалин бор “бисмиллоҳ”-ро ба кӯдак ёд диҳад ворид шудааст.[6]
Савол: Чаро дар шурӯи ҳар коре (بسم الله) супориш шудааст?
Ҷавоб: (بسم الله) нишонаи мусулмонӣ аст ва бояд ҳамаи корҳои шахси мусулмон ранги илоҳӣ дошта бошад. Ҳамон гуна ки маҳсулот ва молҳои сохти як корхона аломати он корхонаро дорад, хоҳ ба сурати ҷузъӣ бошад ё куллӣ. Масалан як корхонаи чинисозӣ нишонаи худро рӯи тамоми зарфҳо мезанад, хоҳ зарфҳои калон бошад ё зарфҳои хурд. Ё ин ки байрақи ҳар кишваре ҳам дар идораҳо, мактабҳои он кишвар ва ҳам дар киштиҳои он кишвар, дар дарёҳо овезон аст ва ҳам бар рӯи мизи идораи кормандон гузошта шудааст.
Дар Мустадраки Ҳоким омадааст: Рӯзе Муовия дар намоз (بسم الله) нагуфт. Мардум ба ӯ эътироз карданд, ки «اسرقتَ أم نَسَيتَ» оятро дуздидӣ ё фаромӯш кардӣ!?[7]
Дар тафсири Қуртубӣ аз имом Содиқ(а) нақл шудааст: (بسم الله) тоҷи сураҳост”. Фақат дар оғози сураи Бароат (сураи Тавба) Бисмиллоҳ наомадааст ва ин ба фармудаи ҳазрати Алӣ(к) ба хотири он аст, ки (بسم الله) калимаи амон ва раҳмат аст ва эълони дурӣ ҷустан аз куффор ва мушрикин бо ошкор кардани муҳаббат ва раҳмат созгор нест . Имом Ризо(а) мефармояд: “Бисмиллоҳ” яъне нишони бандагии Худоро ба худ мегузорам.
Симои “Бисмиллоҳ”
1. (بسم الله) нишонгари ранги илоҳӣ ва ҷиҳатгирии тавҳидӣ аст.[8]
2. (بسم الله) рамзи тавҳид аст ва ба ёд овардани номи дигарон ба ҷои он рамзи куфр аст ва наздик кардани номи Худо ба номи дигарон нишонаи ширк. (На дар канори номи Худо номи дигареро бибарем ва на ба ҷои номи ӯ номи дигареро ба ёд биёварем) .[9]
3. (بسم الله) рамзи боқӣ мондан ва давом аст, зеро ҳарчи ранги худоӣ надошта бошад фонист.[10]
4. (بسم الله) рамзи ишқ ба Худо ва таваккул ба ӯст. Ба касе, ки Раҳмон ва Раҳим аст ишқ меварзем ва корамонро бо таваккул ба ӯ оғоз мекунем, бурдани номи ӯ сабаби ҷалби раҳмат аст.
5. (بسم الله) рамзи хориҷ шудан аз такаббур ва рӯшан намудани оҷизии худ ба даргоҳи илоҳӣ аст.
6. (بسم الله) қадами аввал дар роҳи бандагӣ ва убудият аст.
7. (بسم الله) сабаби гурехтан аз шайтон аст. Касе, ки Худоро ҳамроҳ дошт шайтон наметавонад дар ӯ таъсир гузорад.
8. (بسم الله) сабаби муқаддас шудани корҳо ва суғурта кардани онҳост
9. (بسم الله) зикри Худост, яъне, ки Худоё ман туро фаромӯш накардаам.
10. (بسم الله) баёнгари ангеза ва майли мост, яъне Худоё мақсадам ту ҳастӣ на мардум, на золимон ва на ҷилваҳову ҳавасҳо.
11. بسم الله الرّحمن الرّحيم дар аввали сура рамзи он аст, ки матолиби сура аз ҷойгоҳи ҳақ ва мазҳари раҳмат нозил шудааст.
12. بسم الله الرّحمن الرّحيم дар аввали китоб, яъне ҳидоят танҳо бо кӯмаки
ӯ таҳаққуқ пайдо мекунад.[11]
13. (بسم الله) каломе, ки сухани Худо бо мардум ва сухани мардум бо Худо бо он оғоз мешавад.
14. Раҳмати илоҳӣ ҳамчун зоти ӯ абадӣ ва ҳамешагӣ аст. (الله الرّحمن الرّحيم)
15. Баёни раҳмати илоҳӣ дар қолибҳои гуногун нишонаи асрори раҳмат аст. (Ҳам қолиби “رحمن” – Раҳмон, ҳам қолиби “رحيم”- Раҳим) (الرّحمن الرّحيم — Ар-раҳмон-ир-Раҳим).
16. Шояд овардани калимаи “رحمن” ва “رحيم” дар оғози китоб нишонаи ин бошад, ки Қуръон ҷилвае аз раҳмати илоҳӣ аст. Ҳамон гуна ки асли офариниш ҷилваи лутф ва раҳмати ӯст. (الرّحمن الرّحيم).
[1] . Баргирифта аз тарҷумаи тафсири сураи Ёсин, Устод Қироатӣ.
[2] . Биҳор, ҷ.20, саҳ.218.
[3] . Сураи Ҳуд, ояти 41.
[4] . Сураи Намл, ояти 30.
[5] . Канз-ул-уммол, ҳадиси 29558.
[6] . Тафсири Бурҳон, ҷ.1, саҳ.43.
[7] . Мустадрак, ҷ.3, саҳ.233.
[8] . Тафсири “Нур-ус-сақалайн”.
[9] . На фақат зоти ӯ, балки номи ӯ аз ҳар ширке пок аст. «سبح اسم ربّک الأعلی» ҳатто шурӯи кор
ба номи Худо ва Муҳаммад(с) мамнӯъ аст. Исбот-ул-ҳудот, ҷ.7, саҳ.482.
[10] . Қасас, ояти 88.
[11] . Шояд маънои ин ки мегӯянд: Тамоми Қуръон дар сураи “Ҳамд” ва тамоми сураи Ҳамд
дар “Бисмиллоҳ” ва тамоми “Бисмиллоҳ” дар ҳарфи “бе” хулоса мешавад, ин бошад,
ки офариниши ҳастӣ ва ҳидояти он ба дасти ӯст. Чунонки рисолати Паёмбари Акрам(с)
бо номи ӯ оғоз гардид. “Бихон ба номи Парвардигорат”. “اقرا باسم ربک”