سم الله الرحمن الرحیم
Бисмиллоҳ:
- Нишонаи ранги илоҳӣ ва ҷиҳатгирии тавҳидӣ аст.[1]
- Рамзи тавҳид аст ва ба ёд овардани номи дигарон ба ҷои он рамзи куфр аст ва наздик кардани номи Худо ба номи дигарон нишонаи ширк. (На дар канори номи Худо номи дигареро бибарем ва на ба ҷои номи ӯ номи дигареро ба ёд биёварем)[2].
- Рамзи боқӣ мондан ва давом аст, зеро ҳарчи ранги худоӣ надошта бошад фонист.[3]
- Рамзи ишқ ба Худо ва таваккул ба ӯст. Ба касе, ки Раҳмон ва Раҳим аст, ишқ меварзем ва корамонро бо таваккул ба ӯ оғоз мекунем, чунки бурдани номи ӯ сабаби ҷалби раҳмат аст.
- Рамзи хориҷ шудан аз такаббур ва ошкор намудани нотавонии худ ба даргоҳи илоҳӣ аст.
- Қадами аввал дар роҳи бандагӣ аст.
- Сабаби дур кардани шайтон аст. Касе, ки Худоро ҳамроҳ дорад, шайтон наметавонад дар ӯ таъсир гузорад.
8. Сабаби муқаддас шудани корҳо ва суғурта кардани онҳост.
9. Зикри Худост, яъне Худоё! Ман туро фаромӯш накардаам.
10. Баёнгари ангеза ва майли мост, яъне Худоё! Мақсадам ту ҳастӣ, на мардум, на золимон ва на ҷилваҳову ҳавасҳо.
11. Дар аввали сура рамзи он аст, ки матолиби сура аз ҷойгоҳи ҳақ ва мазҳари раҳмат нозил шудааст.
12. Дар аввали китоб, яъне ҳидоят танҳо бо кӯмаки ӯ таҳаққуқ пайдо мекунад.[4]
13. Каломе, ки сухани Худо бо мардум ва сухани мардум бо Худо бо он оғоз мешавад.
14. Раҳмати илоҳӣ ҳамчун зоти ӯ абадӣ ва ҳамешагӣ аст, ки дар қолибҳои Раҳмон (раҳмати ом ва фарогир) ва Раҳим (раҳмати махсус) омадааст.
Шояд овардани калимаи “رحمن” ва “رحيم” дар оғози китоб нишонаи ин бошад, ки Қуръон ҷилвае аз раҳмати илоҳӣ аст. Ҳамон гуна ки асли офариниш ҷилваи лутф ва раҳмати ӯст.
[1]. Тафсири “Нур-ус-сақалайн”.
[2]. На фақат зоти ӯ, балки номи ӯ аз ҳар ширке пок аст. «سبح اسم ربّک الأعلی» ҳатто шурӯи кор ба номи Худо ва Муҳаммад(с) мамнӯъ аст. Исбот-ул-ҳудот, ҷ.7, саҳ.482.
[3]. Сураи Қасас, ояти 88.
[4]. Шояд маънои ин ки мегӯянд: Тамоми Қуръон дар сураи “Ҳамд” ва тамоми сураи Ҳамд дар “Бисмиллоҳ” ва тамоми “Бисмиллоҳ” дар ҳарфи “бо” {ва «бо» дар нуқта хулоса мешавад ва ҳазрати Алӣ(к) фармуд, ки ман нуқтаи бо ҳастам}, ин бошад, ки офариниши ҳастӣ ва ҳидояти он ба дасти ӯст. Чунонки рисолати Паёмбари Акрам(с) бо номи ӯ оғоз гардид. “Бихон ба номи Парвардигорат”. “اقرا باسم ربک”