Сабаби издивоҷҳои Паёмбари Аъзам1

Дар бораи иллати издивоҷҳои Паёмбари Аъзам(с) ва ҳамсарони зиёди вай, ки дастовези тӯҳматҳои ноҷавонмардонаи мусташриқон низ шудааст,[1] ба нукоти зер ишора мекунам:

1-Яке аз вижагиҳои махсуси Расули Худо(с) имкони издивоҷи беш аз чаҳор ҳамсар ба сурати ақди доим буд,[2] ки дигарон аз он маҳруманд. Албатта ин масъала ҳам беш аз даҳ сол давом наёфт. Пас аз он издивоҷи дубора барои он ҳазрат ҳаром шуд,[3] ки ояти 52 сураи Аҳзоб, бадон ишора дорад. Аз ин рӯ озодии издивоҷи номаҳдуд, дар як давраи даҳсола ҳамагонро ба рамзгушоии ин ҳикмати илоҳӣ савқ медиҳад.

2-Тааддуди ҳамсарон дар он замон, (дар минтақаи Арабистон) як амри оддӣ буд ва махсуси Расули Худо(с) набуд. Ва бо масоили ҳар замон ва макон, бояд бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳои ҳамон замон ва макон нигоҳ кард.

Расули Худо(с) бо бисёре аз суннатҳои замони худ, ки дар тазод бо аҳдоф ва усули тарбиятии Ислом набуданд, мухолифат накарданд, балки бо воқеъгароӣ бо онҳо рӯбарӯ шуд, то тамоми онҳоро кам-кам ислоҳ кард ва ё аз асос решакан сохт.

3-Ҳуқуқи зан дар давраи торики ҷоҳилӣ дастхуши ҳавасронии мард қарор гирифта буд ва ин ҳуқуқи нобудшуда, ба дасти Пайғамбари Аъзам(с) зинда шуд. Ва зан ба мақоми хеш ноил гардид. То андозае, ки яке аз охирин тавсияҳои Пайғамбари Аъзам(с) риояти ҷойгоҳи зан буд. Ва фармуд: ”Аллоҳа Аллоҳа финнисо”.

4- Пайғамбари Аъзам(с) дар синни 25 солагӣ бо Хадичаи Кубро, ки ба қавли машҳур 40 сол дошт издивоҷ кард ва даврони ҷавонӣ ва миёнсолагии худро бо ӯ гузаронд. Ва то 50 солагӣ, яъне соли даҳуми беъсат фақат бо он бонуи бузург зист ва то ҳангоми даргузашти ҳазрати Хадича, бо касе издивоҷ накард. Аз ин рӯ агар ӯ шаҳватрон буд, бо зани бузургсолтар аз худ васлат намекард. Ва 25 соли оғозини зиндагии заношӯӣ ва шӯри ҷавониро бо ӯ намегузаронид ва ҳамзамон бо занони дигар пайванди заношӯӣ мебаст.

5- Агар сухане дар бораи издивоҷҳои мутааддиде матраҳ аст, дар бораи мақтаи пас аз реҳлати нахустин ҳамсари Пайғамбари Аъзам(с) аст. Зеро издивоҷҳои мутааддиди ӯ дар 13 соли охири умр, яъне дар ҳадди фосилаи синини 50 то 63 солагӣ рӯх дод, давроне ки солҳои поёнии зиндагӣ дар Макка ва даврони зиндагӣ дар Мадинаро шомил мешуд. Ба таври қатъ, он издивоҷҳо омили гуногуни динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошт. Ва барои ҳалли мушкилоти ҷорӣ буд; аз ин рӯ синни 50 солагӣ, иқтизое барои хушгузаронии ҷинсии мард надорад. Илова бар ин бисёре аз заноне, ки Пайғамбар(с) бо онон издивоҷ карда буд бева буданд, ҷуз як нафар ва аксаран аз ҷиҳати синни боло, ҳатто пир буданд ва бархе борҳо бо носозгориҳо ва ҳасодатҳои занона, Пайғамбар(с)-ро меозурданд .[4]

Маълум аст, ки ин равиш ва ин навъ издивоҷ, равиши шаҳватронон нест ва бо ин муҳосиба як инсони муҳаққиқи дурандеш наметавонад барои он ҳазрат ангезаҳои шаҳватронӣ дар назар бигирад, зеро издивоҷҳои мутааддид ҳангоме нописанд аст, ки бар меҳвари хостаҳои ҷинсӣ устувор бошад, ки дар бораи Пайғамбар(с) чунин бардоште носавоб аст. Ҳамчунин инсонҳои шаҳватрон ва танаввӯъталаб маъмулан аз издивоҷҳои доим, шона холӣ мекунанд ва ба комрониҳои гузаро ва лаҳзаӣ мепардозанд, дар ҳоле ки дар зиндагии Пайғамбар(с) чунин амре мушоҳида нашудааст.

идома дорад.

Саидаллоҳёри Ғозӣ

[1] . Муҳаммадҳусейни Ҳайкал, Ҳаёти Муҳаммад(с), с. 315-325.

[2] . Маҷмаъ-ул-баён ҷ.8, с.384.

[3] . Сайид Муҳаммадҳусейни Таботабоӣ, Фарозҳое аз Ислом.

[4] . Сураи Таҳрим, ояти. 1-5.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...