Имом Саҷҷод(а) фарзанди баруманди имом Ҳусейн(а) набераи имом Алӣ(к) ва ҳазрати Заҳро(с) яке аз обидтарин, олимтарин ва беҳтарин фард дар даврони ҳаёти худ будааст. Осори гаронбаҳое аз ин сулолаи поки Паёмбар(с) ба ёдгор мондааст. Яке аз он осори арзишманд рисолаи ҳуқуқи эшон аст. Дар ин рисола Имом ҳудуди 50 ҳақро баён менамояд, ки донистан ва амал кардан ба он саодати дунё ва охиратро дар пай дорад. Инак қисмати дуюми ин рисоларо тақдими шумо менамоем.
Ҳуқуқи аъзои бадан
4. Ҳаққи гӯш
Ва аммо ҳаққи гӯш ин аст, ки онро аз ин ки роҳе барои дилат бошад бибандӣ, магар барои хабари хубе, ки дар дилат хайр падид оварад ё хулқи некӯеро насибат кунад, зеро гӯш дарвозаи дил аст ва ҳар навъ маънои хуб ё бадеро ба он мерасонад ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
5. Ҳаққи чашм
Аммо ҳаққи чашм ин аст, ки онро аз чизе, ки бар ту ҳалол нест, бибандӣ, мубтазал ва ҳарзааш насозӣ, [чашматро бибанд] магар онҷо, ки ибратовар аст ва сабаби биноии ту гардад ва ё ба воситаи он аз донише баҳраманд шавӣ, зеро чашм дарвозаи ибратомӯзӣ аст.
6. Ҳаққи пойҳо
Аммо ҳаққи пойҳоят ин аст, ки ба василаи онҳо ба маҳалле, ки ҳалол нест, қадам нагузорӣ ва ба роҳе, ки сабаби хор шудани раҳрав ва равандааст, по нагузорӣ, зеро пойҳо туро ҳамл мекунанд ва туро ба роҳи дин мебаранд ва пеш меандозанд ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
7. Ҳаққи дастҳо
Аммо ҳаққи дастҳо ин аст, ки онро ба сӯи чизе, ки бар ту ҳалол нест барои ба даст оварданаш, дароз накунӣ то ба муҷозоти илоҳӣ дар охират ва сарзаниш ва маломати мардум дар дунё гирифтор шавӣ ва бояд онро нисбат ба воҷиботи Худованд набандӣ, балки бояд дастатро мӯҳтарам шумурда ва аз анҷоми ҳаромҳо бозаш дорӣ ва ҳамчунин онро ба корҳое, ки Худованд онҳоро бар ту воҷиб накарда [мустаҳаббот] ба кор андозӣ ва чун дасти ту дар ин дунё аз ҳаром боз истод ва худро гиромӣ дошт ва бо ақл пеш рафт дар охират савоби хуб барои ӯ воҷиб аст ва ҳеҷ нирӯе нест магар, аз ноҳияи Худованд.
8. Ҳаққи шикам
Аммо ҳаққи шикам ин аст, ки онро зарфи ҳаром (хоҳ кам ё зиёд) насозӣ ва аз ҳалол ҳам ба андоза истифода кунӣ. Аз ҳадди тақвияти бадан ба ҳадди шикамборагӣ нарасонӣ ва ҳангоми гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ёдаш бошӣ. Серии беҳад танбалӣ ва беморӣ меорад, ки дар натиҷа инсон аз корҳои нек бозмемонад. Ҳар нӯшидание, ки сабаби мастӣ шавад, ҷаҳл ва нодонӣ ва бемурувватиро дар пай дорад ва ҳеҷ нирӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
9. Ҳаққи андоми таносулӣ
Аммо ҳаққи андоми таносулӣ ин аст, ки онро аз чизе, ки бар ту ҳалол нест боздорӣ ва бо чашмпушӣ аз номаҳрамон ба он кӯмак кунӣ, зеро чашмпушӣ беҳтарин ёвар аст. Ҳамчунин метавонӣ барои кӯмакрасонӣ ба он аз зиёдии ёди марг ва таҳдид ба азоби Худованд ва тарсондани ӯ аз Худо ёрӣ биҷӯӣ, чунки исмат ва покдоманӣ ва таъйид аз тарафи Худованд аст ва ҳеҷ нирӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
Ҳуқуқи ибодот
10. Ҳаққи намоз
Аммо ҳаққи намоз ин аст, ки бидонӣ намоз, рӯй овардан ба даргоҳи Худост ва ту дар ҳоли намоз муқобили Худованд истодаӣ. Ҳоло, агар бар ин матлаб огоҳ бошӣ, худро шоиста мебинӣ, ки ҳамчун бандаи хор, муштоқ, бимнок, умедвор, ниёзманд ва нолон дар баробараш биистӣ ва дар ҳоли оромиш ва сарафкандагӣ ва фурӯтании ҳамаҷониба, ӯро бузург дорӣ ва аз ҷону дил бо ӯ розу ниёз кунӣ ва аз ӯ бихоҳӣ то туро аз зери бори хатоҳое, ки туро дарбар гирифтаанд ва гуноҳоне, ки нобудат мекунанд, озод намояд ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
11. Ҳаққи рӯза
Аммо ҳаққи рӯза ин аст, ки бидонӣ рӯза пардаест, ки Худованд бар забон, гӯш, чашм, андоми таносулӣ ва шикамат афканда то туро аз оташ бипӯшонад. Дар ҳадис омадааст: “Рӯза, сипаре аст дар баробари оташи дӯзах”. Пас агар андомҳоят дар ин парда ҷой гиранд, умеди масуният барои ту ҳаст ва агар онҳоро раҳо кардӣ ва пардаро боло задӣ, ки ҳарчи бихоҳанд бикунанд ва ба саҳнаҳои шаҳватангез сар бизананд ва аз ҳадди тақвои илоҳӣ берун раванд, дар амон нахоҳӣ буд, чунки мумкин аст он парда пора шавад ва ту дар маърази азоби Худованд қарор бигирӣ ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
12. Ҳаққи садақа
Аммо ҳаққи садақа ин аст, ки бидонӣ ин садақа пасандози туст назди Парвардигорат ва амонатест, ки ниёз ба гувоҳ ва шоҳид надорад. Агар ин матлабро бидонӣ, ба ончи, ки дар пинҳон ба амонат месупорӣ нисбат ба ончи, ки ошкоро ба амонат мегузорӣ, боварии бештаре хоҳӣ дошт.
Бинобар ин сазовор аст ончиро, ки қасд дорӣ ошкоро ба амонат ниҳӣ дар ниҳон ба Худованд бисупорӣ, ки дар ҳар ҳол рози нуҳуфта миёни ту ва ӯ мебошад. Дар ин амонате, ки ба ӯ месупорӣ мабодо аз гӯшҳо ва чашмҳо ба унвони шоҳид ва гувоҳ мадад гирӣ. Гӯё, ки ба ин гувоҳон бештар аз худи ӯ, итминон дошта ва дар бозпасгирии амонатат ба ӯ эътимод надорӣ. Сипас эҳтиёт кун бар касе, ки садақа медиҳӣ миннат наниҳӣ, чунки садақаро ба хотири худат мепардозӣ, ҳоло агар миннат ниҳӣ, дар амон нестӣ ва ба сарнавишти ҳамон кас дучор шавӣ, ки бар ӯ миннат ниҳодаӣ, зеро ин нишонаест, ки ту садақаро барои худ нахостаӣ. Агар чунин буд ҳаргиз миннат намениҳодӣ ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.
13. Ҳаққи қурбонӣ
Аммо ҳаққи қурбонӣ ин аст, ки онро фақат ба қасди ихлос ва барои Парвардигорат ба ҷо оварӣ ва бояд танҳо қасдат ҷалби раҳмат ва қабулии ӯ бошад, на ҷалби назари мардум. Агар ин гуна бошӣ, на худро ба сахтӣ андохтаӣ ва на риё кардаӣ ва фақат ба хотири ризои Худо анҷом додаӣ. Бидон, Худовандро ба ончи, ки осон аст метавон хост, на бо ончи, ки душвор аст, зеро ӯ низ аз бандагони худ таколифи сода ва осон хоста, на таколифи душвор. Сазовор аст хозеъ буда ва аз хонманиши бипарҳезӣ, зеро хонманишон гирифтори заҳмат ва ҳазинаи фаровон мешаванд, вале фурутанӣ ва дарвешмаобӣ, заҳмат ва такаллуф надорад, балки мутобиқи сарнавишт ва фитрати одамӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ нерӯе нест, магар аз ноҳияи Худованд.[1]