Масоҳифи саҳоба ва яксонсозии мусҳафҳо

quron

Масоҳифи саҳоба

Пас аз риҳлати Паёмбари Акрам (с), илова бар Зайд ибни Собит, иддаи дигаре аз бузургони саҳоба ба ҷамъи Қуръон пардохтанд. Аз ҷумла: Абдуллоҳ ибни Масъуд, Ал-итқон фи улумил Қуръон ибни Абитолиб, Убай ибни Кааб, Миқдод ибни Асвад, Солим Мавло Абиҳузайфа, Маоз ибин Ҷабал ва Абумусо Ашъарӣ (разияллоҳу анҳум).

Масоҳифи ҳар кадом аз саҳоба важагиҳое дошт, яке бар асоси тартиби нузул, дигарӣ бар асоси баландӣ ва кӯтоҳии сураҳо, севвуми ҳамроҳ бо тафсир ва шаъни нузул ва … ҷамъоварӣ шуда буд.

Мегӯянд нахустин касе, ки сураҳои Қуръонро ба шакли кунуни мураттаб намуд, Солим Мавло Абиҳузайфа буд. Вақте Қуръон ҷамъоварӣ ва рӯи авроқ навишта шуд, онгоҳ худ ва ҳамкоронаш гирди ҳам омаданд ва дар бораи номи он ба машварат нишастанд. Бархе номи “сифр”-ро пешниҳод карданд, Солим ва дигарон онро написандиданд; зеро номи китобҳои яҳуд буд. Сипас Солим, унвони мусҳафро пешниҳод кард ва гуфт: ҳамонанди ин китоб (саҳифаҳои ҷамъшуда)-ро дар ҳабаша дидам, ки онро “мусҳаф” мегуфтанд. Ҳамаи ҳозирон номи мусҳафро барои саҳифаи ҷамъшуда пазируфтанд.[1] Пӯшида намонад, ки Қуръон , номи “ ما یقرأ; ончи хонда мешавад” аст, вақте дар саҳифаҳо ба сурати китоб даромад, номи “мусҳаф” ба худ гирифт.

Яксонсозии мусҳафҳо (тавҳиди қироатҳо)

Ҳамонтавр ки ишора шуд дар рӯзгори Паёмбари Акрам (с), бархе аз асҳоби маъруф ва нависандагон ва қориёни Қуръон нусхае аз оёти қуръониро нигаҳ медоштанд ва лизо илова бар нусхаи Зайд ибни Собит нусхаҳои дигар бузургони саҳоба ҳамчун Абдуллоҳ ибни Масъуд, Убай ибни Каъб ва … вуҷуд дошт. Аз ин рӯ котибон ва соҳибони ҳар як аз ин масоҳиф ва қориён ба таври табии ба унвони муаллимони манотиқи гуногуни кишвари исломӣ шинохта шуданд.

Аммо аз онҷо ки хат ва нигориши даврони нахустин таълифи Қуръон, бисёр ибтидоӣ ва фоқиди алоими таъйинкунандаи ҳуруф ва ҳаракот буд ва аз сӯи дигар бо тавсеаи беш аз пеши Ислом ва вуруди қабоили гуногуни араб ва милали гуногуни ғайри араб ҳамчун рӯмиён, ҳабашиён, эрониён ва … дар ҷургаи мусалмонон, қироати саҳеҳи Қуръон бо душвориҳое рӯ ба рӯ гашт. Зеро ҳар як аз ин навмусалмонон дорои забон ва луғати хос ва лаҳҷа ва гӯйиши вижа буданд ва табъан наметавонистанд Қуръонро ба суҳулати ёрони паёмбар адо кунанд, дар натиҷа ҳар рӯз лаҳн ва ғалат дар талафузи Қуръон рӯ ба издиёд мениҳод ва маншаи нигаронӣ буд. Шарҳи ин нигаронӣ аз забони Ҳузайфатул ямон, саҳобии ҷалилулқадр ва соҳиби сирри Паёмбар пайдост. Ӯ бо нигаронӣ ихтилофи сарбозони мусалмони шомӣ ва ироқӣ дар қироат, тафсиқ ва тахтиаи якдигар дар ҷанги Арманистонро ба самъи халифаи змон ҳазрати Усмон(рз) расонд ва аз ӯ истимдод талбид.

Бухорӣ дар саҳеҳи худ аз Анас ибни Молик ривояте нақл кардааст, ки мавриди истинод ва таваҷҷӯҳи таърихи Қуръон нависон қарор гирифтааст.

Анас мегӯяд: Ҳузайфа[2], ки дар ҷанги Урумия (Арманистон) ва Озарбойҷон ба ҳамроҳи сипоҳиёни шомӣ ва ироқӣ ширкат дошт, дар гиру дори ҷанг, ихтилофи сипоҳи Ислом дар қироати Қуръонро мушоҳида намуд ва сахт ба ваҳшат афтод. Вақте назди Усмон баргашт ба ӯ чунин гуфт: Эй халифаи муслимин, уммати Исломро қабл аз он ки дар китоби динии худ монанди яҳуд ва насоро ихтилоф намоянд, дарёб… .[3]

Доманаи ихтилоф ба онҷо расида буд, ки ҳатто дар маркази хилофат яъне Мадина, муаллимони Қуръон, шогирдони худро ба суратҳои мухталиф таълими Қуръон медоданд:

Анас ибни Молик гӯяд: дар давраи хилофати Усмон мардум чунон дучори ихтилоф дар қироат гардиданд, ки шогирдон ва муаллимон ба низоъ ба якдигар бархостанд (даргирии шогирдон бо шогирдон ва муаллимон бо якдигар). Гузориши ин вақоеъ ба Усмон расид ва ӯ хитоб ба мардум гуфт: шумо мардуми Мардина, ки наздики ман ҳастед якдигарро такзиб ва қироати дигариро тахтеа мекунад, пас онон ки аз мо дуранд беш аз шумо гирифтори такзиби якдигар ва иштибоҳанд. Эй пайравони Паёмбар (с) гирди ҳам оед ва мусҳаферо барои мардум бинависед… .[4]

Усмон пас аз машварат бо бузургони саҳобаи паёмбар ва мувофиқати эшон пешниҳоди тадвини нусхаи расмӣ (имом)-ро роҳгушои ҳали ин маъзал донист. Бадин манзур кумитае мураккаб аз Зайд ибни Собит, Саъид ибни Ос, Абдуллоҳ ибни Зубайр ва Абдураҳмон ибни Ҳорисро баргузид.[5] Аммо аз онҷо ки ин гурӯҳ барои таҳқиқи ин ҳадафи муҳим кифоят намекард ба суроғи Убай ибни Кааб, Молик ибни Абиомир, Касир ибни Афлаҳ, Анас ибни Молик ва Абдуллоҳ ибни Аббос рафтанд ва раёсати анҷумани ёдшуда ба уҳдаи Убай ибни Кааб супурда шуд, ӯ имло мекард ва дигарон менавиштанд.[6]

Марҷаи ин анҷуман ҳамон нусхаи Зайд буд, ки дар замони Абубакр навишта шуда буд ва аз мактуботи хонаи паёмбар баҳра гирифта буд ва дар ин ҳангом ба назди Ҳафса буд, ҳамчунон ки мактуботи хонаи паёмбар ва мусҳафи худи Убай ибни Кааб аз маохизи муқобала будааст.

Ҳайати ёдшуда нусхаҳое ба унвони улгу ва шохис (имом) ба лаҳҷаи арабӣ марвӣ аз Паёмбари Акрам (с), истинсох кард ва бо муалимон ва қориёне ба шаҳрҳои бузурги исломӣ фиристод. Бо фароҳам шудани нусахи имом, халифа дастур дод, ки ҳар мусҳафе ғайр аз инҳо аз миён биравад ва танҳо ин нусхаҳо тавасути қориён ва котибони маъруф таълим гардад.[7] Бар ҳамин асос, Зайд ибни Собит ба ҳамроҳи як нусха маъмури таълими Қуръон дар Мадина шуд. Абдуллоҳ ибни Соиб бо нусхае равонаи Макка шуд ва Муғира ибни Шаҳоб ба Шом ва Абуабдуллоҳи Асламӣ ба Куфа ва Омир ибни Абдулқайс ба Басра эъзом гардид ва тамоми нусхаҳои баъдии Қуръон бар асоси ҳамин нусхаҳо шакл гирифт. Ба ҳар ҳол ангезае, ки ҳазрати Усмон дунбол мекард, аз миён бардоштани қироатҳои гуногун ва ихтилофоти домангустар дар ҷомеаи исломӣ буд, на ҷамъи Қуръон миёни ду ҷилд, ки қаблан анҷом шуда буд, ҳамон тавр ки Қуртубӣ[8] ва Заркашӣ ва бисёре аз муҳаққиқони дигар бадон тасреҳ доранд.

 


[1] . а) Алӣ ибни Абилкарами Шайбонӣ, Абулҳасан, Алкомиу фи таърих, ҷ.3, с.55; б) Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.58. в) Саҷистонӣ, Абдуллоҳ ибни Сулаймон, Алмасоҳиф, с.11-14. Ҳамон гуна ки дар фасли чорум гузашт бархе манобеъ, ин номгузориро ба Абдуллоҳ ибни Масъуд нисбат додаанд.

[2]. Ҳузайфа ибни Ямон: аз собиқин дар Ислом буд. Дар замони Расули Худо, рикобдори ҳазраташ буд. Ӯро соҳиби сирри Расули Худо гуфтаанд. Дар замони Умар волии мадоин гашт. Наҳованд дар соли 22 ҳиҷрӣ ба дасти вай фатҳ гардид. Ҳамон сол бо Озарбойҷон сулҳ кард, ки чанд сол баъд ба иҷро даромад. Дар замони Усмон ӯ маъмури озарбойҷон буд, пас аз Усмон аз мулозимони Алӣ буд. Вақте вафот кард уро канори Салмони Форсӣ дар мадоин ба хок супурданд. (Ромёр, Таърихи Қуръон, с.412).

[3] . Саҳеҳ Бухорӣ, китоби Фазоилул Қуръон, ҷ.6, с.581; Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1,с.330; Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.187.

[4] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.187.

[5] . Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.6, с.581; Алкомилу фи таърих, ҷ.3, с.112; Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.330; Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.187.

[6] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, навъи 13.

[7] . Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.6, с.581; Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.330; Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.187.

[8] . Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Алҷомеул аҳкомил Қуръон, ҷ.1, с.51.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.