Ҷоиз будани лаъни Язид дар каломи бузургони Аҳли Суннат

 Осор ва кутуби бузургонро вақте варақ мезанем ҷоиз будани лаъни Язидро ошкоро дида ва мушоҳада менамоем. Бисёре аз бузургони мо Аҳлисуннат лаън бар Язидро раво дониста ва баъзеҳо низ Язидро кофир медонанд. Барои мисол ба чанд намуна ишора менамоем:

 

  1. Абдуллоҳ ибни Ҳанзала: Вай, ки фарзанди  Ғасилулмалоик аст бо ҳукумати Язид байъат накард ва дар Мадина яке аз раҳбарони мухолиф буд. Вай далели қиём ва адами байъат ва муқобила бо Язидро аъмоли фисқ,  монанди никоҳ бо маҳорим, шурби хамр ва тарки намоз зикр мекунад.[1]
  2. Ибни Имоди Ҳанбалӣ, ки аз бузургони Аҳлисуннат аст, ҳаводиси Карбало ва Ошӯроро нақл мекунад ва сипас менависад: Худованд бикушад касеро, ки Ҳусайнро кушт  ва хонадон ва аҳлибайташро ба асорат бурд ва розӣ ба ин амал буда аст.[2]
  3. Олусӣ менависад: Зоҳир ин аст, ки  Язид тавба накарда аст ва эҳтимоли тавбаи ӯ заъифтар аз имонаш аст ва то чашме барои Ҳусайн ашк мерезад Худо Язид ва пайравонашро лаънат кунад.[3]
  4.  Шавконӣ дар китоби Найлулавтор мегӯяд: Ба таҳқиқ иддае аз аҳли илм ифротварзида, чунончӣ ҳукм кардаанд, ки:” Ҳусайн(рз) набераи Паёмбар(с) нофармонии як одами доимулхамрро карда аст ва ҳурмати шариати Язид инби Муовияро ҳатк карда аст”. Худованд лаънаташон кунд, чӣ суханони аҷибе, ки аз шунидани онҳо мӯй бар бадани инсон рост мегардад.
  5. Тафтозонӣ дар китоби Шарҳул ақоид менависад: Ҳақиқат ин аст, ки ризояти Язид бар қатли Ҳусайн ва шод шудани вай бадон хабар ва иҳонат карданаш ба Аҳлибайти Паёмбари акрам(с) аз ахборест, ки дар маъно мутавотир аст ҳарчанд тафосили он мутавотир нест, дар бораи мақоми Язид, балки дар бораи имони ӯ, ки лаънати Худо бар ӯ ва ёронаш бод, тавофуқе надорем.
  6. Ибни Ҳаҷараи Ҳайсамии Маккӣ дар китоби Ассавоиқулмуҳриқа менависад: Писари имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар бораи лаъни Язид аз вай пурсид: Аҳмад дар ҷавоб гуфт: Чӣ гуна лаънат нашвад касе, ки Худованд ӯро дар Қуръон лаън карда аст. Сипас оёти 22 ва 23 аз сураи Муҳаммад(с)-ро хонд.
  7. Абдурраззоқ дар китоби Мақталлулҳусайн мегӯяд: Ба таҳқиқ гурӯҳе аз уламо аз ҷумла Қозӣ, Ҳофиз ибни Ҷавзӣ, Тафтозонӣ ва Суютӣ дар мавриди лаъни Язид назари қатъӣ додаанд ва бо садоқати тамом лаъни ӯро ҷоиз шумурдаанд.
  8. Абуҳанифа(рҳ) ва Молик(рҳ): Раисони мазҳаби Ҳанафия ва Моликия бино ба гузориши ибни Имод, бо лаъни Язид мувофиқ будаанд ва далели онро қиморбозӣ ва доимулхамр будани Язид зикр мекунанд.[4]
  9. Ибни Халдун Язидро фосиқ муаррифӣ мекунад ва қиёми Имом Ҳусайнро ба сабаби зуҳур ва ошкор шудани фисқи Язид медонад.[5]
  10. Суютӣ бо сароҳати тамом дар китобаш мегӯяд: Худо лаънат кунад қотили Ҳусайн, ибни Зиёд ва Язидро.[6]
  11. Шайх Муҳаммад Абдуҳ, ҳукумати Язидро ҳукумати макр ва худи вайро диктатор тавсиф мекунад  ва тарафдорони вайро Карромия ва Навосиб мехонад ва сипас нафринашон мекунад.[7]
 
Ёсин


[1] Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, китоби Ассавоиқулмуҳриқа саҳ 221 чопи ҷадид.

[2] Китоби Шазаротуззаҳаб, ҷ 1,  саҳ 66.

[3] Китоби Руҳулмаонӣ фиттафсирил қуръонил азим, ҷ 13,  саҳ 228.  

[4] Китоби ибни Имод, Шазаротуззаҳаб, ҷ  3 саҳ 179.

[5] Китоби Торихи ибни Халдун, ҷ 1 саҳ 269 ва 270.

[6] Китоби Торихулхулафо, саҳ 231.

[7] Китоби Тафсири Алманор, ҷ 12 саҳ 185.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...