Ҳаҷ як ибодати муҳимми инсонсоз

Сафари ҳаҷ дар ҳақиқат як ҳиҷрати бузургаст, як сафари илоҳист, як майдони густардаи худсозӣ ва ҷиҳоди акбараст.

 Маросими ҳаҷ дар воқеъ ибодатеро нишон медиҳад, ки амиқан бо хотираи муҷоҳидоти ҳазрати Иброҳим(а) ва фарзандаш Исмоил(а) ва ҳамсараш Ҳоҷар омехтааст, ва мо агар дар мутолиот дар мавриди асрори ҳаҷ аз ин нукта ғафлат кунем бисёре аз маросими он ба сурати муаммо дармеояд, бале калиди ҳалли ин муаммо таваҷҷуҳ ба ин омехтагии амиқаст.

Ҳангоме, ки дар қурбонгоҳ дар сарзамини Мино меоем тааҷуб мекунем ин ҳама қурбонӣ барои чист? Усулан магар зибҳи ҳайвон метавонад ҳалқае аз маҷмуаи як ибодат бошад?

Аммо ҳангоме, ки масалаи қурбонии Иброҳимро ба хотир меоварем, ки азизтарини азизонаш ва ширинтарин самараи умрашро дар ин майдон дар роҳи Худо исор кард ва баъдан суннате ба унвони қурбони дар Мино ба вуҷуд омад, ба фалсафаи ин кор пай мебарем.

Қурбони кардан рамзи гузашт аз ҳама чиз дар роҳи маъбудаст, қурбони кардан мазҳарест барои холи намудани қалб аз ғайри Худо ва ҳангоме метавон аз ин маносик баҳраи тарбиятии кофӣ гирифт, ки тамоми саҳнаи зибҳи Исмоил(а) ва руҳиёти ин падар ва писар ба ҳангоми қурбони дар назар муҷассам шавад ва он руҳиёт дар вуҷуди инсон партавафкан гардад.[1]

Ҳангоме, ки ба суроғи ҷамарот (се сутуни сангии махсусе, ки ҳуҷоҷ дар маросими ҳаҷ онҳоро сангборон мекунанд ва дар ҳар бор ҳафт санг бо маросими махсус ба онҳо мезананд) меравем ин муаммо дар назари мо худнамоӣ мекунад, ки партоби ин ҳама санг ба як сутуни бе рӯҳ чи мафҳуме метавонад дошта бошад? Ва чи мушкилеро ҳал мекунад?

Аммо ҳангоме, ки ба хотир меоварем инҳо ёдовари хотираи муборизаи ҳазрати Иброҳим(а) қаҳрамони тавҳид бо васвасаҳои шайтонаст, ки се бор бар сари роҳи Ӯ зоҳир шуд ва тасмим дошт Ӯро дар ин майдони “ҷиҳоди акбар ” гирифтори сустӣ ва тардид кунад, аммо ҳар замон Иброҳими қаҳрамон Ӯро бо санг аз худ дур сохт муҳтавои ин маросим равшантар мешавад.

Мафҳуми ин маросим ин аст, ки ҳамаи шумо низ дар тули умр дар майдони ҷиҳоди акбар бо васвасаҳои шаётин рубару ҳастед ва то онҳоро сангсор накунед ва аз худ наронед пируз нахоҳед шуд.

Агар интизор доред, ки Худои бузург ҳамонгуна, ки салом бар Иброҳим(а) фиристода ва мактаб ва ёди Ӯро ҷовидон намуда ба шумо назари лутф ва марҳамате кунад бояд хатти Ӯро идома бахшед.

Ва ё ҳангоме, ки ба “Сафо” ва “Марва” меоем ва мебинем гуруҳ гуруҳ мардум аз ин куҳи кучак ба он куҳи кучактар мераванд ва аз онҷо ба ин боз мегарданд ва бе онки чизе ба даст оварда бошанд ин амалро такрор мекунанд, гоҳ медаванд, гоҳ роҳ мераванд, мусалламан тааҷуб мекунем, ки ин дигар чи корест ва чи мафҳуме метаваонад дошта бошад?

Аммо ҳангоме, ки ба ақаб бармегардем ва достони талоши он зани бо имон “Ҳоҷар” ро барои наҷоти ҷони фарзанди ширхораш Исмоил (а) дар он биёбони хушк ва сузон ба хотир меоварем, ки чигуна баъд аз ин саъйю талош Худо Ӯро ба мақсадаш ратонид чашмаи Замзам аз зери пой навзодаш ҷушидан гирифт ногаҳон чархи замон ба ақаб бармегардад пардаҳо канор меравад ва худро дар он лаҳза дар канори “Ҳоҷар” мебинем ва бо Ӯ дар саъю талош ҳамгом мешавем, ки дар роҳи Худо бесаъю талоши касе ба ҷое намерасад.

Ва ба осонӣ метавон аз ончи гуфтем натиҷа гирифт, ки “Ҳаҷ” ро бояд бо ин румуз таълим дод ва хотироти Иброҳим(а) ва фарзанд ва ҳамсарашро гом ба гом таҷассум бахшид то ҳам фалсафаи он дарк шавад ва ҳам асароти амиқи ахлоқии ҳаҷ дар нуфуси ҳуҷоҷ партувафкан гардад, ки бидуни он осор қишре беш нест.[2]

Ёсин

______________________

[1] . Мутаасифона маросими қурбони дар аср ва замони мо ба шакли номатлубе даромадааст, ки уламои ислом дар наҷоти он бикушанд.

[2] . тафсири намуна ҷ. 19, сҳф 125.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.