Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият

1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,

ҳамчунин ба маънои адаб ва ахлоқ ба касе ёд додан, тағзия ва муроқибати кӯдакро ӯҳдадор шудан ва ба диққат дар бораи ӯ сарпарастӣ кардан то ин, ки давраи кӯдакиро тамом кунад, низ омадааст.[1]

Ба қавли Роғиби исфаҳонӣ “раб” дар асл ба маънои тарбият аст ва раб ба таври мутлақ фақат бар Худованд итлоқ мешавад, ки мутакаффили ислоҳи мавҷудот аст.[2] Дар Қуръони Карим муштақоти тарбият чанд бор ба кор рафтааст.

2- Маънои истилоҳӣ

Донишмандони исломӣ тарбиятро дар маъноҳои гунонун истеъмол кардаанд:

1. Тарбият яъне он чиро, ки аз камол ва ҷамол мумкин аст дар ихтиёри рӯҳ ва ҷисм қарор додан.[3]

2. Парвариш додан ва истеъдодҳоеро, ки билқувва дар як чиз мавҷуд аст ба феълият дар овардан ва парваридан.[4]

3. Ба феълият расондан ва ба камол расондани истеъдодҳо.[5]

Зарурат ва аҳамияти тарбият

Нақши шигифтангези тарбият дар зиндагии инсон (ва ҳатто ҳайвон) бар ҳеҷ хирадманде пӯшида нест чун, ки тарбияти саҳеҳ метавонад фардро ба арзишҳои инсонӣ бирасонад ва агар ғалат афтад вайро ба суқут мекашонад, зеро одамӣ (бар хилофи ҳайвонот, ки огоҳиҳо ва ниёзҳои худро ба сурати ғаризӣ медонанд) дар оғози таваллуд илм ва идрок ва тарбият ва камолро надорад ва ба тадриҷ бо тарбият истеъдодҳои билқувваи ӯ ба феълият мерасад ва рушд ва такомул пайдо мекунад, чунон ки Қуръон мефармояд:

وَاللَّهُ أَخْرَجَكُمْ مِنْ بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ لا تَعْلَمُونَ شَيْئًا وَجَعَلَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالأبْصَارَ وَالأفْئِدَةَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

«Ва Худованд шуморо аз шиками модаратон берун овард дар ҳоле, ки ҳеҷ намедонистед ва барои шумо гӯш ва биноӣ ва дилҳо қарор дод, то шукргузор бошед.» [6] Аз ин рӯ мактаби Ислом барои тарбият дар тамоми мароҳил зиндагӣ (ҳатто қабл аз вилодат ва ҳангоми вилодат ва даврони ширхорагӣ ва…) дастурҳои вижае додааст, то инсон аз кӯдакӣ дар конуни хонавода ва дар оғуши волидайн, муаллим ва фарҳанги муҳит, таълим ва тарбияти муносиб ва лозимро бубинад ва барои мароҳили болотар зиндагӣ омода шавад ва парвариш ёбад.[7]

Бар ин асос шукуфоии истеъдодҳо ва арзишҳои волои инсонӣ мубтанӣ бар тарбият аст ва инсон шудани инсон ва расидани ӯ ба камоли ниҳоӣ, ҳама бар асоси тарбияти саҳеҳ аст. Ба ҳамин сабаб Абуҳомиди Ғаззолӣ ва хоҷа Насириддини Тӯсӣ ва бисёре аз уламои дигар таълим ва тарбиятро ашрафи саноот ва бартарин донишҳо донистаанд.[8]

Бо мутолиаи иҷмолии ин китоби бузург (Қуръон), ба хубӣ мебинем, ки бахши умдаи он ба таври мустақим дар бораи мабоҳиси ахлоқӣ ва тарбиятӣ аст ва бахшҳои дигари он ҳам, ки дар маориф, ақоид ва аҳком нозил шудааст, ҷанбаи тарбиятӣ дорад ва ҳар гуна эътиқод ё амалро дар ростои тарбият ва тазкия қарор медиҳад.

Улгуҳои тарбиятии Қуръон

Қуръони Карим барои тарбияти амалии инсон ба суратҳои мухталиф улгу ва сармашқ муаррифӣ мекунад. Паёмбарони илоҳӣ, шахсиятҳои пок, мӯъмин ва шуҷоъ, занони афиф ва покдоман, гурӯҳҳои муҷоҳид ва муҳоҷир намунаҳое некӯянд то роҳ ва расмашон омухта ва  ба  онҳо амал шавад.

Қуръон сираи поки Паёмбари гиромии Ислом ва ҳазрати Иброҳим ва ёронашро барои башарият ба унвони улгу ва сармашқ муаррифӣ кардааст, то битавонанд аз куфр ва ботил дурӣ ҷӯянд ва ба ҳақ ва имон бипайванданд.

Ҳамчунин ду зани Нӯҳ ва Лутро, ки дар сарпарастии ду паёмбари бузург зиндагӣ мекарданд ва аз ҳақ рӯй гардонданд, мисол овардааст ва бар хилофи онҳо Марям ва Осия ки дар кохи куфр ва истибдод зиндагӣ мекарданд ба ҳақ рӯй оварданд ва растагор шуданд.

Паёмбарон барои башарият дар абъоди мухталифи зиндагӣ усва ва сармашқ ҳастанд ва нақши муассире дар тарбият ва созандагии башарият ифо мекунанд.  Номи бархе паёмбарон дар Қуръон зикр шуда ва бархе аз вижагии боризи онҳо ҳам зикр шудааст, ки метавонад сармашқ бошад, монанди Одам(а) усваи тавба ва бозгашт, Нӯҳ(а) намунаи шикебоӣ ва истиқомат, Иброҳим(а) усваи қурбонӣ дар роҳи Худо, Лут(а) усваи меҳмондорӣ ва дифоъ аз меҳмон, Исмоил(а) усваи намоди таслим дар муқобили фармони Худо ва… ҳазрати Муҳаммад(с) усваи раъфат ва меҳрубонӣ ва раҳмат.

Улгуҳои шахсиятҳои қуръонӣ

Қуръон илова бар паёмбарон усваҳои дигар аз шахсиятҳои мӯъмин ва пок, ки паёмбар набуданд ишора кардааст. Монанди Луқмон усваи ҳикмат ва фарзонагӣ ва Толут усваи фармондеҳӣ. Ва ҳамчунин гурӯҳе аз занони хуб ва бадро муаррифӣ кардааст. Ҳадафи Қуръон ин аст, ки нақши занро дар ду қутби мусбат ва манфӣ, бо имон ва беимон равшан созад, то саргузашти онон барои занони мусулмон ҳам сармашқ бошад ва ҳам ибрат. Монанди Ҳавво, Ҳоҷар, модар ва хоҳари ҳазрати Мӯсо(а), духтарони Шуайб(а), Марям ва Билқисро ба унвони занони хуб ситоиш карда ва бар акс ҳамсарони Нӯҳ, Лут ва Абулаҳабро ба унвони занони бад мазаммат кардааст.

Ва ҳамчунин усваҳои ғайри ҳасанаро ҳам муаррифӣ кардааст монанди Фиръан, Қорун, Сомирӣ ва… .

Ҷамоатҳои усва дар Қуръон

Қуръони Карим илова бар афроди усва ҷамоатҳое ҳам муаррифӣ кардааст, ки баёнгари аҳамияти нақши ин мавзӯъ аз нигоҳи Қуръон аст. Монанди ҷамоатҳое чун асҳоби Каҳф, соҳирони Бани Исроил ва асҳоби Ухдуд, ҳавориюни Исо, ва… .

________________________________________

[1]. Амид Ҳусайн, Фарҳанги форсӣ, саҳ 311.

[2]. Роғиби исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ 184.

[3]. Қурайши Муратзо, Таълим ва тарбият дар Ислом, саҳ 24.

[4]. Мутаҳҳарӣ, Таълим ва тарбият дар Ислом, саҳ 28.

[5]. Ҳоирии Шерозӣ, Тарбияти исломӣ, саҳ 21.

[6]. Сураи Наҳл, ояти 78.

[7]. Фалсафаи таълим ва тарбият, саҳ 18.

[8]. Ғаззолӣ Абӯҳомид, Эҳёи улуми дин, дорул маърифати Бейрут, бето, ҷ.1, саҳ 13.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...