Дар аксари манобеъ ба марги Язид ишора шудааст, вале чӣ гуна мурдани ӯро зикр накардаанд. Бархе аз китобҳо, кайфияти мурдани вайро ду хел нақл намудаанд ва дар ҳар ду ахбор ва гузориш омадааст, ки Язид дар ҳолати мастӣ мурдааст.
Бbлозарӣ (м 279 ҳ.қ) ривоят мекунад:
خرج يزيد يتصيد بحوارين وهو سكران، فركب وبين يديه أتان وحشية قد حمل عليها قردًا وجعل يركض الأتان….فسقط فاندقت عنقه.
Язид дар ҳолате, ки маст буд барои шикор ба Ҳуворин, ки яке аз қишлоқҳои шаҳри Ҳумс (дар Сурия) буд, рафт. Вай дар шикор бар модахаре савор буд, мода хар давид, Язид аз болои он ба замин афтода гарданаш шикаст.[1]
Вай, дар гузориши дигаре, марги ӯро ин гуна нақл мекунд:
أن سبب وفاة يزيد أنه حمل قرده على الأتان وهو سكران ثم ركض خلفها فسقط فاندقت عنقه أو انقطع فِي جوفه شيء.
Язид вақте, ки маст буд, маймуни худро бар модахаре савор кард ва аз пушти он модахар давид, баъд аз он ба замин афтода гарданаш шикаст, ё чизе шиками ӯро дарид.[2]
Ибни Ҳиббон (м 354 ҳ.қ) мегӯяд:
وتوفى يزيد بن معاوية بحوارين قرية من قرى دمشق….. إن يزيد بن معاوية سكر ليلة وقام يرقص فسقط على رأسه وتناثر دماغه فمات.
Язид дар Ҳуворин, ки яке аз қишлоқҳои Димишқ аст, мурд. Язид шабе арақ хӯрд, маст шуд ва хест раққосӣ кард, дар ҳолати мастӣ бо сар ба замин афтод ва мағзи сараш берун омад ва мурд, қабри ӯ дар Димишқ аст.[3]
Заҳабӣ (м 748 ҳ.қ) ҳам мегӯяд:
سَكِرَ يَزِيْدُ، فَقَامَ يَرْقُصُ، فَسَقَطَ عَلَى رَأْسِهِ، فَانْشَقَّ، وَبَدَا دِمَاغُهُ.
Язид шабе арақ хӯрд, маст шуд ва хест раққосӣ кард, дар ҳолати мастӣ бо сар ба замин афтод ва сараш шикаст ва мағзи сараш берун омад ва мурд.[4]
Дар ин ки Язид дар ҳолати мастӣ мурдааст, ҷои таъаҷҷуб нест, чун ӯ арақ ва шаробро дӯст медошт ва ҳамеша шароб мехӯрд. Арақхӯрии вай, инқадар бисёр буд, ки олимон ва бузургони дин аз ӯ ба унвони Язиди арақхӯр ёд мекунанд.
Шавконӣ (м 1834 мелодӣ) дар бораи арақхӯр будани Язид мегӯяд:
حَتَّى حَكَمُوا بِأَنَّ الْحُسَيْنَ السِّبْطَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ وَأَرْضَاهُ بَاغٍ عَلَى الْخِمِّيرِ السِّكِّيرِ الْهَاتِكِ لِحُرُمِ الشَّرِيعَةِ الْمُطَهَّرَةِ يَزِيدَ بْنِ مُعَاوِيَةَ لَعَنَهُمْ اللَّهُ.
Баъзеҳо ҳукм мекунанд, ки Ҳусайн набераи Паёмбар(рз) бар Язид ибни Муъовияи бисёр шаробхор ва арақхӯр ва шиканандаи ҳурмати шариати пок, ки лаънати Худо бар онҳо бод, хуруҷ кардааст.[5]
Аз ибни Таймия (м 728 ҳ.қ) пурсиданд, ки оё мешавад бар мурдаи арақхӯр намози ҷаноза хонд?
فِي شَارِبِ الْخَمْر هَلْ تُشَيَّعُ جِنَازَتُهُ؟
Вай, дар ҷавоб гуфт :
فَيَتْرُكُونَ تَشْيِيعَ جِنَازَتِهِ كَمَا تَرَكَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ الصَّلَاةَ عَلَى غَيْرِ وَاحِدٍ مِنْ أَهْلِ الْجَرَائِمِ
Набояд бар мурдаи арақхӯр намоз хонд, ҳамчуноне, ки Паёмбар(с) бар мурдаи гунаҳкорон намоз намехонд.[6]
Язид дар соли 64 ҳиҷрӣ баъд аз 4 сол ҳукумат дар синни 38 солагӣ дар Димишқ бо он вазъе, ки зикр намудем мурд.[7]