Язид ибни Муовия кист?

 Ҳақдоди маърифат[1] Насаб ва хонадон:

Вай Абӯхолид дуюмин ҳокими умавӣ буда, падараш Муовия ибни Абисуфён ибни Ҳарб ибни Умая ва модараш Майсун бинти Баҳдил бинти Унайфи Калбӣ мебошад.

Бар асоси сухани машҳур Язид дар соли 26-уми ҳиҷрӣ дар замони хилофати Усмон ибни Аффон(рз) ба дунё омад. Вай дар соли 60-уми ҳиҷрӣ баъд аз марги падараш Муовия дар сини 34-солагӣ ба ҳукумат расид ва дар соли 64-уми ҳиҷрӣ баъд аз тақрибан 4 сол ҳукумат дар сини 38-солагӣ мурд[2].

 

Бани Умая

 Умая ҷадди бузурги Язид буда насаби вай аз тарафи падарӣ ба қабилаи Бани Умая мерасад. Ҳамон Бани Умаяе, ки ба шаҷараи малъуна (дарахти нафриншуда) машҳур аст. Ба қавле манзур аз шаҷараи малъуна дарахти зақум, яҳуд ва Ҳакам ибни Ос мебошад. Аллома Олусӣ (ваф.1270 ҳ.қ.) мегӯяд: Шаҷараи малъуна назди бархе аз муфассирон фақат Бани Умая мебошад на чизи дигар. Вай дар идома меафзояд: Бани Умаяро, ки лаънати Худо бар онҳо бод, ба хотири рехтани хунҳои бегуноҳ, таҷовуз ба занҳои покдоман, хӯрдани амволи ҳаром, тағйири аҳкоми илоҳӣ ва корҳои зишту паст, шаҷараи малъуна гӯянд[3].

   Бани Умая ба ду гуруҳ тақсим мешаванд; яке шохаи Суфёнӣ, ки фарзандони Абусуфён мебошанд, монанди; Муовия ибни Абусуфён, Язид ибни Муовия ва Муовия ибни Язид. Аз хонадони Абусуфён фақат ҳамин 3 нафар ба ҳукумат расиданд ва баъд аз марги Муовия ибни Язид, ҳукумат расман аз Суфёниҳо ба Марвониҳо расид. Шохаи дуввуми Бани Умая Марвониҳо ҳастанд, ки фарзандони Марвон ибни Ҳакам ибни Ос мебошанд. Ҳакам ибни Ос ҳамон касе аст, ки Паёмбар(с)-ро озор медод ва Паёмбар(с) низ ӯро аз Мадина ба Тоиф бадарға кард. Абубакр(рз) ва Умар(рз) Ҳакамро, ки рондашудаи Паёмбар(с) буд ба Мадина барнагардонданд, аммо вақте, ки Усмон(рз) ба хилофат расид, амаки худ Ҳакамро ба Мадина баргардонд[4].

   Марвон, ки писарамак ва домоди Усмон ибни Аффон(рз) буд, ҳамон касе аст, ки ба гуфтаи ҳазрати Оиша(рз), Паёмбар(с) Ҳакам ва Марвон, ҳардуро лаънат кардааст[5].  Баъд аз ҳукумати бисёр кутоҳи Муовия ибни Язид, Марвон ба ҳукумат расид ва бо зани Язид яъне Умми Холиди Фохта бинти Абиҳошим издивоҷ кард ва ҳамин Фохта бо канизаконаш Марвонро куштанд[6]. Баъд аз марги Марвон дар соли 65-уми ҳиҷрӣ писараш Абдулмалик ва наводагонаш Валид, Сулаймон, Язид, Ҳишом ва дигарон то соли 132-юми ҳиҷрӣ ҳукумат карданд ва ба дасти Абосиён барои ҳамеша аз байн рафтанд.

  Абусуфён

   Бабои Язид Абусуфён аст. Ҳамон Абусуфёне, ки 21 сол бо Расули Худо(с) ҷанг кард ва барои нобудии дини мубини Ислом лаҳзае ором нанишаст ва мусулмонони зиёдеро азоб, бадарға ва кушт. Дар соли 8-уми ҳиҷрӣ дар фатҳи Макка дар сояи шамшери қудратманди Ислом аз рӯи тарсу ночорӣ мусулмон шуд. Чун Абусуфён бо зур мусулмон шуда буд ба ҳамин хотир ҷузви муаллафат-ул-қулубҳо буд[7]. Яъне Паёмбар(с) ба онҳо пул медод, то дилашон ба Ислом гарм шавад. Баъд аз Ислом ҳам корҳое анҷом медод, ки ҳеҷ фарқе бо корҳои пеш аз мусулмон шуданаш надошт.

 Ҳинд

  Момаи Язид Ҳинд -духтари Утба, мебошад, ки дар канори шавҳараш Абусуфён сахт бо Паёмбар(с) меҷангид. Ба хотири ин ки падар ва бародарашро мусулмонон кушта буданд, мусулмононро бад медид. Ҳинд дар Ислом ба окилат-ул-акбод, яъне Ҳинди ҷигархор, машҳур аст. Сайид-уш-шуҳадо Ҳамза ибни Абдулмуталлиб дар ҷанги Бадр, Утба падари Ҳиндро кушта буд ба ҳамин хотир Ҳинд мехост аз Ҳамза интиқом бигирад. Вай дар ҷанги Уҳуд бо занони бисёре аз Қурайш дар канори шавҳараш Абусуфён ширкат кард ва назр карда буд, ки агар Ҳамза кушта шавад хуни ӯро бинӯшад ва ҷигарашро бихӯрад. Ваҳш, ки як ғуломи сиёҳи ҳабашӣ буд, Ҳамзаро кушт ва Ҳинд шиками ӯро пора карда ҷигарашро газид ва бар он туф кард[8]. Дар бархе аз гузоришот Ваҳш шиками Ҳамзаро пора карда ҷигари ӯро барои Ҳинд овард. Вақте, ки мусулмонон ҷанозаи Ҳамзаро пайдо карданд, шикамаш пора ва бинӣ ва гушҳояш бурида шуда буданд[9]. Паёмбар(с) ҳама аъзои баданашро бо ҷасадаш дафн намуд. Ба фарзандони Ҳинд, ба хусус Муовия, Ибни окилат-ул-акбод, яъне писари ҷигархор, мегуфтанд. Заҳабӣ мегӯяд: Мақсуд аз Ибни окилат-ул-акбод, Муовия мебошад. Рашид Ризо низ мефармояд: Мо хуб медонем, ки Ибни окилат-ул-акбод лақаби Муовия аст[10]. Ҳинд баъд аз он ки мусулмон шуд боз ҳам мусулмонон аз вай ба унвони окилат-ул-акбод ёд карда ва писараш Муовияро Ибни окилат-ул-акбод мегуфтанд.

 Язид ибни Абусуфён

  Амаки Язид Абухолид Язид ибни Абусуфён мебошад. Язид бародари нотании Муовия буд. Модари вай Уммул Ҳакам Зайнаб бинти Навфал аз қабилаи Бани Канона аст. Гӯё ӯ аз беҳтарин фарзандони Абусуфён буд, ки дар замони Расули Худо(с) маъмури ҷамъоварии садақоти Бани Форис будааст[11]. Дар замони халифаи аввал узви фармондеҳони лашкари Ислом дар Шом буд. Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб(рз), ки ҳокими Фаластин буд, баъд аз вафоти Маоз ибни Ҷабал, Умар(рз) ӯро ҳокими Шом намуд ва Язид дар соли 18-уми ҳиҷрӣ бар асари бемории вабо аз дунё рафт ва халифаи дуввум бародараш Муовияро ҳокими Шом намуд[12]. Баъд аз ҳокимияти Язид ва бародараш Муовия, Шом маҳалли ҳукумати Бани Умая то суқути он дар соли 132-юми ҳиҷрӣ буд.

Уммул муъминин Умми Ҳабиба

 Аммаи Язид уммул-муъминин Умми Ҳабиба(рз) бинти Абусуфён мебошад. Номи аслии умми Ҳабиба(рз), Рамла ва хоҳари нотании Муовия буда ва номи модараш Суфая бинти Абиос мебошад. Умми Ҳабиба аз муҳоҷирони Ҳабаша аст, ки баъд аз марги шавҳараш дар шаҳри Ҳабашаи Африка танҳо монд ва Паёмбар(с) дар соли 6-ум ё 7-уми ҳиҷрӣ ӯро ба занӣ гирифт[13].  

Муовия

  Падари Язид Муовия, ки аз асҳоби Расули Худо(с) ва ба қавле аз котибони ваҳйи илоҳӣ будааст. Муовия низ монанди падараш Абусуфён ҳаргиз бо майлу рағбати худ мусулмон нашуда балки аз рӯи ночорӣ ва иҷбор дини Исломро пазируфт. Вай дар замони хилофати ҳазрати Алӣ(а)  бар имом ва халифаи барҳаққи худ хуруҷ кард ва ҷанги Сиффайнро ба роҳ андохт ва сабаби рехтани хунҳои бегуноҳ ва кушта шудани мусулмонони бисёр шуд.

  Дар ҷанги Сиффайн Аммори Ёсир саҳобаи бузурги Паёмбар(с) кушта шуд ва кушта шудани Аммор, ноҳақ ва боғӣ[14]  будани Муовияро мушаххас кард. Тибқи ҳадиси ошкор ва саҳеҳ, Паёмбар(с) ба Аммор(рз) фармуд: Эй Аммор туро гурӯҳи саркаш ва золим хоҳанд кушт[15].

Ибни Таймия (ваф.728 ҳ.қ.), Ибни Ҳаҷар (ваф.852 ҳ.қ.) ва Нававӣ (ваф.676 ҳ.қ.) мегӯянд: Алӣ ва ҳамроҳонаш бар ҳақ буданд ва касоне ки бар Алӣ хуруҷ карданд ҳама буғот (золим, саркаш ва мутаҷовиз) буданд[16].

  Тибқи эътиқодоти аҳли суннат касоне ки ба Алӣ(а) хуруҷ карданд ҳама золим ва мутаҷовиз буданд. Пас таклифи ин ҳадиси Паёмбар(с), ки ба Алӣ(а) мегӯяд: Дӯст намедорад туро магар муъмин ва душман намедорад туро магар мунофиқ, чӣ мешавад? Ин ҳадисро Тирмизӣ, Бағавӣ (ваф.510 ҳ.қ.) ва Албонӣ (ваф.1999) саҳеҳ донистаанд[17]. Муовия ҳаргиз Алӣ(а)-ро дӯст намедошт. Бо вай ҷанг мекард ва он ҳазратро лаън мекард. Ибни Абишайба (ваф.235 ҳ.қ.) ва ибни Моҷа (ваф.273 ҳ.қ.) нақл мекунанд, ки Муовия назди Саъд ибни Абиваққос Алӣ(а)-ро дашном дод ва Саъд нороҳат шуд. Муслим  ва Тирмизӣ низ нақл мекунанд, ки Муовия Саъд ибни Абиваққосро амр кард, ки Алиро лаъну дашном диҳад, вале Саъд гуфт: Ҳаргиз Алиро лаън намекунам[18]. Муовия бо Алӣ(а) ҷангид ва эшонро лаън мекард. Бо ин ҳол оё метавон Муовияро душмани Алӣ(а) надонист?

    Майсун

   Модари Язид Майсун бинти Баҳдил ибни Унайфи Калбӣ мебошад. Вай бо Зомил ибни Абдулъало издвоҷ кар ва баъд аз кушта шудани Зомил, Муовия ӯро ба занӣ гирифт. Вай, ки духтари бодия (саҳро) буд, аз коху қаср хушаш намеомад ва мехост ба назди қавми худ баргардад. Рӯзе шеъре хонд ва Муовия низ шеър ӯро шунид ва таҳи дили ӯро фаҳмид, ба ҳамин хотир ӯро ба бодия баргардонд ва талоқаш дод. Вақте, ки Муовия ӯро талоқ дод вай ҳомила буд, яъне Язид дар шикамаш буд[19].

   Табарӣ(ваф.310 ҳ.қ.) гӯяд: Майсун барои Муовия ду то фарзанд ба дунё овард яке Язид  ва дигари як духтар буд, ки дар хурдӣ аз дунё рафт[20].

   Аз вай ба унвони зани фаҳима, оқила ва шоира ёд кардаанд[21].

   Бародарон ва хоҳарони Язид

   Муовия дорои чанд зан ва фарзанд буд. Занҳои ӯ Майсун бинти Баҳдил, Фохта бинти Қарза, Канут бинти Қарза, Ноила бинти Аммора ва чанд канизи дигар буданд. Муъовия аз ҳамаи онҳо дорои фарзанд буд[22].

   Язид дорои ду бародарон ба номҳои Абдураҳмон ва Абдуллоҳ буд. Аз Абдуллоҳ  дар манобеъ ба унвон аҳмақ ва одами паст ёд шудааст. Вай монанди Язид будааст. Хоҳарон вай панҷ нафар бо номҳои Ҳинд, Рамла, Сафия, Оиша ва хоҳаре, ки дар кӯдакӣ аз дунё рафт, буданд[23].

   Ҳамсарон ва фарзандон

   Бар асоси манобеи таърихӣ, Язид дорои оилаи бисёр калон будааст. Вай се зан, ки аз онҳо ном бурда шудааст, чанд то каниз, понздаҳто писар ва панҷто духтар доштааст.Дар мавриди занон ва фарзандони Язид байни таърихнависон ихтилоф аст. Баъзе теъдоди онҳоро зиёд ва баъзе кам гуфтаанд. Пардохтан ба ҳамаи онҳо аз тавони ин мақола берун аст, ба ҳамин хотир ба он ишора нахоҳем кард.

   Дар аксари манобеъ фақат аз ду ё се зани Язид бо номҳои Фохта бинти Абиҳошим, Умми Гулсум бинти Абдуллоҳ ва Умми Мискин ёд шудааст ва аз бақияи занонаш ба унвони ҳамсарони дигари Язид ном бурдаанд[24].

   Теъдоди фарзандони Язидро понздаҳ нафар бо номҳои Холид, Муовия, Абдуллоҳи Акбар, Абусуфён, Абдурраҳмон, Муҳаммад, Абубакр, Усмон, Язид, Умар, Амр, Абдуллоҳи Асғар, Утба, Ҳарб ва Рабиъ дониста ва духтарон ӯро панҷ нафар бо номҳои Отика, Рамла, Умми Язид, Умми Муҳаммад ва Умми Абдурраҳмон зикр кардаанд[25].

    Донишмандон бархе аз фарзандон Язидро ба некӣ ёд кардаанд. Аз Муовия ба унвон инсони солеҳ ва аз Холид ба унвони зоҳид ва олими кимиёдон (химия) ва аз Отика ба унвони зани хушбахт ёд кардаанд, чун Отикаро бобояш Муовия, падараш Язид, бародараш Муовия, хусураш Марвон, шавҳараш Абдулмалик ва чаҳор писари шавҳараш ба номҳои Валид, Сулаймон, Язид ва Ҳушом ва чанд то набераҳои вай аз ҳокмони Бани Умайя буданд.

   Насли Язид     

    Дар замони маосир, то қабл аз сари кор омадани хонадони Оли Сауд, қабилае аз насли Язид ба номи Оли Оиз дар бахши кӯчаке аз Арабистон ҳукумат мекарданд.Ба назар мерасад насли вай аз қадимулайём дар ин сарзамин маъруф будааст.

   Сайёҳ ва ҷаҳонгарди маъруфи мусалмон Ибни Батута (ваф.779 ҳ.қ.) дар сафарҳои худ ба Осиёи Сағир (Туркия)аз насли Язид дар Сурияи имрӯзӣ ин гӯна ёд мекунад: Мехостем ба шаҳри Лозиқ биравем, бояд аз миёни саҳрое, ки қабилае ба номи Ҷурмиён ё Ҷармиён, ки аз насли Язид буданд ва шаҳре ба номи Кутоҳия доштанд ва роҳро баста буданд, мегузаштем ва Худованд моро аз шарри онҳо ҳифз кард[26].

   Доктор Муҳаммади Саллобӣ низ дар ин маврид мефармояд: Насли Язид аз тариқи Муҳаммад ибни Язид то имрӯз дар Ҷазират-ул-араб дар минтақаи Асир вуҷуд доштанд.Онҳо дар ин минтақа ба Оли Оиз машҳур буданд ва бар аксари минтақаҳои Ҷазират-ул-араб, қабл аз Оли Сауд, ҳукумат мекарданд.[27]     

Ба ҳукумат расидани Язид

Муъовия Язидро ҷонишини худ намуд

То вақте, ки Имом Ҳасан(а) зинда буд, Муовия ба фикри вилоятаҳдӣ набуд. Барои аввалин бор Муғайра ибни Шуъба ба Муовия гуфт, ки Язидро ҷониши худ кунад, чун Муовия Муғайраро, ки ҳоким Куфа буд азл кард. Муғайра ба хотири ин ки дубора ҳоким шавад, валиаҳдии Язидро барои Язид ва Муовия пешниҳод кард. Муовия қабул кард ва Муғайраро ҳокими Куфа кард, то барои Язид байъат бигирад[28].

Аз ин ба баъд Муовия тасмим гирифт Язидро ҷонишини худ кунад ва Муғайраро дар Куфа, Зиёд ибни Абиҳро дар Басра, Марвонро дар Мадина ва Амр ибни Осро дар Миср фармон дод, то барои Язид байъат бигиранд.[29]

Муовия пеш аз маргаш барои писараш аз мардум байъат гирифт ва ҳама байът карданд магар Ҳусайн ибни Алӣ(а), Абдуллоҳ ибни Умар, Абдурраҳмон ибни Абубакр ва Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки байъат накарданд. Инҳо мегуфтанд, ки Язид сагбозу маймунбоз, фосиқ ва шаробхор аст ва аз Худо метарсем, ки бо вай байъат кунем[30]. Абдуллоҳ ибни Умар баъдан бо Язид байъат кард.

Вафоти Муовия ва оғози ҳукумат Язид

Вақте, ки Муовия дар соли 61-уми ҳ.қ. аз дунё рафт, Язид, ки  валиаҳди ӯ буд, дар Дамишқ ҳузур надошт ва дар минтақаи Ҳимс буд. Баъд аз марг Муовия, то омадани Язид ба Дамишқ, Заҳҳок ибни Қайс ҷанишини ӯ буд. Заҳҳок бо гурӯҳе аз мардум барои овардани Язид ба минтақаи Ҳимс рафтанд ва Язидро, ки дар он ҳангом ҳамроҳи тағоиҳояш ва бар шутуре савор ва бар гарданаш шарф печида буд, диданд ва гуфтанд: Ин аъроби валиаҳд аст?! Баъд аз салому эҳтиром ӯро ба Дамишқ оварданд. Язид аввал қабри падарашро зиёрат кард ва сипас бар қотири худ савор шуда равонаӣ қохи Хазро гардид, то барои ҷамоати намози зуҳр омода шавад. Вай бо имомат, намозро хонд ва баъд аз намоз барои мардум хутба хонд ва расман бар тахти ҳукумат нишаст[31].

Байъат гирифтани Язид аз мухолифон

Вақте, ки Язид ҳоким шуд мардуми Мадина бо вай байъат карданд магар имом Ҳусайн(а) ва Абдуллоҳ ибни Зубайр. Ин хабар ба Язид расид вай ба ҳокими Мадина Валид ибни Утба нома навишт, ки аз Ҳусайн ибни Алӣ ва Абдуллоҳ ибни Зубайр байъат бигир, агар сарпечӣ карданд онҳоро бикуш ва сарҳояшонро барои ман бифирист[32].

Вале дар аксари манобеъ омадааст, ки аз ин ду нафар байъат бигир ва онҳо чора надоранд магар инки байъат кунанд[33].

Ҳамчунон, ки гуфтем Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдураҳмон ибни Абубакр дар ибтидо бо Язид байъат накарданд. Абдурраҳмон ибни Абубакр қабл аз ба ҳукумат расидани Язид кушта шуд. Табарӣ мегӯяд: Муовия қасам хурд, ки туро мекушам[34] ва баъд аз муддате Абдурраҳмон ибни Абубакр мурд. Ва Абдуллоҳ ибни Умар аз Муовия пул гирифт ва дар баробари байъати Язид сукут кард[35].

Вақте, ки Язид ба ҳукумат расид мардуми Ироқ, Ҳиҷоз, Хуросон ва Шом ба вай байъат карда буданд, чун Муовия қабл аз марги худ аз мардуми ин сарзаминҳо барои Язид байъат гирифта буд. Фақат ҳамин ду нафар буданд, ки бо вай байъат накарданд. Баъдан мардуми Мадина, Макка ва Кӯфа аз байъати Язид худдорӣ карданд.

 

Ҳукумати Язид ва аъмоли нангини он

Ҳукумати Язид яке аз бадтарин ҳукуматҳо дар тули таърихи Ислом мебошад. Ба хотири корҳои бад ва нангини вай дар замони ҳокимияташ, мусулмонон аз ӯ безор буда ва ӯро лаънат мекунанд. Корҳои қабеҳ ва бади ӯ ин қадар ошкор буд, ки бузургони аҳли сунат натавонистанд онро таҳаммул кунанд. Заҳабӣ ва Ибни Касир мегӯянд: Яке аз корҳои қабеҳ, бад ва мункароти Язид дар замони ҳукуматаш, ба шаҳодат расондан ва куштани имом Ҳусайн ва ҷанги Ҳарра дар шаҳри Мадина мебошад. Мардум барои ӯ дуои бад карданд ва дар умри худ баракат наёфт[36].

Ибни Тақтақӣ (ваф.707 ҳ.қ.) менависад: Дар соли аввали ҳукуматаш имом Ҳусайнро кушт ва соли дуввум шаҳри Мадиниро се рӯз мубоҳ ва ҳалол кард ва дар соли севвум Каъбаро вайрон намуд[37].

Дар замони ҳукумати ӯ се ҳодисаи ваҳшатнок рух дод, ки қалби ҳамаи мусулмононро доғдор кард ва мусулмонон аз онҳо ба унвони мусибатҳои бузурги ҷаҳони Ислом ёд мекунанд, монанди куштани имом Ҳусайн(а), се рӯз ҳалол кардани шаҳри Мадина барои сарбозон ва вайрон кардани хонаи Худо.

Куштани имом Ҳусайн(а)

Ҳамчунон, ки гуфтем имом Ҳусайн(а) аз фосиқ ва фосид будани Язид хабар дошт ва ба ҳамин хотир ӯро шоистаи хилофат намедонист ва бо ӯ байъат накард. Язид бо бераҳми имом Ҳусайн(а) ва кӯдакони хурду калони эшонро ба қатл расонд ва ба занон ва номуси Аҳли байт(а) беҳурматӣ кард. Ибни Зиёд мегӯяд: Язид манро байни ду кор мухайяр намуд, ё Ҳусайнро бикушам ва ё худам кушта шавам. Пас ман қатли ӯро баргузидам[38]. Ибни Касир ҳам мегӯяд: Язид Ҳусайн ва асҳобашро ба дасти Убайдуллоҳ ибни Зиёд кушт[39].

Қасталонӣ ва Мановӣ мегӯянд: Ҳақиқат ин аст, ки Язид ба куштани Ҳусайн ва иҳонат кардан ба Аҳли байти Набӣ(с) розӣ буд[40].

Ҷанги Ҳарра

Дар соли 63-юми ҳиҷрӣ вақте, ки мардуми Мадини фисқ ва фосид будани Язидро диданд, байъати худро бо ӯ шикастанд ва Бани Умаяро аз Мадина берун карданд[41]. Онҳо мегуфтанд: Язид арақхӯр, бенамоз, сагбоз ва маймунбоз аст ва дин надорад[42], ба ҳамин хотир наметавонад халифаи мусулмонон бошад.

Язид бо фармондеҳии Муслим ибни Уқба лашкаре ба тарафи Мадина равон кард. Мардуми Мадина дар ин ҷанг шикаст хурданд ва мардумро маҷбур карданд ба унвони ғулом ва каниз байъат кунанд ва Язид ҳар вақте, ки хост шуморо мефурушад ва ҳар вақте, ки хост озод мекунад ва касе, ки инро қабул намекард ӯро мекуштанд[43].

Язид Мадинаро се рӯз барои сарбозонаш ҳалол кард, то сарбозон ҳар коре, ки дилашон мехоҳад бикунанд[44]. Дар ин ҷанг асҳоби Паёмбар(с), ҳафсадто кории Қуръон ва мардуми бисёре кушта шуд[45]. Ва намози ҷамоат таътил шуд, ҳайвонот дохили масҷиди Паёмбар(с) шуданд ва дар минбари он Ҳазрат бавл карданд[46] ва ба занони саҳоба ва мардуми Мадина таҷовуз

карданд, ки баъд аз он валадуззинои (ҳаромзодаҳои) бисёре ба дунё омад[47].

Вайрон кардани Хонаи Худо

Дар соли 64-уми ҳиҷрӣ Каъба -Хонаи Худо, ба дасти сарбозони Язид вайрон гардид. Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки саҳобаи Паёмбар(с) буд,  бо Язид байът накард ва дар шаҳри Макка сокин шуд ва мардуми Ҳиҷоз бо ӯ ба унвони халифаи муслимин байът карданд. Язид лашкареро барои ҷанг бо ӯ ба тарафи Макка фиристод. Дар ин ҷанг сарбозони Язид ҳурмати хонаи Худоро шикастанд ва ба он ҳамла карда Каъбаро оташ зада ва вайрон карданд[48].

Шахсияти Язид

Язид одами фосид, золим, фоҷир, фосиқ ва бад будааст. Аз назари шахсиятӣ, назди мусулмонон ҳеҷ мақом ва манзалате надорад. Вале имрӯза касоне ҳастанд, ки ӯро дӯст доранд ва ӯро амир-ул-муъминин медонанд. Дар ин ҷо назари баъзе аз уламоро дар бораи ӯ меоварем то шахсияти ҳақиқии вай мушаххас шавад.

Аҳмад ибни Ҳанбал, Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯянд: Аз Язид намешавад ривоят нақл кард, чун вай адолат надорад ва одил нест[49].  

Ибни Таймия мегӯяд: Мегӯям мо Язидро на дашном медиҳем ва  на дӯст медорем, вай марди солеҳ ва хуб набуд, ки ӯро дӯст бидорем[50].

Заҳабӣ (ваф.748 ҳ.қ.) менависад: Мегӯям Язид қавӣ, шуҷоъ, дорои раъю назар, зирак, забоновар ва дорои шеъри хуб буд. Вале носибӣ (душмани Аҳли байт),  бадахлоқ, тундхӯ, арақхӯр буд ва корҳои бадро анҷом медод[51].

Дар бораи  хабис, золим ва бад будани  Язид сухан барои гуфтан бисёр аст, ки аз тавони ин навишта берун аст.

 

 

Назари аҳли сунат дар бораи Язид

Дар мавриди вай ақволи уламоеро меоварем, ки назари аҳли суннатро дар бораи Язид матраҳ кардаанд.

Ибни Таймия мегӯяд: Назари аҳли суннати вал ҷамоа ин аст, ки Язид яке аз подшоҳони муслимин буд, хубӣ ва бадӣ дошт, дар замони хилофати Усмон ба дунё омад ва кофир набуд, ба сабаби ӯ қатли Ҳусайн ва воқеаи  Ҳарра сурат гарифт ва аз саҳоба ва солеҳин набуд[52].

Ибни Касир дар китоби ал-Бидояту ван ниҳоя[53] ва Ибни Ҳаҷар Ҳайтамӣ дар китоби Савоиқул муҳриқа мисли Ибни Таймия назари мардумро дар бораи Язид овардаанд.

 Заҳабӣ мегӯяд: Мо Язидро на саб (дашном) мекунем ва дӯст медорем[54].

Вале дар аҳли суннат олимоне ҳастанд, ки Язидро саббу лаън мекунанд.

Марги  Язид

Дар аксари манобеъ  ба марги  Язид ишора шудааст, вале чӣ гуна мурдани ӯро зикр накардаанд. Бархе аз китобҳо кайфияти мурдани вайро ду хел нақл намудаанд ва дар ҳар ду ахбор ва гузориш омадааст, ки Язид дар ҳолати мастӣ мурдааст.

Балозарӣ (ваф.279 ҳ.қ.) ривоят мекунад: Язид дар ҳолате, ки маст буд барои шикор ба Ҳуворин[55] рафт. Вай дар шикор бар модахаре савор буд, модахар давид, Язид аз болои он ба замин афтода гарданаш шикаст[56].

Дар гузориши дигаре марги ӯро ин гуна нақл мекунанд: Язид вақте, ки маст буд маймуни худро бар модахаре савор кард ва аз пушти он модахар давид, баъд аз он ба замин афтода гарданаш шикаст ё чизе шиками ӯро пора кард[57].

Ибни Ҳиббон мегӯяд: Язид дар Ҳуворин, ки яке аз қишлоқҳои Дамишқ аст, мурд. Язид шабе арақ нушид, маст шуд ва хесту раққосӣ кард. Дар ҳолати мастӣ бо сар ба замин афтод ва мағзи сараш берун омаду мурд. Қабри ӯ дар Дамишқ аст[58].

  Заҳабӣ ҳам мегӯяд: Язид шабе арақ хӯрд маст шуд ва хесту раққосӣ кард. Дар ҳолати мастӣ бо сар ба замин афтод ва сараш шикаст ва мағзи сараш берун омаду мурд[59].

Дар ин ки Язид дар ҳолати мастӣ мурдааст ҷои тааҷҷуб нест, чун ӯ шаробро дӯст медошт ва ҳамеша шароб мехӯрд. Арақхӯрии вай ин қадар зиёд буд, ки олимон ва бузургони дин аз ӯ ба унвони Язиди арақхӯр ёд мекунанд.

Шавконӣ (ваф.1834) дар бораи арақхӯр будани Язид мегӯяд: Баъзеҳо ҳукм мекунанд, ки Ҳусайн фарзанди Паёмбар(с) бар Язид ибни Муовияи бисёр шаробхор ва арақхӯр ва шиканандаи ҳурмати шариати пок, ки лаънати Худо бар ӯ бод, хуруҷ кардааст[60].

Язид дар соли 64-уми ҳиҷрӣ баъд аз 4 сол ҳукумат дар сини 38-солагӣ дар Дамишқ мурд[61]. Ин мақола андаке аз зиндагии паст ва нангини Язид ибни Муовия мебошад, ки пешкаши шумо хонандагони азиз гардид.

Ёсин


[1]. Коршиноси аршади таърихи тамаддуни исломӣ

[2]. Таърихи Мадинату Дамишқ, Ибни Асокир (ваф.571 ҳ.қ.), ҷ.65, саҳ.397; ал-Мунтазам, Ибни Ҷавзӣ (ваф.597 ҳ.қ.), ҷ.5, саҳ.322.

[3]. Руҳул-маонӣ, ҷ.8, саҳ.102, зери ояи 60 сураи Исроъ.

[4]. Таърихи гузида, Муставфӣ, саҳ.189; Таърихи Ибни ал-Вирдӣ (ваф. 749 ҳ.қ.), ҷ.1, саҳ.145; Сираи Ҳалабия, Алӣ (ваф.1044, ҳ.қ.), ҷ.1, саҳ.509.

[5]. Тафсири Ибни Касир, сураи Аҳқоф, ояи 17; Тафсири ал-Дуррул-мансур, Суютӣ, сураи Аҳқоф, ояи 17; Фатҳул-борӣ, ҷ.8, саҳ.741.

[6]. Инсобул-ашроф, Билозарӣ (ваф.279 ҳ.қ.), ҷ.6, саҳ.255; Таърихи Табарӣ (ваф.310, ҳ.қ.), ҷ.5, саҳ.530; ал-Табақот-ул-кубро, Ибни Саъд (ваф.230, ҳ.қ.), ҷ.5, саҳ.26.

[7]. ал-Ҷомеъ ли аҳкомил-Қуръон, Қуртубӣ (ваф.671 ҳ.қ.), ҷ.8, саҳ.181; ал-Дуррул-мансур, Суютӣ (ваф.911, ҳ.қ.), ҷ.3, саҳ.251.

[8]. ал-Истиоб, Ибни Абдулбир (ваф.463 ҳ.қ.), ҷ.4, саҳ.1923, Ҳинд бинти Утба; Усдул-ғобба, Ибни Асир (ваф.630 ҳ.қ.), ҷ.1, саҳ.530, Ҳамза ибни Абдулмуталлиб; Таърих-ул-Ислом, Заҳабӣ (ваф.748), ҷ.2, саҳ.187; Далоил-ул-нубувва, Байҳақӣ (ваф.458), ҷ.3, саҳ.214; ал-Табақотул-кубро, Ибни Саъд (ваф.230 ҳ.қ.), ҷ.3, саҳ.6.

[9]. ал-Истиоб, Ибни Абдулбир (ваф.463), ҷ.1, саҳ.373, Ҳамза ибни Абдулмуталлиб.

[10]. Таърих-ул-Ислом, Заҳабӣ, ҷ.3, саҳ.541; ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, Ибни Касир (ваф.774 ҳ.қ.), ҷ.8, саҳ.129, соли 60, тарҷумаи Муовия; Тафсири ал-Манор, Рашид Ризо (ваф.1935),  ҷ.9, саҳ. 420; сураи Аъроф, зери ояи 187.

[11]. Усд-ул-ғобба, Ибни Асир, ҷ.4, саҳ.715; ал-Исоба фи тамйизис саҳоба, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (ваф.852), ҷ.6, саҳ.516.

[12]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.118.

[13]. Аттабақот-ул-кубро, Ибни Саъд, ҷ.8, саҳ.77;  ал-Мунтазам, Ибни Ҷавзӣ (ваф.597 ҳ.қ.), ҷ.5, саҳ.210; Таърихи Ибни Касир, ҷ.4, саҳ.143.

[14]. Золим ва касе, ки аз халифа ва имоми одил итоат намекунад.

[15]. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал (ваф.241 ҳ.қ.), ҷ.2, саҳ.161, рақами 6499; Саҳеҳи Муслим (ваф.261 ҳ.қ.), ҷ.4, саҳ.2236, китоб-ул-фитан; Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ. 669, китоби Маноқиб, Аммори Ёсир.

[16]. Фатҳ-ул-қадир, Ибни Ҳаммом (ваф.861 ҳ.қ.), китоби Адаб-ул-қозӣ; Баҳр-ул-роиқ, Зайниддини Ҳанафӣ (ваф.970 ҳ.қ.), ҷ.6, саҳ.297, китоб-ул-қазоъ, боби фароун афтоҳ.

[17]. Сунани Тирмизӣ, зери назари Албонӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Алӣ(а); Шарҳ-ус-сунна, Набавӣ, китоби фазоили саҳоба, боби фазоили Алӣ ибни Абитолиб.

[18]. ал-Муснаф, Ибни Абишайба, китоби фазоил, боби фазоили Алӣ; Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.142, фазоили Алӣ; Саҳеҳи Муслим, китоби фазоил, боби фазоили Алӣ; Сунани Тирмизӣ, китоби маноқиб, боби маноқиби Алӣ.

[19]. Ансобул Ашроф, Балозарӣ, ҷ.5, саҳ.149; Таърих-ул-Ислом, Заҳабӣ, ҷ.5, саҳ.271.

[20]. Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.329; ал-Комил фит таърих, Инби Асир (ваф.630 ҳ.қ.), ҷ.4, саҳ.10.

[21]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ145; Хазинат-ул- адаб, Абдулқодири Бағдодӣ (ваф.1093 ҳ.қ.), ҷ.8, саҳ.508.

[22]. Таърихи Табарӣ, ҷ.5, саҳ.329, Таърихи Ибни Асир, ҷ.4, саҳ.10.

[23]. Алмаориф, Ибни Қутайба (ваф.276 ҳ.қ.), саҳ.350; Насабу Қурайш, Мусъаби Зубайрӣ (ваф.236 ҳ.қ.), ҷ.4, саҳ.127.

[24]. Алъақд-ул-фарид, Ибни Рабиҳ (ваф.328 ҳ.қ.), ҷ.2, саҳ.132; Таърихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.236.

[25]. Ансоб-ул- ашроф, Балозарӣ, ҷ.5, саҳ.355; Ҷамҳарат-ул-ансобил араб, Ибни Ҳазм, саҳ.112.

[26]. Риҳлаи Ибни Батута, саҳ.305.

[27]. Умар ибни Абдулазиз, ҷ.2, саҳ.193, фасли панҷум, аҳди Язид ибни Муовия.

[28]. Табарӣ, ҷ.5, саҳ.301; Маскувия, Таҷоруб-ул-умам, ҷ.2, саҳ.32.

[29]. Таърихи Халифа, саҳ.131; Таърихи Ибни Асир, ҷ.3, саҳ.503.

[30]. Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, с.228.

[31]. Сияр-ул-аъломун нубало, Заҳабӣ, ҷ.7, с.37, р8; Симтун нуҷум, Асомӣ, ҷ.2, с.71.

[32]. Таърихи Яъқубӣ, ҷ.2, с.242.

[33]. Таърихи Табарӣ, ҷ.5, с.338; Таърихи Ибни Асир, ҷ.4, с.14; ал-Мунтазам, Ибни Ҷавзӣ, ҷ.5, с.323.

[34]. Таърихи Табарӣ, ҷ.5, с.304.

[35] . Табақотул кубор, Ибни Саъд, ҷ.4, с.138; Фатҳул борӣ, ҷ.13, с.87; Сияр-ул-аъломун нубало, Заҳабӣ, ҷ.3, с.225.

[36] . Сияр-ул-аъломун нубало, Заҳабӣ, ҷ.4,саҳ 38; Тарихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.229.

[37] . ал-Фахру фил одоби султония, саҳ.41.

[38] . Таърихи Ибни Асир, ҷ.4, саҳ.140.

[39] . Тарихи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.222.

[40]. Иршодус сорӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.6, саҳ.454; Файзул қадир, ҷ.3, саҳ.109.

[41]. Усдулғоба, ҷ.1, саҳ.600; Ахборут тивол, саҳ.266.

[42]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.369, Таърихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.234; ал-Мунтазам, Ибни Ҷавзӣ, ҷ.2, саҳ.203.

[43]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.379-381, Асмо-ул- хулафои ибни Ҳазм, ҷ.2, саҳ.140 ва китобҳои дигар.

[44]. Таърих-ул-Ислом Заҳабӣ, ҷ.1, саҳ.563; Таҳзибут таҳзиби Ибни Ҳаҷар, ҷ.11, саҳ.316.

[45]. Таърих-ул-Ислом Заҳабӣ, ҷ.1, саҳ.562;  Таърихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.234.

[46]. Асмоул хулафои Ибни Ҳазм, ҷ.2, саҳ.140; Ҷавомеус сира, Ибни Ҳазм, ҷ.1, саҳ.357.

[47]. Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.209; Вафаётул айён, ҷ.5, саҳ.276; Таърихи Абулфадо, саҳ.133.

[48]. Саҳеҳи Муслим, ҷ.4, саҳ.98; ал-Маориф, Ибни Қутайба, саҳ.80; Асмоул хулафо, Ибни Ҳазм, ҷ.2, саҳ.140

[49]. Мизон-ул-эътидол, Заҳабӣ, ҷ.4, саҳ.440; Таҳзибут таҳзиб, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ.2, саҳ.332.

[50]. Маҷму-ул-фатово, ҷ.4, с.487.

[51]. Сияр-ул-аъломун-нубало,ҷ.7,с.38.

[52]. Маҷму-ул-фатово, ҷ.4, с.483.

[53]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.229; Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Савоиқул муҳриқа, ҷ.2, саҳ.639.

[54]. Сиярул-аъломин-нубало, ҷ.4, саҳ.36.

[55]. Яке аз қишлоқҳои шаҳри Ҳимс (-и Сурия) аст.

[56]. Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.177.

[57]. Ансоб-ул-ашроф, ҳамон.

[58]. Китобус суқот, ҷ.1, саҳ.236.

[59]. Сиярул-аъломин-нубало, ҷ.7, саҳ.38.

[60]. Найлул-автор, китоби ҳадду шорибул хамр, бобус сабр ало ҷаврил аиматӣ, ҷ.7, саҳ.201.

[61]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.383.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...