ШУНИДАНИ ҚУРЪОНИ МАҶИД

quron

Ибни Масъуд яке аз нависандагони ваҳй буд, яъне аз  касоне буд, ки ҳарчи аз Қуръони маҷид ба Паёмбар ваҳй мешуд, ба тартиб менавишт ва захира мекард ва  чизе аз онро нонавишта намегузошт.
Як рӯз Пайғамбари акрам (с) ба ӯ фармуд: “Миқдоре Қуръон бихон, то ман гӯш кунам.” Ибни Масъуд мусҳафи худро боз кард, сураи  мубораки Нисо омад. Ӯ мехонд ва Пайғамбари акрам (с) бо диққат ва таваҷҷӯҳ гӯш мекард, то расид ба ояти 41-уми ин сура: “Чӣ гуна бошад он вақт, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем, ва туро барои ин уммат гувоҳ биёварем.” Ҳамин ки Ибни Масъуд ин оятро қироат кард, чашмони мубораки Пайғамбари акрам (с) пур аз ашк шуд ва фармуд: “Дигар бас аст.”

(ҳикояти воқеӣ)

Ёсин

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?