Чаро фазилати бархе аз сураҳо бештар аст?

Чаро фазилати бархе аз сураҳо бештар аст?

Оятҳо ва сураҳоиҚуръон монанди ғизоҳои мухталиф ҳастанд. Ҳамон гуна ки бадани мо барои рушду саломат, ба ҳамаи ғизоҳо ниёз дорад, рӯҳи мо низ барои роҳатӣ ва осоиш, ба қироати ҳамаи сураҳо ниёзманд аст. Бадани мо баъзе вақт ба бархе аз ғизоҳо бештар ниёз дорад. Рӯҳи мо низ ба қироати бархе аз сураҳо эҳтиёҷи бештаре дорад, чунки матолиби муҳимтар ва барҷастатари эътиқодӣ ва ахлоқӣ ва тарбиятӣ дар он омадааст.Пешвоёни динӣ ба мо дастур доданд он сураҳоро бештар бихонем, мисли сураи “Тавҳид”, ки барои худошиносӣ аст.

Ҳамчунин дар бархе маворид инсон аз Худованд ҳоҷоте металабад, ки муҳтавои сура ё ояте аз Қуръон бо он чи ӯ аз Худованд металабад ҳамоҳанг аст, аз ин рӯхондани он оят ё сура барои раво шудани ҳоҷатҳо тавсия шудааст.

Оё аҳодисе, ки дар фазилату хавосси сураҳо ва оятҳои Қуръон омада муътабар аст?

Бархе аз ин ривоятҳо саҳеҳ ва бархе носаҳеҳ ҳастанд. Мо ба умеди инки Худованд он савобҳоро ба мо бидиҳад сураҳои Қуръонро мехонем.

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...