Худошиносӣ барои кӯдакон

 Муқаддима:

Барои ҳар падар ва модари мусулмон лозим аст, ки фарзанди худро таълими исломӣ диҳад хусусан таълими Худошиносӣ,  чун имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки баъзе аз ҷавонони мусулмон ба ақоиди мансуха ва ботила руй овардаанд.

Агар решаи ин гароишҳоро ҷустуҷӯ кунем яке аз илатҳои асосии он дур будан аз таълимоти исломӣ аст, ки мо падарон ва модарон дар ин масъала кутоҳӣ кардаем!.

Чаро дар таълиму тарбият кутоҳи менамоем вале дар таҳияи либосу хурок… кӯшиш мекунем? Ва ҳато беҳтарин либосу хурокро барои фарзандонамон таҳия  менамоем.  Агар бемор шавад ҳар коре, ки  лозим бошад анҷом медиҳем то фарзандамон сиҳат шавад. масалан агар мутахасиси чашм ва …  лозим бошад ба назди  он мутахсис мебарем аммо чаро барои омузиши ақидаи саҳеҳ фарзандамонро ба назди муалимони динӣ намебарем.

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) мефармоянд:

[مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى وَالِدِهِ ثَلَاثَةٌ: يُحَسِّنُ اسْمَهُ وَ يُعَلِّمُهُ الْكِتَابَةَ وَ يُزَوِّجُهُ إِذَا بَلَغَ]

 «Се ҳақ аз ҳуқуқе, ки фарзанд ба гардани падар дорад ин аст, ки:

   1.    Номи хубе барояш интихоб кунад.

   2.    Навиштан ёдаш диҳад.

   3.    Пас аз булуғ заминаи издивоҷи ӯро фароҳам кунад».[1]

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: [مُرُوْا أَوْلاَدَكُمْ بِطَلَبِ الْعِلْمِ] «Фарзандонатонро ба талаби дониш барангезед».[2]

Ислом амр намудааст, ки ҳар муслмон бояд фарзанди худро таълими исломӣ диҳад ва дар синни хурдсолӣ бар ӯ ақоиди саҳеҳ биёмӯзад.

 Дар ин замина матлаб зиёд аст аммо бо зикри ин ду ривояти зикр шуда иктифо менамоем.

Барои анҷоми вазифа дар ин замина яъне омӯзиши саҳеҳи Худошиносӣ барои кӯдакон гуфтугӯеро ба равиши қисса миёни падар ва фарзанд анҷом додем.  Ӯмед аст, ки ин равиш барои омӯзиши саҳеҳи Худошиносӣ барои кӯдакон хуб ва омӯзанда бошад. Ва дар ҳамин замина баҳсҳо ва мавзуоти дигар низ идома меёбад.

Гуфтугӯи авал: Худо  кист?

Маҳдӣ аз падараш пурсид падарҷон! Худо  кист?

Падари Маҳдӣ ҷавоб дод, Офарин фарзанди азизам, ки мехоҳӣ Худоро бишиносӣ ва дар бораи ӯ бештар бидонӣ.

Ман барои ту чанд мисол меоварам, то ҷавоб барои ту равшан шавад.

Ҳар мактаб барои худ мудире дорад.

Ҳар артиш барои худ фармондеҳе дорад.

Ҳар  корхона раисе дорад.

Мехоҳам хеле осон Худоро бароят муаррифӣ кунам, Худо ҳам офаринандаи  дунёву охират ва ҳам идора кунанда, фармондеҳ ва раиси онҳо аст.

  Қуръон ин матлабро баён кардааст:

«اللَّهُ الَّذِى خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَ الْأَرْضَ وَ أَنزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَّكُمْ… »

Худо ҳамон касеаст,  ки осмонҳо ва заминро офарид ва обе аз осмон фуру фиристод ва ба василаи он, меваҳоеро барои рӯзии шумо [аз замин] берун овард…”.[3]

«… قُلِ اللَّهُ خَالِقُ كلُ‏ِّ شىَ‏ْءٍ وَ هُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّار»

Бигӯ Худо офаринандаи ҳама чиз аст ва Ӯ ягона ва қаҳҳор аст”.[4]

 

Фарзандам! тамоми мавҷудоте, ки мебини офаридаҳои Худованд аст, ва идораи ин ҷаҳони бузург, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ба дасти Худост.

Барои беҳтар шинохтани Худо бояд ба оятҳои   Қуръон муроҷиа кунем. 

Гурӯҳе аз мушрикон аз Паёмбар(с) хостанд, ки Худоро барои онҳо муаррифӣ кунад. Паёмбар(с) сураи Ихлосро барои онҳо хонд:

«قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ —  اللَّهُ الصَّمَدُ —  لَمْ يَلِدْ وَ لَمْ يُولَدْ —  وَ لَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَد»

Бигӯ Ӯ  Худои  ягонааст.  Худои  бениёз. На касе аз Ӯ зода шуда ва на касе Ӯро зодааст ва барои Ӯ ҳамто ва шарике нест.[5]

Паёмбар(с)  Худои  худро ин гуна ба онҳо муаррифӣ кард.

ИДОМА ДОРАД

 

Ёсин



[1]. Макоримулахлоқ, саҳ. 220.  

[2]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 625.  

[3]. Сураи Иброҳим, ояти  32.

[4]. Сураи Раъд, ояти  16.

[5]. Сураи Ихлос, ояти 1-4.

 

 

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...