Хитоб ба мустазъифон ва мазлумон

Ояти авали сураи “Қасас” баёнгари як қонуни куллӣ аст, барои ҳамаи асрҳо ва қарнҳо, ва барои ҳамаи қавмҳо ва ҷамъиятҳо.

Дар ин оят мехонем, ки Худо мефармояд:

 

وَ نُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَ نَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَ نَجْعَلَهُمُ الْوارِثِينَ[1]

“Мо ирода дорем, ки бар мустазъифон миннат бигузорем ва онҳоро пешвоён ва ворисони ҳукумати руи замин қарор диҳем”

Ин башорате аст дар заминаи пирӯзии ҳақ бар ботил ва эмон бар куфр. Лизо мустазъифон ва мазлумон набояд ноумед шаванд ва ҳамеша дар ҳмаи ҳолат умеди худро ҳифз кунанд, чун ҳамеша поёни шаби сияҳ сафед аст.

Ин башорате аст барои ҳамаи инсонҳои озода ва хоҳони ҳукумати адлу дод ва барчида шудани басоти зулму ҷавр.

 

Бояд нигоҳ кард, ки ҷаҳон бесамар шудааст

Виҷдони одамӣ дигар пулу зар шудааст

Нафту замину дулор ин баҳонаҳо

Радди гулулаҳо ба ҷони башар шудааст

Зулм аст реша давондааст дар замин

Ҳар мевае, ки дода, талхтар шудааст

Фарёдҳои “Зери бори зулм намеравем”

Ин додхоҳии умумӣ мустамир шудааст

Ҳайҳоти ташнагон шудааст мавҷ дар ҷаҳон

Гӯӣ дубора Карбалои дигар шудааст

Ин зулм расида ба мо сар ба сар аз Язид

Ин бор садои мост, ки дарди сар шудааст

Бархез эй бародари муслим алайҳи зулм

Фарёд зан муаззин, ки вақти саҳар шудааст.

Ёсин



[1]. Сураи Қасас ояти 5.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...