Фалсафаи ҳиҷоб 1

Фалсафаи ҳиҷоб аз масоили муҳимме аст, ки огоҳӣ аз он метавонад, яке аз пояҳои ба вуҷуд омадани он фарҳанги пӯшиши исломӣ гардад ва ба он умқ ва маъно бибахшад. Зеро ба ин саволи асосии бонувон, ки “Чаро бояд боҳиҷоб ва пӯшида бошем”посух медиҳад. Пӯшиши динӣ фалсафаҳои зиёде дорад, ки ба таври мустақил онро мавриди барраси қарор медиҳем.

1- Арзиши болои зан

Зан аз дидгоҳи Ислом шахсияти шоиста ва ҷойгоҳи хубу мавқеияти илоҳӣ дорад, ки метавонад дараҷаҳои комилшавиро тай карда ва ба маротиби олии иннсоният роҳ ёбад ва мисдоқи таҳаққуқи фалсафаи хилқат; яъне халифаи Худованд гардад. Вуҷуди зан зинатбахши офариниши инсон аст ва уфуқ ва руҳи ӯ таҷаллигоҳи раҳмат аст. Домани зан мадрасаи башар аст ва камоли мард, бе ӯ мумкин нест. Зан мазҳари зарофат ва ҷамолу зебоии офариниш аст. Ислоҳи

ҷомеа дар доштани тақвои зан ва муҳити хонавода як синфи дарси ӯст. Бар ҳамин асос зан, муррабии башар ва одамиён аст ва метавонад, бо тарбияти фарзандон, умматеро раҳоӣ бахшад.

Ҳоло ҷойгоҳи болои ин гавҳари офариниш мехоҳад, ки дар садафи ҳиҷоб қарор гирад, то арзишҳои ӯ ҳифзшавад.

Ва ин аст фалсафаи пӯшише, ки Худои Ҳаким барои номуси хилқат, воҷиб кардааст.

Фалсафаи нигаҳбонӣ ва пӯшиши ашё, арзиши онҳост ва ҳар қадар афзоиш ёбад, дар сади муҳофизат аз он бештар мешавад, ба гунае ки ҷавоҳирот, аснод ва авроқи баҳодор дар мутмаинтарин ва муҳкамтарин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Зан ҳам гавҳари қиматбаҳост. Бояд худро дар садафи ҳиҷоб нигаҳдорӣ кунад. Аз ончи баён шуд маълум мегардад, фалсафаи ҳиҷоб ҳифзи арзиши болои зан аст. Аз ҳамин рӯ аст, ки Худованд пӯшиши диниро бар ӯ воҷиб ва нигоҳ бар бадан ва мӯи сари ӯро ҳаром фармудааст.!

“Фотима Дулон” устоди мусалмони ангилисизабон дар Эрон мегӯяд: Ман ба унвони касе, ки дар Аврупо зиндагӣ кардаам мефаҳмам, ки фалсафаи ҳиҷоб чист? Вуҷуди ҳиҷоб сабаб мешавад, ки зан арзиши худро аз ҳадди як матоъи тиҷоратӣ ва ё василае барои баҳрадеҳии бештар, боло бибарад ва ҳам худ барои хеш арзиш қоил бошад ва ҳам ҷомеаро водор ба эҳтиром кунад.”[1]

   Зан агар мавқеияти худро дар низоми офариниш биёбад, ҳақиқат ва арзиши худро дарк кунад, бидонад, ки аз куҷо омадааст, дар куҷо қарор дорад ва ба куҷо меравад, аз пӯшиши динӣ ба унвони як ниёзи ҷиддии худ баҳра мегирад ва ҳаргиз ҷомеаро саҳнаи намоиш додани тан ва таҳаррукоти ҷинсии худ қарор намедиҳад.

[1]Маҷаллаи зан, шумораи 994

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНФОЛ

СУРАИ АНФОЛ Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 75 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Аз ту дар бораи анфол (ғаниматҳо ва сарватҳои...

Бо баҳори дилҳо (4)

Ҳарфҳои муқаттаъа Чаро дар аввали сураҳои Қуръон монанди “Бақара” ва “Оли Имрон” калимаҳое монанди (алиф.лом.мим) омада аст? Ин калимаҳо чӣ маъно доранд? Ба ин ҳарфҳо,...

Хонавода дар Қуръони Карим

Бо назар ба оёти зиёди Қуръони Маҷид дар хусуси калимаи “байт” (хона) чунин ба даст меояд, ки ин макони сақфдори маҳдуд аввалин муҳити рушду парвариши...

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...