Тафсир ва таъвил

Тафсир ва таъвил

Ҳар ояте чи муҳкам ва чи муташобеҳ ибҳомҳое дорад, аммо дар муташобиҳот, ташобуҳ илова бар онки чеҳраи лафз пардае аз ибҳом меафканад, муҷиби шубҳа низ мегардад, бадин тартиб бояд барои дарки мафҳуми ҳар муташобеҳе, ибтидо ибҳоми онро рафъ ва сипас аз он дафъи шубҳа кунем. Баёни ибҳомот (ки дар муҳкам ва муташобеҳ вуҷуд дорад)-ро “тафсир” ва баёни шубаҳот (ки сирфан дар муташобеҳ вуҷуд дорад)-ро таъвил мегӯянд.

Дар таърифи тафсир гуфтаанд: “Тафсир, баргирифтани ниқоб аз чеҳраи алфози мушкила аст”. Ҳангоме ки пардае аз ибҳом, лафзро фаро гирифта бошад ва пӯшише бар маъно афканда бошад, муфассир бо абзор ва васоиле, ки дар ихтиёр дорад дар задудани он ибҳом мекӯшад.[1]

Таъвил аз решаи “авл” ба маънои “руҷуъ ва бозгашт” гирифта шуда, лизо маънои луғавии таъвил, ирҷоъ додан мебошад. Таъвил дар мавриде ба кор меравад, ки гуфтор, мояи шубҳа, ҳайрат ва саргардонӣ шуда бошад ва таъвилгар (касе, ки роҳи таъвили саҳеҳро медонад) дар ҷиҳати рафъи шубҳа иқдом менамояд ва зоҳири шубҳаангези он гуфторро ба ҷойгоҳи аслии худ (ваҷҳи саҳеҳи он) боз мегардонад.

Мусоҳиби Мусо ҳангоме ки ӯро дар шигифтӣ ёфт, ба вай навид дод, то ӯро аз сирри кори худ бохабар созад ва таъвили дурусти кирдори худро бо вай дар миён гузорад:

﴿سَأُنَبِّئُكَ بِتَأْوِيلِ مَا لَمْ تَسْتَطِع عَّلَيْهِ صَبْرًا﴾[2]

“Ба зудӣ туро аз таъвили ончи натавонистӣ бар он шакибо бошӣ, огоҳ хоҳам сохт”.[3]

Бо ин тавзеҳ, ҳар муташобеҳе илова бар тафсир ба таъвил низ ниёз дорад. Тафсир, ибҳоми онро бартараф ва таъвил шубҳаи онро дафъ мекунад, вале оёти муҳкама фақат ба тафсир ниёз доранд, то ибҳоми онҳо бартараф шавад. Бинобарин таъвил нисбат ба тафсир, ахаси мутлақ аст, яъне ҳарҷо таъвил бошад, тафсир ҳам ҳаст, зеро таъвил навъе тафсир аст.[4] Ба назари Имом Мотуридӣ таъвил эҳтимолоти мавҷуд дар тафсири ҳар оят аст, ки насси сареҳ аз ҷониби Расули Акрам (с) ва саҳобагон дар маънои он оят ба мо нарасида бошад. Аммо агар ривояти саҳеҳе дар тафсири оят вуҷуд дошта бошад, он муфассири оят хоҳад буд. Лизо ба назари эшон тафсир мухсуси Паёмбари Акрам (с) ва саҳобагон ба унвони ноқилони сухани он ҳазрат ва таъвил вазифаи соири уламо ва донишмандон аст ва тафсир яъне маънои қатъии ояти Қуръон ва таъвил маънои эҳтимолии ояти Қуръони карим мебошад.[5]

Таъвили муташобиҳотро чи касе медонад?

Дар ояти ҳафти сураи Оли Имрон, баъд аз тақсимбандии оёти Қуръон ба ду гурӯҳи муҳкам ва муташобеҳ омадааст:

﴿وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلَّا اللَّهُ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ يَقُولُونَ آمَنَّا بِهِ كُلٌّ مِّنْ عِندِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ﴾

“Дар ҳоле ки таъвили саҳеҳи оёти муташобеҳро ҷуз Худо ва росихони дар илм намедонанд (онон ки ба дунболи фаҳму дарки асрори ҳамаи оёти Қуръон дар партави илму дониши илоҳиянд) мегӯянд: Мо ба ҳамаи он имон овардем, ҳама аз тарафи Парвардигори мост ва ҷуз соҳибони ақл мутазаккир намешаванд”.

Тибқи ин ояти шарифа ва далоили дигар, дастрасӣ ба ҳақоиқи нуҳуфтаи оёти муташобеҳ, сирфан мунҳасир ба Худованд нест (ҳарчанд баъзе аз муфассирин назари мухолиф доранд), балки имкони дастёбӣ ба ин ҳақоиқ барои пӯяндагон ва уламои ростин фароҳам аст, донишмандони ростин барои фаҳми ин оёт аз роҳи Худоӣ рафта мегӯянд: тамоми оёти муташобеҳ ва муҳкам аз як сарчашма нашъат гирифта, пас дар пушти пардаи зоҳир, ҳақиқате нуҳуфта аст, ки бояд онро ёфт ва оқибати ҷӯянда ёбанда аст, албата ин воқеиятро ҷуз хирадмандон ёдовар намешаванд.

Баста будани роҳ барои расидан ба ҳақоиқи нуҳуфтаи Қуръон (ки ганҷинаи маорифи илоҳӣ ба шумор меравад) ҳаргиз қобили қабул нест, зеро агар фарз шавад дар Қуръон оёте вуҷуд дорад, ки оҳоди мусалмонон , уламо, доншимандон , имомон ва Паёмбари Акрам (с) тамоман аз муҳтавои он огоҳӣ надошта бошанд, мақоми ҳикмати илоҳӣ зери савол меравад. Чигуна китобе, ки барои ҳидояти башарият то абадият, нозил шуда мавозеи ибҳоме дорад, ки ҳеҷ кас, ҳато Расули Акрам (с) ба кашфи он дастрасӣ надошта аст? Қатъан ин фарзияи маҳоле аст ва аз ҳикмати бори таоло комилан ба дур аст.

Бинобарин, имкони дастрасӣ ба маонӣ ва ҳақоиқи пинҳони оёти муташобеҳ барои ҳамаи донишмандони ростин фароҳам аст. Ҷумлаи “яқулуна оманно биҳи…” дар мавзеи ҳол аст ва ҳокӣ аз имони собит аст. Ин амр муҷиб мегардад, то уламои ростин, мавзеи ҳикмати илоҳиро дар назар бигиранд ва дар паи ҷустани ҳақоиқи нуҳуфта дар паси оёти муташобеҳ раванд. Онҳо дар сояи илму дониш устувор буда, ҳаргиз музтариб намешаванд ва дар муқобили оёти муташобеҳ нигарон намешаванд, зеро имон доранд, ки оёти муташобеҳ аз ҳамон манбае содир гашта, ки оёти муҳкам нашъат гирифта аст ва чунин меандешанд, ки бояд дар паси парда чизҳое бошад, ки зоҳири лафз намудори он нест. Аз ин рӯ ба таъвили оёти муташобеҳ пай мебаранд.

Далели ақлии рӯшан бар ин ки росихони дар илм, таъвили муташобиҳро медонанд, ин аст, ки Қуръон ба забони мардум ва барои ҳидояти онҳо нозил гардида аст ва агар олимон ва росихони дар илм аз таъвили Қуръон оҷиз бошанд, Қуръон дар заминаи оёти ба сурати муаммои ло янҳал дармеояд, дар ҳоле ки Қуръон худ ба тадаббур ва тааққул дар оёташ дастур додааст. Аҷибтар он ки агар илм ба таъвил мухтас ба Худованд бошад, пас Паёмбари Акрам (с) ҳам аз он маҳрум хоҳанд буд, яъне паёмбаре, ки муҳбити ваҳй аст, таъвили оёти онро намедонад.[6]  

Оё ҳуруфи муқатаа аз муташобиҳот аст?

Аксари донишмандони улуми қуронӣ баҳсеро пиромуни ҳуруфи муқаттаа матраҳ кардаанд, ҳарчанд ин мавзӯъ яке аз мабоҳиси дарун қуронӣ ва тафсирӣ аст, аммо метавон аз он ҷиҳат, ки ҳуруфи муқаттаа яке аз масодиқи муташобиҳот зикр шуда ба баррасии он пардохт.

Оғози 29 сура аз 114 сураи Қуръон бо як ё чанд ҳарф аз ҳуруфи алифбо шурӯъ шуда, ки бо ҳазфи мавориди такрорӣ 14 ҳарфро (яъне нисфи ҳуруфи алифбои арабӣ, ки 28 ҳафр аст), шомил мешавад.

Ҳуруфи муқаттаа дар китобат муттасил бо ҳам ва ба сурати як калима навишта мешаванд, вале ҳангоми хондан ҷудо-ҷудо ва қитъа-қитъа бо исми алифбоии онҳо хонда мешавад. Масалан: “АЛМС” ингуна хонда мешавад: “Алиф, Лом, Мим, Сод”.

Дар бораи маъно ва тафсири ҳуруфи муқаттаа назароти гуногуне (ҳудудан 25 дидгоҳ) матраҳ шудааст.[7] Бархе онро аз муташобиҳот медонанд, ки ҳаргиз қобили ҳал нест, иддае онро аз рамзҳо ва асрор миёни Худо ва Расули Ӯ донистаанд. Бархе низ ҳуруфи муқаттааро танҳо дорои хосияти овоӣ донистаанд, ки ҳеҷ гуна маънои надоранд. Баъзе бар ин боваранд, ки ҳуруфи муқаттаа дар ҳар сурае иртиботи маъноӣ бо муҳтавои он сура дорад. Иддае онро савганди Худованд ҳамонанди тин, зайтун ва шаҳри Макка зикр кардаанд.

Ба назар мерасад аксари ин назарот бо ҳам қобили ҷамъ бошанд, зеро ҳаминки дорои муҳтамалоти фаровон аст, метавонад яке аз масодиқи муташобиҳот бошад. Аз тарафи дигар ҳангоми тиловати Қуръон дар он рӯзгор, овои ин ҳуруф сабаби ҷалби таваҷҷӯҳи ҳозирин мешуд, то ба Қуръон гӯш фаро диҳанд, зеро мушрикин пайваста талош мекарданд бо эҷоди сару садо монеи расидани сурати дилнишини Қуръони карим ба мухотабин шаванд:

﴿وَ قالَ الَّذينَ کَفَرُوا لا تَسْمَعُوا لِهذَا الْقُرْآنِ وَ الْغَوْا فيهِ لَعَلَّکُمْ تَغْلِبُونَ[8]

“Ва касоне, ки куфр варзиданд гуфтанд: “Ба ин Қуръон гӯш фаро надиҳед ва дар (қироат) он (сухан) беҳуда сар диҳед, то шояд шумо пирӯз шавед.”

Аз сӯи дигар Худованди карим бо интихоби нисфи ҳуруфи алифбо, арабро ба таҳаддӣ фаро хонда мегӯяд: Агар қабул надоред, ки ин сухани Худост ва мепиндоред, ки сохтаи башар аст, бидонед, ки ин калом муъҷизаосо аз ҳамин ҳуруфе, ки дар ихтиёри шумост таркиб ёфтааст, пас шумо бо истифода аз ҳамин ҳуруфи алифбо сухане мисли он биёваред.

Албата ин мунофоте надорад, ки ин ҳуруф дорои маонӣ ва асрори хоссе бошад, ки миёни Худо ва Расули Акрам (с) бошад ва кунҳи онро фақат Худо ва Расул бидонад.

Намунаҳое аз оёти муташобеҳ

Рӯшантарин намунаҳо ва масодиқи оёти муташобеҳро дар Қуръон, бояд дар миёни оёти марбут ба сифот ва афъоли Худованд ҷуст. Ин маҷмӯа аз оёт дар канори оёти дигаре, ки ба ҳидоят ва залолати инсон, ҷабр ва ихтиёр нозиранд ва ё масоиле назири ваҳй ва мавҷудоти ғайбиро баён мекунанд, амрро барои иддае муштабаҳ сохтааст. Қаблан баён шуд, ки ташобуҳ дар оёти Қуръон ду гуна аст: ташобуҳи аслӣ ва ташобуҳи аразӣ. Зайлан аз ҳар навъ як намуна меоварем:

  1. Нафй таҳайюз аз Худо

“Таҳайюз” иборат аст аз ишғоли макон ва доро будани ҷиҳати хос (рост, чап, пеш, пушт, боло ва пойин). Ин аз вижагиҳои мавҷудоти моддӣ ва лозимаи ҷисмият аст.

“Таҳайюз” аз зоти Ҳақ мунтафӣ аст, зеро мавҷуде аст, муҷаррад; яъне мавҷуди моварои модда ва аз тамоми вижагиҳои ҷисмонӣ муназзаҳ аст.

Иддае аз зоҳиргароҳо қоил ба таҳайюз шуданд ва Худовандро дорои макон ва дар ҷиҳат медонанд ва шавоҳиде аз оёти Қуръон меоваранд[9] аз ҷумла:

﴿الرَّحْمَٰنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَىٰ﴾[10] ﴿يُدَبِّرُ الْأَمْرَ مِنَ السَّمَاءِ إِلَى الْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ[11] ﴿يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوْقِهِمْ…﴾[12]

Аммо аксарияти донишмандони исломӣ бо дарназар гирифтани ояти каримаи ﴿…لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ[13]ки аз оёти муҳкама аст- Худоро аз ҳаргуна шабоҳат ба махлуқ мубарро дониста ва оёти ёдшударо (ки гурӯҳи мушаббаҳа, муташобеҳ сохтаанд) ба таъвил мебаранд ва онҳо бо таваҷҷӯҳ ба маънои киноӣ ба тафсири он мепардозанд; яъне ҷойгоҳи Худо (агар битавон ҷойгоҳе тасаввур кард) дар ҷаҳони бартар ва боло аз ҷаҳони моддӣ аст, ки тамоми хайрот ва баракот аз он ҷаҳон ба хокиён сарозер шавад; амали солеҳи бандагон ба сӯи ӯ суъуд мекунад, вагарна Худованд дар ҷиҳати хоссе қарор нагирифта аст.

﴿…فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا فَثَمَّ وَجْهُ اللَّهِ[14]

“пас ба ҳар сӯ рӯ кунӣ онҷо ҷиҳати Худост…”

Оёте, ки мушаббаҳа дар исботи қавли худ ба он тамассук ҷустаанд, дар ҳақиқат ҷузви оёти муҳкама будаанд ва мусалмонони асри нузул бо саломати табъ, мафҳуми киноии онҳоро дарк мекардаанд, вале баъдҳо ин фирқа ва ҳамфикрони эшон барои пуштивонаи мазҳабии худ ба суроғи ин оёт рафтанд ва бо тафсири худ, онҳоро мутшобеҳ сохтанд. Аз ин рӯ ташобуҳ дар ин гуна оёт, аразӣ мебошад.

  1. Ирода ва ихтиёр

Ҳамон гуна ки дар таърифи ташобуҳ аслӣ гузашт, маншаи ба вуҷуд омадани он , баланд будани маонӣ ва кӯтоҳии алфоз аст. Яке аз оёте, ки дорои ин навъ ташобуҳ аст ояти:

﴿وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ رَمَىٰ﴾[15]

“Ва чун (рег ба сӯи онҳо) афкандӣ, ту наяфкандӣ, балки Худо афканд…” мебошад.

Араби он рӯз аз ин оят мафҳуми ҷабрро дарк мекард, дар ҳоле ки ин оят ба қудрати ночизи инсон дар муқобили дигар авомили муассир дар таҳаққуқи афъоли ихтиёрии ӯ ( ки ҳамагӣ бо изни илоҳӣ анҷом мегирад) ишора дорад. Дарки ин маъно барои мардуми аҳди рисолат душвор ва сахт буд, аз ин рӯ ташобуҳ дар оят, аслӣ мебошад.[16]

 


[1] . Манобеъ ва мабонии тафсирӣ, васоили задудани ибҳом мебошанд.

[2]. Сураи Каҳф, ояти 78.

[3]. Таъвил илова бар маънои фавқ, маъноҳои дигаре низ дорад. Улуми қуръонӣ, с.274-276.

[4] . Машҳур дар байни қудамо ин будааст, ки таъвилро ҳамон тафсир, ва муроде аз калом медонистаанд, дар ҳоле ки мутаахирон гуфтаанд: манзур аз таъвил маънои мухолиф бо зоҳири лафз аст ва ин ақида чунон шойеъ гашта, ки таъвил баъд аз он ки аз ҷиҳати луғавӣ ба маънои мутлақи ирҷоъ ё марҷаъ буда, ҳақиқати сонавӣ дар маънои мухолиф бо зоҳири лафз гардидааст.

[5]. Мотуридӣ, Таъвилоти аҳли сунат, ҷ.1, с.349.

[6]. Ҷавон, Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, с.324.

[7] . нк: Тафосири Қуръон карим зайли сураҳое, ки бо ҳуруфи муқаттаа шурӯъ шудааст. Аксари муфассирин ин мавзӯъро дар оғози сураи Бақара матраҳ кардаанд, аммо бархе дар сураҳои дигари Қуръони карим.

[8] . Сураи Фусилат, ояти 26.

[9] . а) Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.3, с.111-113 ва 115-116; б) Ашъарӣ, Алӣ ибни Исмоил, Ал-ибона, с.26-28.

[10]. Сураи Тоҳо, ояти 5.

[11]. Сураи Саҷда, ояти 5.

[12]. Сураи Наҳл, ояти 50.

[13]. Сураи Шуро, ояти 11.

[14]. Сураи Бақара, ояти 115.

[15]. Сураи Анфол, ояти 17.

[16] . Улуми қуръонӣ, с.317-394.; Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.3.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,