Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда оёти 10-12

Ояти 10

<وَقَالُوا أَئِذَا ضَلَلْنَا فِي الْأَرْضِ أَئِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ بَلْ هُم بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ كَافِرُونَ>

«Ва гуфтанд: Оё ҳамин ки (пас аз марг) дар замин (дафн ва пусида ва) гум шудем, оё офариниши дигаре хоҳем ёфт? Оре, (ин гуна аст, вале) онон ба мулоқоти Парвардигорашон кофиранд.»

Нуктаҳо

v   Дар ояи қабл хондем, ки Худованд василаи дарку фаҳм (чашм, гӯш ва дил)‑ро ба шумо дод ва сипас шикоят кард, ки шумо кам шукр мекунед. Ин оят яке аз намунаҳои носипосиро баён мекунад, ки инсон бо дидани ин ҳама қудратнамоии Худованд, боз ҳам дар барпоии қиёмат шакку тардид кунанд.

Паёмҳо

  1. Бо нақли шубаҳоти мухолифон ва посухи қотеъ ба онҳо, мӯъминонро бима ва воксина кунем.
  2. Тардиди мункирони қиёмат дар бозгашти ҷисмонӣ аст.
  3. Шакку тардиди худро бо далоили равшан бартараф кунед ва нагузоред ба шумо зарар расонад.
  4. Куффор низ таҳти тадбири рубубияти Худованд ҳастанд.

 

Ояти 11

>قُلْ يَتَوَفَّاكُم مَّلَكُ الْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَىرَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ<

«Бигӯ: Фариштаи марг, ки бар шумо гуморида шуда, ҷонатонро мегирад, сипас ба сӯи Парвардигоратон баргардонда мешавед.»

Нуктаҳо

v   Калимаи «Тувуффия» ба маънои бозпас гирифтани комили чизе аст. Чун бадани мурда боқӣ мемонад, пас мурод гирифтани руҳ аст, ки ҳақиқати инсон аст. Бино бар ин рӯҳ асил, мустақил ва боқӣ аст ва дар қиёмат ҳамин рӯҳ бо бозгашти дубора ба ҷисм, барангехта мешавад.

v   Қуръон барои қабзи рӯҳ, се таъбир дорад:

А: Фариштагони махсус ҷон ва рӯҳи одамиро мегиранд.[1]

Б: Фариштаи махсуси марг ҷону рӯҳи одамиро мегирад. Ҳамин оя.

В: Худованд ҷон ва рӯҳи одамиро мегирад.[2]

Дар ҷамъи ин се оя шояд битавон гуфт: Фариштагони махсус, рӯҳро мегиранд ва онро ба Малакулмавт месупоранд ва ӯ ба Худои Мутаол месупорад. Чунонки имом Содиқ(а) дар посухи ин суол, ки дар атрофи ҷаҳон афроди зиёде дар як лаҳза мемиранд, чигуна Малакулмавт дар як лаҳза дар ҳама ҷо ҳузур дорад? Фармуданд: Ӯ ёроне аз фариштагон дорад, ки рӯҳи мардумро аз атроф мегиранд, сипас Малакулмавт арвоҳро аз фариштагон таҳвил мегирад.[3]

Шояд ҳам дараҷоти мардум сабаби тафовути қабзи рӯҳи онон мешавад ба ин маъно, ки мардуми оддиро фариштагон ва мардуми ботақворо Малакулмавт ва авлиёи Худоро Худо қабзи рӯҳ мекунад.

Паёмҳо

  1. Шубаҳотро бепосух нагузоред.
  2. Ҳақиқати инсон рӯҳи ӯст.
  3. Фариштагон вазифаи худро анҷом медиҳанд.
  4. Марги инсон ва дафни ӯ, гоме барои зинда шудани ӯст, ҳамон гуна ки коштани дона ва тухм гоме барои сабз шуданаш аст.
  5. Ҳамон Худое, ки ҷонҳоро мегирад, рӯзе ҳамаро ба сӯи худ бармегардонад.

Ояти 12

>وَلَوْ تَرَى إِذِ الْمُجْرِمُونَ نَاكِسُو رُؤُوسِهِمْ عِندَ رَبِّهِمْ رَبَّنَاأَبْصَرْنَا وَسَمِعْنَا فَارْجِعْنَا نَعْمَلْ صَالِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ<

«Ва (чи саҳнаи дилхарошест) агар бубинӣ муҷримонро, ҳангоме ки назди Парвардигорашон сарҳои худро ба зер афканда (мегӯянд:) Парвардигоро! Дидем ва шунидем (ҳақиқати ончиро, ки ваъда карда будӣ). Пас моро (ба дунё) бозгардон, то кори некӯ анҷом диҳем, ҳамоно мо ба яқин расидем.»

Нуктаҳо

v   Гарчи дар ин оя, муҷримон тақозои бозгашт ба дунё ва анҷоми амали солеҳ доранд, аммо чунон ки дар ояи 28 сураи Анъом мехонем: Онҳо агар ба дунё низ баргарданд боз гуноҳ мекунанд.

Паёмҳо

  1. Саркашии имрӯзи муҷримон, сарафкандагии фардои қиёматро дар пеш дорад ва ин мояи тасаллии Паёмбар(с) ва мӯъминон аст.
  2. Қиёмат, рӯзи сарафкандагӣ ва шармандагии муҷримон аст.      
  3. Рӯзи қиёмат, рӯзи иқрор аст.
  4. Рӯзи қиёмат, рӯзи кашфи ҳақоиқ ва боз шудани чашмҳо ва гӯшҳост. (Касоне, ки чашму гӯши худро бар дидан ва шунидани ҳақ баста буданд.)
  5. Фақат амали солеҳ дар қиёмат сабаби наҷот аст, ки ҷои он дунё аст.
  6. Далели ҷурму гуноҳ, бовар надоштани қиёмат аст.

 



[1]. Сураи Наҳл, ояти 28.

[2] Сураи Зумар, ояти 42

[3]. Тафсири Нуруссақалайн.

Охирин матолиб

Симои СУРАИ ҲАМД

Сураи Ҳамд дар шаҳри муқаддаси Макка нозил шуда ва дорои ҳафт оя, 29 калима ва 142 ҳарф аст ва дар тартиби феълӣ ва кунунии Қуръони...

Тарҷумаи СУРАИ МАРЯМ

СУРАИ МАРЯМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 98 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Коф, ҳо, ё, айн, сод. [Ин] ёди раҳмати...