ТАРҶУМАИ СУРАИ «ҲУД»

 

 

 

 

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 123 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Ро. Ин китобе аст, ки оятҳояш мустаҳкам шудааст. Сипас шарҳ дода шуда ва аз назди Худованди Ҳакимe Огоҳ (нозил гардида) аст.

 

2               (Даъвати ман ин аст), ки: ҷуз «Аллоҳ»-ро напарастед. Ман аз сўи Ў барои шумо бимдиҳанда ва башоратдиҳандаам.

3               Ва ин ки: аз Парвардигори худ омурзиш биталабед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то шуморо то муддати муайяне (аз мавоҳиби зиндагии ин ҷаҳон), ба хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар соҳиби фазилате ба миқдори фазилаташ бибахшад. Ва агар (аз ин фармон) рўйгардон шавед, ман бар шумо аз азоби рўзи бузурге хавфнокам!

4               (Бидонед), бозгашти шумо ба сўи «Аллоҳ» аст ва Ў бар ҳар чиз тавоност.

5               Огоҳ бошед, онҳо (сарҳоро ба ҳам наздик сохта ва) синаҳояшонро дар канори ҳам қарор медиҳанд, то худ (ва суханони худ)-ро аз ў (Пайғамбар) пинҳон доранд. Огоҳ бошед, онгоҳ, ки онҳо либосҳояшонро ба худ мепечанд ва худро дар он пинҳон мекунанд, (Худованд) медонад он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, зеро Ў аз асрори даруни синаҳо огоҳ аст.

6               Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рўзии ў бар Худост. Ў қароргоҳ ва маҳалли нақлу интиқолашро медонад, ҳамаи инҳо дар китоби ошкоре сабт аст. (Дар лавҳи маҳфуз, дар китоби илми Худо).

7               Ў касе аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид. Ва арши (ҳукумати) Ў, бар об қарор дошт, (ба хотири ин офарид), то шуморо имтиҳон намояд, ки кадом як амалатон беҳтар аст. Ва агар (ба онҳо) бигўӣ: «Шумо баъд аз марг барангехта мешавед», ҳатман кофирон мегўянд: «ин сеҳри ошкоре аст!».

8               Ва агар муҷозотро то замони муайяне аз онҳо ба таъхир андозем, (аз рўи истеҳзо мегўянд: «Чӣ чиз монеи он шудааст?!». Огоҳ бошед, он рўз, ки (азоб) ба суроғашон ояд, аз онҳо бозгардонида нахоҳад шуд (ва ҳеҷ қудрате монеи он нахоҳад буд). Ва он чиро масхара мекарданд, доманашонро мегирад.

9               Ва агар аз ҷониби худ неъмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ў бигирем, бисёр ноумед ва носипос хоҳад буд.

10           Ва агар баъд аз шиддату ранҷе, ки ба ў расидааст, неъматҳое ба ў бичашонем, мегўяд: «Мушкилот аз ман бартараф шуд ва дигар боз нахоҳад гашт!». Ва ғарқи шодиву ғафлат ва фахрфурўшӣ мешавад.

11           Магар онҳо, ки (дар сояи имони ростин), сабру истиқомат варзиданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ки барои онҳо омурзиш ва аҷри бузурге аст.

12           Шояд (иблоғи) баъзе оятҳоеро, ки ба ту ваҳй мешавад, (ба хотири напазируфтани онҳо) тарк кунӣ (ва ба таъхир андозӣ) ва синаат аз ин ҷиҳат танг (ва нороҳат) шавад, ки мегўянд: «Чаро ганҷе бар ў нозил нашудааст ва ё чаро фариштае ҳамроҳи ў наомадааст?!». (Иблоғ кун ва нигарон ва нороҳат мабош! Чаро, ки) ту фақат бимдиҳандаӣ ва Худованд нигаҳбон ва нозир бар ҳамаи чиз аст (ва ба ҳисоби онон мерасад).

13           Оё мегўянд: «Ў ба дурўғ ин (Қуръон)-ро (ба Худо) нисбат дода (ва сохтагӣ аст?!)». Бигў: «Агар рост мегўед, шумо ҳам даҳ сураи сохтагӣ монанди ин Қуръон биёваред. Ва тамоми касонеро, ки метавонед – ғайр аз Худо – (барои ин кор) даъват кунед!».

14           Ва агар онҳо даъвати шуморо напазируфтанд, бидонед (Қуръон) танҳо бо илми илоҳӣ нозил шуда ва ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Оё бо ин ҳол таслим мешавед?!

15           Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро бихоҳанд, (натиҷаи) аъмолашонро дар ҳамин дунё ба таври комил ба онҳо медиҳем ва чизе каму кост аз онҳо нахоҳад шуд.

16           (Вале) онҳо дар охират, ҷуз оташ, (саҳме) нахоҳанд дошт. Ва он чиро дар дунё (барои ғайри Худо) анҷом доданд, барбод меравад ва он чиро амал мекарданд, ботил ва беасар мешавад.

17           Оё он кас, ки далели ошкоре аз Парвардигори худ дорад ва дар пайи он шоҳиде аз сўи Ў мебошад ва пеш аз он, китоби Мўсо, ки пешво ва раҳмат буд, (гувоҳӣ бар он медиҳад, ҳамчун касе аст, ки чунин набошад?!). Онҳо (ҳақталабон ва ҳақтқатҷўён) ба ў, (ки ин хусусиятҳоро дорад), имон меоваранд. Ва ҳар кас аз гурўҳҳои мухталиф ба ў кофир шавад, оташ ваъдагоҳи ўст. Пас, шакке дар он надошта бош, ки он ҳақ аст аз Парвардигорат, вале бештари мардум имон намеоваранд.

18           Чӣ касе ситамкортар аст аз касоне, ки бар Худо тўҳмат мебанданд?! Онон (рўзи растохез) бар Парвардигорашон арза мешаванд, дар ҳоле, ки шоҳидон (пайғамбарон ва фариштагон) мегўянд: «Инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки ба парвардигорашон дурўғ бастанд. Эй лаънати Худо бар золимон бод!».

19           Ҳамонҳо, ки (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи ҳақро каҷу килеб нишон медиҳанд ва ба сарои охират кофиранд.

20           Онҳо ҳеҷ гоҳ тавоноии гурез дар заминро надоранд ва ҷуз Худо, пуштибонҳое намеёбанд. Азоби Худо барои онҳо дучанд хоҳад буд, (чаро, ки ҳам худашон гумроҳ буданд ва ҳам дигаронро гумроҳ сохтанд). Онҳо ҳаргиз тавоноии шунидан (-и ҳақро) надоштанд ва (ҳақиқатро) намедиданд.

21           Онон касоне ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд ва тамоми маъбудҳои дурўғин аз назарошон гум шуданд.

22           (Ба ночор) онҳо дар сарои охират, қатъан аз ҳама зиёнкортар ҳастанд!

23           Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва дар баробари Парвардигорашон хузўу хушўъ карданд, онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

24           Ҳоли ин ду гурўҳ (мўъмион ва мункирон), ҳоли нобино ва кар ва бино ва шунавост. Оё ин ду, монанди якдигаранд?! Оё панд намегиред?!

25           Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем. (нахустин бор ба онҳо гуфт): «Ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам.

26           Ҷуз «Аллоҳ» (Худои Ягонаи Якто)-ро напарастед, зеро бар шумо аз азоби рўзи дардноке метарсам».

27           Ашрофи кофири қавмаш (дар ҷавоби ў) гуфтанд: «Мо туро ҷуз башаре ҳамчун худамон намебинем ва касонеро, ки аз ту пайравӣ кардаанд, ҷуз гурўҳи палиди соддалавҳ мушоҳида намекунем. Ва барои шумо фазилате нисбат ба худ намебинем, балки шуморо дурўғгў тасаввур мекунем».

28           (Нўҳ) гуфт: «Эй қавми ман! Ба ман хабар диҳед, агар ман далели равшане аз Парвардигорам дошта бошам ва аз назди худаш раҳмате ба ман дода бошад – ва бар шумо пўшида монда бошад – (оё боз ҳам рисолати маро инкор мекунед?!). Оё мо метавонем шуморо ба пазириши ин далели равшан маҷбур созем, бо ин ки шумо кароҳат доред?!

29           Эй қавми ман! Ба хотири ин даъват, аҷру подоше аз шумо наметалабам, аҷри ман, танҳо бар Худост. Ва ман, онҳоро, ки имон овардаанд, (ба хотири шумо) аз худ дур намекунам, чаро, ки онҳо Парвардигорашонро мулоқот хоҳанд кард. (Агар онҳоро аз худ биронам, дар додгоҳи қиёмат хасми ман хоҳанд буд), вале шуморо қавми ҷоҳиле мебинам.

30           Эй қавми ман! Чӣ касе маро дар баробари (муҷозоти) Худо ёрӣ медиҳад, агар онҳоро раҳо кунам?! Оё андеша намекунед?!

31           Ман ҳаргиз ба шумо намегўям хазинаҳои илоҳӣ назди ман аст ва ғайб ҳам намедонам ва намегўям, ман фариштаам. Ва (низ) намегўям, касоне, ки дар назари шумо хор меоянд, Худованд хайре ба онҳо нахоҳад дод. Худо аз дили онон огоҳтар аст. (Бо ин ҳол агар онҳоро биронам), дар ин сурат аз ситамкорон хоҳам буд».

32           Гуфтанд: «Эй Нўҳ! Бо мо ҷарру баҳс кардӣ ва зиёд ҳам ҷарру баҳс кардӣ! (Бас аст!). Акнун агар рост мегўӣ, он чиро (аз азоби илоҳӣ) ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!».

33           (Нўҳ) гуфт: «Агар Худо ирода кунад, хоҳад овард ва шумо қудрати гурез (аз онро) нахоҳед дошт!

34           (Аммо чӣ суд, ки) ҳар гоҳ Худо бихоҳад шуморо (ба хотири гуноҳонатон) гумроҳ созад ва ман бихоҳам шуморо андарз диҳам, андарзи ман суде ба ҳолатон нахоҳад дошт. Ў Парвардигори шумост ва ба сўи Ў бозгашт дода мешавед».

35           Оё (мушрикон) мегўянд: «Ў (Муҳаммад (с)) ин суханонро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст?!». Бигў: «Агар ман инҳоро аз пеши худ сохта бошам ва ба Ў нисбат диҳам, гуноҳонаш бар ўҳдаи ман аст, вале ман аз гуноҳони шумо безорам».

36           Ба Нўҳ ваҳй шуд, ки: «ҷуз онҳо, ки (то кунун) имон овардаанд, дигар ҳеҷ кас аз қавми ту имон нахоҳад овард. Пас аз корҳое, ки мекарданд, ғамгин мабош.

37           Ва (акнун) дар ҳузури мо ва тибқи ваҳйи мо, киштӣ бисоз. Ва дар бораи онҳо, ки ситам карданд, шафоат макун, ки (ҳамаи) онҳо ғарқ шуданӣ ҳастанд!».

38           Ў машғули сохтани киштӣ буд ва ҳар замон гурўҳе аз бузургони қавмаш бар ў мегузаштанд, ўро масхара мекарданд, (вале Нўҳ) гуфт: «Агар моро масхара мекунед, мо низ шуморо ҳамин гуна масхара хоҳем кард.

39           Ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш хоҳад омад ва муҷозоти ҷовидона бар ў ворид хоҳад шуд!».

40           (Ин вазъ ҳамчунон идома ёфт), то он замон, ки фармони мо фаро расид ва танўр ҷўшидан гирифт. (Ба Нўҳ) гуфтем: «Аз ҳар ҷуфте аз ҳайвонот, (аз нару мода) як завҷ дар он (киштӣ) ҳамл кун. Ҳамчунин хонадонатро (бар он савор кун) – магар онҳо, ки пеш аз ин ваъдаи ҳалоки онон дода шудааст, (ҳамсар ва яке аз фарзандонат) – ва ҳамчунин мўъминонро». Аммо ҷуз шумори каме ҳамроҳи ў имон наоварданд.

41           Ў гуфт: «Ба номи Худо бар он савор шавед. Ва ҳангоми ҳаракат ва таваққуфи киштӣ, ёди Ў кунед, ки Парвардигорам Омурзанда ва Меҳрубон аст».

42           Ва он (киштӣ) онҳоро аз миёни мавҷҳое ҳамчун кўҳҳо ҳаракат медод, (дар ин ҳангом), Нўҳ фарзандошро, ки дар гўшае буд, фарёд зад: «Писарам! Ҳамроҳи мо савор шав ва бо кофирон мабош!».

43           Гуфт: «Ба зудӣ ба кўҳе паноҳ мебарам, ки маро аз об ҳифз мекунад!». (Нўҳ) гуфт: «Имрўз ҳеҷ нигаҳдоре дар баробари фармони Худо нест, магар он касро, ки Ў раҳм кунад». Дар ин ҳангом, мавҷ дар миёни он ду ҳоил шуд ва ў дар зумраи ғарқшудагон қарор гирифт.

44           Ва гуфта шуд: «Эй замин, обатро фурў бар! Ва эй осмон, худдорӣ кун! Ва об фурў нишаст ва кор поён ёфт ва (киштӣ) бар (доманаи кўҳи) Ҷудӣ паҳлў гирифт. Ва (дар ин ҳангом) гуфта шуд: «Дур бод қавми ситамгар (аз саодат ва наҷоту раҳмати Худованд!)».

45           Нўҳ ба Парвардигораш гуфт: «Парвардигоро! Писарам аз хонадони ман аст ва ваъдаи Ту (дар мавриди наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва Ту аз ҳамаи ҳукмкунандагон бартарӣ».

46           Гуфт: «Эй Нўҳ! Ў аз аҳли ту нест, ў амали ғайри солиҳе аст, (шахси ношоистае аст). Пас, он чиро аз он огоҳ нестӣ, аз ман махоҳ, ман ба ту андарз медиҳам, ки аз ҷоҳилон мабошӣ».

47           Гуфт: «Парвардигоро! Ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки аз он огоҳӣ надорам. Ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд».

48           (Ба Нўҳ) гуфта шуд: «Эй Нўҳ! Бо саломат ва барокоте аз ноҳияи мо бар ту ва бар тамоми уматҳое, ки бо ту ҳастанд, фуруд ой! Ва умматҳое низ ҳастанд, ки мо онҳоро аз неъматҳо баҳраманд хоҳем сохт, сипас азоби дардноке аз сўи мо ба онҳо мерасад, (чаро, ки ин неъматҳоро куфрон мекунанд)».

49           Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту (эй Пайғамбар) ваҳй мекунем. На ту ва на қавмат, инҳоро пеш аз ин намедонистед. Бинобар ин, сабру истиқомат кун, ки оқибат аз они парҳезгорон аст.

50           (Мо) ба сўи (қавми) Од, бародарашон «Ҳуд»-ро фиристодем. (Ба онҳо) гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Шумо фақат тўҳмат мезанед (ва бутҳоро шарики Ў мехонед).

51           Эй қавми ман! Ман аз шумо барои ин (рисолат), подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар касе аст, ки маро офаридааст. Оё намефаҳмед?!

52           Ва эй қавми ман! Аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то (борони) осмонро пай дар пай бар шумо бифиристад ва нерўе бар нерўятон бияфзояд. Ва гунаҳкорона, рўй (аз ҳақ) барнатобед».

53           Гуфтанд: «Эй Ҳуд! Ту далели равшане барои мо наовардаӣ ва мо худоёни худро ба хотири сухани ту, раҳо нахоҳем кард. Ва мо (аслан) ба ту имон намеоварем.

54           Мо (дар бораи ту) фақат мегўем: «баъзе аз худоёни мо, ба ту зиён расонида (ва ақлатро рабуда)-анд». (Ҳуд) гуфт: «Ман Худоро ба шаҳодат металабам, шумо низ гувоҳ бошед, ки ман безорам аз он чӣ шарик (-и Худо) қарор медиҳед,

55           Аз он чӣ ғайри Ў (мепарастед!). Ҳол, ки чунин аст, ҳамагӣ барои ман нақша бикашед ва маро мўҳлат надиҳед! (Аммо бидонед, коре аз дасти шумо сохта нест).

56           Ман ба «Аллоҳ», ки Парвардигори ман ва шумост, таваккул кардаам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки Ў бар он тасаллут дорад, (аммо султае бо адолат, чаро, ки) Парвардигори ман бар роҳи рост аст.

57           Пас агар рўй баргардонед, ман рисолатеро, ки маъмур будам, ба шумо расонидам. Ва Парвардигорам гурўҳи дигареро ҷонишини шумо мекунад ва шумо камтарин зараре ба Ў намерасонед. Парвардигори ман ҳофизу нигаҳбони ҳар чиз аст».

58           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, «Ҳуд» ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ наҷот додем ва онҳоро аз азоби шадид раҳоӣ бахшидем.

59           Ва ин қавми «Од» буд, ки оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд ва пайғамбарони ўро маъсият намуданд ва аз фармони ҳар ситамгари душмани ҳақ, пайравӣ карданд.

60           Онон, дар ин дунё ва рўзи қиёмат, лаънат (ва номи нангине) дар пай доранд. Бидонед, «Од» нисбат ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Дур бод «Од» — қавми Ҳуд – (аз раҳмати Худо ва хайру саодат!).

61           Ва ба сўи қавми «Самуд», бародарашон «Солеҳ»-ро (фиристодем). Гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Ўст, ки шуморо аз замин офарид ва ободии онро ба шумо вогузошт. Аз Ў омурзиш баталабед, сипас ба сўи Ў бозгардед, ки Парвардигорам (ба бандагони худ) наздик ва иҷобаткунанда (-и хостаҳои онҳо) аст».

62           Гуфтанд: «Эй Солеҳ! Ту пеш аз ин, сабаби умеди мо будӣ, оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепастиданд, наҳй мекунӣ?! Дар ҳоле, ки мо дар мавриди он чӣ ба сўи он даъватамон мекунӣ, дар шакку тардид ҳастем».

63           Гуфт: «Эй қавм! Ба ман хабар диҳед, агар ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва раҳмате аз ҷониби худ ба ман дода бошад, (метавонам аз иблоғи рисолати Ў сарпечӣ кунам?!). Агар ман нофармонии Ў кунам, чӣ касе метавонад маро дар баробари вай ёрӣ диҳад?! Пас, (суханони) шумо ҷуз итминон ба зиёнкор буданатон, чизе бар ман намеафзояд.

64           Эй қавми ман! Ин «ноқаи» (шутури модаи) Худованд аст, ки барои шумо нишонае аст, бугузоред дар замини Худо бар чаридан машғул шавад, ҳеҷ гуна озоре ба он нарасонед, ки ба зудӣ азоби Худо шуморо хоҳад гирифт!».

65           (Аммо) онҳо, он (ноқа)-ро аз пой дароварданд ва (Солеҳ ба онҳо) гуфт: «(Мўҳлати шумо тамом шуд!). Се рўз дар хонаҳоятон баҳраманд гардед (ва баъд аз он азоби илоҳӣ фаро хоҳад расид). Ин ваъдае аст, ки дурўғ нахоҳад буд».

66           Ва ҳангоме, ки фармони (муҷозоти) мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ (аз он азоб) ва аз расвоии он рўз, раҳоӣ бахшидем, чаро, ки Парваррдигорат қавӣ ва шикастнопазир аст.

67           Ва касонеро, ки ситам карда буданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва дар хонаҳояшон ба рўй афтоданд ва мурданд.

68           Он чунон, ки гўё ҳаргиз сокини он диёр набуданд! Бидонед, қавми Самуд Парвардигорашонро инкор карданд. Дур бод қавми Самуд (аз раҳмати Парвардигор!).

69           Фиристодагони мо (фариштагон) барои Иброҳим башорат оварданд, гуфтанд: «Салом!». (Ў низ) гуфт: «Салом!». Ва тўле накашид, ки гўсолаи бирёне (барои онҳо) овард.

70           (Аммо) ҳангоме, ки дид, дасти онҳо ба он намерасад (ва аз он намехўранд, кори) онҳоро нописанд шумурд ва дар дил эҳсоси тарс намуд. Ба ў гуфтанд: «Натарс! Мо ба сўи қавми Лут фиристода шудаем».

71           Ва ҳамсараш истода буд, (аз хушҳолӣ) хандид. Пас ўро ба Исҳоқ ва баъд аз ў ба Яъқуб башорат додем.

72           Гуфт: «Эй вой бар ман! Оё ман фарзанд меоварам, дар ҳоле, ки пиразанам ва ин шавҳарам пирамарде аст?! Ин ростӣ чизи аҷибе аст!».

73           Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо ҳайрат мекунӣ?! Ин раҳмати Худо ва баракоташ бар шумо хонавода аст, чаро, ки Ў сутуда ва волост».

74           Ҳангоме, ки тарси Иброҳим фурў нишаст ва башорат ба ў расид, дар бораи қавми Лут бо мо муҷодила мекард.

75           Чаро, ки Иброҳим, бурдбору дилсўз ва бозгашткунанда (ба сўи Худо) буд.

76           Эй Иброҳим! Аз ин (дархост) сарфиназар кун, ки фармони Парвардигорат фаро расида ва ба таври ҳатмӣ, азоби (илоҳӣ) ба суроғи онҳо меояд ва баргашт надорад.

77           Ва ҳангоме, ки расулони мо (фариштагони азоб), ба суроғи Лут омаданд, аз омаданашон нороҳат шуд ва қалбаш парешон гашт ва гуфт: «Имрўз рўзи сахте аст!». (Зеро онҳоро нашинохт ва тарсид, ки қавми табаҳкор музоҳими онҳо шаванд).

78           Қавми ў (ба қасди музоҳимати меҳмонон), бо шитоб ба суроғи ў омаданд – ва пеш аз он корҳои бад мекарданд. – Гуфт: «Эй қавми ман! Инҳо духтарони ман ҳастанд, барои шумо покизатаранд, (бо онҳо издивоҷ кунед ва аз кори нописанд чашм бипўшед). Аз Худо битарсед ва маро дар мавриди меҳмононам расво насозед. Оё дар миёни шумо як марди бофаҳму огоҳе нест?!».

79           Гуфтанд: «Ту, ки медонӣ, мо тамоюле ба духтарони ту надорем ва хуб медонӣ мо чӣ мехоҳем».

80           Гуфт: «(Афсўс)! Эй кош дар баробари шумо қудрате доштам ё такягоҳу пуштибони маҳкаме дар ихтиёри ман буд! (Онгоҳ медонистам бо шумо палидсиратони дудманиш чӣ кунам)».

81           (Фариштагони азоб) гуфтанд: «Эй Лут! Мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, онҳо ҳаргиз дастрасӣ ба ту пайдо нахоҳанд кард, дар дили шаб, хонаводаатро (аз ин шаҳр) ҳаракат деҳ ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад, магар ҳамсарат, ки ў ҳам ба ҳамон балое, ки онҳо гирифтор мешаванд, гирифтор хоҳад шуд. Ваъдагоҳи онҳо субҳ аст, оё субҳ наздик нест?!».

82           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, он (шаҳру диёр)-ро зеру рў кардем ва бороне аз санги (гилҳои мутаҳаҷҷири) мутароким бар рўи ҳам, бар онҳо нозил намудем.

83           (Сангҳое, ки) назди Парвардигорат нишонадор буд ва он, (аз дигар) ситамгарон дур нест.

84           Ва ба сўи «Мадян», бародарашон Шуайбро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш кунед, ки ҷуз Ў маъбуди дигаре барои шумо нест. Паймона ва вазнро кам накунед (ва даст ба камфурўшӣ назанед). Ман (ҳамакнун) шуморо дар неъмат мебинам, (вале) аз азоби рўзи фарогир, бар шумо бимнокам.

85           Ва эй қавми ман! Паймона ва вазнро бо адолат тамом диҳед. Ва бар чизҳо (ва аҷноси) мардум айб нагузоред ва аз ҳаққи онон накоҳед ва дар замин ба фасод накўшед.

86           Он чӣ Худованд барои шумо боқӣ гузоридааст, (аз сармояҳои ҳалол) бароятон беҳтар аст, агар имон дошта бошед. Ва ман, посдори шумо (ва маъмур ба маҷбур кардан бар имон) нестам».

87           Гуфтанд: «Эй Шуайб! Оё намозат ба дастур медиҳад, ки он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк кунем ё он чиро мехоҳем дар амволамон анҷом надиҳем?! Ту, ки марди бурдбору бофаҳме ҳастӣ!».

88           Гуфт: «Эй қавм! Ба ман бигўед, ҳар гоҳ ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва ризқи (ва мавҳибати) хубе ба ман дода бошад, (оё метавонам бар хилофи фармони Ў рафтор кунам?!). Ман ҳаргиз намехоҳам чизе, ки шуморо аз он боз медорам, худам даст занам. Ман ҷуз ислоҳ – то он ҷо ки тавоноӣ дорам – намехоҳам. Ва тавфиқи ман, ҷуз ба Худо нест. Бар Ў таваккул кардам ва ба сўи Ў бозмегардам.

89           Ва эй қавми ман! Душманӣ ва мухолифат бо ман, сабаб нашавад, ки шумо ба ҳамон сарнавиште, ки қавми Нўҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ гирифтор шуданд, гирифтор шавед. Ва қавми Лут аз шумо чандон дур нест.

90           Аз Парвардигори худ омурзиш биталабем ва ба сўи Ў бозгардед, ки Парвардигорам Меҳрубон ва дўстдор (-и бандагони тавбакор) аст».

91           Гуфтанд: «Эй Шуайб! Бисёре аз он чиро, ки мегўӣ, мо намефаҳмем ва мо туро дар миёни худ заиф меёбем. Ва агар (ба хотири) қабилаи кўчакат набуд, туро сангсор мекардем ва ту дар баробари мо қудрате надорӣ».

92           Гуфт: «Эй қавм! Оё қабилаи кўчаки ман, назди шумо азизтар аз Худованд аст?! Дар ҳоле, ки (фармони) Ўро пушти сар андохтаед! Парвардигорам ба он чӣ анҷом медиҳед, иҳота дорад (ва огоҳ аст).

93           Эй қавм! Ҳар коре аз дастатон сохтааст, анҷом диҳед, ман ҳам кори худро хоҳам кард. Ва ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш меояд ва чӣ касе дурўғгў аст! Шумо интизор кашед, ман ҳам бо шумо дар интизорам!».

94           Ва ҳангоме, ки фармони мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати худ наҷот додем ва онҳоро, ки ситам карданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва дар диёри худ ба рў афтоданд (ва мурданд).

95           Он чунон, ки гўё ҳаргиз аз сокинони он (диёр) набуданд! Дур бод Мадян (ва аҳли он аз раҳмати Худо), ҳамон гуна, ки қавми Самуд дур шуданд!

96           Мо, Мўсоро бо оятҳои худ ва далели ошкоре фиристодем.

97           Ба сўи Фиръавн ва атрофиёнаш, аммо онҳо аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд, дар ҳоле, ки фармони Фиръавн, сабаби рушду наҷот набуд.

98           Рўзи қиёмат, ў дар пешопеши қавмаш хоҳад буд ва (ба ҷои чашмаҳои зулоли биҳишт), онҳоро дохили оташ мекунад. Ва чӣ обишхўри баде аст (оташ), ки бар он дихил мешаванд!

99           Онон дар ин ҷаҳон ва рўзи қиёмат, лаънате дар пай доранд. Ва чӣ атои баде аст (лаъну дурӣ аз раҳмати Худо), ки насиби онон мешавад!

100       Ин аз ахбори шаҳрҳо ва ободиҳост, ки мо барои ту бозгў мекунем, ки баъзе (ҳанўз) барпо ҳастанд ва баъзе дирав шудаанд (ва аз байн рафтаанд).

101       Мо ба онҳо ситам накардем, балки онҳо худашон бар худ ситам раво доштанд. Ва ҳангоме, ки фармони муҷозоти илоҳӣ фаро расид, маъбудонеро, ки ғайр аз Худо мехонданд, онҳоро ёрӣ накарданд ва ҷуз бар ҳалокати онон наяфзуданд.

102       Ва ин чунин аст муҷозоти Парвардигори ту, ҳангоме, ки шаҳрҳо ва ободиҳои золимро муҷозот мекунад! (Оре), муҷозоти Ў дардноку шадид аст!

103       Дар ин, нишонае аст барои касе, ки аз азоби охират метарсад, ҳамон рўзе аст, ки мардум дар он ҷамъ мешаванд ва рўзе, ки ҳама онро мушоҳида мекунанд.

104       Ва мо он (муҷозот)-ро ҷуз то замони муайяне таъхир намеандозем.

105       Он рўз, ки (қиёмат ва замони муҷозот) фаро расад, ҳеҷ кас ҷуз ба иҷозати Ў сухан намегўяд, гурўҳе бадбахтанд ва гурўҳе хушбахт.

106       Аммо онҳо, ки бадбахт шуданд, дар оташанд. Ва барои онон дар он ҷо «зафир» ва «шаҳиқ» (нолаҳои дуру дароз ва дам ба дам) аст.

107       Ҷовидона дар он хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Парвардигорат ҳари чиро бихоҳад, анҷом медиҳад.

108       Аммо онҳо, ки хушбахту саодатманд шуданд, ҷовидона дар биҳишт хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Бахшише аст қатънашуданӣ.

109       Пас шакку тардиде (дар ботил будани) маъбудҳое, ки онҳо мепарастанд, ба худ роҳ мадеҳ. Онҳо ҳамон гуна ин маъбудҳоро парастиш мекунанд, ки падаронашон пеш аз он мепарастиданд. Ва мо насиби ононро бекаму кост хоҳем дод.

110       Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем, сипас дар он ихтилоф шуд. Ва агар фармони пешинаи Худо (дар заминаи имтиҳон ва итмоми ҳуҷҷат бар онҳо) набуд, дар миёни онон доварӣ мешуд. Ва онҳо (ҳанўз) дар шак ҳастанд, шакке омехта ба бадгумонӣ.

111       Ва Парвардигорат аъмоли ҳар якро бе каму кост ба онҳо хоҳад дод, Ў ба он чӣ амал мекунанд, огоҳ аст.

112       Пас ҳамон гуна, ки фармон ёфтаӣ, истиқомат кун ва ҳамчунин касоне, ки бо ту ба сўи Худо омадаанд, (бояд истиқомат кунанд) ва туғён накунед, ки Худованд он чиро анҷом медиҳед, мебинад.

113       Ва бар золимон такя нанамоед, ки сабаб мешавад оташ шуморо фаро гирад ва дар он ҳол, ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Худо нахоҳед дошт ва ёрӣ намешавед.

114       Дар ду тарафи рўз ва аввалҳои шаб, намозро барпо дор, чаро, ки ҳасанот, сайиот (ва асарҳои онҳо)-ро аз байн мебаранд. Ин тазаккуре аст барои касоне, ки аҳли тазаккуранд.

115       Ва шакебоӣ кун, ки Худованд подоши некўкоронро зойеъ нахоҳад кард.

116       Чаро дар қарнҳо (ва қавмҳои) пеш аз шумо донишмандони соҳибқудрате набуданд, ки аз фасод дар замин пешгирӣ кунанд?! Магар андаке аз онҳо, ки наҷоташон додем. Ва онон, ки ситам мекарданд, аз танаъум ва комҷўӣ пайравӣ карданд ва гунаҳкор буданд (ва нобуд шуданд).

117       Ва чунин набуд, ки Парвардигорат ободиҳоро ба зулму ситам нобуд кунад, дар ҳоле, ки аҳлаш дар садади ислоҳ бошанд.

118       Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи мардумро як уммат (бе ҳеҷ гуна ихтилоф) қарор медод, вале онҳо ҳамвора мухталифанд.

119       Магар касеро, ки Парвардигорат раҳм кунад. Ва барои ҳамин (пазириши раҳмат), онҳоро офарид. Ва фармони Парвардигорат ҳатмӣ шудааст, ки: ҷаҳаннамро аз ҳамаи (саркаршону тоғиёни) ҷинну инс пур хоҳам кард!

120       Мо аз ҳар як аз саргузаштҳои пайғамбарон барои ту бозгў кардем, то ба василаи он, қалбатро оромиш бахшем (ва иродаат мустаҳкам гардад). Ва дар ин (ахбор ва саргузаштҳо) барои ту ҳақ ва барои мўъминон мавъиза ва тазаккур омадааст.

121       Ва ба онҳо, ки имон намеоваранд, бигў: «Ҳар чӣ дар қудрат доред, анҷом диҳед. Мо ҳам анҷом медиҳем!

122       Ва интизор бикашед. Мо ҳам мунтазирем!».

Ва (огоҳӣ аз) ғайб (ва асрори пинҳони) осмонҳо ва замин, танҳо аз они Худост ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида мешавад. Пас Ўро парастиш кун ва бар Ў таваккул намо ва Парвардигорат аз корҳое, ки мекунед, ҳаргиз ғофил нест.

 

ЁСИН

 

 

 

 

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...