Тарҷумаи сураи Фурқон

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 77 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Ҷовидон ва пурбаракат аст касе, ки Қуръонро бар бандааш нозил кард, то ҷаҳониёнро бим диҳад (ва аз азобу ҷазои илоҳӣ битарсонад).

2               Худованде, ки ҳукумат ва моликияти осмонҳо ва замин аз они Ўст ва фарзанде барои худ интихоб накард ва шарике дар ҳукумат ва моликият надорад ва ҳама чизро офарид ва ба диққат андозагирӣ намуд.

3               Онҳо ғайр аз Худованд маъбудоне барои худ баргузиданд. Маъбудоне, ки чизеро намеофаринанд, балки худашон махлуқанд ва молики зиёнусуди худ нестанд ва на молики маргу ҳаёт ва растохезашон.

4               Ва кофирон гуфтанд: «Ин фақат дурўғе аст, ки ў сохтааст ва гурўҳи дигаре ўро бар ин кор ёрӣ додаанд». Онҳо (бо ин сухан) зулм ва дурўғи бузургеро муртакиб шуданд.

5               Ва гуфтанд: «Ин ҳамон афсонаҳои пешиниён аст, ки вай онро рўнавис карда ва ҳар субҳу шом бар ў имло мешавад».

6               Бигў: «Касе онро нозил кардааст, ки асрори осмонҳову заминро медонад, Ў (ҳамеша) Ғафур ва Раҳим буда ва ҳаст».

7               Ва гуфтанд: «Чаро ин Расул таом мехўрад ва дар бозорҳо роҳ меравад?! (На суннати фариштагонро дорад ва на равиши шоҳонро!). Чаро фариштае бар ў нозил нашуда, ки ҳамроҳи вай мардумро бим диҳад (ва гувоҳи сидқи даъвати ў бошад?!).

8               Ё ганҷе (аз осмон) барои ў фиристода шавад, ё боғе дошта бошад, ки аз (меваи) он бихўрад (ва маошашро таъмин кунад?!)». Ва ситамгарон гуфтанд: «Шумо танҳо аз як марди маҷнуне пайравӣ мекунед!».

9               Бингар чӣ гуна барои ту масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд, он чунон, ки қудрати пайдо кардани роҳро надоранд!

10           Заволнопазир ва бузург аст Худое, ки агар бихоҳад барои ту беҳтар аз ин қарор медиҳад: Боғҳое, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст ва (агар бихоҳад) барои ту қасрҳои боҳашамате қарор медиҳад.

11           (Инҳо ҳама баҳона аст), балки онҳо қиёматро инкор кардаанд ва мо барои касе, ки қиёматро инкор кунад, оташи сўзоне муҳайё кардаем!

12           Ҳангоме ки ин оташ онҳоро аз макони дуре бибинад, садои ваҳшатнок ва хашмолуди ўро, ки бо нафасзадани шадид ҳамроҳ аст, мешунаванд.

13           Ва ҳангоме ки дар макони тангу маҳдуде аз он афканда шаванд, дар ҳоле, ки дар ғуллу занҷиранд, фарёди вовайлои онҳо баланд мешавад!

14           (Ба онон гуфта мешавад:) Имрўз якбор вовайло нагўед, балки бисёр вовайло сардиҳед!

15           (Эй пайғамбар!) Бигў: «Оё ин беҳтар аст ё биҳишти ҷовидоне, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст?! Биҳиште, ки подоши амалҳои онҳо ва қароргоҳашон аст».

16           Ҳар чӣ бихоҳанд дар он ҷо барояшон фароҳам аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд, ин ваъдае аст ҳатмӣ, ки Парвардигорат бар ўҳда гирифтааст.

17           (Ба хотир биёвар) рўзеро, ки ҳамаи онҳо ва маъбудонеро, ки ғайр аз Худо парастиш мекарданд, ҷамъ мекунад, онгоҳ ба онҳо мегўяд: «Оё шумо ин бандагони маро гумроҳ кардед ё худи онон роҳро гум карданд?!».

18           (Дар ҷавоб) мегўянд: «Муназзаҳӣ Ту! Барои мо шоиста набуд, ки ғайр аз Ту авлиёе баргузинем, вале онон ва падаронашонро аз неъматҳо бархўрдор намудӣ, то ин ки (онҳо ба ҷои шукри неъмат) ёди Туро фаромўш карданд ва ҳолок шуданд».

19           (Худованд ба онҳо мегўяд: Бибинед) ин маъбудон, шуморо дар чӣ, ки мегўед, инкор карданд, акнун қудрат надоред азоби илоҳиро бартараф созед ё аз касе ёрӣ биталабед. Ва ҳар кас аз шумо ситам кунад, азоби шадиде ба ў мечашонем!

20           Мо ҳеҷ як аз расулонро пеш аз ту нафиристодем, магар ин ки таом мехўрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд ва баъзе аз шуморо василаи имтиҳони баъзеи дигар қарор додем, оё сабру тоқат мекунед (ва аз ўҳдаи имтиҳонот бар меоед?!). Ва Парвардигори ту ҳамвора басир ва бино буда ва ҳаст.

21           Ва касоне, ки умеде ба дидори мо надоранд (ва қиёматро инкор мекунанд), гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил нашуданд ва ё (чаро) Парвардигорамонро бо чашми худ намебинем?!». Онҳо дар бораи худ такаббур варзиданд ва туғёни бузурге карданд!

22           (Онҳо ба орзуи худ мерасанд), аммо рўзе, ки фариштагонро мебинанд, рўзи башорат барои муҷримон нахоҳад буд, (балки рўзи муҷозот ва кайфари онон аст) ва мегўянд: «Моро амон диҳед, моро маоф доред!». (Аммо суде надорад).

23           Ва мо ба суроғи корҳое, ки анҷом додаанд меравем ва ҳамаро ҳамчун зарраҳои ғубори пароканда дар ҳаво қарор медиҳем.

24           Биҳиштиён дар он рўз қароргоҳашон аз ҳама беҳтар ва осоишгоҳашон некўтар аст.

25           Ва (ба хотир овар) рўзеро, ки осмон бо абрҳо шикофта мешавад, ва фариштагон нозил мегарданд.

26           Ҳукумати ҳақиқӣ дар он рўз, аз они Худованди Раҳмон аст ва он рўз, рўзи сахте барои кофирон хоҳад буд!

27           Ва (ба хотир биёред) рўзеро, ки золим дасти худро (аз шиддати ҳасрат) ба дандон мегазад ва мегўяд: «Эй кош бо Расул (-и Худо) роҳе интихоб карда будам!

28           Эй вой бар ман, кош фалон (шахси гумроҳ)-ро дўсти худ интихоб накарда будам!

29           Ў маро аз ёдоварӣ (-и ҳақ) гумроҳ сохт, баъд аз он, ки (ёди ҳақ) ба суроғи ман омада буд». Ва шайтон ҳамеша хоркунандаи инсон будааст.

30           Ва Паёмбар гуфт: «Парвардигоро! Қавми ман Қуръонро раҳо карданд».

31           (Оре), ва ин гуна барои ҳар паёмбаре душмане аз муҷримон қарор додем, аммо (барои ту) ҳамин бас, ки Парвардигорат ҳидояткунанда ва ёвар (-и ту) бошад.

32           Ва кофирон гуфтанд: «Чаро Қуръон як ҷо бар ў нозил намешавад?!». Ин ба хотири он аст, ки қалби туро ба василаи он маҳкам дорем ва (аз ин рў) онро ором-ором бар ту хондем.

33           Онҳо ҳеҷ масале барои ту намеоваранд, магар ин ки мо ҳақро барои ту меоварем ва тафсири беҳтаре (ваҷавоби дандоншикане, ки дар баробари он нотавон шаванд).

34           (Ту гумроҳ нестӣ), онҳо, ки бар суратҳояшон ба сўи ҷаҳаннам маҳшур мешаванд, бадтарин маҳалро донранд ва гумроҳтарин касонанд.

35           Ва мо ба Мўсо китоб (-и осмонӣ) додем ва бародараш Ҳорунро ёвари ў қарор додем.

36           Ва гуфтем: «Ба сўи ин қавм, ки оятҳои моро инкор карданд, биравед!». (Аммо он мардум ба мухолифат бархостанд) ва мо сахт онҳоро дарҳам кўбидем.

37           Ва қавми Нўҳро ҳангоме, ки расулон (-и мо)-ро инкор карданд, ғарқ намудем ва онҳоро дарси ибрате барои мардум қарор додем ва барои ситамгарон азоби дардноке фароҳам сохтаем!

38           (Ҳамчунин) Қавми Од ва Самуд ва Асҳоби Рас (гурўҳе, ки дарахтони санавбарро мепарастиданд) ва қавмҳои бисёр дигареро, ки дар ин миён буданд, ҳалок кардем.

39           Ва барои ҳар як аз онҳо масалҳое задем ва (чун фоидае надод), ҳамагиро ҳалок кардем.

40           Онҳо (мушрикони Макка) аз канори шаҳре, ки борони шар (бороне аз сангҳои осмонӣ) бар он борида буд (диёри қавми Лут), гузаштанд, оё онро намедиданд?! (Оре медиданд), вале ба рўзи қиёамат имон надоштанд.

41           Ва ҳангоме, ки туро мебинанд, танҳо туро ба боди масхара мегиранд (ва мегўянд:) Оё ин ҳамон касе аст, ки Худо ўро ба унвони Паёмбар барангехтааст?!

42           Агар мо ба парастиши худоёнамон истиқомат намекардем, бими он меравад, ки моро гумроҳ созад! Аммо ҳангоме, ки азоби илоҳиро бибинанд, ба зуди мефаҳманд, ки чӣ касе гумроҳтар будааст!

43           Оё дидӣ касеро, ки ҳавои нафсашро маъбуди худ интихоб кардааст?! Оё ту метавонӣ ўро ҳидоят кунӣ (ё ба дифоъ аз ў бархезӣ?!).

44           Оё гумон мекунӣ, ки бисёре аз онҳо мешунаванд ё мефаҳманд?! Онҳо фақат ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтаранд.

45           Оё надидӣ чӣ гуна Парвардигорат сояро густарда сохт?! Ва агар мехост, онро сокин қарор медод, сипас хуршедро бар вуҷуди он далел қарор додем.

46           Сипас онро оҳиста ҷамъ мекунем (ва низоми соя ва офтобро ҳоким месозем).

47           Ў касе аст, ки шабро барои шумо либос қарор дод ва хобро сабаби истироҳат ва рўзро василаи ҳаракату ҳаёт.

48           Ва Ў касе аст, ки бодҳоро башоратгароне пеш аз раҳматаш фиристод ва аз осмон оби поккунандае нозил кардем,

49           То ба василаи он, замини мурдаеро зинда кунем ва онро барои махлуқоте, ки офаридаем — чаҳорпоён ва инсонҳои бисёр – менўшонем.

50           Мо ин оётро ба суратҳои гуногун барои онҳо баён кардем, то мутазаккир шаванд, вале бештари мардум аз ҳар коре ҷуз инкору куфр, ибо доранд.

51           Ва агар мехостем, дар ҳар шаҳру диёре бимдиҳандае бармеангехтем, (вале ин кор лузуме надошт).

52           Бинобар ин аз кофирон итоат макун ва ба василаи он (Қуръон) бо онҳо ҷиҳоди бузурге бинамо.

53           Ва Ў касе аст, ки ду дарёро дар канори ҳам қарор дод, ки яке гуворо ва ширин ва дигаре шўру талх. Ва дар миёни онҳо барзахе қарор дод, то бо ҳам махлут нашаванд, (гўё ҳар як ба дигаре мегўяд:) дур бош ва наздик наё!

54           Ў касе аст, ки аз об, инсонеро офарид, сипас ўро насаб ва сабаб қарор дод (ва насли ўро аз ин ду тариқ густариш дод) ва Парвардигори ту ҳамвора Қодир будааст.

55           Онҳо ғайр аз Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онҳо суде мерасонад ва на зиёне. Ва кофирон ҳамеша дар баробари Парвардигорашон (дар тариқи куфр) пуштибони якдигаранд.

56           (Эй Пайғамбар!) Мо туро ҷуз ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда нафиристодем.

57           Бигў: «Ман дар баробари он, (иблоғи оини Худо) ҳеҷ гуна подоше аз шумо мутолиба намекунам, магар касе, ки бихоҳад роҳе ба сўи Парвардигораш баргузинад, (ин подоши ман аст)».

58           Ва таваккул бар Худованде кун, ки ҳаргиз намемирад ва тасбеҳу ҳамди Ўро ба ҷо овар ва ҳамин бас аст, ки Ў аз гуноҳони бандагонаш огоҳ аст.

59           Ҳамон (Худое), ки осмонҳо ва замин ва он чиро дар миёни ин ду аст, дар шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас бар Арш (-и қудрат) қарор гирифт (ва ба тадбири ҷаҳон пардохт, Ў Худованди) Раҳмон аст, аз Ў бихоҳ, ки аз ҳама чиз огоҳ аст.

60           Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Барои Худованди Раҳмон саҷда кунед», мегўянд: «Раҳмон чист?! (Мо аслан Раҳмонро намешиносем!) Оё барои чизе саҷда кунем, ки ту ба мо дастур медиҳӣ?!». (Ин суханро мегўянд) ва бар танаффурашон афзуда мешавад.

61           Ҷовидон ва пурбаракат аст он (Худое), ки дар осмон бурҷҳое барои ситорагон қарор дод ва дар миёни он, чароғи равшан ва моҳи тобоне офарид.

62           Ва Ў ҳамон касе аст, ки шабу рўзро ҷонишини якдигар қарор дод, барои касе, ки бихоҳад мутазаккир шавад ё шукргузорӣ кунад (ва он чиро дар рўз кўтоҳӣ кардааст, дар шаб анҷом диҳад ва ба акс).

63           Бандагони (хосси Худованди) Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо оромиш ва бетакаббур бар замин роҳ мераванд. Ва ҳангоме, ки ҷоҳилон онҳоро мухотаб созанд (ва суханони бехирадона гўянд), ба онҳо салом мегўянд (ва бо беэътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд).

64           Ва касоне, ки шабонгоҳ барои Парвардигорашон саҷда ва қиём мекунанд.

65           Ва касоне, ки мегўянд: «Парвардигоро! Азоби ҷаҳаннамро аз мо бартараф гардон, ки азобаш сахт ва пурдавом аст.

66           Ҳатман он (ҷаҳаннам) ҷойгоҳи бад ва маҳалли иқомати баде аст!».

67           Ва касоне, ки ҳар гоҳ инфоқ кунанд, на исроф мекунанд ва на сахтгирӣ, балки дар миёни ин ду, ҳад эътидоле доранд.

68           Ва касоне, ки маъбуди дигареро бо Худованд намехонанд ва инсонеро, ки Худованд хунашро ҳаром шумурдааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд ва ҳар кас чунин кунад, муҷозоти сахте хоҳад дид!

69           Азоби ў дар қиёмат дучанд мегардад ва ҳамеша бо хорӣ дар он хоҳад монд.

70           Магар касоне, ки тавба кунанд ва имон оваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд, ки Худованд гуноҳони ононро ба ҳасанот табдил мекунад. Ва Худованд ҳамвора Омурзанда ва Меҳрубон будааст.

71           Ва касе, ки тавба кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад, ба сўи Худо бозгашт мекунад (ва подоши худро аз Ў мегирад).

72           Онҳо касоне ҳастанд, ки ба ботил шаҳодат намедиҳанд (ва дар маҷлисҳои ботил иштирок намекунанд) ва ҳангоме, ки бо лағву беҳудагӣ бархўрд кунанд, бузургворона аз он мегузаранд.

73           Ва касоне, ки ҳар гоҳ ба онҳо оёти Парвардигорашон гўшзад шавад, кар ва кўр бар рўи он намеафтанд.

74           Ва касоне, ки мегўянд: «Парвардигоро! Аз ҳамсарону фарзандонамон мояи равшании чашми мо қарор деҳ ва моро барои парҳезгорон пешво гардон».

75           (Оре), онҳо ҳастанд, ки дараҷаҳои олии биҳишт дар баробари шакебоияшон ба онон подош дода мешавад ва дар он, бо таҳийяту салом рў ба рў мешаванд.

76           Дар ҳоле, ки ҷовидона дар он хоҳанд монд, чӣ қароргоҳ ва маҳалли иқомати хубе!

77           Бигў: «Парвардигорам барои шумо арҷе қоил нест, агар дуои шумо набошад. Шумо (оёти Худо ва Паёмбаронро) инкор кардед ва (ин инкор) домони шуморо хоҳад гирифт ва аз шумо ҷудо нахоҳад шуд».

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...