Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

тарҷума

СУРАИ ИСРО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром ба Масҷид-ул-ақсо- ки атрофашро пурбаракат кардаем- сайр дод, то аз нишонаҳои Худ ба ӯ бинамоёнем; ҳамоно Ӯ Худ шунавои доност.
  2. Ва ба Мӯсо китоб додем ва онро ҳидояте барои Банӣ Исроил қарор додем, ки ба ҷуз Ман ҳомие нагиред.
  3. [Эй] фарзандони касоне, ки бо Нӯҳ [бар киштӣ] савор кардем! Дар ҳақиқат ӯ бандае бисёр сипосгузор буд.
  4. Ва дар китоб [-и Таврот] ба сӯи Банӣ Исроил эълон кардем, ки ҳатман ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва қатъан бо саркашии бузурге бартарӣ меҷӯед.
  5. Пас ҳангоме ки ваъдаи нахустини он ду фаро расад, бандагоне аз Худро, ки нерӯманд ҳастанд, бар шумо бармеангезем, онгоҳ миёни хонаҳо ба ҷустуҷӯ [ва саркуби шумо] дароянд ва [ин] ваъдаи анҷомёфтанӣ аст.
  6. Сипас дубора [пирӯзӣ] бар онҳоро ба шумо бозгардонем ва шуморо бо амвол ва фарзандон мадад расонем ва теъдоди шуморо бештар созем.
  7. Агар некӣ кунед, барои худатон некӣ кардаед ва агар бадӣ кунед, пас барои худ [бадӣ кардаед]. Ва ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расад [боз бандагони Худро мефиристем] то чеҳраҳои шуморо андӯҳгин созанд ва то дохили Масҷид [-ул-ақсо] шаванд, чунонки бори аввал ба он даромада буданд ва то ба ҳар чи даст ёбанд, комилан нобуд кунанд.
  8. Умед аст,     ки Парвардигоратон ба шумо раҳм кунад ва агар бозгардед, бозмегардем ва дӯзахро барои кофирон зиндоне қарор додем.
  9. Ҳамоно ин Қуръон ба он [роҳе] ки он устувортар аст, ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест;
  10. Ва ин ки касоне, ки ба охират имон намеоваранд, барояшон азоби дардноке омода кардаем.
  11. Ва инсон бадиро талаб мекунад, ҳамон гуна ки некиро металабад ва инсон шитобкор аст.
  12. Ва шабу рӯзро ду нишона қарор додем ва нишонаи шабро тира кардем ва нишонаи рӯзро равшанибахш гардонидем, то аз Парвардигоратон фазле биҷӯед ва то шумори солҳо ва ҳисобро бидонед ва ҳар чизеро ба тафсил баёнаш кардем.
  13. Ва номаи аъмоли ҳар инсонеро бар гарданаш овехтаем ва рӯзи қиёмат барои ӯ номае берун меоварем, ки онро кушода бинад.
  14. [Гуфта шавад:] номаатро бихон! Имрӯз ҳисобрасии худат барои ту кофист.
  15. Ҳар кас ҳидоят шавад, пас фақат барои худаш ҳидоят меёбад ва ҳар кас гумроҳ шавад, пас фақат ба зарари худ гумроҳ мешавад ва ҳеҷ борбардоре бори [гуноҳи] дигариро барнамедорад ва Мо азобкунанда [-и қавме] нестем, то ин ки паёмбаре барангезем.
  16. Ва ҳар гоҳ бихоҳем ободиеро ҳалок кунем, ба сарватмандони ҳавасрони он фармон медиҳем, пас дар он ҷо нофармонӣ кунанд, онгоҳ фармон [-и азоб] бар он муҳаққақ шавад; пас он [ободи]-ро комилан нобуд созем.
  17. Ва чи бисёр аз наслҳо, ки баъд аз Нӯҳ ҳалок кардем ва огоҳӣ [ва] биноии Парвардигорат ба гуноҳони бандагонаш кофист.
  18. Ҳар кас [дунёи] зудгузарро бихоҳад, ончиро мехоҳем барои ҳар кас ирода кунем, дар ин [дунё] ба ӯ шитобон медиҳем; сипас ҷаҳаннамро барояш қарор медиҳем, дар ҳоле ки накӯҳидаи ронда шудааст, вориди он мешавад.
  19. Ва ҳар кас охиратро бихоҳад ва барои он комилан талошашро бикунад, дар ҳоле ки ӯ мӯъмин бошад; пас онҳо талошашон қадршиносӣ хоҳад шуд.
  20. Ҳар кадом [аз] ин ва он [гурӯҳ]-ро аз бахшиши Парвардигорат мадад мебахшем ва бахшиши Парвардигорат [аз касе] манъ нашудааст.
  21. Бингар чигуна баъзе онҳоро ба баъзе [дигар] бартарӣ додем ва ҳатман охират аз назари мартаба бузургтар ва аз назари фазилат бештар аст.
  22. Ҳеҷ маъбуди дигареро бо Худо қарор надеҳ, то накӯҳидаи хоршуда бинишинӣ.
  23. Ва Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ [кунед] агар яке аз он ду ё ҳар ду дар канори ту ба пирӣ расиданд, пас ба он ду уф нагӯй ва он дуро марон; ва ба онҳо сухани каримона бигӯ.
  24. Ва аз рӯи меҳрубонӣ барои онҳо боли фурӯтанӣ бигустарон ва бигӯ: «Парвардигоро! Онҳоро раҳмат кун, ҳамон гуна ки маро дар хурдсолӣ парвариш доданд».
  25. Парвардигори шумо ба он чи дар вуҷуди шумост, донотар аст; агар [аз] шоистагон бошед, пас ҳамоно Ӯ барои тавбакорон, бисёр омурзанда аст.
  26. Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ ва [низ] бенаво ва роҳмондаро [ва] ҳеҷ исроф накун.
  27. Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон ба Парвардигораш бисёр носипос буд.
  28. Ва агар аз онҳо ба хотири талаби раҳмате аз ҷониби Парвардигорат, ки ба он умед дорӣ, рӯ бигардонӣ, пас барояшон сухане нарм бигӯ.
  29. Ва дастатро ба гарданат баста қарор мадеҳ ва онро ба таври комил магушой, то ин ки маломатзада, дармонда бинишинӣ.
  30. Дар ҳақиқат Парвардигорат рӯзиро барои ҳар кас, ки бихоҳад, мегушояд ва танг мегардонад; қатъан Ӯ нисбат ба бандагонаш огоҳи биност.
  31. Ва фарзандонатонро аз тарси тангдастӣ макушед; Мо онҳо ва шуморо рӯзӣ медиҳем; ҳамоно куштани онҳо гуноҳи бузургест.
  32. Ва наздики зино нашавед; ҳамоно он зишт аст ва бад роҳест.
  33. Ва нафсеро, ки Худо [хунашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед ва ҳар кас мазлумона кушта шавад, пас ба таҳқиқ барои валии ӯ қудрате [бар қисос] қарор додем; пас набояд дар куштан зиёдаравӣ кунад; ҳамоно ӯ ёрӣ дода шудааст.
  34. Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба он [равише] ки он некӯтар аст, то ин ки ба ҳадди рушди худ бирасад ва ба паймон [-и худ] вафо кунед; қатъан [аз] паймон пурсида мешавед.
  35. Ва ҳангоме ки паймона мекунед, паймонаро комил адо намоед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед; ин беҳтар ва саранҷоми некӯтар аст.
  36. Ва аз он чи ки ба он илм надорӣ пайравӣ макун; ба яқин гӯш ва чашм ва дил, ҳамаи онҳо аз он пурсида мешаванд.
  37. Ва дар замин бо сармастӣ роҳ марав; ҳамоно ту ҳаргиз наметавонӣ заминро бишикофӣ ва дар баландӣ наметавонӣ ба кӯҳҳо бирасӣ.
  38. Ҳамаи инҳо бадиаш назди Парвардигорат нохушоянд аст.
  39. Ин баъзе аз он чизест, ки Парвардигорат ба сӯи ту аз ҳикмат ваҳй кардааст ва ҳеҷ маъбуди дигареро бо Худо қарор мадеҳ, ки маломатзадаи рондашуда дар ҷаҳаннам андохта мешавӣ.
  40. Ва оё Парвардигоратон шуморо ба доштани писарон баргузид ва [Худ] духтароне аз фариштагон баргирифт? Қатъан шумо сухане бузург мегӯед.
  41. Ва ба яқин дар ин Қуръон [ҳақоиқро] гуногун баён кардем, то панд гиранд ва ҷуз бар нафраташон намеафзояд.
  42. Бигӯ: «агар чунонки мегӯянд бо Ӯ маъбудоне буд, онгоҳ ҳатман ба сӯи Соҳиби Арш роҳе меҷустанд».
  43. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи мегӯянд бо бартарии бузурге баландмартаба аст.
  44. Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар кас, ки дар онҳост, тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва ҳеҷ чизе нест, магар ин ки ба ситоиши Ӯ тасбеҳ мегӯяд, валекин тасбеҳи онҳоро дарк намекунед; ҳамоно Ӯ бурдбори омурзанда аст.
  45. Ва ҳангоме ки Қуръонро мехонӣ, байни ту ва байни касоне, ки ба охират имон намеоваранд пардае пӯшида қарор медиҳем.
  46. Ва бар дилҳои онон пардаҳое қарор додем, то онро дарк накунанд ва дар гӯшҳои онон сангинӣ [қарор додем]. Ва ҳангоме ки Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагиаш ёд кунӣ, дар ҳоли нафрат, бо пушт карданашон, рӯй барметобанд.
  47. Ҳангоме ки ба сӯи ту гӯш медиҳанд, Мо донотарем, ки ба чӣ [мақсад] ба он гӯш медиҳанд ва [низ] вақте ки онҳо розгӯӣ мекунанд, онгоҳ ки ситамгарон мегӯянд: «ҷуз аз марди сеҳршуда пайравӣ намекунед».
  48. Бингар чигуна барои ту масалҳо заданд; пас гумроҳ шуданд, дар натиҷа наметавонанд роҳеро биҷӯянд.
  49. Ва гуфтанд: «оё ҳангоме ки устухонҳо [-и пӯсида] ва пароканда шудем, оё ҳатман мо бо офариниши навин барангехта мешавем?»
  50. Бигӯ: «санг бошед ё оҳан,
  51. Ё офаридае аз он чи дар дилҳои шумо бузург менамояд [боз ҳам барангехта мешавед]»; пас ба зудӣ хоҳанд гуфт: «чӣ касе моро боз мегардонад?» Бигӯ: «Зоте, ки нахустин бор шуморо офарид». Пас ба зудӣ сарҳояшонро ба сӯи ту меҷунбонанд ва мегӯянд: «он чӣ замонест?» Бигӯ: «шояд, ки наздик бошад;
  52. Рӯзе, ки шуморо фаро мехонад, онгоҳ дар ҳоли ситоиши Ӯ [даъваташро] мепазиред ва мепиндоред, ки ҷуз андаке даранг накарда будед».
  53. Ва ба бандагонам бигӯ: «он чиро бигӯянд, ки он беҳтар аст»; қатъан шайтон байнашон ихтилоф меандозад; ҳамоно шайтон барои инсон душмани ошкорест.
  54. Парвардигоратон ба [ҳоли] шумо донотар аст; агар бихоҳад бар шумо раҳм мекунад; ё агар бихоҳад шуморо азоб мекунад ва туро бар онҳо ҳимоятгар нафиристодем.
  55. Ва Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки дар осмонҳо ва замин аст, донотар аст ва қатъан баъзе аз паёмбаронро ба баъзе [дигар] бартарӣ додем ва ба Довуд «Забур» додем.
  56. Бигӯ: «касонеро, ки ба ҷои Ӯ [маъбуд] мепиндоред, бихонед; пас тавони бартараф кардани зарарро аз шумо ва на тағйиреро надоранд».
  57. Онҳоеро, ки мехонанд, ба сӯи Парвардигорашон васила меҷӯянд [то бидонанд] ки кадом як аз онҳо наздиктаранд ва ба раҳмати Ӯ умедворанд ва аз азобаш метарсанд; ҳамоно азоби Парвардигорат ҳазаркарданист.
  58. Ва ҳеҷ ободие нест, магар ин ки Мо онро пеш аз рӯзи қиёмат ҳалок мекунем ё онро ба азоби сахт, азоб мекунем. Ин дар Китоб (Лавҳи маҳфуз) навишта шудааст.
  59. Ва [чизе] моро аз фиристодани мӯъҷизот боз надошт, магар ин ки пешиниён онро такзиб карданд. Ва ба Самуд модашутур додем, дар ҳолеки [мӯъҷизаи] равшане буд; пас ба он ситам раво доштанд ва нишонаҳоро ҷуз барои тарсонидан намефиристем.
  60. Ва ҳангоме ки ба ту гуфтем: «дар ҳақиқат Парвардигорат ба мардум иҳота дорад» ва хоберо, ки ба ту намоёндем ва дарахти нафриншуда дар Қуръонро, ҷуз имтиҳоне барои мардум қарор надодем ва онҳоро метарсонем, пас ҷуз саркашии бузург, ба онон намеафзояд.
  61. Ва ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «барои Одам саҷда кунед»; пас [ҳама] саҷда карданд, магар Иблис. Гуфт: «оё барои касе саҷда кунам, ки [ӯро] аз гил офаридаӣ?»
  62. [Боз] гуфт: «чӣ дидӣ, ин касеро, ки бар ман бартарӣ додаӣ? Агар [маро] то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, -ҷуз андаке аз фарзандонашро- қатъан гумроҳ ва нобуд мекунам».
  63. [Худо] фармуд: «бирав ва ҳар кас аз онҳо туро пайравӣ кунад, пас ҳамоно ҷаҳаннам сазои шумост, ки сазои комил аст.
  64. Ва ҳар кас аз онҳоро ки метавонӣ, бо овози хеш таҳрик кун ва саворону пиёдагонатро бар онон битоз ва дар амвол ва фарзандон бо онҳо шарик шав ва онҳоро ваъда деҳ ва шайтон ҷуз фиреб ваъдаашон намедиҳад.
  65. Ба дурустӣ, ки бандагони Ман, туро бар онҳо ҳеҷ тасаллуте нест ва корсозии Парвардигорат кофист».
  66. Парвардигори шумо Зотест, ки киштиҳоро дар дарё равон мекунад, то аз фазли Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед; дар ҳақиқат Ӯ нисбат ба шумо меҳрубон аст.
  67. Ва ҳангоме ки дар дарё ба шумо зарар расад, ҷуз Ӯ ҳар касро, ки бихонед, гум мешавад; пас замоне ки шуморо ба хушкӣ раҳонид, рӯй мегардонед ва инсон бисёр носипос аст.
  68. Пас оё эмин шудед, аз ин ки шуморо дар канори хушкӣ фурӯ барад ё тундбодеро бар шумо бифиристад, сипас ҳеҷ корсозе барои худ наёбед?
  69. Ё эмин шудед аз ин ки бори дигар шуморо ба он [дарё] бозгардонад, онгоҳ тундбоде шикананда бар шумо бифиристад ва шуморо ба хотири куфратон ғарқ намояд; сипас ба сабаби он барои худ дар баробари Мо додрасе наёбед?
  70. Ва ба таҳқиқ фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкӣ ва дарё савор кардем ва онҳоро аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз касоне, ки офаридем, бартарӣ додем.
  71. Рӯзе, ки ҳамаи мардумро бо пешвояшон фаро мехонем ва ҳар кас нома [-и аъмол]-аш ба дасти росташ дода шавад, пас онҳо номаи худро мехонанд ва заррае ситам намебинанд.
  72. Ва ҳар кас дар ин [дунё, дилаш] кӯр бошад, пас ӯ дар охират [низ] кӯр ва гумроҳтар аст.
  73. Ва дар ҳақиқат наздик буд, ки туро аз он чи ба сӯи ту ваҳй кардаем, ба фитна андозанд, то ғайри онро бар Мо дурӯғ бибандӣ ва дар он ҳангом туро дӯсти худ гиранд.
  74. Ва агар туро устувор намедоштем, ба таҳқиқ наздик буд, миқдори андаке ба сӯи онон майл пайдо кунӣ.
  75. Онгоҳ ҳатман туро ду баробар дар зиндагӣ ва ду баробар [пас аз] марг [азоб] мечашондем; сипас дар баробари Мо барои худ ёваре намеёфтӣ.
  76. Ва дар ҳақиқат наздик буд, ки туро аз ин сарзамин билағжонанд, то туро аз он берун кунанд ва онгоҳ, пас аз ту ҷуз андаке намемонанд.
  77. [Ин] равиши касоне аз паёмбарони Мост, ки пеш аз ту фиристодем ва барои равиши мо тағйире намеёбӣ.
  78. Намозро аз заволи хуршед то ниҳояти торикии шаб барпо дор ва [низ] хондани [намози] бомдодро; ҳамоно хондани [намози] бомдод мавриди мушоҳида [-и фариштагон] аст.
  79. Ва посе аз шабро ба он (хондани Қуръон ва намоз) бедор бош, ки [вазифаи] афзун барои туст; умед аст, ки Парвардигорат туро ба мақоми писандидае барангезад.
  80. Ва бигӯ: «Парвардигоро! Маро [дар анҷоми ҳар коре] содиқона дохил кун ва содиқона хориҷ кун ва аз ҷониби Худ барои ман тасаллути ёридиҳандае қарор деҳ».
  81. Ва бигӯ: «ҳақ омад ва ботил нобуд шуд, ҳамоно ботил нобудшуданӣ аст».
  82. Ва аз Қуръон он чиро, ки он шифо ва раҳмате барои мӯъминон аст, нозил мекунем ва ситамгаронро ҷуз зиён намеафзояд.
  83. Ва ҳангоме ки ба инсон неъмат додем, рӯй мегардонад ва худашро дур месозад ва чун бадӣ ба ӯ расад, бисёр ноумед мешавад.
  84. Бигӯ: «ҳар кас бар тибқи равиши худ амал мекунад ва Парвардигори шумо ба касе, ки ӯ роҳёфтатар бошад, донотар аст».
  85. Ва аз ту дар бораи Рӯҳ мепурсанд; бигӯ: «Рӯҳ аз амри Парвардигори ман аст ва аз дониш, ҷуз андаке ба шумо дода нашудааст».
  86. Ва агар бихоҳем, он чиро, ки ба сӯи ту ваҳй кардаем, қатъан аз байн мебарем; сипас ба хотири он дар баробари Мо барои худ ҳеҷ корсозе намеёбӣ.
  87. Магар раҳмате аз ҷониби Парвардигорат бошад; ҳамоно фазли Ӯ бар ту бузург аст.
  88. Бигӯ: «агар инсу ҷин ҷамъ шаванд, бар ин ки монанди ин Қуръонро биёваранд, монанди онро нахоҳанд овард ва агарчи баъзе аз онҳо пуштибони баъзе [дигар] бошанд».
  89. Ва ба таҳқиқ дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар масале гуногун баён кардем; пас бештари мардум [аз ҳар коре] ҷуз носипосӣ, худдорӣ карданд.
  90. Ва гуфтанд: «ҳаргиз ба ту имон намеоварем, то ин ки аз замин чашмаеро барои мо равон кунӣ;
  91. Ё барои ту боғе аз дарахтони хурмо ва ангур бошад; пас дар миёни он наҳрҳоро ба фаровонӣ равон кунӣ;
  92. Ё осмонро чунонки мепиндорӣ, пора-пора бар мо фуруд оварӣ; ё Худо ва фариштагонро рӯ ба рӯ [-и мо] оварӣ;
  93. Ё барои ту хонае аз зару зевар бошад; ё дар осмон боло равӣ ва ҳаргиз ба боло рафтани ту имон намеоварем, магар ин ки номае бар мо фуруд орӣ, ки онро бихонем»; бигӯ: «Парвардигори ман муназзаҳ аст; оё ҷуз башари фиристодашуда ҳастам?»
  94. Ва мардумро, ҳангоме ки ҳидоят барояшон омад, аз имон овардан боз надошт, магар ин ки гуфтанд: «оё Худо башареро [ба унвони] расул барангехтааст?»
  95. Бигӯ: «агар дар замин фариштагоне буданд, ки бо оромиш роҳ мерафтанд, қатъан аз осмон фариштаеро бар онҳо [ба унвони] расул мефиристодем».
  96. Бигӯ: «гувоҳии Худо байни ману байни шумо кофист; ҳамоно Ӯ нисбат бабандагонаш донои биност».
  97. Ва ҳар касро Худо ҳидоят кунад, пас ӯ ҳидоятёфтааст ва касонеро, ки гумроҳ кунад, пас ҷуз Ӯ барояшон ёвароне нахоҳӣ ёфт ва онҳоро рӯзи қиёмат бар чеҳраҳояшон маҳшур мекунем, дар ҳоле ки кӯру гунгу каранд; ҷойгоҳашон дӯзах аст; ҳар гоҳ [оташ] фурӯ нишинад, оташи сӯзоне бар онҳо меафзоем.
  98. Ин ҷазои онҳост, ба сабаби ин ки онҳо ба оятҳои Мо куфр варзиданд ва гуфтанд: «оё ҳангоме ки устухонҳо [-и пӯсида] ва пароканда шудем, оё ҳатман мо бо офариниши наве барангехта мешавем?»
  99. Ва оё нанигаристаанд Худое, ки осмонҳо ва заминро офарид, ҳатман қодир аст бар ин ки монанди онҳоро биёфаринад? Ва барои онҳо аҷале -ки ҳеҷ шакке дар он нест- қарор додааст; пас ситамгарон [аз ҳар коре] ҷуз носипосӣ, худдорӣ карданд.
  100. Бигӯ: «агар шумо молики хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман будед, онгоҳ ҳатман аз тарси харҷ кардан [аз бахшиш] худдорӣ мекардед» ва инсон бисёр бахил аст.
  101. Ва ба таҳқиқ ба Мӯсо нуҳ мӯъҷизаи равшан додем; пас аз Банӣ Исроил бипурс, онгоҳ ки ба назди онҳо омад ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «эй Мӯсо! Ҳамоно ман туро сеҳршуда мепиндорам».
  102. [Мӯсо] гуфт: «қатъан медонӣ, ки ин [мӯъҷиза]-ҳоро, ки равшангар аст, ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст ва эй Фиръавн! Ҳамоно ман туро ҳалокшуда меҳисобам».
  103. Ва [Фиръавн] хост, ки онҳоро аз сарзамин [-и Миср] решакан созад; пас ӯ ва тамоми касонеро, ки бо ӯ буданд, ғарқ кардем.
  104. Ва баъд аз он ба Банӣ Исроил гуфтем: «дар [ин] сарзамин сокин шавед ва ҳангоме ки ваъдаи охират фаро расад, шуморо дарҳам омехта меоварем».
  105. Ва он [Қуръон]-ро ба ҳақ нозил кардем ва ба ҳақ нозил шуд ва туро ҷуз башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда нафиристодем.
  106. Ва Қуръоне, ки онро бахш-бахш фиристодем, то онро бар мардум ором-ором бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем.
  107. Бигӯ: «[хоҳ] ба он имон оваред ё имон наёваред, ҳамоно касоне, ки пеш аз он илм дода шудаанд, ҳангоме ки [Қуръон] бар онон тиловат мешавад, бо чеҳраҳо саҷдакунон [бар замин] меафтанд».
  108. Ва мегӯянд: «муназзаҳ аст, Парвардигори мо ваъдаи Парвардигори мо қатъан анҷомшуданӣ аст».
  109. Ва бо чеҳраҳо, гирякунон [бар замин] меафтанд ва бар фурӯтании онҳо меафзояд.
  110. Бигӯ: «Аллоҳро бихонед ё Раҳмонро бихонед; ҳар кадомро бихонед, пас номҳои некӯ аз они Ӯст». Ва намозатро бо садои баланд махон ва [низ] онро [бисёр] оҳиста махон ва байни он [ду] роҳе биҷӯй.
  111. Ва бигӯ: «ситоиш Худоро, ки ҳеҷ фарзанде нагирифтааст ва барои Ӯ дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике нест ва барои Ӯ аз рӯи нотавонӣ ёваре нест ва Ӯро комилан бузург шумор».

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...