Тарҷумаи СУРАИ ИБРОҲИМ

Сура

СУРАИ ИБРОҲИМ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 52 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, ро. [Ин] китобест ки онро ба сӯи ту нозил кардем, то мардумро ба хости Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи нур берун оварӣ; ба сӯи роҳ [-и Худо]-и пирӯзманди сутуда.
  2. Худое, ки он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст ва вой бар кофирон аз азобе сахт!
  3. Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират бартарӣ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Худо боз медоранд ва мехоҳанд онро мунҳариф намоянд; онҳо дар гумроҳии дуре ҳастанд.
  4. Ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони қавмаш, то [ҳақиқатро] барояшон баён кунад; пас Худо ҳар касро бихоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст.
  5. Ва ба таҳқиқ Мӯсоро бо нишонаҳои Худ фиристодем, ки қавматро аз торикиҳо ба сӯи нур берун овар ва рӯзҳои Худоро ба онҳо ёдоварӣ намо; бешак, дар ин [ёдовариҳо] нишонаҳоест барои ҳар сабрпешаи шукргузор.
  6. Ва ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «неъмати Худоро бар худ ёд кунед, онгоҳ ки шуморо аз фиръавниён наҷот дод, дар ҳоле ки шуморо ба бадтарин навъ азоб медоданд ва сари писаронатонро мебуриданд ва занонатонро зинда нигоҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузург аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо буд».
  7. Ва ҳангоме ки Парвардигоратон эълом кард: «агар шукргузорӣ кунед, ҳатман шуморо афзун диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳамоно азоби Ман сахт аст».
  8. Ва Мӯсо гуфт: «агар шумо ва ҳар кас, ки дар замин аст, ҳамагӣ куфр варзед, пас ҳамоно Худованд бениёзи сутудааст».
  9. Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо буданд [монанди] қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки пас аз онҳо буданд, ба шумо нарасидааст? Дар ҳоле ки [касе] ҷуз Худо аз онҳо огоҳӣ надорад; паёмбаронашон бо далелҳои равшан назди онҳо омаданд, онгоҳ [қавмашон] дастҳои худро дар даҳонҳояшон баргардониданд ва гуфтанд: «қатъан мо ба он чи фиристода шудаед, мункирем ва ҳамоно мо аз он чи моро ба он даъват мекунед, сахт дар шакки изтиробовар ҳастем».
  10. Паёмбаронашон гуфтанд: «оё дар бораи Худо -офаринандаи осмонҳо ва замин- шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то баъзе гуноҳонатонро барои шумо биомурзад ва то муддати муайян [аҷали] шуморо ба таъхир андозад»; гуфтанд: «шумо ҷуз башаре монанди мо нестед; мехоҳед, ки моро аз он чи ки ниёгонамон мепарастиданд, боздоред; пас барои мо далели ошкор биёваред».
  11. Паёмбаронашон ба онҳо гуфтанд: «мо ҷуз башаре монанди шумо нестем валекин Худо бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, миннат мениҳад ва моро сазовор нест, ки ҷуз ба хости Худо, далеле бароятон биёварем ва мӯъминон, пас бояд фақат бар Худо таваккал кунанд.
  12. Ва моро чӣ шудааст, ки бар Худо таваккал накунем? Дар ҳоле ки моро ба роҳҳои худамон ҳидоят кардааст ва қатъан бар озоре ки ба мо расондед, сабр мекунем ва таваккалкунандагон, пас бояд танҳо бар Худо таваккал кунанд».
  13. Ва касоне, ки куфр варзиданд, ба паёмбаронашон гуфтанд: «ҳатман шуморо аз сарзаминамон берун мекунем; ё ин ки ба дини мо бозгардед». Пас Парвардигорашон ба онҳо ваҳй кард, ки: «ҳатман ситамгаронро ҳалок мекунем.
  14. Ва қатъан баъд аз онҳо, шуморо дар ин сарзамин сокин хоҳем кард; ин [ваъда] барои касест, ки аз мақоми Ман битарсад ва аз ҳушдор додани Ман биҳаросад».
  15. Ва [паёмбарон] пирӯзӣ хостанд ва ҳар зӯргӯи саркаш ноком шуд;
  16. Ба дунболи ӯ ҷаҳаннам аст ва аз оби хунолуд нӯшонда мешавад.
  17. Онро ҷуръа-ҷуръа менӯшад ва наметавонад онро ба осонӣ фурӯ барад ва марг аз ҳар сӯ ба суроғаш меояд, дар ҳоле ки ӯ намемирад ва ба дунболи ӯ азоби сахтест.
  18. Масали касоне, ки ба Парвардигорашон куфр варзиданд [ин аст, ки] аъмолашон монанди хокистарест, ки боди сахт дар як рӯзи тӯфонӣ ба он бивазад; бар ҳеҷ чизе аз он чи ба даст овардаанд, қудрат надоранд; ин ҳамон гумроҳии дур аст.
  19. Оё нанигаристӣ, ки Худо осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад шуморо [аз миён] мебарад ва офариниши навине меоварад.
  20. Ва ин [кор] бар Худо душвор нест.
  21. Ва [дар рӯзи қиёмат] ҳамагӣ дар пеши Худо ҳозир шаванд ва заифон ба касоне, ки такаббур варзиданд, гӯянд: «ҳамоно мо пайравони шумо будем; пас оё шумо чизе аз азоби Худоро аз мо дур мекунед?» Гӯянд: «агар Худо моро ҳидоят карда буд, ҳатман шуморо роҳнамоӣ мекардем; чи бетобӣ кунем ё сабурӣ кунем, барои мо яксон аст; ҳеҷ роҳи гурезе барои мо нест».
  22. Вақте ки кор поён ёфт, шайтон мегӯяд: «ҳамоно Худо ба шумо ваъда дод, ваъдаи ҳақ ва [ман низ] ба шумо ваъда додам, пас ба шумо хилоф [-и ваъда] кардам ва маро бар шумо ҳеҷ султае набуд, магар ин ки шуморо фаро хондам ва маро иҷобат кардед; пас маро сарзаниш макунед ва худатонро сарзаниш кунед; на ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман ҳастед. Дар ҳақиқат ман нисбат ба он чи ки пеш аз ин маро шарик [-и Худо] қарор медодед, мункир ҳастам». Ҳатман ситамгарон, барояшон азоби дарднокест.
  23. Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳое ки наҳрҳо аз зераш ҷорист, дароварда шаванд; ба хости Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидонанд; дурудашон дар он ҷо салом аст.
  24. Оё нанигаристӣ чигуна Худо масал задааст? Сухани покизаро, ки ҳамонанди дарахти покизаест, ки решааш [дар замин] устувор ва шохааш дар осмон аст.
  25. Ҳар замон меваҳояшро ба хости Парвардигораш медиҳад ва Худо барои мардум масалҳое мезанад, то шояд онҳо панд гиранд.
  26. Ва масали сухани палид ҳамонанди дарахти палидест, ки аз рӯи замин канда шудааст; онро ҳеҷ суботе нест.
  27. Худо касонеро, ки имон овардаанд, ба хотири гуфтор [ва имони] устувор, дар зиндагии дунё ва дар охират, пойдор медорад ва Худо ситамгаронро гумроҳ месозад ва Худо он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад.
  28. Оё нанигаристӣ ба касоне, ки неъмати Худоро ба куфр табдил карданд ва қавми худро ба сарои ҳалокат бурданд?
  29. Дӯзах, ки дар он дохил мешаванд ва бад ҷойгоҳест.
  30. Ва барои Худо ҳамтоёне қарор доданд, то [мардумро] аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд; бигӯ: «баҳраманд шавед; пас ҳатман бозгашти шумо ба сӯи оташ аст».
  31. Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ: «намозро барпо доранд ва аз он чи ба онҳо рӯзӣ додаем, пинҳонӣ ва ошкоро инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше бошад ва на дӯстие».
  32. Худо Зотест, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фиристод ва бо он аз меваҳо барои шумо рӯзӣ берун овард ва киштиҳоро барои шумо ром гардонид, то ба ҳукми Ӯ дар баҳр ҳаракат кунанд ва наҳрҳоро [низ] барои шумо ром намуд;
  33. Ва хуршеду моҳро, ки ҳамеша равонанд, барои шумо мусаххар гардонид ва шабу рӯзро [низ] барои шумо мусаххар сохт.
  34. Ва аз ҳар чи аз Ӯ хостед, ба шумо дод ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, онро наметавонед шумориш кунед. Ҳамоно инсон ситамгари бисёр носипос аст.
  35. Ва ҳангоме ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ин сарзаминро амн қарор деҳ ва ман ва фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур бидор.
  36. Парвардигоро! Ҳамоно онҳо бисёре аз мардумро гумроҳ карданд ва ҳар кас аз ман пайравӣ кунад, пас дар воқеъ ӯ аз ман аст ва ҳар кас маро нофармонӣ кунад, пас қатъан ту омурзандаи меҳрубонӣ.
  37. Парвардигори мо! Ҳамоно ман баъзе аз фарзандонамро дар водии безироат, назди хонаи муҳтарами Ту, сокин сохтам. Парвардигори мо! То намозро барпо доранд; пас дилҳои гурӯҳе аз мардумро ба сӯи онҳо гароиш деҳ ва аз меваҳо ба онон рӯзӣ деҳ, то шояд онҳо шукргузорӣ кунанд.
  38. Парвардигори мо! Бешак, он чиро пинҳон мекунем ва он чиро ошкор месозем, Ту медонӣ ва ҳеҷ чизе дар замин ва на дар осмон, бар Худо пӯшида намемонад.
  39. Ситоиш Худоро, ки дар пирӣ ба ман Исмоил ва Исҳоқро ато кард; ҳамоно Парвардигори ман шунавандаи дуост.
  40. Парвардигоро! Ман ва фарзандонамро барподорандаи намоз қарор деҳ ва Парвардигори мо! Дуоямро бипазир.
  41. Парвардигори мо! Ман ва падару модарам ва мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз».
  42. Ва Худоро аз он чи ситамгарон анҷом медиҳанд, ҳаргиз ғофил мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе, ки чашмҳо дар он хира мешаванд, ба таъхир меандозад.
  43. Дар ҳоле ки шитобонанд; сарҳояшонро баланд кардаанд; чашмонашонро ба ҳам намезананд ва дилҳояшон холӣ аст.
  44. Ва мардумро аз рӯзе битарсон, ки ба онҳо азоб меояд; онгоҳ касоне, ки зулм карданд, гӯянд; «Парвардигори мо! То муддате наздик [азоби] моро ба таъхир андоз, то даъвати Туро бипазирем ва аз паёмбарон пайравӣ кунем». Ва [ба онҳо гуфта шавад] оё пеш аз ин савганд нахӯрда будед, ки шуморо ҳеҷ фаное набошад?
  45. Ва дар хонаҳои касоне, ки бар худашон ситам карданд, сокин шудед ва бароятон ошкор гардид, ки бо онҳо чигуна [бархӯрд] кардем? Ва барои шумо масалҳо задем.
  46. Ва ба дурустӣ, ки бо найрангашон макр карданд ва макрашон назди Худо [ошкор] аст ва ҳарчанд макрашон чунон бошад, ки ба василаи он кӯҳҳо аз ҷой канда шавад.
  47. Пас ҳаргиз мапиндор, ки Худо ваъдаи Худро бо паёмбаронаш хилоф мекунад; бешак, Худованд пирӯзманди соҳибинтиқом аст.
  48. Рӯзе, ки замин ба ғайри ин замин ва осмонҳо [низ] дигаргун шаванд ва [ҳама] дар пешгоҳи Худованди яктои ғолиб, ҳозир шаванд;
  49. Ва гуноҳкоронро дар он рӯз, дар ҳоле ки бо ҳам дар занҷирҳо баста шудаанд, мебинӣ.
  50. Либосҳояшон аз маводи сиёҳи шӯълавар аст ва рӯйҳояшонро оташ мепӯшонад.
  51. То Худо ҳар касро ба сазои он чи анҷом додааст, ҷазо диҳад; ҳамоно Худованд зудҳисобрас аст.
  52. Ин (Қуръон) паёми равшане барои мардум аст ва то ба василаи он, ҳушдор дода шаванд ва то бидонанд, ки фақат Ӯ маъбуди ягонааст ва то хирадмандон панд бипазиранд.

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...