Тарҷумаи сураи Анбиё

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1             Ҳисоби мардум ба онон наздик шудааст, дар ҳоле, ки дар ғафлатанд ва рўйгардонанд!

2               Ҳеҷ ёдоварии наве аз тарафи Парвардигорашон барои онҳо намеояд, магар он ки бо бозӣ (ва шўхӣ) ба он гўш медиҳанд.

3               Ин дар ҳоле аст, ки дилҳояшон дар лаҳв ва бехабарӣ фурў рафтааст. Ва ситамгарон пинҳонӣ наҷво карданд (ва гуфтанд): «Оё ҷуз ин аст, ки ў башаре монанди шумост?! Оё ба суроғи сеҳр меравед, бо ин ки (чашм доред ва) мебинед?!

4               (Пайғамбар) гуфт: «Парвардигорам ҳамаи суханонро, чӣ дар осмон бошад ва чӣ дар замин, медонад ва Ў Шунаво ва Доност».

5               Онҳо гуфтанд: «(Он чӣ Муҳаммад (с) овардааст, ваҳй нест), балки хобҳои ошуфтае аст. Аслан онро ба дурўғ ба Худо бастааст. На, балки ў як шоир аст. (Агар рост мегўяд), бояд мўъҷизае барои мо биёварад, ҳамон гуна, ки пайғамбарони пешин (бо мўъҷизот) фиристода шуданд».

6               Тамоми ободиҳое, ки пеш аз инҳо ҳалок кардем, (дархости мўъҷизоти гуногун карданд ва хостаи онон амалӣ шуд, вале) ҳаргиз имон наоварданд. Оё инҳо имон меоваранд?!

7               Мо пеш аз ту, ҷуз мардоне, ки ба онҳо ваҳй мекардем, нафиристодем. (Ҳама инсон буданд ва аз ҷинси башар). Агар намедонед, аз огоҳон бипурсед.

8               Онҳоро пайкарҳое, ки таом нахўранд, қарор надодем. Умри ҷовидон ҳам надоштанд.

9               Сипас ваъдаеро, ки ба онон дода будем, вафо кардем. Онҳо ва ҳар касро, ки мехостем, (аз чанги душманонашон) наҷот додем ва мусрифонро ҳалок намудем.

10           Мо бар шумо китобе нозил кардем, ки василаи тазаккур (ва бедории) шумо дар он аст. Оё намефаҳмед?!

11           Чӣ бисёр ободиҳои ситамгареро, ки дарҳам шикастем ва баъд аз онҳо, қавми дигаре рўи кор овардем.

12           Ҳангоме, ки азоби моро эҳсос карданд, ногаҳон по ба гурез заданд.

13           (Гуфтем:) Нагурезед ва бар зиндагии пурнозу неъмат ва ба масканҳои пурзарқу барқатон бозгардед! Шояд (гадоён биёянд ва) аз шумо дархост кунанд, (шумо ҳам ононро маҳрум бозгардонед!).

14           Гуфтанд: «Эй вой бар мо! Ба яқин мо ситамгар будем!».

15           Ва ҳамчунон ин суханро такрор мекарданд, то онҳоро дирав карда ва хомўш сохтем.

16           Мо осмону замин ва он чиро дар миёни онҳост, аз рўи бозӣ наофаридем.

17           (Ба фарзи маҳол), агар мехостем саргармӣ интихоб кунем, чизе мутаносиби худ интихоб мекардем, агар ин корро анҷом медодем.

18           Балки мо ҳақро бар сари ботил мекўбем, то онро ҳалок созад ва ин гуна ботил маҳву нобуд мешавад. Аммо вой бар шумо аз тавсифе, ки (дар бораи Худо ва ҳадафи офариниш) мекунед.

19           Аз они Ўст онон, ки дар осмонҳо ва заминанд. Ва онҳо, ки назди Ўянд (фариштагон), ҳеҷ гоҳ аз ибодаташон истикбор намеварзанд ва ҳаргиз хаста намешаванд.

20           (Тамоми) шабу рўзро тасбеҳ мегўянд ва суст намегарданд.

21           Оё онҳо Худоёне аз замин баргузиданд, ки (халқ мекунанд ва) мунташир месозанд?!

22           Агар дар осмону замин, ҷуз «Аллоҳ» Худоёни дигаре буд, фосид мешуданд (ва назми ҷаҳон баҳам мехўрд). Муназаҳ аст Худованд, Парвардигори арш, аз тавсифе, ки онҳо мекунанд.

23           Ҳеҷ кас наметавонад бар кори Ў хато бигирад, вале дар корҳои онҳо, ҷои савол ва эрод аст.

24           Оё онҳо маъбудоне ҷуз Худо баргузиданд?! Бигў: «Далелатонро биёваред. Ин сухани касоне аст, ки бо ман ҳастанд ва сухани касоне (пайғамбароне) аст, ки пеш аз ман буданд». Аммо бештари онҳо ҳақро намедонанд ва ба ҳамин далел (аз он) рўйгардонанд.

25           Мо пеш аз ту ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар ин ки ба ў ваҳй кардем, ки: «Маъбуде ҷуз Ман нест, пас танҳо маро парастиш кунед».

26           Онҳо гуфтанд: «Худованди Раҳмон фарзанде барои худ интихоб кардааст». Ў муназзаҳ аст (аз ин айбу нақс), онҳо (фариштагон) бандагони шоистаи Ўянд.

27           Ҳаргиз дар сухан бар Ў пешӣ намегиранд ва (пайваста) ба фармони Ў амал мекунанд.

28          Ў аъмоли имрўз ва оянда ва аъмоли гузаштаи онҳоро медонад ва онҳо ҷуз барои касе, ки Худо розӣ (ба шафоат барои ў) аст, шафоат намекунанд ва аз тарси Ў бимноканд.

29           Ва ҳар кас аз онҳо бигўяд: «Ман ҷуз Худо маъбуди дигареам», кайфари ўро ҷаҳаннам медиҳем. Ва ситамгаронро ин гуна кайфар хоҳем дод.

30           Оё кофирон надиданд, ки осмонҳо ва замин ба ҳам пайваста буданд ва мо онҳоро аз якдигар боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об қарор додем?! Оё имон намеоваранд?!

31           Ва дар замин, кўҳҳои собит ва побарҷое қарор додем, мабодо онҳоро биларзонад. Ва дар он, дарраҳо ва роҳҳое қарор додем, то ҳидоят шаванд.

32           Ва осмонро сақфи маҳфузе қарор додем, вале онҳо аз оёти он рўйгардонанд.

33           Ў касе аст, ки шабу рўз ва хуршеду моҳро офарид, ҳар як дар мадоре дар ҳаракатанд.

34           Пеш аз ту (низ), барои ҳеҷ инсоне ҷовидонагӣ қарор надодем, (вонгаҳе онҳо, ки интизори марги туро мекашиданд), оё агар ту бимирӣ, онон ҷовид хоҳанд буд?!

35           Ҳар инсоне таъми маргро мечашад. Ва шуморо бо бадиҳо ва хубиҳо имтиҳон мекунем ва саранҷом ба сўи мо бозгардонида мешавед.

36           Ҳангоме, ки кофирон туро мебинанд, коре ҷуз масхара кардани ту надоранд (ва мегўянд:) Оё ин ҳамон касе аст, ки сухан аз худоёни шумо мегўяд?! Дар ҳоле, ки худашон зикри Худованди Раҳмонро инкор мекунанд.

37           (Оре), Инсон аз шитоб офарида шудааст, вале шитоб накунед, ба зудӣ нишонаҳоямро ба шумо нишон хоҳам дод!

38           Онҳо мегўянд: «Агар рост мегўед, ин ваъда (-и қиёмат) кай фаро мерасад?!».

39           Вале агар кофирон медонистанд замоне, ки (фаро мерасад), наметавонанд шўълаҳои оташро аз чеҳраву пуштҳои худ дур кунанд ва ҳеҷ кас ононро ёрӣ намекунад, (ин қадар дар бораи қиёмат шитоб намекарданд!).

40           (Оре, ин муҷозоти илоҳӣ) ба таври ногаҳонӣ ба суроғашон меояд ва мабҳуташон мекунад, он чунон, ки тавоноии дафъи онро надоранд ва ба онҳо мўҳлат дода намешавад.

41           (Агар туро масхара кунанд нороҳат мабош), пайғамбарони пеш аз туро (низ) масхара карданд, аммо саранҷом он чиро масхара мекарданд, доманҳои масхаракунандагонро гирифт (ва муҷозоти илоҳӣ онҳоро дарҳам кўбид).

42           Бигў: «Чӣ касе шуморо дар шабу рўз аз (муҷозоти) Худованди Бахшанда нигоҳ медорад?!», вале онон аз ёди Парвардигорашон рўйгардонанд.

43           Оё онҳо худоёне доранд, ки метавонанд дар баробари мо аз онон дифоъ кунанд?! (Ин худоёни сохтагӣ, ҳатто) наметавонанд худашонро ёрӣ диҳанд, (то чӣ расад ба дигарон). Ва на аз ноҳияи мо бо қудрате ёрӣ мешаванд.

44           Мо онҳо ва падаронашонро (аз неъматҳо) баҳраманд сохтем, то он ҷо ки умри дароз пайдо карданд (ва сабаби ғурур ва туғёнашон шуд). Оё намебинанд, ки мо пайваста ба суроғи замин омада ва аз он (ва аҳлаш) мекоҳем?! Оё онҳо ғолибанд (ё мо?!).

45           Бигў: «Ман танҳо ба василаи ваҳй шуморо инзор мекунам». Вале онҳо, ки гўшҳояшон кар аст, ҳангоме, ки инзор мешаванд, суханонро намешунаванд.

46           Агар камтарин азоби Парвардигорат ба онон бирасад, фарёдашон баланд мешавад, ки: «Эй вой бар мо! Мо ҳамагӣ ситамгар будем».

47           Мо тарозуҳои адлро дар рўзи қиёмат барпо мекунем, пас ба ҳеҷ кас камтарин ситаме намешавад. Ва агар ба миқдори сангинии як донаи хардал (кори неку бад) бошад, мо онро ҳозир мекунем ва кифоят мекунад, ки мо ҳисобкунанда бошем.

48           Мо ба Мўсо ва Ҳорун, «Фурқон» (василаи ҷудо кардани ҳақ аз ботил) ва нур ва он чӣ сабаби ёдоварӣ барои парҳезгорон аст, додем.

49           Ҳамонҳо, ки аз Парвардигорашон дар пинҳон метарсанд ва аз қиёмат хавф доранд.

50           Ва ин (Қуръон) Зикри Мубораке аст, ки (бар шумо) нозил кардем, оё шумо онро инкор мекунед?!

51           Мо василаи рушди Иброҳимро аз пеш ба ў додем ва аз (шоистагии) ў огоҳ будем,

52           Он ҳангом, ки ба падараш (Озар) ва қавмаш гуфт: «Ин муҷассамаҳои берўҳ чист, ки шумо ҳамвора онҳоро парастиш мекунед?!».

53           Гуфтанд: «Мо падарони худро дидем, ки онҳоро ибодат мекунанд».

54           Гуфт: «Ҳатман ҳам шумо ва ҳам падаронатон, дар гумроҳии ошкоре будаед».

55           Гуфтанд: «Оё матлаби ҳаққе барои мо овардаӣ, ё шўхӣ мекунӣ?!».

56           Гуфт: «(Комилан ҳақ овардаам), Парвардигори шумо ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин аст, ки онҳоро эҷод карда ва мар бар ин амр, аз гувоҳонам.

57           Ва ба Худо савганд, дар ғиёби шумо, нақшае барои нобудии бутҳоятон мекашам!».

58           Саранҷом (бо истифода аз як фурсати муносиб), ҳамаи онҳо – ҷуз бути бузургашон – ро қитъа-қитъа кард, шояд суроғи ў биёянд (ва ў ҳақоиқро бозгў кунад).

59           (Ҳангоме, ки манзараи бутҳоро диданд), гуфтанд: «Ҳар кас бо худоёни мо чунин карда бошад, ҳатман аз ситамгарон аст (ва бояд кайфари сахт бибинад!)».

60           (Гурўҳе) гуфтанд: «Шунидем навҷавоне аз (мухолифат бо) бутҳо сухан мегуфт, ки ўро Иброҳим мегўянд».

61           (Ҷамъият) гуфтанд: «Ўро дар баробари дидагони мардум биёваред, то гувоҳӣ диҳанд».

62           (Ҳангоме, ки Иброҳимро оварданд), гуфтанд: «Ту ин корро бо худоёни мо кардаӣ, эй Иброҳим?!».

63          Гуфт: «Балки ин корро бузургашон кардааст, аз онҳо бипурсед, агар сухан мегўянд».

64           Онҳо ба виҷдони худ бозгаштанд ва (ба худ) гуфтанд: «Ҳаққо, ки шумо ситамгаред!».

65           Сипас бар сарҳояшон вожгуна шуданд (ва ҳукми виҷдонро ба куллӣ фаромўш карданд ва гуфтанд:) Ту медонӣ, ки инҳо сухан намегўянд.

66           (Иброҳим) гуфт: «Оё ҷуз Худо чизеро мепарастед, ки на камтарин суде барои шумо дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад?! (На умеде ба судашон доред ва на тарсе аз зиёнашон!).

67           Уф бар шумо ва бар он чӣ ҷуз Худо мепарастед! Оё андеша намекунед (ва ақл надоред?!)».

68           Гуфтанд: «Ўро бисўзонед ва худоёни худро ёрӣ кунед, агар коре аз шумо барояд».

69           (Саранҷом ўро ба оташ афканданд, вале мо) гуфтем: «Эй оташ! Бар Иброҳим сарду солим бош».

70           Онҳо мехостанд Иброҳимро бо ин нақша нобуд кунанд, вале мо онҳоро зиёнкортарини мардум қарор додем.

71           Ва ў ва Лутро бар сарзамин (-и Шом) – ки онро барои ҳамаи ҷаҳониён пурбаракат сохтем – наҷот додем.

72           Ва Исҳоқ ва илова бар ў Яъқубро ба вай бахшидем ва ҳамаи ононро мардони солеҳе қарор додем.

73           Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо, (мардумро) ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба онҳо ваҳй кардем ва танҳо моро ибодат мекарданд.

74           Ва Лутро (ба ёд овар), ки ба ў ҳукумату илм додем ва аз шаҳре, ки аъмоли нописанду касиф анҷом медоданд, раҳоӣ бахшидем, зеро онҳо мардуми бад ва фосиқе буданд.

75           Ва ўро дар раҳмати худ дохил кардем, ў аз солеҳон буд.

76           Ва Нўҳро (ба ёд овар) ҳангоме, ки пеш аз он (замон, Парвардигори худро) хонд. Мо дуои ўро мустаҷоб кардем ва ў ва хонадонашро аз андўҳи бузург наҷот додем.

77           Ва ўро дар баробари ҷамъияте, ки оятҳои моро инкор карда буданд, ёрӣ додем, зеро қавми баде буданд, бинобар ин ҳамаи онҳоро ғарқ кардем.

78           Ва Довуд ва Сулаймонро (ба ёд овар) ҳангоме, ки дар бораи киштзоре, ки гўсфандони бечўпони қавм, шабонгоҳ дар он чарида (ва онро табоҳ карда) буданд, доварӣ мекарданд ва мо бар ҳукми онон шоҳид будем.

79           Мо (ҳукми ҳақиқии) онро ба Сулаймон фаҳмондем ва ба ҳар як аз онон (шоистагии) доварӣ ва илми фаровоне додем. Ва кўҳҳо ва паррандагонро бо Довуд мусаххар сохтем, ки (ҳамроҳи ў) тасбеҳ (-и Худо) мегуфтанд ва мо ин корро анҷом додем.

80           Ва сохтани зиреҳро ба хотири шумо ба ў таълим додем, то шуморо дар ҷангҳоятон ҳифз кунад, оё шукргузор (-и ин неъматҳои Худо) ҳастед?!

81           Ва боди тундро мусаххари Сулаймон сохтем, ки ба фармони ў ба сўи сарзамине, ки онро пурбаракат карда будем, ҷарён меёфт ва мо аз ҳама чиз огоҳ будаем.

82           Ва гурўҳе аз шаётин (-ро низ мусаххари ў қарор додем, ки дар дарё) барояш ғаввосӣ мекарданд ва корҳое ғайр аз ин (низ), барои ў анҷом медоданд ва мо онҳоро (аз саркашӣ) ҳифз мекардем.

83           Ва Айюбро (ба ёд овар) ҳангоме, ки Парвардигорашро хонд (ва гуфт): «Бадҳолӣ ва мушкилот ба ман рўй овардааст ва Ту Меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

84           Мо дуои ўро мустаҷоб кардем ва нороҳатиҳоеро, ки дошт, бартараф сохтем ва хонадонашро ба ў бозгардондем ва монандашонро бар онҳо афзудем, то раҳмате аз сўи мо ва тазаккуре барои ибодаткунандагон бошад.

85           Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро (ба ёд овар), ки ҳама аз собирон буданд.

86           Ва мо ононро дар раҳмати худ дохил кардем, зеро онҳо аз солеҳон буданд.

87           Ва Зун-нун (Юнус)-ро (ба ёд овар), дар он ҳангом, ки хашмгин (аз миёни қавми худ) рафт ва чунин мепиндошт, ки мо бар ў танг нахоҳем гирифт, (аммо вақте, ки дар коми наҳанг фурў рафт), дар он зулматҳо (-и мутароким) садо зад: «(Худовандо!) Ҷуз Ту маъбуде нест, муназзаҳӣ Ту! Ман аз ситамкорон будам».

88           Мо дуои ўро ба иҷобат расондем ва аз он андўҳ наҷоташ бахшидем. Ва ин гуна мўъминонро наҷот медиҳем.

89           Ва Закариёро (ба ёд овар), дар он ҳангом, ки Парвардигорашро хонд (ва гуфт): «Парвардигори ман! Маро танҳо магузор (ва фарзанди барўманде ба ман ато кун) ва Ту беҳтарини ворисонӣ».

90           Мо ҳам дуои ўро пазируфтем ва Яҳёро ба ў бахшидем ва ҳамсарашро, (ки нозо буд), баряш омода (-и бордорӣ) кардем, зеро онон (хонадоне буданд, ки) ҳамвора дар корҳои хайр бо шитоб иқдом мекарданд ва дар ҳоли хавфу умед, моро мехонданд ва пайваста барои мо (хозеъ ва) хошеъ буданд.

91           Ва ба ёд овар занеро, ки доманҳои худро пок нигаҳ дошт ва мо аз рўҳи худ дар ў дамидем ва ў ва фарзандаш (Масеҳ)-ро нишонаи бузурге барои ҷаҳониён қарор додем.

92           Ин (пайғамбарони бузург ва пайравонашон), ҳама уммати воҳиде буданд (ва пайрави як мақсад). Ва Ман Парвардигори шумо ҳастам, пас Маро парастиш кунед.

93           (Гурўҳе аз пайравони ноогоҳи онҳо), кори худро ба тафриқа дар миёни худ кашонданд, (вале саранҷом) ҳамагӣ ба сўи мо бозмегарданд.

94           Ва ҳар кас чизе аз аъмоли шоиста ба ҷо оварад, дар ҳоле, ки имон дошта бошад, кўшиши ў носипосӣ нахоҳад шуд ва мо тамоми аъмоли ўро (барои подош) менависем.

95           Ва ҳаром аст бар шаҳрҳо ва ободиҳое, ки (бар асари гуноҳ) нобудашон кардем, (ки ба дунё бозгарданд). Онҳо ҳаргиз бознахоҳанд гашт.

96           То он замон, ки «Яъҷуҷ» ва «Маъҷуҷ» кушода шаванд ва онҳо аз ҳар маҳалли баланде бо шитоб гузар мекунанд.

97           Ва ваъдаи ҳақ (қиёмат) наздик мешавад, дар он ҳангом чашмҳои кофирон аз ваҳшат аз ҳаракат бозмемонад, (мгўянд:) Эй вой бар мо, ки аз ин (ҳодиса) дар ғафлат будем, балки мо ситамкор будем!

98           Шумо ва он чӣ ғайри Худо мепарастед, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳед буд ва ҳамагӣ дар он дохил мешавед.

99           Агар инҳо худоёне буданд, ҳаргиз дохили он намешуданд, дар ҳоле, ки ҳамагӣ дар он ҷовидона хоҳанд буд.

100       Барои онон дар он (дўзах) нолаҳои дардноке аст ва чизе намешунаванд.

101      (Аммо) касоне, ки аз пеш ваъдаи нек аз сўи мо ба онҳо дод шудааст, (мўъминони солеҳ) аз он дур нигоҳ дошта мешаванд.

102       Онҳо садои оташи дўзахро намешунаванд ва дар он чӣ дилашон бихоҳад, ҷовидона баҳраманд ҳастанд.

103       Ваҳшати бузург, онҳоро андўҳгин намекунад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд (ва мегўянд:) Ин ҳамон рўзе аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд.

104       Дар он рўз, ки осмонро чун тўморе дарҳам мепечем, (сипас) ҳамон гуна, ки офаринишро оғоз кардем, онро бозмегардонем. Ин ваъдае аст бар мо ва ҳатман онро анҷом хоҳем дод.

105       Дар «Забур» баъд аз зикр (-и Таврот) навиштем: «Бандагони шоистаам вориси (ҳукумати) замин хоҳанд шуд».

106       Дар ин, иблоғи равшане аст барои ҷамъияти ибодаткунандагон.

107       Мо туро ҷуз барои раҳмати ҷаҳониён нафиристодем.

108       Бигў: «Танҳо чизе, ки ба ман ваҳй мешаванд, ин аст, ки маъбуди шумо Худои Ягона аст. Оё (бо ин ҳол) таслим (-и ҳақ) мешавед (ва бутҳоро канор мегузоред?!)».

109       Агар боз рўйгардон шаванд, бигў: «Ман ба ҳамаи шумо яксон эъломи хатар мекунам ва намедонам оё ваъда (-и азоби Худо), ки ба шумо дода мешавад, наздик аст ё дур!

110       Ў суханони ошкорро медонад ва он чиро пинҳон мекунед (низ), медонад (ва чизе бар Ў пўшида нест).

111       Ва ман намедонам, шояд ин имтиҳоне барои шумост ва сабаби баҳрагирӣ то муддати (муайяне)».

112       (Ва Пайғамбр) гуфт: «Парвардигоро! Ба ҳақ доварӣ фармо (ва ин туғёнгаронро кайфар деҳ). Ва Парвардигори мо (Худовади) Раҳмон аст, ки дар баробари нисбатҳои норавои шумо, аз Ў истимдод металабам».

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...