ТАЛОШ БАРОИ ХУШБАХТӢ

Як бори 500 килограммиро ҳеч кас наметавонад бардорад ва ё онро ҷобаҷо намояд, вале ҳамин борро агар ба 100 қисмати 5 килограммӣ тақсим кунем, ҳама ба роҳатӣ метавонанд онро ҷобаҷо кунанд.
Нигарониҳо, фишорҳои зеҳнӣ (дарунӣ) ва берунӣ, масоил ва мушкилоти зиндагӣ ҳамонанди як бори бисёр вазнин, инсонро аз фаъолият ва талоши мудом ва лозим, боз медоранд ва дар воқеъ, фалаҷи   руҳӣ ва ҷисмӣ пеш меоваранд; дар ҳоле ки агар нигарониҳо ва фишорҳо ва мушкилот, ба қисматҳои хурдтар ва қобили ҳалтар тақсим шаванд, бартараф сохтан ва таҳаммули онҳо ба осонӣ имконпазир мегардад.
«Вилям Ҷеймз» равоншиноси маъруф, суфориш мекунад, ки бо пайравӣ аз як барномаи рӯзона, ки дорои фикру андешаи созанда ва судманд бошад, ба ҷанги нигарониҳо, фишорҳо, тарсҳо, шикастҳо ва ғ. биравед то масоил ва фишорҳо ва тарсҳои ҷории рӯзонаро ба камтарин нуқта расонед.
Ҳар рӯз субҳ, ҷумлаҳои даҳгонаи зерро се бор бихонед:
1-Фақат барои имрӯз хушҳол хоҳам буд;
2-Фақат имрӯз корҳои худро бо шӯру шавқ ва содиқона анҷом хоҳам дод;
3-Фақат барои имрӯз, ба фикри парвариши рӯҳу равонам хоҳам буд;
4-Фақат барои имрӯз, ба фикри тандурустӣ ва анҷоми варзиши муносиб хоҳам буд;
5-Фақат имрӯз аз ҳеч кас интиқом накарда ва ба назариёти дигарон ҳам эҳтиром хоҳам гузошт;
6-Фақат имрӯз саъй хоҳам кард, ки барои имрӯз зиндагӣ кунам ва нигарони фардову  оянда нахоҳам буд;
7-Фақат имрӯз, барномаи кори рӯзонаро бо диққат танзим карда ба иҷро  хоҳам даровард;
8-Фақат имрӯз, ним соат аз вақти худро барои худам сарф мекунам ва бо худ халват карда ва ба розу ниёз бо Худои худ мепардозам;
9-Фақат имрӯз, нигарони ҳеч чиз ва ҳеч кас нахоҳам буд;
10-Фақат барои имрӯз, сипосгузор аз баракатҳо ва имконоти худ хоҳам буд.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...