Тавоноиҳои гуногуни инсон

Қувва ва нерӯ ниёзе ба шиносондан надорад, омиле ки аз ӯ асаре ошкор мешавад ба номи қува ё нерӯ номида мешавад. Ҳар мавҷуде аз мавҷудоти ҷаҳон сарчашмаи як ё чанд хосияту асар ҳаст. Ба ҳамин хотир дар ҳар мавҷуде хоҳ сангу гиёҳ ва хоҳ ҳайвону инсон қувва ва нерӯ вуҷуд дорад. Қувва агар бо фаҳму дарк ва хостан ҳамроҳ бошад ба номи “қудрат” ва ё “тавоноӣ” номида мешавад.

Яке дигар аз тафовутҳои ҳайвону инсон бо сангу гиёҳ ин аст, ки ҳайвону инсон бар хилофи сангу гиёҳ қисмате аз қувваҳои худро бар асоси майлу шавқ ва ё тарс анҷом медиҳад. Бар фарзи мисол миғнотис, ки нерӯи кашиши оҳан дорад ба таври худ ба худ ва ба ҳукми навъӣ ҷабри табиӣ оҳанро ба сӯи худ мекашад. Миғнотис на аз кори худ огоҳ аст ва на майлу шавқ ё тарсу бимаш иқтизо кардааст, ки оҳанро ба сӯи худ бикашад. Ҳамчунин аст оташ, ки месӯзонад ва гиёҳ, ки аз замин мерӯяд ва дарахт, ки шукуфа мекунад ва мева медиҳад.

Аммо ҳайвон, ки роҳ меравад ба роҳ рафтани худ огоҳ аст ва хостааст, ки роҳ биравад ва агар намехост роҳ биравад чунин набуд, ки аз рӯи иҷбор роҳ биравад.

Ин аст ки гуфта мешавад “ҳайвон ҷунбандаи бохост аст”. Ба иборати дигар қисмате аз қувваҳои инсон пайрави хости инсон аст ва дар фармони хости инсон, яъне агар ҳайвон бихоҳад, он қувваҳо кор мекунанд ва агар нахоҳад, кор намекунанд.

Дар инсон низ порае аз қуваҳо ва нерӯҳое ба ҳамин шакл вуҷуд дорад, яъне пайрави хости инсон аст, бо ин фарқ, ки хости ҳайвон майли табиӣ ва ғаризии ҳайвон аст ва ҳайвон дар баробари майли худ қудрату нерӯе надорад. Ҳайвон дар як лаҳза, ки майлаш ба тарафе ба ҳаракат омад худ ба худ ба он сӯй кашида мешавад. Дар ҳайвон қудрати истодагӣ дар баробари майли дарунии худ ва ҳамчунин қудрати андеша дар баробари коре ва ё беҳтар донистани як майл бар дигар майл вуҷуд надорад.

Аммо инсон чунин нест. Инсон қудрату тавоноӣ дорад, ки дар баробари майлҳои дарунии худ истодагӣ кунад ва ба дастури онҳо кор накунад. Ин тавоноиро инсон ба сабаби як нерӯи дигар, ки ба он “ирода” гуфта мешавад, дорост. Худи ин ирода ҳам таҳти фармони ақл аст, яъне ақл ташхис медиҳад ва ирода анҷом медиҳад.

Аз он чи гузашт равшан шуд, ки инсон аз ду ҷиҳат як силсила тавоноиҳое дорад, ки дигар ҷондорон надоранд.

Яке аз ҷиҳати ин ки дар инсон майлҳо ва ҷозибаҳое вуҷуд дорад, ки дар дигар ҷондорҳо вуҷуд надорад. Ин ҷозибаҳо ин имконро ба инсон медиҳанд, ки доираи фаолияташро аз ҳадди моддиёт густариш дода ва то уфуқи болои маънавиёт бикашонад, вале дигар ҷондорон наметавонанд аз зиндони моддиёт хориҷ шаванд.

Дигар аз он ҷиҳат ки инсон аз нерӯи “ақл” ва “ирода” баҳра мебарад. Аз ин рӯ ин тавоноиро дорад, ки дар баробари майлҳо истодагӣ кунад ва худро аз таҳти асаргузории иҷбории онҳо озод кунад ва бар ҳамаи майлҳо “ҳукумат” кунад. Инсон метавонад ҳамаи майлҳоро таҳти фармони ақл қарор диҳад ва бар онҳо тасаллут ёбад ва ба ҳеҷ майле беш аз ҳадди мушахасшуда имкон надиҳад ва ба ин васила “озодии маънави”-ро, ки боарзиштарин навъи озодист даст ёбад.

Ин тавоноии бузург мухсуси инсон аст ва дар ҳеҷ ҳайвоне вуҷуд надорад ва ҳамин аст, ки инсонро шоистаи “таклиф” кардааст ва ҳамин аст, ки ба инсон ҳаққи “интихоб” медиҳад ва ҳамин аст, ки инсонро ба шакли як мавҷуди “озод”, “интихобгар” ва “соҳиби ихтиёр” нишон медиҳад.

Майлҳо ва ҷозибаҳо навъе пайванду кашиш аст миёни инсон ва як конуни берунӣ, ки инсонро ба сӯи худ мекашонад. Инсон ба ҳар андозае, ки таслими майлҳо бишавад худро раҳо мекунад ва ҳолати сустӣ ӯро фаро мегирад ва сарнавишташ дар дасти як нерӯи хориҷӣ ва берунӣ қарор мегирад, ки ӯро ба ин сӯй ва он сӯй мекашонад, вале нерӯи ақлу ирода нерӯи дарунӣ ва ошкоркунандаи шахсияти ҳақиқии инсон аст.

Инсон дар он ҷо ки ақлу иродаро ба кор мебандад нерӯҳои худро танзим карда ва аз дахолатҳои берунӣ пешгирӣ мекунад ва худро “озод” месозад ва ба шакли “ҷазираи мустақил” ҷилва дода мешавад. Ба сабаби ақлу ирода аст, ки “молики худ” мешавад ва ба шахсияташ қувват бахшида мешавад.

Молик будани бар нафс ва тасаллути бар худ ва раҳоӣ аз дахолати ҷозибаи майлҳо ҳадафи асосии тарбияти исломӣ аст. Ҳадафи чунин тарбияте “озодии маънавӣ” аст.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...