Сураҳо ва оятҳои макӣ ва маданӣ

Сураҳо ва оятҳои макӣ ва маданӣ

  Даврони набувати Расули Акрам (с) аз ду бахши тақрибан баробар ташкил шудааст. Он ҳазрат дар зодгоҳи хеш (Макка) дар 40 солагӣ ба мақоми набуват расид ва баъд аз се соли даъвати махфиёна дар шаҳри Макка, бо нузули оёти ﴿فَاصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ﴾  (1)

“Пас ончиро ки ба он маъмур шудаи ошкор кун”  ба мудати 10 сол ба даъвати аланӣ пардохт. Аксари оёти Қуръони карим дар ҳамин сездаҳ соли ҳузури эшон дар Макка фурӯд омад.
Дар соли 13 беъсат баъд аз шиканҷаҳо ва озорҳои рӯҳӣ ва ҷисмии мушрикин, он ҳазрат бо ҳамроҳи аксари муслимин ба Ясриб, ки баъдан “Мадинатуннабӣ” ном гирифт ҳиҷрат карданд. Эшон бо вуруд ба Мадина ба ташкили муҷтамаъ ва давлати исломӣ пардохт ва дар нахустин гом даст ба таъсиси масҷид барои пойгоҳи даъват ва ибодати муваҳиддин зад. Ҳаёти Ислом дар Мадина бо фарозу нишебҳои фаровон рӯ ба рӯ буд, ки мувоҷиҳа бо аҳли китоб, пайдоиши мунофиқон, ҷангҳову набардҳо бо мушрикин ва … аз умдатарини онҳост. Лизо бахши дигаре аз оёти Қуръон дар ин шароит ва дар ҳамин макон фурӯд омадааст
Ба оёт ва сураҳое, ки қабл аз ҳиҷрат нозил шуда бошад, маккӣ ва ба оёт ва сураҳое, ки баъд аз ҳиҷрат нозил шуда бошад, маданӣ гӯянд.
Фоида ва зарурати шинохти оёти маккӣ ва маданӣ
Аз онҷо ки нузули Қуръони карим ба сурати тадриҷӣ будааст, шинохти мароҳили нузули оёт, вазъи аҳком ба сурати тадриҷӣ, шинохти асбоби нузул, носих ва мансух, мубайин аз муҷмал дар мавзӯоти фиқҳӣ, каломӣ ва ташрии танҳо аз роҳи шинохти оятҳо ва сураҳои маккӣ ва маданӣ муяссар аст.
Меъёри тақсим ба маккӣ ва маданӣ
Дар тақсимбандии сураҳо ба маккӣ ва маданӣ се меъёр вуҷуд дорад:
А) Меъёри замонӣ: Бештари муфассирон муътақиданд, ки меъёри маккӣ ва маданӣ будан, ҳиҷрати Паёмбари Акрам (с) аз Макка ба Мадина аст. Ҳар сурае, ки пеш аз ҳиҷрат нозил шуда маккӣ ва ҳар сурае, ки пас аз ҳиҷрат нозил шудааст маданӣ ба шумор меравад, хоҳ дар Мадина нозил шуда бошад, хоҳ дар сафарҳо. Ҳатто агар сураҳое дар Макка ва ҳангоми сафари ҳаҷ ё умра ва ё пас аз фатҳи Макка нозил шуда бошад, чун пас аз ҳиҷрат будааст, маданӣ маҳсуб мешавад.
Мелоки ҳиҷрат низ вуруди Паёмбари Акрам (с) ба Мадина аст, бинобарин оёте, ки пас аз ҳиҷрат аз Макка ва пеш аз вуруд ба Мадина, дар роҳ бар Паёмбари Акрам (с) нозил шудааст, маккӣ маҳсуб мешавад.
Тибқи ин меъёр ояти сеюми сураи Моида, ки дар Ҳаҷҷатулвидоъ нозил шуда ва қисмати аъзами сураи Фатҳ, ки дар сулҳи Ҳудайбия нозил шудааст маданӣ маҳсуб мешаванд, ҳарчанд дар Макка ё наздикии Макка нозил шуда бошанд.
Б) Меъёри маконӣ: Тибқи ин меъёр ҳарчи дар шаҳри Макка ва пиромуни он нозил шуда маккӣ аст ва ҳар чи дар Мадина ва перомуни он нозил гардида бошад маданӣ аст, хоҳ пеш аз ҳиҷрат ё пас аз он нозил шуда бошад. Ишколи ин меъёр дар он аст, ки ончи дар ғайри ин ду минтақа нозил шуд бошад, на маккӣ аст ва на маданӣ.
В) Меъёри хитобӣ: Ҳар сурае, ки дар он хитоб ба мушрикон бошад маккӣ ва ҳар сурае, ки дар он хитоб ба мӯъминон бошад маданӣ аст; зеро дар Макка ғалаба бо мушрикон ва дар Мадина ғалаба бо мӯъминон будааст. Аммо ин меъёр наметавонад умумият дошта бошад ва тамоми оётро шомил шавад.

Ҳамон тавр ки гуфта шуд аз миёни се меъёри фавқ, меъёри замон, гузиниши бештари муфассирин аст. (2)

Чигунагии ташхиси сураҳои маккӣ ва маданӣ
Барои ташхиси сураҳои маккӣ ва маданӣ, мелокҳоеро мушахас кардаанд, ки ҳар як ба танҳои наметавонад мелоки ҷомеъ ва монее бошад, балки рӯи ҳам рафта то ҳудуде таъйинкунанда аст.
Мелоки ташхиси маккӣ ва маданӣ ё нақл ва хабар аст- ки истилоҳан самоъи мегӯянд- ё иҷтиҳод ва шавоҳиди зоҳирӣ; монанди: ҷумлабандӣ, саҷъ ва вазн ва кӯтоҳӣ ва баландии оёт ва сураҳо ва ё шавоҳиди муҳтавоӣ аст; мисли: баёни усули ақоид ё аҳком, бархурд бо куффор ё мунофиқин ва … .
Ба таври кулли ду роҳ ва зобита барои ташхиси сураҳои маккӣ аз маданӣ вуҷуд дорад, ки иборатанд аз:
1.    Нас ва хабар (самоъӣ);
2.     Алоими зоҳирӣ ва муҳтавоии оёт (иҷтиҳодӣ).
Дар мавриди роҳи аввал суханони манқул аз саҳоба ва тобеин (рз), ки онҳо низ аз асҳоб нақл кардаанд роҳкушост; зеро асҳоби Расули Акрам (с) худ шоҳиди нузули оёт буданд ва мустақиман каломи илоҳиро аз Расули Акрам (с) дарёфт менамуданд. Ба ҳамин хотир онҳо медонистанд, ки чи ояте дар куҷо ва чи вақте ва дар бораи кадом амре нозил шудааст. Ҳарчанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба тақаддум ва таахур гаравидани асҳоб ба Ислом мизони огоҳии онҳо яксон набудааст.
Ба унвони намуна Абдуллоҳ ибни Масъуд (рз) аз саҳобагоне аст, ки шоҳиди нузули тамоми Қуръон будааст. Эшон бинобар нақли Заркашӣ мегӯяд:
“Ҳар сурае, ки дар он ﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ﴾ “Эй мардум” ё ﴿کَلَّا﴾ “Ҳаргиз” омада бошад ё дар ибтидои он ҳуруфи муқаттаа бошад- ба ҷуз сураҳои Бақара, Оли Имрон ва Раъд, ки маданиянд- ё дар он қиссаи Одам ва Иблис омада бошад- ҷуз сураҳои тӯлонӣ монанди Бақара- ё сураҳое, ки дар он саргузашти анбиёи салаф ва умматҳои гузашта омада бошад, маккӣ аст ва ҳар сурае, ки дар он аз фариза ва таколиф ва ҳудуди шаръӣ сухан гуфта шуда бошад, маданӣ аст”. (3)

Ҳамчунин Суютӣ аз Абитуфайл нақл мекунад, ки гуфт: Шоҳид будам, ки ҳазрати Алӣ (рз) хутба мехонд ва дар зимни он фармуд:

«سلونی فوالله لا تسألونی عن شیئ إلّا أخبرتکم و سلونی عن کتاب الله فوالله ما من آیة إلّا و أعلم أبلیل نزلت أم بنهار أم فی سهل أم فی جبل» (4)

“Аз ман бипурсед, ки савганд ба Худо аз ҳар чизе бипурсед ба шумо хабар хоҳам дод. Ва аз китоби Худо бипурсед, ки савганд ба ӯ, ҳеҷ ояте нест, магар ин ки ман медонам, ки дар шаб нозил шуда ё дар рӯз, дар биёбон фурӯд омада ё дар кӯҳ.»
Дар мавриди роҳи дуввум бархе вижагиҳо вуҷуд дорад, ки моро дар шинохти оёт ва сураҳои маккӣ ва маданӣ кӯмак мекунанд, баъзе аз ин хусусиёт марбут ба алфоз ва зоҳири оёт мешавад ва баъзе дигар марбут ба муҳтаво ва маонӣ. Инак ба мавориде ишора мешавад:
Кӯтоҳии оёти даруни як сура ва низ кӯтоҳии худи сура, навъан маккӣ будани онро мерасонад ва дарозии оятҳои як сура илова бар дарозии сура, навъан маданӣ будани онро собит мекунад.
Лаҳни тунду шадиди сура, бештар бо аҳли Макка аст, ки аҳли ъинод ва лаҷоҷ ва муқовимат дар муқобили ҳақ будаанд, вале лаҳни мулоим ва хафиф, бештар маданӣ будани сураро мерасонад, ки бештар хитоб ба мӯъминин аст. Баҳс дар бораи усули дин (тавҳид, набуват ва маод) ва асли имон ва даъват Ислом ва ба тасвир кашидани саҳнаҳои қиёмат аз вижагиҳои сураҳои маккӣ аст; ҳол он ки дар сураҳои маданӣ, бештар аз тафосили аҳком ва баёни шариати Ислом сухан гуфта шудааст.
Даъват ба пойбанд будан ба ахлоқ ва истиқомат дар раъй ва саломати ақида ва тарки лаҷоҷ ва ъинод ва низ бархурди тунд бо ақоиди ботили мушрикон ва ночиз шумурдани андешаҳои тиҳӣ ва беасоси онон, аз хасоиси сураҳои маккӣ аст; вале бархурд бо аҳли китоб ва даъвати онон ба миёнаравӣ дар ақоид ва андешаҳо ва ҳамчунин мубориза бо мунофиқон ва зикри хасоис ва сифоти онҳо, касрати зикри ҷиҳод ва аҳкоми он аз вижагиҳои сураҳои маданӣ аст.
Ғолибан хитобҳое, ки бо унвони ﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ…﴾ “Эй мардум…” омадааст аз вижагиҳои сураҳои маккӣ аст ва унвони ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا …﴾ “Эй касоне, ки имон овардаед…”  аз хасоиси сураҳои маданӣ аст.
1.    Ҳар сурае, ки бо ҳуруфи муқатаа шурӯъ шуд-ба ҷуз Бақара ва Оли имрон- маккӣ аст, ки 27 сураро ташкил медиҳанд.
2.    Маъмулан сураҳое, ки бо савганд шурӯъ мешаванд маккиянд.
Албата ин вижагиҳо ҳаргиз куллият надорад ва мавориде бар хилофи он вуҷуд дорад, аммо дар сурате, ки чандин хасиса бо ҳам ҷамъ бошад ва насси муоризе низ дар миён набошад, қобили эътимод аст ва муҷиби қуввати эҳтимол мешавад ва дар ин ҳолат аст, ки барои муфассир, корбурди фиқҳӣ, таърихӣ ва … хоҳад дошт.
Теъдоди сураҳо ва оёти маккӣ ва маданӣ
Суютӣ дар ривояте аз Ибни Аббос нақл мекунад, ки аз маҷмӯи 114 сураи Қуръон 86 сура маккӣ ва 28 сура маданӣ мебошанд.
Аз маҷмӯи шаш ҳазору дусаду сиву шаш (6236) оят, 4468 оят маккӣ ва 1768 оят маданӣ мебошад. (5)

Қобили зикр аст, ки дар мавриди маккӣ ё маданӣ будани бархе сураҳои Қуръони карим ихтилофи назар вуҷуд дорад, шояд иллати ин ихтилоф ба хотири вуҷуди бархе оёти маданӣ дар сураҳои маккӣ ё баръакс ва ё ба хотири ихтилоф дар меъёрҳо ва мелокҳои маккӣ ва маданӣ шумурдани сураҳост. Табии аст, ки дар маккӣ ва маданӣ шумурдани сураҳо бо таваҷҷӯҳ ба интихоби яке аз меъёрҳои замонӣ, маконӣ ва ё хитобӣ натиҷа мухталиф хоҳад буд.
Нуктаи қобили диққат ин аст, ки бештари муҳаққиқин бар асоси мелоки замонӣ бар онанд, ки маккӣ ё маданӣ шумурдани ҳар сура оғози ҳар сура мадди назар аст. Бинобар ин агар чанд оят аз оғози як сура қабл аз ҳиҷрат ва дар Макка нозил шуда бошад, баъд сураи дигар дар Мадина нозил ва сипас оёти сураи нахуст дар Мадина, такмил шавад, дар тартиби нузул, сураи аввал бар сураи дуввум муқаддам ва аз сураҳои маккӣ маҳсуб мешавад.
Роҳи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи муфассирин мебошад ғалабаи ҳаҷми оёт дар ҳар сура аст; бадин маъно, ки агар ҳаҷми бештари як сураро оёти маккӣ шакл бидиҳад, он сура маккӣ ва агар аксарият бо оёти маданӣ бошад, маданӣ хоҳад буд.

 


1. Ҳиҷр, ояти 94.

2. Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.26.

3. Ал-бурҳон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.189.

4. Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.2, с.187.

5. Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, навъи аввал, с.31,32 ва 81.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.