СМС (SMS) ва паёмакҳо барои иди Қурбон

Рӯзи даҳуми моҳи Зилҳиҷҷаи ҳар соли қамарӣ, мусодиф аст бо иди саиди Қурбон, ки яке аз бузургтарин идҳои мусулмонон аст,

ки ба ёди ҳазрати Иброҳим(а) ва фарзандаш Исмоил (а), тавассути мусулмонон ҷашн гирифта мешавад.

СМС (SMS) ва паёмакҳои омода барои фиристодан ва табрик намудани ин иди бузург ба дӯстонатон:

Иди Қурбон асту ту бояд Исмоилатро қурбони куни!

***
Иди Қурбон; гузаштан аз ҳама чиз ба хотири Ӯ.

***

Нузули файзи Раббулоламин аст

Ҳулули иди Қурбон дар замин аст.

***

Зиндагитон ба зебоии гулистони ҳазрати Иброҳим(а) ва покии чашмаи Замзам бод!

***
Муборак бод иди Қурбон, намоди бузургтарин ҷашни раҳоии Инсон аз васвасаҳои Иблис.

***

Иди Қурбон иди фидокорӣ, гузашт, дарс, исор, қурбонӣ, ихлос, ишқ , бандагӣ, раҳоии Инсон аз Иблис, пирузии Инсон бар Шайтон, гузаштан аз имтиҳони Худо бар шумо муборак бод!!!

***

Иди Қурбон, иди сарбаланд берун омадан аз имтиҳони бандагӣ.

***

Иди Қурбон, сароғози ҳукумати тавҳид аст ва таваллуди Имон ва марги шакку тардид.

***

Иди Қурбон иди фидокорӣ, исор, қурбонӣ, ихлос, ишқ ва бандагӣ муборак бод.

***

Бигзар аз фарзанду ҷону моли хеш,

То Халилаллоҳи давронат кунанд.

Сар бинеҳ бар каф, бирав дар кӯи дӯст,

То чу Исмоил қурбонат кунанд.

***

Хушо онон, ки бо ҳақ ошноянд,

Мутиъи маҳзи фармони Худоянд

Чу Иброҳим, Исмоили Худро,

Фадои амри Аллоҳ менамоянд.

***

Нишонам деҳ сироти равшанамро,

Худамро, боварамро, буданамро.

Худовандо! Ман аз насли Халилам,

Ба қурбонгоҳ меорам манамро.

***

Эй ту ҷони навбаҳорон хуш расидӣ, хуш расидӣ,

Эй ту шӯри обшорон хуш расидӣ, хуш расидӣ.

Омадӣ чун моҳи тоза, теғ бар каф, ханда бар лаб,

Омадӣ эй иди Қурбон хуш расидӣ, хуш расидӣ.

Ёсин

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...