Риояти адолат байни фарзандон

02111188

02111188Марде аз аҳли Мадина ду писар дошт. Писари калонӣ Қайс ва пиcари хурдӣ Фазл ном дошт. Қайс назди падараш ба сабабҳое маҳбубтар буд, ба ҳамин хотир падар Қайсро бештар дӯст медошт ва мояи фахри худ медонист.

Гоҳе падар аслан фаромӯш мекард, ки писаре ба номи Фазл   дорад ва албатта тамоми ин рафторҳо аз чашми Фазл пинҳон намемонд. Ӯ ҳамаи ин ноадолатиҳоро медид ва дар дил нисбати падараш ва Қайс буғзи шадид дошт, ҳар чанд ҳеҷ гоҳ онро ошкор намекард. Ӯ ҳамеша медид вақте падар дохили хона мешуд, нигоҳи муҳаббатомез ба Қайс мекард ва дасти навозиш ба сари Қайс мекашид ва гоҳе ӯро мебӯсид. Аммо ҳеҷ як аз ин муҳаббатҳо насиби Фазл намегардид, то ин ки рӯзе падар ба ҳар ду писараш фармон дод, ки либосҳои   худро бипӯшанд ва бо падар ба масҷиди Паёмбар(с) бираванд.

Фазл ва Қайс аз ин пешниҳод бисёр хурсанд шуданд, аммо хурсандии Фазл бештар буд, чаро ки ҳам эҳсос мекард, ки падараш ба ин пешниҳод ба ӯ низ меҳрубон шуда ва муҳаббатеро, ки аз ӯ дареғ мекард ба сабаби Паёмбари Ислом(с) ҷуброн намояд.

Онҳо дохили масҷид шуданд ва дар сафи намозгузорон ҷой гирифтанд. Фазл диққат мекард, ки тамоми рафторҳои Пайғамбар(с)ро биёмӯзад ва монанди эшон намоз бихонад. Пас аз ин ки намоз тамом шуд асҳоб гирдогирди Паёмбари Ислом(с) нишастанд, то аз ҳузури эшон истифода намоянд, падар ва писаронаш низ дар ин ҷамъ буданд. Дар ҳамон вақт падар тибқи маъмул нигоҳи муҳббатомезе ба Қайс намуд ва ӯро бӯсид, дар ҳоле ки боз ҳам Фазлро бенасиб гузошт. Ин рафтор аз чашми тезбини   Расули Худо(с) дур намонд ба ҳамин хотир ба ӯ фармуд:

“Оё сазовортар набуд, ки ба онҳо рафтори баробари медоштӣ?”

Ин сухани Расули Худо(с) сабаб шуд, ки падари Қайс аз рафтори худ шарманда шавад ва Фазл беандоза масрур ва хурсанд шуд ва муҳаббати Паёмбар(с) дар қалби кӯчакӣ ӯ реша давонд.[1]

 


[1] Макоримул ахлоқ, саҳ. 220.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...